ДомойМедиалентаАввалин китоби савтии афсонаҳои мардумӣ дар Тоҷикистон омода хоҳад шуд

Аввалин китоби савтии афсонаҳои мардумӣ дар Тоҷикистон омода хоҳад шуд

Нахустин китоби аудиоии афсонаҳои халқи тоҷик бо забонҳои давлатӣ ва помирӣ аз ҷониби ҳунарманди Руссия Фирӯз Сабзалиев бо ҳамтоёни тоҷикаш сабт мешавад. Дар маҷмӯъ, ҳунармандон 15 афсонаи халқиро сабт хоҳанд кард ва умедворанд, ки бо ин корашон дар эҷоди китобҳои савтӣ бо забони тоҷикӣ дар кишвар асос мегузоранд.  

«Мо бояд мисле, ки момоҳоямон духтаронашонро ҷанг  мекарданд, рафтор намоем!»- мегӯяд Фирӯз Сабзалиев, ба ситораи театри тоҷик Моҳпайкар Ёрова, ки дар як студияи хурдакак овози  қаҳрамони афсонаи қадимаи тоҷикиро сабт мекунад. Қаҳрамони Моҳпайкар ҳафт духтар дорад, ки онҳо бояд бо навбат дарҳои хонаро бубанданд  ва ҳоло навбати ҷавонтарин ва зеботарин аст, аммо бо кадом сабабе  аз уҳдаи он намебарояд ва ҳоло аз модар гап мешунавад . Ин оғози сюжети яке аз 15 афсона  аст, ки Фируз бо ҳамкасбонаш барои нахустин  китоби савтӣ бо забони тоҷикӣ сабт мекунанд.

— Дар замони шуравӣ китобҳои савтиро  сабт мекарданд, аммо дар замони истиқлолият на, ба ҳар ҳол, ман боре ҳам дар ин хусус нашунидаам. Мо тасмим гирифтем, ки китоби нахустини савтиро созем, то ки заминаи ин  кор гузошта шавад,-мегуяд Фируз Сабзалиев. Барои овоз додан ба ҳикояҳо Фируз ҳамкасбони маъруфи тоҷик-ҳунармандони   театр ва синаморо ҷалб намудааст Ҳамчунин хоҳишмандон ва онҳое, ки бетараф нестанд ва тибқи имконоташон омодаи кумак ба ин лоиҳа ҳастанд, дар маҷмуъ 20 нафар ба ин даста шомиланд.

-Мо ният дорем , ки  15 ҳикояро сабт кунем, ки давомнокии онҳо тахминан 2 соат мешавад,-идома медиҳад Фируз. Дар сабти овози ҳикояи якум 11 ҳунарманд ширкат мекунад,- ҳар қаҳрамон овози худро дорад ва  иловатан  эффектҳои овозӣ ва мусиқӣ истифода мешаванд. Давомнокиаш 20 дақиқа аст. Тамоми нақл бо забони тоҷикист, вале барои ҳақиқӣ  ва асил будани ҳикояҳо қаҳрамонон бо лаҳҷаҳои гуногуни забони давлатӣ гуфтугу мекунанд.Ҳамчунин се ҳикоя бо забонҳои шуғнонӣ ва рушонӣ,  бо тарҷума ба забони тоҷикӣ, сабт хоҳанд шуд. Тамоми ҳикояҳоро Фируз барои китоби савтӣ  аз маҷмуаи  «Афсонаҳои халки тоҷик», нашри соли 1975, интихоб кардааст.

-Инҳо афсонаҳои қадима ва хуби тоҷикианд, ки дар замони шӯравӣ аз саросари кишвар ҷамъоварӣ шуда буданд ва хеле муҳим аст, ки онҳо бо забони дуруст ва фаҳмо навишта шудаанд,- шарҳ медиҳад муаллифи лоиҳа.

Сабти китоби савтӣ бояд то 30 сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расад ва пас аз он барои дастрасии омма дар Интернет гузошта мешавад. Ҳар як шахс метавонад манбаи сабтро барои паҳнкунии минбаъда, масалан, дар дискҳо, чун на ҳама ба интернет дастрасӣ доранд, истифода барад. Фирӯз лоиҳаи худро гуманитарӣ ва озмоишӣ меномад; ӯ ва дастааш  ба идомаи кор умедворанд, масалан, ба сабти овозии адабиёти бадеии калонҳаҷм  ва он ҳам ба забони тоҷикӣ.

-Мо мехоҳем як самте созем, мехоҳем,ки дар шабака китобҳои савтӣ бо забони тоҷикӣ пайдо шаванд. Ба одамони муосир, хусусан ба бачаҳо, китобҳои савтӣ бештар дастрасанд ва  агар мо мехоҳем, ки ба адабиёт мароқ зоҳир намоянд, пас онро дар дигар қолабҳои барояшон мувофиқ бояд ғунҷонд, — мегуяд Фируз.

Ин лоиҳа дар озмуни истеҳсоли маводи ватанӣ, ки Интернюс дар аввали моҳи майи ҳамин сол эълон намуда буд, ғолиб омад ва барои сохтани нахустин китоби савтӣ ба забони тоҷикӣ грант ҷудо карда шуд. Ҳадафи озмун дастгирии маводи хушсифат дар Тоҷикистон-барномаҳои телевизионӣ,гузоришҳои махсус,филмҳои мустанад, тадқиқоти журналистӣ ва ғайра   аст. Маҷмуъан дар ин озмун 31 лоиҳа иштирок намуд, ки панҷтоашон, аз ҷумла сохтани китоби савтӣ, ғолиб омаданд.

Лоиҳаи мазкур дар доираи Барномаи расонаҳо дар Осиёи Марказӣ (CAMP) бо мусоидати Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ мегардад. Маълумоти муфассалро оиди барнома метавонед аз инҷо пойдо намоед. Муфассал оид ба созмон: Internews дар ҷаҳонInternews дар Тоҷикистон.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ