ДомойМедиалентаРоскомнадзор чаро ВАО-и Осиёи Миёнаро масдуд мекунад?

Роскомнадзор чаро ВАО-и Осиёи Миёнаро масдуд мекунад?

Дастрасӣ ба яке аз сомонаҳои машҳуртарин дар Тоҷикистон-сомонаи Азия Плюс,  ки дар қаламрави кишвар аз ноябри соли 2018  масдуд аст, акнун дар Росия ҳам номумкин шуд. Сабаби бастанаш дар он будааст, ки яке аз мақолаҳои ин сомона  ба Роскомнадзор  маъқул набудааст.Ба чунин ҳол гирифтор шудани дилхоҳ сомонаи Осиёи Миёна имконпазир аст.

Дар бораи он, ки сомонаи Азия Плюс дар қаламрави Россия баста шудааст, редаксия  тасодуфан бохабар шуд: дар оғоз корбарон  аз шаҳрҳои ин кишвар аз набудани дастрасӣ ба манбаъ шикоят мекарданд, баъдан дар почтаи яке аз кормандон номаеро ёфтанд, аниқтараш огоҳиномаи Роскомнадзорро. Дар он гуфта мешуд, ки дар сомонаи news.tj маълумоте дарҷ шудааст, ки паҳн намуданаш дар Россия манъ аст ва  соҳиби сомона бояд фавран онро аз манбаъ  ҳазф намояд. Барои  бартараф намудани маълумот, аз лаҳзаи гирифтани огоҳнома, як шабонаруз вақт дода шуда буд. Навигарии дорои муҳтавои  мамнуъ барои Россияро редаксияи АзияПлюс лағв  кард, вале то он лаҳза сомона алакай  масдуд шуда буд.

Хабаре, ки ба Роскомнадзор писанд наомад,тобистони соли гузашта нашр шуда буд: бо ишора ба  маълумоти милитсия онро сараввал тамоми ВАО-тоҷикистонӣ ва баъдан ҳамкасбони осиёимиёнагӣ нақл карданд. Ин як қиссаи мудҳише дар бораи он буд,ки  зану шавҳари чилсола як моҳ қабл аз туйи духтари 19 солаашон, ки он ҳам худро куштан мехосту уро раҳгузарон тасодуфан наҷот доданд, даст ба худкушӣ заданд. Дар маълумоти милитсия бо суханони умумӣ дар бораи он гуфта мешуд, ки худкушӣ бо кадом роҳҳо сурат гирфтааст. Маҳз ҳамин тарзи ифода ба Роскомнадзор писанд наомадааст ва чунин меҳисобад, ки дар он иттилоот оид ба тарзи худкушӣ ва тарғиби он мавҷуд аст.

— Мо бо қарори танзимгари  русиягӣ розӣ нестем, зеро дар хабар  иттилооти тарғибгари худкушӣ  куллан нест,- мегуяд Умед Бобохонов- сармуҳаррири гуруҳи расонаҳои Азия-Плюс.- Аммо вориди баҳс нашудем: фавран шартҳои Роскомнадзорро иҷро намудем- мақолаи  ишорашударо аз сомона ҳазф кардем, қолаби махсусашонро пур кардем ва дар ин бора ба  танзимгар хабар додем. Акнун  интизор ҳастем.

Дар мавриди он, ки  таъмини дастрасӣ ба сомона аз ҷониби Росконадзор сурат мегирад, коршиносон шубҳа  надоранд. Чунин ҳолат бо дигар сомонаҳо дар Осиёи Миёна рух додаст ва эҳтмиол дар оянда ҳам рух хоҳад дод. Масалан, чанд сол пеш нашрияи қазоқистонии Lada.kz  аз Роскомнадзор огоҳиномае гирифт, ки дар  он навишта буданд, ки навигариҳояшон муҳтавои тарғибкунандаи худкушӣ  доранд.

-Ҳарчанд хабарҳои оддӣ дар бораи худкушӣ  буданд, ба мо пешниҳод шуд, ки онро мутобиқ гардонем, вагарна таҳдид ба бастани порталро дар қаламрави Россия карданд. Мо бидуни таассуф ин хабарҳоро ҳазф кардем ва бо ҳамин тамом,- гуфт ба НР муҳаррири Lada.kz Геннадий Скрагленко.

Ин тартибро, дер шуда бошад ҳам, редаксияи Asia Plus иҷро намуд. Нуҳ руз баъд аз муроҷиат, 8 август редаксия  аз Роскомнадзор ҷавоб гирифт: «Муроҷиати шумо баррасӣ гардид, маълумот ба ҳисоб гиирифта шуд”. Рузи 9 август сомона дар қаламрави Россия ҳануз  дастрас нест.

Тибқи кадом қоидаҳо Роскомнадзор  сомонаҳоро масдуд мекунад?

Ҳуқуқшиноси Internews дар Қазоқистон Олга Диденко шарҳ медиҳад, ки сомона  аз он баста мешавад, ки зери меъёрҳои дар фармон аз соли 2017 нишондодошуда қарор мегирад, ки дар он тартиби арзёбии маводи марбут ба худкушӣ навишта шудааст.

Расман тартиби масдуд кардан оддӣ аст: огоҳинома, масдудкунӣ,ҳазфи контент, муроҷиат ба Роскомнадзор ва барқарросозии дастрасӣ ба сомона. Тамоми тартибот ҳамин ҷост. Дар ҳамин ҳол, мутлақо аҳамият надорад, ки сомона россиягӣ нест ва ҳамин кофист, ки муҳтаво дар қаламрави Россия дастрас аст.

— Муҳтавои мамнуъ метавонад тавассути мониторинги автоматӣ ёфта шавад, ё бо дар реестр ворид намудани номи домен, яъне дар асоси муроҷиати ҷонибе оид ба мавҷудияти муҳтавои мамнуъ, — шарҳ медиҳад  Олга Диденко.

Дар сомонаи Роскомнадзор  воқеан қолаб барои муроҷиат дар бораи манбаъе вуҷуд дорад, ки дорои муҳтавои мамнуъ  аст ва аз он ҳар нафари хоҳишманд истифода  карда  метавонад. Иштирокчиёни бозори расонаҳои Тоҷикистон ҳадс мезананд, ки чунин шикоят аз болои АзияПлюс метавонад кори дасти одамони манфиатдор аз худи ҷумҳурӣ бошад. Пас аз масдудкунии  Роскомнадзор аудиторияи сомонаи  Asia-Plus  иловатан ба миқдорӣ 30 %  кам шуд.

— Аудитория дар Россия бароямон муҳим аст.Тоҷикистониёне, ки он ҷо умр ба сар мебаранд, корбарони  фаъоли сомонаи мо ҳастанд ва мехоҳанд, ки бо хабарҳо аз зодгоҳашон ошно бошанд,- мегуяд Бобохонов.

Азия Плюс дар кишвари худ аз ноябри соли 2018 дар масдудияти сартосарист ва гоҳ гоҳ аз соли 2012 ба инҷониб. Дар мусоҳиба бо НР, акнун оид ба масдудкуни аз ҷониби Роскомнадзор, Умед Бабаханов гуфт,  ки аз касе гумонбар нест ва ба гумони ғолиб як нофаҳмиест. Дар ҳамин ҳол, дар редаксия ҳануз ҳам сабаби дар кишвар  масдуд будани сомонаашонро намедонанд ва Хадамоти алоқа ҷавоби рушану фаҳмо ҳам намедиҳад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ