Хабари хуб — расонаҳои интернетии тоҷик дар бораи мушкилоти шахсони дорои маҳдудият бисёр менависанд; хабари бад — журналистон то ҳол онҳоро маъюб, одамони бемор ё ҳатто равонӣ меноманд. Баъзан васоити ахбори омма, алалхусус расонаҳои тоҷикзабон, кӯшиш мекунанд, ки ба онҳо эпитетҳои зебо диҳанд, масалан, шахси нобиноро рӯшанзамир номанд.
Худи одамони имконияташон маҳдуд ин таърифҳоро беэҳтиромона ва беодобона мешуморанд.
«Имкониятҳои ман чунон маҳдуданд, ки то ҳол наметавонам тамоми оилаи худро гирифта дар рухсатиам ба баҳр барам», — мегӯяд Саида Иноятова, раиси «Лигаи занони дорои маъюбият- Иштирок», ба рӯзноманигороне, ки ин созмон барояшон тренинги махсус оид ба инъикоси дурусти мавзӯъҳои марбут ба одамони дорои маъюбият баргузор мекунад.
Вай шарҳ медиҳад, ки бо вуҷуди он ки дар Қирғизистони ҳамсоя тасмим гирифта шуд, ки ибораи «шахси дорои имконятҳои маҳдуд» расман қабул шавад, ба фаъолони «Лигаи занон» ва худи ӯ ин истилоҳ писанд нест.
— Мо тарафдори онем, ки «шахсони дорои маъюбият» гӯянд, мо бо ин истилоҳ мувофиқем. Дар Тоҷикистон тавсияҳо барои истифодаи истилоҳот вуҷуд надоранд; то ҳол дар ҳама ҳуҷҷатҳои русии расмӣ калимаи «инвалид» ва ба забони тоҷикӣ «маъюб» истифода мешавад ва рӯзноманигорони мо низ ҳамин истилоҳотро истифода мебаранд. Аммо ин истилоҳот ба мо маъқул нестанд, — шарҳ медиҳад Саида.
Дар Конвенсияи СММ истилоҳи «person with disability» — «шахси дорои маъюбият» истифода мешавад. Дар стандарти ҷаҳонӣ қоидаи «people—first language» мавҷуд аст — вақте ки дар бораи касе сӯҳбат мекунанд, аввал ӯро шахс меноманд ва танҳо баъд дар бораи беморӣ ё хусусиятҳои ӯ сӯҳбат мекунанд. Истилоҳи «шахси дорои имкониятҳояш маҳдуд» бояд истифода карда нашавад, зеро он дар якҷоягӣ бо калимаҳои «бемор», «бонуқс» стереотипҳоро ба вуҷуд меорад. Дар мавриди калимаи «маъюб», дар забони англисӣ — калимаи invalid – «заиф» кайҳо боз барои ифодаи шахси дорои эҳтиёҷоти махсус истифода намешавад. Мутаассифона, ҳамаи ин истилоҳоти нодуруст дар расонаҳои тоҷик мавҷуданд ва ин ҳам ҳоло охири кор нест.
— Баъзан рӯзноманигорони тоҷик бо сабабҳои номаълум мехоҳанд, барои ифодаи ашхоси дорои маъюбият ягон ибораи шоъирона эъҷод кунад ва шахсони нобиноро, масалан, «рушанзамир» меноманд. Албатта, ин истилоҳҳои хеле зебо ҳастанд, онҳо мисли комплимент садо медиҳанд, аммо сабаби истифодаи ин истилоҳхо на амалҳои хуб ва на сифатҳои ахлоқии наку, балки танҳо маъюбӣ мебошад. Ин нодуруст аст, мегӯяд Саида.
Хабарнигорон мегӯянд
Ҳамон рӯзе, ки «Лигаи занони дорои маълулият — Иштирок» барои рӯзноманигорон тренинг мегузаронданд ва шарҳ медод, ки кадом истилоҳҳоро бояд истифода кард, гурӯҳи расонаҳои «Азия Плюс» ба муштариёни худ чунин пуш-огоҳиномаҳоро ирсол намуд: «Мо худамон бемориҳои равониро ба воя мерасонем». Дар сомона, ин маводи эълоншуда ба таври дигар номгузорӣ шуда буд: «Роҳбари равоншиносони кишвар: «Мо худамон беморони равониро ба воя мерасонем» ва он ба Рӯзи солимии равонӣ бахшида шуда буд, ки 10 октябр таҷлил мешавад.
Чанде пештар дар моҳи июли соли равон, вақте нашрия ҳодисаи даҳшатноки духтарчаи хурдсолро, ки наврасон оташ зад буданд, пайгирӣ мекард, хабарнигорони Азия Плюс дар сарлавҳаҳо иттилоъ доданд: «ВКД гунаҳкори асосиро дар оташ задани Осия муайян кард. Ӯро дар беморхонаи касалиҳои рӯҳи ҷойгир карданд» ё «Ду наврасе, ки Осияро оташ заданд ба мактаби махсуси пойтахт ва саввумиро дар беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ фиристоданд».
Сомонаи русии «Такие дела» луғати махсуси «Мо чунин намегӯем» дар сомонаи худ дорад, ки истилоҳи дурустро таъйин мекунад. Дар муқаддимаи ин луғат, муҳаррирон қайд мекунанд: «мо дар «Такие дела» кӯшиш мекунем, ки ҷомеаро бо ёрии матнҳо тайғйир диҳем. Мо дар бораи мушкилоти иҷтимоӣ сӯҳбат мекунем, роҳҳои ҳалли оҳоро нишон медиҳем ва ба хонандагони худ илҳом мебахшем. Аммо на танҳо он чи ки мо менависем муҳим аст, балки чӣ гуна мо ин корро анҷом медиҳем ва аз кадом забон истифода мебарем, муҳимтар аст».
Ин луғат бахшҳо оид ба категорияҳои гуногуни одамонро дар бар мегирад, ки дар он вожаҳои ғалат ҷамъ оварда шудааст. Мо дар қисмати «Ихтилолоти равонӣ» мебинем, ки калимаи «равонӣ» ҳамчун яке аз истилоҳҳои нодуруст ишора гардидааст. Беҳтараш он аст, ки шахси дорои нуқсонҳои рӯҳӣ ё равонӣ истифода карда шавад.
«Як қоидаи оддӣ вуҷуд дорад: агар калима ҳачун ҳақорат садо диҳад ва истифодаи он нисбат ба шахси солим имконпазир бошад, пас дар ин калима мушилот вуҷуд дорад», — ба нашрия дар бораи манъ будани истифодаи ибораи «равонӣ»(девона) ё «псих»-ро Данила Гуляев, психотеропевт- мефаҳмонад.
Ин ба истилоҳҳои дигар (олигофрен, дебил, кретин) низ тааллуқ дорад, ки хеле барвақт аз луғатҳои махсус ба лексикаи муқаррарӣ ҳамчун ҳақорат интиқол ёфтаанд ва истифодаи онҳо нисбат ба одамони бемор нодуруст ҳисобида мешавад. Калимаҳои “аутист” ё “даун” низ ба рӯйхати номатлуб дохил мешаванд, аммо бо ин ду истилоҳ дар ҳамон нашрияи Азия Плюс, ҳама чиз хеле хуб аст. Хангоми сӯҳбат кардан дар бораи ин одамон, рӯзноманигорон шакли дурусти истилоҳи «кӯдакони гирифтори аутизм» ё «кӯдакони дорои синдроми Даун» -ро истифода мебаранд. Далели он, ки рӯзноманигорон истилоҳҳои дурустро барои ишора кардани ин гурӯҳҳо истифода мекунанд, шояд кори якчанд ташкилотҳои ҷамъиятии пурқуввате бошад, ки ҷомеаи Тоҷикистонро таълим медиҳанд ва пеш аз ҳама, ташкилоти «Ирода», ки дар бораи одамони гирифтори аутизм ва ҷунбиши “Назари Дигар”, ки дар бораи кӯдакони гирифтори синдроми Даун суҳбат мекунанд.
Одамони дорои имкониятҳои номаҳдуд
ВАО-и тоҷик одамони дорои хусусиятҳои гуногунро мунтазам «маъюб» номида, гузашта аз ин як нашрия метавонад барои ифода ин калима истилоҳҳои гуногун: ҳам дуруст ва ҳам нодурустро истифода барад. Масалан, дар сомонаи Радиои Озодӣ мавод аз соли 2017 таҳти сарлавҳаи «Маъюб аз Ҳисорро пас аз «рейд» аз хизмати ҳарбӣ озод кардаанд», дар соли 2018 нашрия маводи «Онҳо маъюб нестанд, аммо одамони дорои имконятҳои маҳдуданд» ва дар соли 2019 хабар дар бораи «Дар Душанбе дуздон сехи дӯзандагӣ барои занони дорои маъюбиятро ғорат карданд»-ро таҳия кардааст. Айнан чунин парокандагӣ дар истилоҳот дар нашрияи онлайнии SugdNews, ки гоҳе дар бораи «занони маъюб» ё «маъюбон» менависанд, дар вебсайти хабаргузории «Авеста», дар нашрияи «Азия Плюс» ва дигар ВАО паҳн шудааст. Дар ҳамин ҳол, ҳангоми ҷустуҷӯ, ба назар мерасад, ки дар солҳои 2013-2014, рӯзноманигорон танҳо калимаи “маъюб” -ро истифода мебурданд, аз соли 2015, расонаҳои тоҷикӣ алакай қоидаҳои «people-firs language» -ро истифода мебарад.
— Даҳ сол пеш, дар ВАО-и мо вазъи истифодаи истилоҳот ва ҳам мавзӯъҳо барои матолибе, ки ҳаёти одамони дорои маъюбиятро инъикос мекарданд, хеле бадтар буд. Созмонҳои ҷамъиятӣ бо рӯзноманигорон кор карда, натиҷаҳои хуб ба даст оварданд , ҳоло истилоҳҳои дуруст бештар вуҷуд доранд, — мегӯяд Саида Иноятова.
Илова бар истифодаи истилоҳот, ВАО-и тоҷик аксар вақт одамони дорои маъюбиятро ҳамчун ҷабрдида ё қаҳрамон нишон медиҳад, ки ин боиси пайдоиши стереотипҳо дар ҷомеа низ мегардад. Масалан, журналистони тоҷик, албатта бо нияти пок, аксҳои таассуфоварро интихоб мекунанд ё дар бораи он нақл мекунанд, ки чӣ гуна бар хилофи ҳама чиз, шахси дорои маълулият метавонад хушбин бошад ё нафақаи оилаашро таъмин кунад.
— Одамони дорои маъюбият на ҷабрдида ва на қаҳрамонанд, онҳо чун дигарон одамони оддианд, танҳо бо хусусиятҳои ба худ хос. Мо аз рӯзноманигорон барои бардоштани мавзуи мушкилот ва монеаҳое, ки ба зиндагии шоистаи одамони дорои маъюбият халал мерасонанд, миннатдорем, аммо мо муқобили онем, ки далели фаъол будани шахси дорои маъюбиятро ҳамчун ҳангома ё чизи нодир муаррифӣ намоянд, — мегӯяд Саида Иноятова.
ВАО-и тоҷик аксар вақт дар таҳияи мавод ба хато роҳ медиҳад, масъалан, линкҳо ва тегҳоро, мисли «дар ин мавзӯъ бихондед» истифода мебаранд, ки на танҳо ба мавзуъҳои одамони дорои маъюбият мувофиқат намекунад, балки метавонанд касро тавҳин кунанд. Масалан, дар моҳи августи соли 2019, «Спутники Тоҷикистон» дар сомонаи худ як сюжети видеоиро дар бораи ҷавони дорои маъюбият, ки бо дастонаш зери шарҳҳои муаллиф роҳ мерафт интишор кард. Ӯ шарҳ медод, ки бибинед чигуна дар нишебии 90 дараҷа аз кӯҳ поён фаромада бо дастонаш болои девор роҳ меравад. Нашрия мегӯяд, ки навор дар вилояти Хатлон гирифта шудааст — дар минтақае, ки одамони дорои маъюбият бо сабаби мавҷуд набудани инфрасохтор воқеан маҷбуранд, ки барои ҳалли мушкилоти рӯзмарраи худ бо дастони худ роҳ раванд, аммо дар матлаб дар бораи мушкилот онҳо ягон калима гуфта намешавад. «Тахтапушти пӯлодӣ ва иродаи қавии як ҷавони маъюб аз Тоҷикистон дили корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба даст овард», — хабар медиҳад “Спутники Тоҷикистон ва аллакай дар матн пайванд ба чуниин мавод мегузорад: «Сагбачаи варзишӣ бо панҷаҳои худ меистад: охир ҳодиса чӣ шуд — видео «. Гузашта аз ин, бархе аз нашрияҳои тоҷик ин матлабро бо худи ҳамон линк (пайванд) дубора чоп карданд.
Дар Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон (СММ, 2006), ки Тоҷикистон дар моҳи марти соли гузашта онро имзо кардааст, гуфта шудааст, ки «маъюбӣ» — мафҳуми таҳаввулпазир буда, натиҷаи фаъолияти муштараки шахсони дорои нуқси саломатӣ ва монеаҳои иртиботӣ ва муҳит мебошад, ки ба иштироки пурра ва самараноки онҳо дар ҷомеа дар баробари дигарон халал мерасонад». Ба ибораи дигар, маъюбӣ – ин монеа ё маҳдудкунии фаъолияти шахс бо хусусиятҳои ҷисмонӣ, ақлӣ, ҳиссиётӣ, равонӣ мебошад, ки дар натиҷаи шароитҳои мавҷудаи ҷомеа ба вуҷуд омадааст, ки дар он одамон аз соҳаҳои гуногуни ҳаёт хориҷ карда мешаванд. Яъне маъюбӣ – ин мафҳуми иҷтимоӣ буда, на мафҳуми тиббӣ мебошад. Ин як шакли нобаробарии иҷтимоӣ мебошад. Барои решакан кардани ин нобаробарӣ, ҳадди аққал дар бораи ин мушкилот дуруст сухан кардан лозим аст.