ДомойМедиалентаРӯзноманигорони шаҳрвандӣ дар Қазоқистон ва Тоҷикистон аз ҳодисаҳои муҳим ҳикоят мекунанд

Рӯзноманигорони шаҳрвандӣ дар Қазоқистон ва Тоҷикистон аз ҳодисаҳои муҳим ҳикоят мекунанд

Дар тӯли шаш моҳ 58 рӯзноманигори шаҳрвандӣ аз минтақаҳои Қазоқистон ва Тоҷикистон қариб 400 матлаби муҳим навиштанд, ки дар саҳифаҳои дувоздаҳ расона нашр шуданд. Аксари мухбирон одамоне мебошанд, ки қаблан бо расонаҳо алоқамандӣ надоштанд, аммо ба зиндагии минтақаҳои худ бетафовут низ набуданд ва бо ҳамин сабаб дар бораи ин мушкилот нақл карданро дар ВАО оғоз карданд.

Умуман, муҳокимаҳо атрофи  журналистикаи шаҳрвандӣ дар Россия дар расоанаҳои ҷиддӣ 10-12 сол қабл ва дар ғарб бошад аз ин ҳам пештар оғоз шуда буд. Дар минтақаи мо журналисткиаи шаҳрвандӣ  бо смартфонҳо тақрибан дар як вақт пайдо шуд, ки инсонҳои оддӣ шоҳиди ягон воқеа гардида, аз расонаҳои пешрафта дида зудтар  дар бораи он дар шабакаҳои иҷтимоӣ нақл мекарданд. Дар ҳамин ҳол, дар нашрияҳои касбии Осиёи Марказӣ журналистикаи шаҳрвандиро муддати тӯлонӣ ба назар намегифитанд ва агар  мегирифтанд ҳам  ба таври муназзам бо он  кор намекарданд.

-Мафҳуми «журналистикаи шаҳрвандӣ» барои Қазоқистон хеле нав аст. Мо одамонро аз кӯча интихоб мекунем ва ба онҳо касби журналистиро таълим медиҳем. Бале, баъзе нашрияҳо ин корро таҷиба мекунанд, аммо соли 2018 дар Қазоқистон ин корро дар асоси системавӣ, дар доираи Мактаби журналистикаи шаҳрвандӣ оғоз бахшиданд, ки ин алакай ҳамчун нишонаи сифати пойгоҳи таълимӣ ва истифодаи амалии дониш дар расонаҳои мушаххас гардидааст. Ин албатта барои ВАО-и Қазоқистон нав аст, мегӯяд Дмитрий Ким, сардабири нашрияи NewTimes.kz, ки бо рӯзноманигорони шаҳрвандӣ дар Қазоқистон кор мекунад.

Ҳамтои ӯ аз Тоҷикистон, сардабири нашрияи интернетии «СуғдНюс» — Хуршед Атовулло, ки бо рӯзноманигорони шаҳрвандӣ низ ҳамкории зич дорад, розӣ аст, ки истилоҳ барои ин  минтақа нав аст, аммо вай бовар дорад, ки дар як кишвари кӯҳӣ ба мисли Тоҷикистон, бе мавҷудияти журналистикаи шаҳрвандӣ фаъолият кардан мушкил аст. Бар ҳар ҳол ин падида   ҳамеша ба ин ё он шакл вуҷуд дошт.

Хуршед Атовулло

— Ёд дорам, ки  дар деҳаи мо, дар даврони шӯравӣ се нафар буданд, ки бо  рӯзномаҳои марказӣ ба ҳайси рӯзноманигорони ғайриштатӣ ҳамкорӣ мекарданд. Инҳо одамони касбу кори дигар буданд, аммо онҳо хабарҳоро ба марказ мерасонданд ва дар бораи ҳодисаҳоие, ки дар деҳа ба вуқуъ меомаданд, нақл мекарданд. Дар Тоҷикистон ба таври дигар кор кардан ҳам намешавад: Яғнобро тасаввур кунед, деҳае дар ноҳияҳои Айнӣ. дар шимоли Тоҷикистон, ки дар баландии 2,5 ҳазор метр ҷойгир аст, Баъзан роҳ бо сабаби бориши зиёди барф  тӯли тақрибан шаш моҳ баста мешавад ва мо намедонем, ки одамон дар он ҷо чӣ гуна зиндагӣ мекунанд. Чунин  ҷойҳо дар Тоҷикистон зиёданд, аз ин рӯ, мо дар онҷо рӯзноманигорони шаҳрвандиро меҷӯем,- шарҳ медиҳад Хуршед.

Дар ибтидо идеяи «СуғдНюс» ба рушди шабакаи корреспондентӣ дар вилояти Суғд дар шимоли Тоҷикистон асос ёфта буд. Дар вилоят 18 ноҳия вуҷуд дорад ва Хуршед умед дорад, ки ҳадди аққал яктоӣ журналисти шаҳрвандиро дар ҳар яки онҳо пайдо мекунад.

— Ҳама фикр мекунанд, ки вилояти Суғд минтақаи аз ҳама рушдёфтаи Тоҷикистон аст, дар он ҷо мушкилот вуҷуд надоранд ва агар ҳам бошанд, дар Душанбе ба онҳо  таваҷҷӯҳ нахоҳанд кард. Аммо ин тавр нест. Масъалан, дар марказ ҳеҷ кас намедонад, ки чӣ ҳодиса дар ноҳияи Шаҳристон ё Зафаробод рух медиҳад, аммо ин маънои онро надорад, ки дар он ҷо воқеаҳои барои кишвар муҳим ё ягон ҳодисаҳои ҷолиб  ба вуқуъ намеоянд. Ҳангоме, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаҳо сар шуданд, чӣ  шуд? Худи расонаҳои Душанбе ба он ҷо рафта наметавонистанд ва дар қаламрави анклави тоҷикии Ворух рӯзноманигоронро пайдо карда наметавонистанд. Мо дар бораи ин вазъ бештар аз расонаҳои қирғизӣ маълумот мегирифтем, то он даме, ки дар он ҷо мухбирони худро пайдо накардем, -мегӯяд Хуршед.

Хабарҳоро тавассути ронандагони таксӣ интиқол медоданд

Дар Ворух, «СуғдНюс» бори аввал Бахманиёр Нодировро пайдо кард, ки зуд таҷриба гирифта, ба Душанбе кучид ва ҳоло дар гурӯҳи расонаҳои «Азия Плюс» кор мекунад, Мусо Бобоҳоҷиев вазифаи ӯро ба ӯҳда гирифт ва ӯ низ айнан тақдири Баҳманиёрро такрор кард. Ҳоло аз ҳодисаҳои Ворух Зайнуриддин Заҳайризода нақл мекунад.

— Ман худам факултаи филологияро хатм намудам, ба ҳайси муаллим, сипас котиби матбуот ва мураббӣ кор кардаам, аммо ҳамеша мехостам ба журналистикаи воқеӣ машғул шавам ва аз ин рӯ қарор додам, ки журналисти шаҳрвандӣ шавам ва бо Хуршедако кор кунам, — шарҳ медиҳад Зайнуриддин.

Барои он ки нашрия дар Хучанд маводро саривақт бигирад, рӯзноманигор баъзан маҷбур мешуд, ки дар масофаи 100 километр онро худаш ё тавассути таксиҳои шинос расонад, чунки суръати Интернет дар минтақаҳои Тоҷикистон он қадар паст аст, ки интиқол додани видео ё аксҳо қариб ки номумкин аст.

«Ман худам ба миқдори 100 сомонӣ ($10) мегабайт харидаам, аммо новобаста аз ин суръати Интернет паст аст ва зуд тамом мешавад. Аз ин рӯ, ман маҷбур мешудам, ки маводро таввсути таксиҳо барам»,- шарҳ медиҳад Зайнуриддин.

Аммо, ҳанӯз ҳам мушкилии бузургтарин ин муошират бо посухдиҳандагон аст: сокинони минтақа намехоҳанд бо матбуот муошират кунанд ва агар камераро бинанд, аз гуфтани чизе тамоман худдорӣ мекунанд.

— Муддати тӯлонӣ  қаҳрамонҳоро барои сюжет дар бораи партобҳои заводи семент дар Исфара, ки сокинонаш дар тӯли 25 сол шикоят мекарданд, ҷустуҷӯ кардем. Ин завод дар наздикии хонаҳои онҳо ҷойгир аст, мо рост ба хонаҳояшон мерафтем, аз сокинон хоҳиш мекардем, ки дар бораи мушкилоти худ сӯҳбат кунанд, аммо касе розӣ намешуд, -мегӯд рузноманигор.

140 километр дуртар аз Зайнуриддин дар шаҳри Бустон журналисти шаҳрвандӣ Алия Ҳамидуллина зиндагӣ мекунад. Вай ҳеҷ гоҳ бо васоити ахбори омма рӯ ба рӯ нашудааст, ҳамчун ороишгар кор мекард, аммо кайҳо боз мехост, ки  аз руйдодҳо  нақл кунад.

 — Ман бо одамони оддӣ мушкил надорам. Ман онҳоро ба гап даровардан метавонам. Бо мақомоти давлатӣ гуфтугӯ кардан душвор аст. Баъзан барои дарёфт маълумот, аз дафтаре ба дафтар медавӣ, аммо ҳеҷ кас бо ту суҳбат кардан намехоҳад, мегӯяд Алия.

Журналист мегӯяд, ки ҳоло пеш аз ҳама, омодасозии маводҳои объективиро омӯхта истодааст.

-Мефаҳмед, вақте    ба навиштан шуруъ кардам,  зане ба ман дар бораи як писари  дорои маъюбият гуфт, ки гӯё вай дар хонаи маъюбон латукӯб мешудааст ва ман дар бораи чунон навиштам, гӯё ӯ фарзанди ман аст. Ҳар чизе, ки ӯ ба ман мегуфт, ман бовар мекардам ва дар мавод танҳо версияеро, ки он зан нақл кард, ҷо додам. Ман ҳатто фикр намекардам, ки  маълумот бояд тафтиш карда шавад ва ақидаи тарафи дигарро низ фаҳмидан лозим аст, то он даме ки ба ман фаҳмонданд, ки чӣ тавр нависам,ки мавод объективӣ бошад, мегӯяд Алия.

Дмитрий Ким чунин мешуморад, ки барои рӯзноманигорони шаҳрвандӣ ёд гирифтани тарзи кор аз рӯи қоидаҳое, ки имрӯз расонаҳо кор мекунанд, назар ба бозомӯзии кормандони штатӣ, осонтар аст.

— Афзалияти журналистони шаҳрвандӣ нисбат ба рӯзноманигорони маъмулӣ дар чист? Дар асл, якчанд афзалиятҳо вуҷуд доранд. Аммо ман муҳимтаринҳоро қайд мекунам. Фикр мекунам, ки муҳаррирон медонанд, ки бозомӯзии рӯзноманигороне, ки муддати тӯлонӣ дар ин касб ҳастанд, чигуна душвор аст. Ба шахси «аз кӯча» таълим додан осонтар аст. Масалан, форматҳои бисёррасонаӣ, форматҳои нави пешниҳоди матолиб. Ба назари ман, рӯзноманигорони шаҳрвандӣ манбаи хеле рақобатпазир ҳастанд,- мегуяд муҳаррир.

Барои кор кардан бо рӯзноманигорони шаҳрвандӣ чӣ қадар вақт лозим ҳаст?

Салимҷон Саидов, мураббии рӯзноманигорони шаҳрвандӣ дар радиои «Пайванд», ки дар Хуҷанд кор мекунад, мегӯяд, ки ӯ маҷбур шуд ба шогирдони худ сабти контенти аудиоӣ ва ҳикояҳои чандрасонаиро омӯзонад.

—  Хеле мушкил буд, бачаҳо сюжетҳои ҷолиб пешниҳод мекарданд, аммо онҳо бояд дар радио пахш мешуданд ва аз сабабе, ки бачаҳо таҷрибаи корӣ бо контенти аудиоиро надоштанд, маҷбур мешудем ба онҳо фаҳмонем, кӯмак кунем ва онҳо то ҳадде аз уҳдааш мебаромаданд, — мегӯяд Салимҷон.

Дар натиҷа, дар тӯли шаш моҳи корӣ шабакаи журналистони шаҳрвандӣ- чаҳор нафар, 84 маводро барои радиои Пайванд дар мавзӯъҳои гуногун эҷод карданд: сар карда аз паёме, ки муаллимони вилояти Суғд ба рухсатии пулакӣ рафта наметавонанд то мақола дар бораи зане, ки ба синни 126-солагӣ расидааст.

— Бачаҳо аз мо дида хубтар медонанд, ки дар минтақаи онҳо чӣ ҳодисаҳо рӯй медиҳад, зеро онҳо дар он ҷо зиндагӣ мекунанд ва аз ин рӯ ба мо маълумоти воқеӣ ва муфидро пешниҳод мекунанд, — мегӯяд Салимҷон.

Дмитрий Ким мегӯяд, ки ӯ ҳамарӯза дар кор бо рӯзноманигорони шаҳрвандӣ ду соат вақт сарф мекунад.

— Моҳиятан, ин чун як маҷлиси саҳаргоҳии редаксия аст. Дар ин муддат мо мавзӯъҳоро таҳлил мекунем, гардишҳоро меҷӯем, муҳокима мекунем, чӣ кор кардан лозим аст ва ба кӣ муроҷиат кардан лозим аст. Каме вақти зиёдтар он гаҳ лозим аст, ки онҳо бори нахуст ба пайраҳаи рузноманигорӣ қадам мениҳанд яъне ҳеҷ чизро намедонанд ва дар ин ҳолат, танҳо фаҳмондани коркард ва гардишҳо дар мавзӯъ кифоя нестанд. Масалан, бояд саволҳоеро, ки рӯзноманигори шаҳрвандӣ бо онҳо назди қаҳрамони мавод ё коршинос меравад тафтиш кард ва кадомаш муносиб ва кадомаш номуносибро низ таҳлил кардан зарур аст, -шарҳ медиҳад муҳаррир.

Дмитрий Ким

 

Дар мавриди мавзӯъҳои контент, нозирон ба хулоса омаданд, ки  кор вақте беҳтар аст,ки худи журналистони шаҳрвандӣ мавзӯҳои барояшон писандидаро пешниҳод мекунанд ва вақти худро барои сарф кардан дар онҳо дареғ намедоранад. Ба монанди ҳама рӯзноманигорон, журналистони шаҳрвандӣ низ бо вақт мушкилоти бештар доранд. Одатан, онҳо одамоне ҳастанд, ки ба ғайр аз журналистика касби асосӣ доранд ва наметавонанд ҳама вақти худро танҳо ба эҷоди контент бахшанд. Агар чизе мувофиқи нақша наравад, пас маводе, ки нашрия рӯи он ҳисоб мекунад «мепарад», ки ҳар як муҳаррир аз ин сахт ғамгин мешавад. Чунин ҳолатҳо, албатта  бо рӯзноманигорони штатӣ низ  рух медиҳанд, аммо дар байни рӯзноманигорони шаҳрвандӣ бо сабабҳои гуногун ин ҳолат бештар рух медиҳад.

— Ман кӯшиш мекунам, ки онҳоро ба ягон чиз шавқманд кунам, масалан, ман мехоҳам ду рӯзноманигори шаҳрвандиро ба кори доимӣ ба нашряи худ –“Суғднюс” гирам. Ман ҳама вақт бо онҳо тамос мегирам, мо шабу  рӯз дар чати нашриявӣ дар Facebook сӯҳбат мекунем. Ғайр аз он, ман онҳоро худам ҷамъ овардам, дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинони фаъоли минтақаҳоро ҷустуҷӯ намудам ва онҳоро даъват кардам, ки бо мо кор кунанд,- мегӯяд Хуршед.

Лоиҳаӣ ташкили шабакаҳои рӯзноманигорони шаҳрвандиро дар Қазоқистон ва Тоҷикистон, Интернюс, дар якҷоягӣ бо расонаҳои маҳаллӣ дар аввали соли 2019 дар доираи барномаи MediaCAMP бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (ЮСАИД) пиёда кард. Ҳоло дар минтақа  даҳҳо рӯзноманигорони шаҳрвандӣ дар ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ кор мекунанд. Барои он ки ВАО бо онҳо ҳамкорӣ кунад, харитаи махсус бо маълумотҳои рӯзноманигорони шаҳрвандӣ тартиб дода шудааст, ки бо ёрии онҳо ВАО метавонанд бо минтақаҳои Қазоқистон ё Тоҷикистон барои гирифтани малумот, дар тамос бошанд.

Дар маҷмӯъ, дар марҳилаи аввали лоиҳаи «Журналистони шаҳрвандӣ» 12 расонаи қазоқистонӣ ва тоҷикистонӣ ширкат мекунанд. Дар соли 2020, Интернюс татбиқи лоиҳаро дар ҳарду кишвар идома медиҳад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ