ДомойМедиалентаРейтинги мавзӯъҳо дар моҳи октябри соли 2019 дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Рейтинги мавзӯъҳо дар моҳи октябри соли 2019 дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Хонандагони синфҳое якуме, ки  Қазоқистонро  шефтаи худ  карданд, роҳандозии озмоишии электробус дар Ӯзбекистон ва ҷанг бо “оғушҳои гарм” дар Тоҷикистон — «Хабарнигори нав»  шарҳи мавзӯъҳои машҳуртарини моҳи октябрро омода кард. Рейтинг дар асоси маълумоти хадамоти MediaMetrics.ru мураттаб шудааст.

Қазоқистон

Доғтарин мавзӯи  баҳси моҳ дар Қазоқистон саргузашти овозхон Любов Башоркина буд. Замоне ӯ бомуваффақият  дар саросари ҷаҳон бо барномаҳояш сафар мекард ва сипас ӯ тамоми дороии худро фурӯхт, то ки писархондашро табобат кунад.  Чун аз сарпаноҳ маҳрум шуд 17-сол дар хонаи пиронсолон зиндагӣ кард ва пас аз бастани он  дар кӯча монд.

Аз 15 хабари рейтингӣ чор -тоаш дар бораи мавзӯъҳое нақл мекунанд , ки мустақиман ба Қазоқистон рабт надоранд: иштирокчии озмуни Miss Tourism World аз Тоҷикистон аз баромадан ба саҳна  бо бикини худдорӣ кард, як донишҷӯ аз Озарбойҷон ҳангоми маърузахонии Познер дар ИМА бо ӯ баҳс кард, як зан аз Норвегия барои хӯрдани гушти асп танқид карда шуд ва муассиси  YouTube-канали «The Люди» (Маскав) дар бораи ҳаёт дар Кореяи Шимолӣ филм таҳия кард.

Се навигарӣ бо забони қазоқӣ ба TOP-15-и  моҳи октябр ворид шуданд:  Айасил ва Сабина — хонандагони синфи якум аз вилояти Алмаато — дар консерти мактабӣ бахшида ба рӯзи муаллимон  бо баромади худ Казнетро тасхир карданд, актёри машҳур Қуандик Шакирҷонов ба полис дар бораи видеои маҳрамонае, ки гуё бо иштироки номбурда дар Интернет паҳн шуда буд, ариза навиштааст ва порча аз мусоҳибаи дарози  Нурсултон Назарбоев, ки дар он Елбасы Нур-Султонро «қазоқнишинтарин» шаҳр, яъне  бо фоизи зиёдтари қазоқҳо дар муқобили миллатҳои дигар меномад.

Аввалин президенти Қазоқистон  бо забони русӣ низ муҳокима карда шуд: котиби матбуотии Елбасы— Айдос Укибай  тасвире аз тамринҳои фитнесии Назарбоевро дар твиттераш нашр кард.

Хабар дар бораи барномаи кӯчонидани қазоқистониён аз  шаҳрҳои бузур ба музофотҳо низ маъмул гашт. Дар он гуфта мешавад, ки 55 оила аз Нур Султон ба Экибастуз кӯчидаанд.

Панҷ аз 15 мавзӯи баҳсбарангези моҳи октябр дар бораи ҷанҷолу ҳодисаҳост: Алексей Чумаков пулро ба тамошобинони норозӣ аз консерти худ дар Нур-Султон баргардонд (дар сафи пеш нишастагон аз қарори ташкилкунандагон доир ба иҷозат додани мардум барои рақсидан  норозӣ буд), блогнависи сайёҳ аз Арманистон таҷрибаи ғамангези сафари худро ба Қазоқистон нақл кард, як ҷавон аз Нур-Султон бар асари садама бистарӣ шуд ва марги кӯдаки навзод дар Атирау.

Ҳама навигариҳои рейтинг дар шакли мақолаҳои хабарӣ навишта шудаанд.

Тоҷикистон

Дар фарқият аз Қазоқистон ва Узбекистон, дар моҳи октябр дар Тоҷикистон  дар бораи президенти кишвар бисёр гуфанд. Аз 15 хабари ТОП шаштоаш, (сеятоашон ба забони тоҷикӣ) дар мавзуъҳои зер навишта шудаанд:   дар бораи таъин шудани писари хурдии президент (ки ҳамагӣ 21 сол дорад) ба вазифаи муовини директори генералии коргоҳи тавлиди ноқилҳои “Талко”,   шомил шудани Эмомалӣ Раҳмон ба рӯйхати мусалмонони бонуфузи ҷаҳон, тайиноти нав ба вазифаҳои муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург, мусоҳибаи президент бо хабарнигорони “Aл-Ҷазира” ва пешниҳоди баргузории бузургтарин авф ба муносибати 25-умин солгарди Конститутсия, ки зиёда аз 20,000 зиндониро фаро мегирад.

Аз хабарҳои дигари сиёсӣ:  сокинони Тоҷикистон дар бораи созишномаи ҳамкорӣ бо гумруки Русия фаъолона мубодила карданд.

Дар TOP-15-и моҳи октябр маводи ҷолиби таҳлилӣ дар бораи он ворид шуд, ки чаро сокинони Тоҷикистон тавассути Ӯзбекистон парвоз кардан мехоҳанд ва дар маҷмӯъ, бо авиатсияи кишвар чӣ рӯй медиҳад.

Варзишгари  машҳур Ҳабиб Нурмагомедов мардуми Тоҷикистонро на танҳо бо дастовардҳои варзишӣ шод мекунад. Мавод дар бораи он, ки варзишгар забони тоҷикиро аз куҷо медонад, ҳамчунин ба рӯйхати мавзӯҳои  бештар муҳокимашавандаи  моҳи октябр шомил шуд.

Аз 15 мавзӯи баҳсбарангези моҳи октябр шаштоаш ба моҷароҳои судӣ, ҳодисаҳо ва ҷанҷолҳо бахшида шудаанд: далелҳои нав дар бораи марги донишҷуи курси аввал- Дилмурод Фозилов маълум шуданд, суд ҷазои писари соҳиби бозори пойтахт «Султони Кабир» -ро шадидтар кард. Уро 10 сол аз озодӣ  барои садамаи маргбор маҳрум кард,  декани яке аз  донишгоҳҳои Тоҷикистон ба ҷурми  гирифтани пора боздошт шуд, ҳомиёни ҳуқуқи тоҷик аз як фаъолзане дифоъ карданд, ки видеои маҳрамонааш ба шабака пахш карда шуд, корманди милитсия дар вилояти Маскав  шаҳрванди Тоҷикистонро, ки 10 сол боз дар Русия кор мекунад, латукӯб кард  ва ронандагони таксиҳои тоҷик тасмим гирифтанд, ки бо бӯсу канорҳо  дар дохили  таксиҳояшон мубориза баранд ва барои ин дар салони мошинҳошон аломаҳои манъкунандаи чунин рафторро насб карданд.

Узбекистон

Сокинони Ӯзбекистон дар моҳи октябр бештар нақлиёти автомобилиро баррасӣ карданд, зеро аз 15 хабари рейтингӣ сетоаш ба ин мавзӯъ бахшида шудаанд. Дар Тошканд  электробуси истеҳсоли Беларусро меозмоянд. Нафароне, ки  ба  он савор шудаанд, сайри ҳамвор, салони бароҳат ва кондитсионерҳои пурқуваташро  қайд мекунанд ва истеҳсолкунандагон бошанд илова мекунанд, ки  ҳам ҷанбаи  иқтисодӣ ва ҳам  экологӣ  дорад. Хабарнигори Gazeta.uz як озмоиши ҷолиберо гузаронд,  ӯ ҳамчун кондуктори автобус  ба кор даромад, то ба чашми худ бубинад, ки оё дар ин кор фасод мавҷуд аст ё на,  нақшаи фурӯш  барои чи лозим аст ва  оё дар ҳама чиз айбдор кардани ронандагони автобус дуруст аст. Боз як хабари дигар ба таври муфассал дар бораи барномаи иваз кардани мошинҳои кӯҳна ба  нав нақл  мекунад.

Ҳарчанд моҳи октябр сокинони Ӯзбекистонро аз гармии ғайримуқаррарӣ наҷот дод, аммо таваҷҷӯҳ ба пешгӯии обу ҳаво коҳиш наёфт. Ду  хабари рейтинг ба хонандагон дар бораи обу ҳаво нақл мекунанд.

Дар моҳи ҷорӣ дар Ӯзбакистон бисёр ба таври гайримаъмулӣ ҷанҷолҳо, фоҷиаҳо ва рӯйдодҳо баррасӣ шуданд. Шаш хабар аз 15 хабари рейтингӣ дар бораи парвандаи зер кардани наврасон дар Юнусобод, марги варзишкори  муҳорибаи омехта (ММА) Бекзод Нурматов, марги кӯдаки дусола пас аз афтидан аз ошёнаи чаҳорум, талаби  ронандагони таксӣ дар бораи ҷазо додани муовини сардори УБДД-и ноҳияи Янгиюл (сабти овозе дар шабака пайдо шуд, ки дар он  тахминан Усмон Замонов ронандагони таксиҳои Янгиюлро таҳқир мекунад), бекор кардани иҷозатномаи овозхон Ҷаҳонгир Атаджанов барои рафтори нохоксорона(дар яке аз баромадҳояш дар моҳи  муқаддаси рамазон дар болои сарш доллар мечошанд) ва фоҷиаи як оилаи узбек, ки   дар Русия зиндагӣ дорад: падари маст аз беэҳтиётӣ боиси марги  духтарчаи яксолаи худ мегардад.

Чор  хабари дигари рейтинг дар бораи чизҳои гуногун, вале на камтар муҳим ё ҷолиб нақл мекунанд: соҳибкор Зафар Ҳошимов таъсири коҳиши ААИ ба нархҳоро муҳокима мекунад, Сарвазири Русия ба вазири савдои  ИМА, ки Ӯзбекистонро дар мавриди узвият ба ЕАЭО ҳушдор медиҳад,посух дод, зан ва духтари президенти Ӯзбекистон дар Хива, коршиносон кори ҳисобкунакҳои нав ва кӯҳнаро дар ноҳияи Юнусободи Тошканд муқоиса карданд.

Тамоми ахборе, ки ба TOP-15-и моҳи октябр дар Ӯзбекистон дохил шудаанд, бо забони русӣ навишта шудаанд.

Рейтинги маводи аз ҳама бештар  хонда ва муҳокимашуда рубрикаи доимии мост. Маъмултарин  матолиби  моҳи сентябрро дар ин ҷо  метавон мутолиа кард. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ