ДомойМедиалентаРейтинги мавзӯҳо дар моҳи ноябри соли 2019 дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Рейтинги мавзӯҳо дар моҳи ноябри соли 2019 дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

Таҷовуз ба номуси як толибаи қазоқ дар Тараз, ҷанҷол байни ҳоким ва рӯзноманигорон дар Ӯзбекистон ва ҳамла ба постгоҳи сарҳадӣ дар Тоҷикистон —   чунинанд шарҳи ҳармоҳаи мавзӯъҳои маъмули моҳи ноябр, ки «Новый репортер”  омода кардааст. Рейтинг дар асоси маълумоти сервисҳои MediaMetrics.ru ва MediaMetrics.kz тартиб дода шудааст.

Қазоқистон

Мавзӯи моҳ дар Қазоқистон таҷовуз ба номуси духтарбачаи 12-сола дар  ҳоҷатхонаи мактабе дар шаҳри  Тараз шуд. Ин ҳодиса ҳамзамон якчанд мушкилоти кишварро фош кард ва вокуниши шадидро дар миёни мардум ба бор овард. Аввалан, ҳоҷатхонае, ки дар он фоҷеа рух додааст, дар кӯча будааст ва тавре баъдтар маълум шуд, ин ягона муассисаи таълимие нест, ки дорои чунин “шароити хуб” барои кӯдакон аст. Дуюм, гумонбаршуда дар ҳама камераҳои видеоие, ки дар мактаб насб шудаанд, «намоён аст», аммо аз чӣ бошад, ки  посбонҳо ба шахси бегона дар дохили мактаб аҳамият надодаанд. Президенти Қазоқистон ба ин масъала дахолат карда раиси Таразро аз вазифа сабукдӯш кард ва инчунин ба раиси вилояти Ҷамбул танбеҳ дод, аммо ин бешубҳа кофӣ нест, мардум бодиққат вазъро назорат доранд ва тағйиротҳоии воқеиро дар дигар мактабҳое интизоранд, ки дар онҳо хонандагон ҳатто бо ниёзҳои аввалия мушкил  доранд.

Боз як воқеаи пурсарусадо дар Уралск рух дод: полис  ронандаеро, ки дар роҳ ӯро 60 мошини ҷип ҳамроҳӣ мекардааст, боздошт кард. Бо ин дабдабаву ҳамҳама  мард  аз занаш ҷудо шуданро қайд мекардааст. Бо ин кораш кадом қонунҳоро поймол кардаааст, аз мақола маълум нест, зеро касе дар кишвар талоқ  ва кироя кардани кортежи мошинҳоро манъ накардааст.

Аз 15 — хабари рейтинг  5-тоаш дар бораи ҳодисаҳои дигар, ҳолатҳои фавқулодда ё нақзи қонун нақл мекунанд: полис як зан-сокини Нур-Султонро ба рӯйхати ҷустуҷӯи байналмиллалӣ  ворид намуда, оид ба дигар гумонбаршудагоне, ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд, маълумотнома фиристодааст, полиси Алмаато нақшаи қаллобиеро ошкор кардааст, ки мувофиқи он як зан бо ҳуҷҷатҳои фурӯшандагони бозор қарзҳои хурд мегирифтааст, толибаи мактабро аз Алмаато, ки гум шуда буд, дар назди дӯстписараш пайдо карданд;  дар шоҳроҳи Чимкент-Сариоғош  садамаи калон рух додааст.

Чаҳор хабари дигари рейтинг ба  мавзӯъҳои берун аз дохили кишвар тааллуқ доранд: ҷарроҳони Чин шуши шахси тамокукашеро бо таҷрибаи 30 сола нишон доданд (бояд қайд кард, 17 ноябр рӯзи байналмилалии даст кашидан аз тамокукашӣ буд), Клуби ҳозирҷавобон ва зарифон (КВН) «вохӯрии хатмкунандагон»-ро  баргузор намуд, ки дар он дастаи «Камизякҳо» саҳначаеро дар бораи тӯйи қазоқӣ- русӣ нишон дод, ки «тамошобинон аз хушҳолӣ гиря карданд», олимони Сент-Луис гуфтаанд, ки чаро дар ҳавливу хонаҳо зиндагӣ кардан хатарнок аст (мутаассифона,  пас дар куҷо зиндагӣ карданро дар ин матлб муайян накардаанд.

Ба TOP-15  моҳи ноябр дар Қазоқистон боз як изҳороти аҷиби Доналд Трамп дохил шуд. Ин дафъа нашрияи Business Insider суханони раҳбари амрикоиро дар бораи сафараш ба Қазоқистон нашр кард. Гап  сари он аст, ки раҳбари Амрико то ҳол ба ин кишвар ташриф наовардааст- дар ин бора намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар додаанд.

Ду хабари боқимонда, хабарҳои марбут ба интиқоли рӯзҳои ид ва сардшавии ҳаво мебошанд.

Ҳама хабарҳои рейтинг бо забони русӣ дар шакли мақолаҳои иттилоотӣ пешниҳод карда шудаанд, ба истиснои хабар дар бораи таҷовузи духтарбача дар Тараз, ки муаллифони ин матлаб видеосюжети дигар нашрияро  шарҳу тафсир кардаанд.

Тоҷикистон

Валентина Матвиенко бо медали «Барои ҷасорат дар наҷотдиҳӣ» Бахтиёр Усмонови 10-соларо сарфароз кард: моҳи майи соли равон ӯ дӯсти худро аз чоҳи оби ҷӯшон берун кашид. Бо ҳамин, хабарҳои мусбат, ки дар моҳи ноябр дар Тоҷикистон ба TOP-15 дохил шуданд, хотима ёфтанд.

6 ноябр  ба постгоҳи сарҳадӣ дар кишвар ҳамла карданд. Ин ҳодиса сокинони кишварро ба изтироб овард: се хабари рейтинг дар бораи пурзур кардани амният дар сарҳад аст (мақола бо кадом сабабе пок карда шудааст ва дар бораи муҳтаво фақт ҳадс задан мумкин аст), дар бораи он ки кӣ занони террористеро, ки дар ҳамла иштирок кардаанд, омода кардааст ва шарҳи расмии  матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-ро пешкаш мекунанд. Шарҳи маркази матбуот бо ду забон нашр шуда буд, аммо ба TOP-15 танҳо матлаб ба забони тоҷикӣ дохил шуд.

Илова ба шарҳи расмии КДАМ  ба рейтинг боз се хабари дигар  бо забони тоҷикӣ  дохил шуданд: Рустами Эмомалӣ дастур додааст, ки назоратро аз болои риояи қонун дар бораи парвариши чорво ва нигоҳдории он дар пойтахт пурзӯр кунанд, муҳокимаҳо оид ба роҳхои  Душанбе (мавод ба Рӯзи байналмилалии шаҳрсозӣ равона шудааст) ва огоҳӣ дар бораи сардшавии боду ҳаво.

Аз 15 маводи моҳи ноябр, чаҳортоашро гузоришҳои ҷиноӣ ташкил медиҳанд: кормандони милитсия дар шимоли Тоҷикистон ду кушторро ошкор карданд (марде ҷияни 6-солаи худ ва модари ӯро бераҳмона куштааст), сокини Вахш зани ҳомилаашро кушт (ҳамсарон бисёр муноқиша мекардаанд ва муноқишаи охирин ба фоҷеа хотима ёфтааст), як зан-сокини Душанбе дар ташкили фоҳишахона бо истифода аз ноболиғон гумонбар дониста мешавад (полис ҳадди аққал се далели вайрон кардани Кодекси ҷиноятиро пайдо кард), дар Йошкар-Ола ҷасади як донишҷӯдухтари тоҷикро дар хобгоҳ пайдо кардаанд (дар ҳоли ҳозир ҷузъиёти дақиқи парванда мавҷуд нест).

Се маводи дигар, ки ба TOP-15 дар моҳи ноябр дохил шуданд, дар бораи муноқишаҳо ва рӯйдодҳо нақл мекунанд: муҳофизони президенти Тоҷикистон бо мухолифин дар Фаронса муноқиша карданд (мухолифон  бо шиорҳои зидди сиёсати ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон фарёд мезадаанд), блогнависи тоҷикро барои наворе ҷарима бастанд, ки шарафи духтарро паст задааст  (ҷавон дустдухтари худро ба партобгоҳ оварда, талаб кардааст, ки ба ӯ изҳори муҳаббат ва садоқат кунад), кормандони комисарияти ҳарбӣ кӯшиш кардаанд, ки мардеро  бо зуроварӣба хизмати ҳарбӣ баранд, ки қаблан хизматро адо кардааст.

Як хабари рейтинг низ ба ҳодисаи ҷанҷолбарангез марбут аст, аммо ба худи Тоҷикистон марбут нест. ИН муноқишаи Сергей Светлаков бо намояндагони диаспораи ӯзбек дар Екатеринбург пас аз ифтитоҳи тарабхонаи ӯ бо номи «Ишак» аст.

Ҳама хабарҳои рейтинг дар шакли навиштаҳои иттилоотӣ нашр  шудаанд.

Узбекистон

Моҳи ноябр дар Ӯзбекистон як ҳодисаи муноқишабор бо ҳокими Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ба амал омад: дар шабака сабте пайдо шуд, ки дар он раиси шаҳр рӯзноманигорони нашрияи KUN.uz-ро таҳқир ва ба ҷазо таҳдид мекунад. Аз 15 хабари моҳ чаҳортояш ба таври муфассал дар бораи ин ҳолат нақл мекунанд: овоз дар сабт воқеан ба ҳоким тааллуқ дорад, ҳизби «Адолат» талаб дорад, ки чора андешида шавад, AIMK ба прокуратура муроҷиат кард, аммо дар ниҳоят тарафҳои муноқиша бо ҳам тавофуқ кардаанд.

Ин ягона ҷанҷол бо иштироки шахси мансабдор дар Узбакистон нест. Хабар дар бораи изҳороти раиси ҲХДУ,  ки як оилаи иборат аз панҷ нафар бо 2,5 миллион сӯм (тақрибан $ 264) метавонад рӯз барад ,низ ба рейтинги мавзӯҳои машҳур ворид шуд.

Дар қатори дигар ҳодисаҳо ба ТОП-15 тафсилоти марги ҳунарпеша Гавҳар Шарипова ва ба итмом расонидани ҷустуҷӯи духтари 11-солае дохил шуданд, ки дар Тошканд ғайб зада буд,-ӯ ва мустақилона ба назди бибӣ ва бобояш рафта будааст.

Чун анъана мардум дар Ӯзбекистон дар бораи мошинҳо сӯҳбат карданд. Дар кишвар ду навъи аломатгузории роҳ пайдо шуд — вафелӣ ва ду хатти зарде, ки дар диагонал ягдигаро убур карда бо  марзҳо мушаххас шудаанд. Ҳоло ин навоварӣ танҳо дар Тошканд санҷида мешавад ва  дар назар аст, ки аломтгузориҳо теъдоди танбашавиро дар роҳ коҳиш медиҳанд. Саноати автомобилии ватанӣ низ  хушнудӣ мекунад: заводи автомобилсозии SamAuto-и Самарқанд аввалин мошини пикапи Isuzu D-Max -ро муаррифӣ намуд.

Сокинони Ӯзбекистон пайваста вазъи боду ҳаворо мушоҳида мекунанд.

Ба ТОП-15-и мазӯъҳои моҳи ноябр ошкорбаёнии овозхони маъруфи ӯзбек Лола Юлдошева дар бораи издивоҷаш (ба ӯ муошират бо хешовандон ва давом додани таҳсилро мамнӯъ буд), андозаи нон  дар кишвар хурдтар хоҳад шуд (сокинон ҳамаи онро нахӯрда, қисми зиёди онро мепартоянд), хонаи собиқ прокурор ба музояда гузошта шуд, дар Сурхондарё сарбозеро ёфтанд, ки соли 1967 дар шаҳри Гроднои Беларус дар танки Т-34- навиштаҷоти «Писари халқи ӯзбек» -ро гузоштааст, дохил шуданд. Пас аз 52 сол навиштаҷотро  ёфта, қарор доданд, ки худи сарбозро пайдо кунанд.

Ҳама матлабҳо дар шакли мақолаҳои иттилоотӣ бо забони русӣ тайёр карда шуданд.

Рейтинги мавзӯҳои маъмул бахши доимии мост, маводи  моҳи октябрро дар ҳаминҷо пайдо кардан мумкин аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ