ДомойНақди РасонаӣОвозаву дарвозаҳо ё чаро дар Тоҷикистон, расонаҳо ҳеҷ чизро шарҳ намедиҳанд

Овозаву дарвозаҳо ё чаро дар Тоҷикистон, расонаҳо ҳеҷ чизро шарҳ намедиҳанд

Пас аз ҳар як ҳодисаи назаррас дар Тоҷикистон, новобаста  аз он ки хуб аст ё бад, тамоми ҷумҳурӣ ғарқи овозаҳо мешавад. Одамон, чун аз ВАО ҷавобҳои рӯшан ба саволҳояшон пайдо намекунанд, аз пеши худ ҳикояву қиссаҳо  бофта, якдигарро тарс медиҳанд ё баръакс, беҳуда умедвор мекунанд. Дар ҳамин ҳол, аксарияти расонаҳои Тоҷикистон яке аз вазифаҳои журналистика- вазифаи шарҳдиҳандагии  онро нодида мегиранд.

Пас аз фоҷиаи аввали моҳи ноябр дар Тоҷикистон, ки мақомот онро «ҳамлаи террористӣ» номиданд (афроди ношинос ба постгоҳи назди сарҳади ҳамла оварданд), овозаҳои бад дар тамоми ҷумҳурӣ паҳн шуданд, гӯё ки гурӯҳи террористон вориди кишвар шуданд бошанд.

Шабакаҳои телевизионии давлатӣ хомӯш буданд ва аксари расонаҳои интернетӣ ва чопӣ  маълумотро бо ишора  ба  пайвандҳо аз манбаҳои расмӣ дар бораи ин ҳодиса  медоданд, ки дар маҷмӯъ чизе ҳам рӯшан набуд. Ин ҳодисаро корбарони оддии шабакаҳои иҷтимоӣ низ дар умум муҳокима мекарданд, ки баъзеяшон назарияҳои тавтиаро пешниҳод мекарданд ё  вазъро шадидтар мекарданд.

Дар натиҷа, косаи сабри сокинони шаҳри Турсунзода дар ғарби кишвар лабрез шуда,  онҳо ба милитсия дар бораи одамони шубҳаовари сиёҳпуш  хабар доданд. Мақомоти қудратӣ фавран вокуниш нишон доданд: мошинҳои зиреҳпӯш ва чархболҳоро ба Турсунзода фиристоданд, дар роҳҳо постгоҳҳои  мусаллаҳ гузоштанд.  Сокинони маҳаллӣ аз дидани ин ҳол тарсиданд ва мавҷи овозаҳо бори дигар Тоҷикистонро фаро гирифт.

Як рӯз пас аз ин шуру валвалаҳо воқеъияти ҳодисаро хабарнигорон дар сомонаи Азия Плюс нақл карданд. Маълум шуд, ки сокинони Турсунзода иштибоҳ карданд, онҳо террористон не, балки шикорчиён будаанд.  Сомонаи Азия-Плюс дар Тоҷикистон аз соли гузашта боз баста аст, аз ин рӯ тӯли якчанд рӯзи дигар ҳам хабарҳо дар бораи издиҳоми террористон дар ҷумҳурӣ боқӣ монд.

Мардум намефаҳмиданд, ки чӣ ҳодиса рӯй дода истодааст ва расонаҳои бузург, пеш аз ҳама, шабакаҳои телевизионии давлатӣ барои фаҳмондани мардум ҳатто кӯшиш накарданд.

«Журналист бояд на танҳо мисли як саги посбон бошад, ки фақат бар зидди фасод дар давлат ва ҷомеа мубориза мебарад, балки як саги роҳнамоест, ки барои ҷалби таваҷҷӯҳ ба рӯйдодҳои муҳим кӯмак мекунад. Ба шаҳрвандон дар фаҳмидани рӯйдодҳо кумак кардан, вазифаи журналистон аст»,-гуфта буд -дар як мусоҳиба  Рой Питер Кларк, рӯзноманигор ва нависандаи машҳури амрикоӣ, ки коршиноси формати «журналистикаи шарҳдиҳанда» аст.

Ба сифати «саги посбон»-и классикӣ кор кардан барои рӯзноманигорони тоҷик  бо сабабҳои гуногун, аксар вақт новобаста аз онҳо, хеле душвор аст; будани «саги роҳнамо» аз нуқтаи назари система осонтар аст. Албатта, ҳамеша эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки ҳангоми ҷустуҷӯи тавзеҳот мумкин аст, ки хеле жарфтар вориди ҳодиса шуд, аммо ба  одамон гуфтани он, ки  кирои тарсидан ҳаст ё не — ба таҳлили амиқ ниёз надорад.

Чӣ гуна ВАО дар бораи ҳамла  бояд нақл кунад?

Дар саросари ҷаҳон афзорҳое, ки журналистикаи тавзеҳӣ ҳангоми рӯй додани ягон воқеаи нофаҳмо  истифода  мекунад, мувофиқи таърифи Рой Питер Кларк чунин ба назар мерасанд:

  • Мавҷуд набудани маълумоти зиёдатӣ ва нолозим дар матнҳо
  • Нақли ҳикояи мураккаб дар як матлаб
  • Тарҷумаи истилоҳҳо ба забони барои шаҳрвандон фаҳмо
  • Истифодаи шабоҳатҳо ва муқоиса
  • Ҷумлаҳои оддӣ
  • Рақамҳо ва дигар маълумотҳо
  • Визуализатсия
  • Рӯйхати далелҳо, хронологияи рӯйдодҳо.

Журналистикаи шарҳдиҳанда албатта чизи нав нест: рӯзноманигорон ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки ба мардум фаҳмонанд, ки воқеан чӣ рӯй дода истодааст, аммо ҳоло ин аз пештара дида бештар зарур аст:  одамон ба манбаъҳои иттилоотии зиёд, аз шабакаҳои телевизионӣ то чатҳо дар мессенҷерҳо дастрасӣ доранд, ки комилан хабарҳои гуногунро дар бораи ҳамон як ҳодиса пахш мекунанд ва  барои инсони муқаррарӣ фаҳмидани  маҷрои пурталотуми иттилоот бе кумаки иловагӣ ғайриимкон аст. Аммо  ҳолати аз он бадтар барои аудитория фаҳмидани шарҳҳои нофаҳмо аз манбаъҳои расмӣ  аст, ки ВАО  онро дар Тоҷикистон аксар вақт бидуни тавзеҳот пешниҳод мекунад.

Рузе, ки ин вақеа дар сарҳад рух дод, лентаи хабарҳои расонаҳои Тоҷикистон чунин ба назар мерасид:

Тоҷикистон: гурӯҳи мусаллаҳ ба постгоҳи сарҳадӣ ҳамла кард

Ҳамла ба гузаргоҳи сарҳадӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ. Ду тан аз нерӯҳои амниятӣ ва 15 силоҳбадаст кушта шуданд

Дар Тоҷикистон  ба постгоҳи сарҳадӣ  ҳамлаи мусаллаҳона карданд

КДАМ Тоҷикистон: Ҳамлагарони постгоҳ дар Тоҷикистон — аъзои «Давлати исломӣ» буданд

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар ин бора хабар медиҳад

Мақомоти Тоҷикистон: ҳамлаи шабона ба постгоҳи сарҳадро ба «Давлати исломӣ» рабт дорад

Тамоми рӯз пас аз фоҷиа, аксари расонаҳои интернетии тоҷик натавонистанд ба аудитория ба таври возеҳ фаҳмонанд, ки ҳамла дар марзи Тоҷикистону Афғонистон сурат нагирифтааст (ин ҳолати зуд-зуд такроршаванда аст), балки дар наздикии сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон аст, ки дар ин ҷо зиёда аз 20 сол  боз чунин ҳодисаҳо рух надода буданд. Рӯзноманигорон гузориш доданд, ки «шахсони номаълум ба постгоҳи сарҳадии №4 «Ишқобод»-и  қисми низомии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳамла кардаанд. Ягона истисно Агентии «Авеста» буд, ки аллакай дар сарлавҳа ишора карда буд, ки ҳамла дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст, гарчанде ки дар матн ба ин тафсилоти муҳим ишора нашуд; ва «Радиои Озодӣ» дар дохили хабар ниҳоят гуфтанд, ки: «Постгоҳи сарҳадӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, дар 60-километрии ғарби шаҳри Душанбе, дар наздикии сарҳади Ӯзбекистон ҷойгир аст».

Оё ин ҳолат мушаххасан ба аудитория таъсир мерасонад, оё зарур аст ки одамон аз чизе нигарон бошанд ё на, минбаъд чӣ хоҳад шуд?, Дар ин бора дар мақолаҳо чизе гуфта намешавад. Умуман, агар маводи нашрияҳои интернетии дар он рӯзҳо пайдо шударо бихонед, чунин ба назар мерасад, ки рӯзноманигорон дар бораи ким кадом мавзӯе суҳбат доранд, ки танҳо барои онҳо фаҳмост, мисли он аст, ки ба коллективи касбие ворид мешавед ва  атрофи ту чизеро муҳокима мекунанд, ҳарчанд  бо забони худатон аст , аммо тамоман дарк намекунед, ки сухан дар бори чист. Ғайр аз он, аксари мавод бо аксҳои хунин аз ҷойи ҳодиса  буданд ва мардум дарк мекарданд, ки:  чӣ воқеаи даҳшатноке рух додааст.

Чӣ гуна бояд ба мардум шарҳ диҳем

Охири рӯзи 6 ноябр, ва хусусан як рӯз пас аз ин ҳодиса, пардаи махфият каме бардошта шуд. Телевизор мисли пештара хомӯш буд, аммо дар нашрияҳои интернетӣ кӯшиши фаҳмидани он пайдо шуд, ки чӣ воқеа рух додаст

Шоми 6 ноябр «Спутники Тоҷикистон» савол пеш овард, ки чӣ ҳодиса рӯй дод ва ҳама маълумоти дастрасро дар бораи ҳодиса бо тартиби хронологӣ пешниҳод кард ва наздик ба шаб ин нашрия ба таври визуалӣ дар куҷо ба амал омадани ин ҳамларо тасвир кард. Рӯзи дигар, нашрияи «Азия-Плюс» ба савол додан шурӯъ кард ва онҳо низ шарҳи визуалии ҳодисаро бо истифода аз харита нашр намуда, аксҳоро аз ҷои ҳодиса тафтиш карданд ва дар вебсомонаи худ рубрикаи «Ҳамлаи мусаллаҳона ба сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон» -ро таъсис доданд, ки дар  он ҷамъоварии  мавод дар бораи ҳодисаро шурӯъ карданд.

Аммо баъд аз чанд рӯз, намояндагони ДИИШ масъулияти ҳамларо ба зимма гирифтанд, ки саволҳои коршиносони хориҷиро ба бор овард, ҳарчанд дар дохили Тоҷикистон, қариб ки ҳамовозӣ наёфт. Далели он, ки ДИИШ вақтҳои охир масъулияти ҳама рӯйдодҳои сару садодорро ба дӯш мегирад  ва ҳамла ба сарҳадро, ки  ҳанӯз ҳам саволҳои зиёдеро ба бор меорад, Радиои Озодӣ натиҷагирӣ кард. Дигар нашрияҳои интернетии Тоҷикистон ба сустӣ нашри хабарҳоро дар ин мавзӯъ идома доданд, ки боз ҳам чизе равшан набуд.

Дар бораи ҳодисаи дар марз  ба вуқӯъ омада баъд аз нӯҳ рӯз, дар эфири шабакаҳои телевизионии давлатӣ гуфтанд, аммо дар доираи мулоқоте, ки президенти Тоҷикистон бо мақомотҳои қудратӣ баргузор намуд ва аз корашон интиқод кард.

Ягон тавзеҳот дар бораи  гуфтаҳои президент аз тарафи кормандони телевизион  ба тамошобинон дода нашуд ва агар мо тахмин кунем, ки дар байни онҳо касоне буданд, ки дар бораи ин ҳодиса аз Интернет ё ҳамсоягон огоҳ нашуд буданд, пас онҳо бояд сахт тааҷҷуб мекарданд.

Рӯзноманигорон дар Тоҷикистон аксаран дуруст мегӯянд, ки манбаъҳои расмӣ ба онҳо маълумоти муфассалро дар бораи рӯйдодҳои муҳими кишвар намедиҳанд ва агар  диҳанд ҳам хеле дер ва иловатан аз посухашон чизе фаҳо нест. Ҳар як журналисти тоҷик аз чунин муносибат дилмондагие эҳсос мекунад, ки  бо тавҳини шахсӣ ва таҳқир ҳамсарҳад аст.

Аслан, чунин даъворо ба  худи журналистон  низ метавонанд хонандагонашон изҳор кунанд. Ҳатто дар сурати мавҷуд набудани посухҳои дақиқ аз ҷониби мақомоти расмӣ, пас аз 15 рӯзи фоҷиа, дар бораи ин ҳодиса маълумоти кофӣ ҷамъ оварда шудааст, ҳарчанд ин маълумот тика-тика ва  ба таври пароканда дар манбаъҳои мухталифанд, аммо  вуҷуд доранд. Эҳтимол ба саволи чӣ ҳодиса рӯй дод дар онҳо ҷавоби аниқе набошад, аммо тақрибан ҳеҷ кас дар ВАО-и тоҷик кӯшиш накад, ки инро шарҳ диҳад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ