ДомойМедиалентаДар Тоҷикистон расонаи наве бо номи Your.TJ таъсис ёфт, ки бо...

Дар Тоҷикистон расонаи наве бо номи Your.TJ таъсис ёфт, ки бо мухотабонаш бо “як забон” суҳбат мекунад

Рӯзи кории 12-14 соат, аммо озодии комили амал-  чунин аст тартиби зиндагии имрӯзаи яке аз менеҷерони ВАО-и тоҷик- Зебо Тоҷибоева, ки дар охири соли 2019 бо гурӯҳи хурди ҳамандешонаш лоиҳаи  Your.TJ-ро оғоз кард ва ният дорад, ки қоидаҳои бозиро дар бозори маҳаллӣ тағйир диҳад. Дар бораи он нақл мекунам, ки он чӣ гуна расона  аст.

Умуман, тиҷорат дар соҳаи расонаҳо дар Тоҷикистон корест қадрнашаванда ва мураккаб : бозори таблиғоташ маҳдуд,коршиносону маълумоту додаҳо кам анадар кам, сарчашмаҳои хабарӣ мо матбуот аз дӯстон нестанд, худсензура дар авҷи балантаринаш ва илова бар ҳама сомонаҳо бе  ягон сабаб аксар вақт баста мешаванд. Бозигарони ҷиддӣ дар фазои ВАО — ангуштшуморанд ва аксарияти онҳое, ки воқеан дар Тоҷикистон ба журналистика машғуланд, намояндагиҳои нашрияҳои байналмилалӣ мебошанд, аз қабили “Радиои Озодӣ” ё Агентии иттилоотии “Фарғона”. Аммо, ҳатто дар чунин шароит ҳам ташаббускороне ҳастанд, ки лоиҳаҳои навро оғоз мекунанд ва ба рушди онҳо бовар доранд. Гузашта аз ин, ташаббускорон барои расонаҳо бегона нестанд, балки мутахассисоне ҳастанд, ки  вазъро  аз дарун медонанд.

Зебо Тоҷибоева  солҳои тӯлонӣ ҳамчун директори иҷроияи як нашрияи калон  — дар гурӯҳи расонаҳои Азия Плюс кор мекард ва пас аз он, ки  ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам ҷисмонӣ, ба қавли худаш афсурда  шуд, тасмим гирифт, ки лоиҳаи худро амалӣ намояд.

— Дар аввал  мехостам коре ба мисли  ADME  дар солҳои тиллоияш  иҷро кунам. Ӯ як вақтҳо бароям манбаи илҳом буд. Ман ҳам мехостам, ки ба лоиҳаи худ одамонро илҳом бахшам, ҳикояҳои ҷолиб нақл кунам, тобишу гардишҳои ҷолиб пайдо кунам  Вақте  мо ба кор шурӯъ кардем, идеяи ADME  алакй каме дигаргун шуда буд: мо қарор додем, ки илҳомро бо судмандӣ ва  татбиқи амалӣ муттаҳид кунем ”,-мегӯяд Зебо.

Яке аз аввалин навиштаҳои муваффақи мо дар ин самт матни «Чӣ гуна  дар Тоҷикстон метавон иштирокчии барномаи  муҳоҷират ба Русия  шуд»  гардид.

— Мо  бо забони сода дастурамали зина ба зинаи мавзуъро навиштем. Маълум шуд ки талабгорони зиёде дорад. Ва дар ниҳоят, мо тасмим гирифтем, ки аз мавзуъҳои муваффақе, ки илҳом мебахшанд, даст намекашем, вале ба журналистикаи шарҳдиҳанда, ки дар Тоҷикистон ба қадри кофӣ вуҷуд надорад, ба таври ҷиддӣ машғул хоҳем шуд. Чаро ман фикр мекунам, ки ин муҳим аст? Ҳама гуна тағйирот дар сиёсат ё иқтисод, барномаҳои иҷтимоӣ барои хонандагон танҳо аз  ин нуқтаи назар ҷолибанд: » Ин ба ман чи рабт дорад?» Агар шумо ба аудитория нафаҳмонед, ки изҳороти  сиёсатмадор ё тағйирот ба ягон қонун ба онҳо чӣ гуна таъсир мерасонад, пас ҷомеа ба мақола ҳавасмандӣ нахоҳад дошт. Ягона истисно  ҳолатҳои фавқулодда, ҷинояткорӣ ва вақтхушӣ мебошад, ки таваҷҷӯҳ ба  чунин муҳтавоа ҳеҷ гоҳ аз байн нахоҳад рафт ”, -шарҳ медиҳад Зебо.

Ба ҳисоби миёна ҳар рӯз як ё ду матлаб дар сомонаи Your.TJ нашр  мешавад ва дар оянда, гурӯҳ ба нақша гирифтааст, ки то панҷ ё шаш матлаб чоп кунанд.

— Мо навигариҳоро дунболагирӣ  намекунем, зеро  дар ҳар сурат наметавонем аз шабакаҳои иҷтимоӣ пештар гузарем. Мо барои дӯстон менависем. Ҳангоми ба кор шуруъ кардани рӯзноманигорони ҷавон ба онҳо тавсия дода мешавад, ки аввал матни тайёрро ба дӯсти худ бихонанд, агар дусташ фаҳмид, пас ҳамааш хуб аст. Мо ҳам  ҳамин тавр , яъне барои дӯстон менависем. Ва мо бо аудиторияамон “хеле наздикем», -мегӯяд Зебо.

Алҳол  дар даста танҳо ихтиёриён кор мекунанд, Зебо худаш ҳам менависад ва дар оянда  ният дорад як нашрияи доимии начандон бузург, аммо  бо сифат созад.

— Ман кормандони доимиро ҷалб мекунам, аммо на он қадар зиёд. Ман мехоҳам шумораи ками одамон дошта бошам, аммо беҳтаринҳо, ки музди сазовор бигиранд. Дар Тоҷикистон мутахассисон ҳастанд,  кам ҳам бошанд, аммо ҳастанд ва ман фикр мекунам, ки бо гузашти вақт ман метавонам онҳоро дар як даста ҷамъ кунам. Гарчанде ки дар бозори ВАО дар маҷмӯъ  кор мушкил аст, аз ин рӯ, мо аслан орзу дорем, ки онро рушд диҳем ва донишҳои худро мубодила кунем «,-мегуяд ӯ.

Мо барои дӯстон менависем»

Зебо иқрор мешавад, ки ӯ 12-14 соати вақташро ро дар коргоҳ мегузаронад.

— Ин  дарди бедавост. Ман дар дафтари корӣ 12-14 соат вақт мегузаронам. Эҳтимол, ман чӣ гуна ба нақша гирифтани рӯзи худро ёд нагирифтаам. Аммо дар маҷмӯъ, бароям бисёр чизҳо, аз ҷумла ҳиссиёти ботинии ман, тағйир ёфт: Дар  интихоби мавзӯъҳо озод шудам ва ҳатто дар бораи онҳо ба таври дигар фикр карданро шуруъ кардам. Ман  бештар мехондагӣ ва аз ҷиҳати техникӣ ба имкониятҳои гуногун  бешар сарфаҳм мерафтагӣ шудам,  манзурам он чӣ муҳаррикҳои ҷустуҷугар ва  шабакаҳои иҷтимоӣ медиҳанд. Ва дар маҷмӯъ, ман аз  бори масъулият  дар назди як гурӯҳи калон халос шудам. Ин дар ҳақиқат душвор аст, хусусан вақте   бояд ҳамчун  миёнарав байни редаксия ва шӯъбаи тиҷоратӣ  бошед, ”-мегӯяд ӯ.

Пас аз як сол, Зебо лоиҳаи худро ҳамчун як платформаи мукаммал мебинад, ки  ба он аудитория барои шарҳу тавзеҳ муроҷиат менамояд.

-Ман дар бораи  воридшавӣ ба сомона ҳадс намезанам, аммо ҳоло мегӯям, ки бо мавҷудияти воқеии дуҳафтаинаамон, мо нисбат ба ҳамкасбони худ, ки мисли мо ҷавон нестанд, воридшавии бештар дорем. Умуман, мо нақшаҳои калон дорем. Мо мехоҳем контентҳои гуногун эҷод кунем, рекламаи босифат сабт кунем, подкастҳо созем ва рӯйхати фиристаҳоро бо почта таҳия кунем. Аммо мо як фикри дигар ҳам дорем, ки ман хеле мехоҳам онро амалӣ намоем: мо мехоҳем ба ҳамкасбонамон кӯмак расонем .

Гап сари  он аст, ки  расонаҳо дар Тоҷикистон на ҳамеша тамоюлоти навро дар вақташ пайгирӣ мекунанд ва  баъзеҳо ҳатто инро намехоҳанд . Ва дар чунин бозор кор кардан барои ҳама душвор аст: рушд кардан душвор аст, даромад ба даст овардан душвор аст. Гарчанде ки ҳамкорон алҳол  метавонанд   маро танқид кунанд, ки ана боз як мураббии дигар ёфт шуд. Аммо  ҳақиқатан дастаи мо воқеан дониш ва таҷрибаи беназири худро дорад, ки   мубодилаашон бо дигарон лозим ва зарур аст. Ва мо ба иҷрои чунин фаъолиятро ба нақша гирифтаем,- мегӯяд Зебо.

Вай итминон медиҳад, ки бозори таблиғот, сарфи назар аз маҳдудиятҳои худ, ҳанӯз ҳам имкон медиҳад, ки васоити ахбори омма рушд ёбанд ва лоиҳаҳои навро кушоянд.

.-Фармоишгарони реклама мефаҳманд, ки платформаи баландсифат, аудиторияи содиқ ва мавзӯъҳои рейтингӣ  чист ва алҳол аз паси шумораи ками «беназир» — намедаванд. Ва мо ният дорем дар ин самт кор кунем, то муҳтавои и босифат таҳия карда шавад. Умуман, ман барои оғози лоиҳа аз  Институти Ҷамъияти Кушода – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон грант гирифтам. Аммо аз ибтидо, ҳатто пеш аз муроҷиат кардан, ман дар назди худ мақсад гузошта будам, ки  лоиҳаи худмаблағгузор хоҳам созам. Мо фоида гирифтан мехоҳем,  вале  аз тоифаи грантхурон  нахоҳем буд . Лоиҳа , эҳтимол, наметавонад дарҳол пул  биоварад, аммо мо ният дорем дар самтҳои дигар даромад ба даст орем: наворбардории реклама,навиштани матнҳо барои реклама ва  таҳияи реклама. Яъне, ҳамзамон бо лоиҳа сохтани контенти мувофиқ лозим аст, — мегӯяд Зебо.

-Бақайдгирии расонаи  нав душвор набуд, мисли бақайдгирии ҳама гуна  навъҳои тиҷорат, сабт  дар Вазорати фарҳанг  ва  бидуни ҳеҷ гуна монеае.

Тамоюлҳои нави расоние, ки гуруҳ онҳоро нияти  дунболагирӣ  кадан  дорад, подкастҳо ва рӯйхати фириста бо почтаҳост.

— Алҳол аз ҳамин сар мекунем. Умуман,  дар ҳақиқат мехоҳам филм эҷод кунем,- ”мегӯяд Зебо. — Мо шефтаи агентии Зебра Хира ҳастем — агентие, ки силсилафилмҳо барои фармоишгарони реклама месозад. Мо низ ин корро карда метавонистем, муҳимаш ки фармоишгар ба мо бовар кунад ва  аудитория дустамон дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ