ДомойМедиалентаКасе ки ба кори рузноманигор халал мерасонад, метавонад аз озодӣ...

Касе ки ба кори рузноманигор халал мерасонад, метавонад аз озодӣ маҳрум шавад

Чи тавр  рузноманигорон дар Тоҷикистон аз ҳуқуқҳои худ дифоъ карданро ёд мегиранд.

“Азия плюс” дар бораи он нақл мекунад, ки чи тавр журналисти тоҷик  метавонад мансабдорро ба маҳкам бикашад.

Дар Узбекистон ният доранд,тағийроту иловаҳо ба Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ дар бахши дахолат ва монеъ шудан ба фаъолияти рузноманигорӣ ворид намоянд. Вайронкунандагони қонун, баъд аз ворид намудани тағийроту иловаҳо, эҳтимол ба андозаи 4,8 то 115 доллар ҷарима шаванд.

Моддаи 162 КҶ ҶТ, ки ба мавзуи монеъ шудан ба фаъолияти рузноманигор дар Точикистон  бахшида шудааст,чи тавр  амал мекунад? “Азия плюс” бо  ҳуқуқшиносон  ва рузноманигорон атрофи ин мавзуъ суҳбат мекунад.

Тибқи иттилои радиои “Озодлик” тағийроти пешниҳодшуда  ба ин  шакланд:

“Модаи 1975. Дахолат ва монеъ шудан ба фаъолияти касбии журналист: Дахолат,инчунин монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист, ки дар шакли маҷбур намудани журналист барои паҳн намудан иттилоот ё саркашӣ намудан аз  паҳн намудани он, бе ассос рад намудани акредитасия ё бе далел қатъ намудани  он, вайронкунии ҳуқуқи журналист барои дастрасӣ ба маълумоти зарурӣ, ё ғайриқонуни мусодира намудани мавод ва воситаҳои техникии журналист ифода меёбанд- боиси ҷаримабандӣ  дар ҳаҷми аз  2 то 5 нишондиҳанда  барои ҳисобҳои базавӣ мегардад”.

«Моддаи 162-и КҶ дар мо фаъол нест»

Маълум мешавад ки  дар Тоҷикистон барои  монеъ шудан ба фаъолияти журналист ҷазои ҷиноӣ муқаррар шудааст. Тавре ҳуқуқшиноси соҳаи расонаҳо Иноят Иноятов ба  “Азия плюс” иттилоъ дод, агар дар Узбекистон мехоҳанд  дахолат ва  монеъ шудан ба фаъолияти журналистро ба Кодекси ҷавобгарии  маъмурӣ ворид намоянд, дар Тоҷикистон алакай барои ин моддаи ҷиноӣ-162 КҶ вуҷуд дорад.

“Тибқи ин модда монеъшавӣ ба фаъолияти қонунии касбии журналист, дар кадом шакле ки бошад, тариқи ҷарима, корҳои  ислоҳотӣ ё ҳабс ба муддати 5 сол бо маҳрум  намудан аз  ишғоли  мансабҳои муайян муҷозот мешавад. Соли оянда  КҶ-и  нав қабул мешавад ва ман намедонам, ки ин моддаро бе тағийр мемонанл ё на. Аммо агар мо воқеан мехоҳем, ки дахолат ва монеъшавиро беш аз пеш поён бибарем, беҳтар аст, ки ин моддаро нигаҳ дорем”- мегуяд Иноятов.

Ҳуқуқшиноси дигари соҳаи расонаҳо -корманди созмони ҷамъияти “Хома”-Ранжет Ятимов бар он назар аст, ки ин модда дар КҶ- унсури бузурги мусбат барои фаъолияти ВАО дар Тоҷикистон аст.

“Нафаре, ки ба фаъолияти касбии журналист халал мерасонад, метавонад аз озодӣ ба муддати 5 сол маҳрум шавад ё дар ҳаҷми панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо( аз 29 ҳазор сомонӣ то 46ҳазору 400 сомонӣ) ҷарима баста шавад”- мегуяд ӯ.

«Журналистон дар Тоҷикистон  ҳеҷ аз ин модда истифода  намекунанд. Мо ин моддаи қонунро  реклама намекунем, он   гуё  мурда  таваллуд шудааст. Агар ба омори даҳсола  бингарем,  боре  ҳам мутобиқ ба ин модда парвандаи ҷоноӣ кушода нашудааст. Агар як ду  ҳолат  мебуд, он гоҳ сохторҳои  мақомоти давлатӣ медонистанд, ки  ба фаъолияти касбии журналистон монеъ шудан, барояшон   фарҷоми хуб надорад”- зикр мекунад Ятимов.

Моддаи 162. Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналистон:
1) Дар ҳар шакле, ки набошад монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист, ҳамчунин маҷбур намудани ў барои паҳн кардан ё рад намудани пахши иттилоот, ки бо таҳдиди зўроварӣ, нобуд сохтан ё вайрон кардани молу мулк, паҳн кардани дурўғи бофтае ё фош намудани дигар маълумоте, ки ҷабрдида меҳоҳад онҳоро ниҳон дорад, алоқаманд аст, ҳамчунин бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии журналист (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386),
бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо корҳои ислоҳи меҳнатӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 6.10.2008 № 422).
2)Ҳамин кирдор, агар:
а) бо зўроварӣ;
б) несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386);
в) бо истифодаи мақоми хизматӣ содир шуда бошад,
бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то се сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

Рӯзноманигорон ба адолати судӣ бовар надоранд

Раиси Ассотсиатсияи миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) Нуриддин Қаршибоев қайд мекунад, ки дар тӯли 20 соли мавҷудияти созмонаш, ягон рӯзноманигор дар Тоҷикистон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи қонуншиканиӣ  аз ҷониби мансабдорони давлатӣ нисбат ба фаъолияташ  шикоят накардааст.

«Воқеан  ҳолатҳое буданд, ки шахсони мансабдор, соҳибкорон ва намояндагони дигар қишрҳои ҷомеа ба фаъолияти касбии журналист халал мерасонданд. Аммо дар ин ҷо бояд  ман як омили дигарро қайд кунам — худи журналистон барои дифоъ аз ҳуқуқҳояшон шитоб надоранд. Гарчанде дар Тоҷикистон ин гуна қоидаҳои қонунӣ зиёданд. Масалан, фармони Президент дар бораи дастрасӣ ба иттилоот, баргузории нишастҳои матбуотӣ ва расонидани кӯмак ба  фаъолияти рӯзноманигорон. Мо шоҳид ҳастем, ки мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ба ин меъёрҳои ҳуқуқӣ аҳамият намедиҳанд ва  онҳоро  риоя намекунанд ”, — таъкид кард Қаршибоев.

Роҳбари Интернюс дар Тоҷикистон Абдумалик Қодиров мегӯяд, ки ҳолатҳоеро ба хотир меорад, ки рӯзноманигорон мехостанд аз моддаи 162 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд, аммо дар хотир надорад, ки боре  ҳам дар мавридашон ягон қарори мусбат қабул шудааст ё на.

«Ман дар ёд дорам, ки чӣ гуна  нашрияи» Фараж » ҳар моҳноми мансабдоронеро нашр мекард, ки ба дархостҳои рӯзноманигорӣ посух намедоданд ва ин ба онҳо як навъ таъсир мерасонд. Мутаассифона, дар чанд соли охир  махз вазъияти озодии  сухан дар кишвар тағйир ёфт  ва рӯзноманигорон аз ин модда барои ҳимояи ҳуқуқашон дар дастрасӣ ба иттилоот истифода намекунанд «,- қайд кард Қодиров.

Ба ақидаи ӯ, сабабаш он аст, ки журналистон ба адолати судӣ бовар надоранд.

-«Онҳо бовар надоранд, ки додгоҳ метавонад ҷонибдори рӯзноманигорон бошад, алалхусус агар вай аз расонаҳои мустақил бошад. Маҳз  ба хотири нобоварӣ ба мақомоти судӣ аз ин модда истифода  намебаранд”,- мегуяд  Қодиров.

Дар заминаи қонунгузорӣ ҳеҷ мушкиле нест

Директори иҷроияи созмони “Хома”- Шаҳло Акобирова гуфт, ки агар мо оид ба заминаҳои қонунгузорӣ дар бораи дастрасӣ ба иттилоот барои рӯзноманигорон сӯҳбат кунем, дар ин кишвар мушкилоте нест.

«Рости гап, ман дар хотир надорам, ки ҳамкорони мо аз он истифода  бурдаанд ё дар ин бора ба додгоҳ муроҷиат кардаанд. Ҳодисаи охирин ба редакцияи Азия-плюс марбут буд, вақте хабарнигори шумо дар назди театри опера ва балети ба номи В. С.Айнӣ боздошт шуд. Ин ҳамон ҳолатест, ки рӯзноманигорон бояд  ба мақомоти судӣ ва прокуратура бо шикоят дар бораи вайрон кардани ин модда аз тарафи  мансабдори ВКД муроҷиат мекарданд », -қайд намуд Акобирова.

Ҳолатҳое, ки ҳуқуқҳои журналистон аксар вақт поймол карда мешаванд

Аксар вақт дар мурофиаҳои судӣ  рузноманигоронро бо истинод ба  он, ки ин парванда таҳти муҳри махфӣ сурат мегирад, роҳ намедиханд.

Агар журналистон  дар бораи махфӣ будани  парванда  санад талаб кунанд,  онро нишон намедиҳанд. Ба эҳтимоли зиёд, судяҳо  аз пеши худ парвандаҳоро таҳти мӯҳри махфият қарор медиҳанд.

Чунин  ҳам мешавад, ки муассисаҳои давлатӣ ба дархостҳои журналистӣ ҷавоб намедиҳанду халос. Тибқи қонун «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма»мақомоти давлатӣ бояд дар мӯҳлати се рӯз ба дархостҳо посух гӯянд.

Агар маълумоти дархостшуда дар давоми се рӯз пешниҳод  нашавад, пас зарур аст, ки воситаҳои ахбори омма бо зикри сабабҳои таъхир огоҳонида  шаванд. Дар акси ҳол, ВАО метавонад ба мақомоти болоӣ ё суд муроҷиат кунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ