ДомойМедиалентаЧӣ тавр метавон фейкро маълум кард: маслиҳатҳо, дастурҳо ва тавсияҳо

Чӣ тавр метавон фейкро маълум кард: маслиҳатҳо, дастурҳо ва тавсияҳо

Фейкҳо чӣ тавр ва чаро  кор мекунад, ҳангоми таъйиди дурустии иттилоот чиро бояд ба назар гирифт ва барои таҳлили додаҳо аз кадом афзорҳо  бояд истифода кард ? Ба ин саволҳо дар матлаби мо ҷавоб пайдо кунед

 Чаро фейкҳо сохта мешаванд?

Сабабҳо гуногунанд,- мегӯяд Сергей Штурхетский, раиси Иттифоқи касабаи мустақили расонаҳои Украина, муаллиф ва ҳаммуаллифи зиёда аз 10 дастур оид ба саводнокии расонаӣ, ахлоқ ва амнияти журналистӣ, ки  дар Украина, Қазоқистон ва Қирғизистон ба нашр расидаанд.Аз хоҳиши шухӣ кардану гул задан то  амалиётҳои махсуси иттилоотӣ (АМИ). Аммо аз ҳама муҳим он аст, ки онҳо мехоҳанд аз шумо махфиёна чизе (тағирот дар рафтор, рӯҳия,  ҷаҳонбинӣ ва ғайра)  ба даст оранд.

Барои он ки фейк кор кунад ва паҳн шавад, қисми шуури инсонро бояд аз ақлаш ҷудо кард, яъне қобилияти фикрониашро бояд поён  бурд.

Усули беҳтарин ва зудтарин тарс додан тавассути ворид намудани объект ба воқеияти тағирёбанда, додани маслиҳат / назорати объект, « наҷот додани»  ӯ тавассути  омӯзишҳо барои “зинда монадан”/муваффақ шудан дар воқеияти нав аст. Охир,дар атроф маълумот бештар ва бештар шуда истодааст. Онро назорат , тафтиш ва пок кардан  ғайриимкон аст. Мо танҳо сарлавҳаҳоро мехонем, имрӯзҳо ба одамон хотираи «кӯтоҳ» ва тафаккури ҷараёнӣ хос аст.

 Дурӯғ чӣ гуна кор мекунад? Механизмҳои асосӣ:

  • инкор намудан
  • рад кардан
  • таҳриф кардан
  • тавваҷуҳро ба дигар сӯ кашидан
  • воҳима ва изтироб ба вуҷуд овардан

Барои  тарзи маълум кардани фейкро ёд гирифтан,  бояд шубҳа кардан, савол додан ва такрор ба такрор тафтиш кардани маълумотро омӯхт

Се омили (тайиди дурусти иттилоот)верификатсия:

  1. Халлоқият, исрор, шаку тардид ва малака.
  2. Донистани манбаъҳо, сатҳи эътимоднокӣ ва ростқавлии онҳо (миқдори зиёди манбаъҳои гуногун ва эътимоднок, ки метавон онҳоро пайдо кард, бовар кунонд ва сӯҳбат кард).
  3. Тасдиқи ҳуҷҷатӣ. .

Чӣ метавонад ба фейк будани маълумот ишора кунад?

Эҳсосот ҳангоми пешниҳоди матлаб. Пешниҳоди эҳсосотии(отифии) хабарҳо, имкон медиҳанд, ки на танҳо диққати аудитория ҷазб карда шавад (мо чунон сохта шудаем, ки  ҳама чизро бо дил нисбат ба мағзи сар тезтар қабул мекунем), балки ақлонияти тафаккур хомӯш ва  ҳатто номувофиқатии возеҳ «надида»  шавад.

Мутахассисон (хаёлӣ). Илми дурӯғин. Воситаҳои толеъшиносӣ ва гомеопатикӣ, ҳиллаҳои  ҷодугарон ва фолбинҳо самараи аҷиб медиҳанд ва ба некӯаҳволии … худи фолбинҳо ва ситорашиносон таъсири мусбат мерасонанд. Ҳатто достонҳои «безарар» дар бораи ин соҳаҳо ва қаҳрамонони он (агар он аз таҳлили интиқодӣ маҳрум бошад) аз он дарак медиҳад, ки пеши шумо хабари ғайривоқеӣ дар бораи ҳақиқати ғайривоқеӣ аст.

Манбаъ (беэътимод) — доменҳои шубҳанок, расонаҳои номаълум, аккаунтҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Ҳаҷв, шӯхӣ, танз. Захираҳои ҳаҷвие мавҷуданд, ки  огоҳона муҳтавои ҷалъӣ эҷод мекунанд ва онҳо ҳатто дар ин бора дар маълумотномаи манбаи  худ менависанд (одатан бо шрифти хурд).

Сарлавҳаҳои амдан таҳрифшуда (кликбейтӣ) (бо ҳуруфи барҷаста,  бо аломати хитоб).

Субъективӣ. Ғаразнокӣ. Ба хабарҳои қалбакӣ (инчунин ба хабарҳои «оддӣ», вале хабарҳои бесифати расонаҳои маъмулӣ) ғаразнокӣ ва яктарафа будан хос  аст, яъне вайронкунии меъёрҳои пешниҳоди иттилоот. Истинод ба як тараф, интихоби коршиносон (ҳатто воқеӣ), ки дар муноқишаҳо мавқеи муайянро ишғол мекунанд, хабарҳои фейкиро  ба таври хос манипулятивӣ мекунанд, -шарҳ медиҳад Сергей Штурхетский.

Вируснокии паҳншавӣ

Фикри Аҳмақона, мисли Хабари Фейкӣ, нисбат ба  фикри оқилона ва Далели воқеӣ зудтар паҳн мешавад.

Чӣ бояд кард? Тафтиш , тафтиш ва тафтиш.

Аз профилҳо ва иттилооти қалбакӣ ҳазар кунед; масалан, lemmetweetthatforyou.com имкон медиҳад, ки твити қалбакӣ сохт Фиребгарон аксар вақт  ретвитҳоро (RT) ба ҳайси усули сохтани твитҳои қалбакӣ истифода мебаранд.

Аломатҳои қалбакӣ оид ба аслӣ будани аккаунт.

Диққат диҳед ба:

  • вебсомонаҳое, ки ба дигар вебсомонаҳо ишорапайванд (линк) медиҳанд
  • ҷой
  • тасвирҳо ва видеоҳои пешина
  • паёмҳои қаблӣ ва твитҳо
  • дӯстон ва обуначиёни муаллифон- манбаъҳо киҳоянд?
  • кадом касонеро думболагирӣ мекунанд?
  • онҳо дар рӯйхати дустони кианд?

Аксҳо аз шабакаҳои иҷтимоӣ  

Яке аз роҳҳои тасдиқи ҳаққонияти аккаунт дар шабакаи иҷтимоӣ таҳлили контенти акси саҳифа мебошад. Масалан, аватарро.

Оё тасвир дар ҳақиқат ба ин корбар тааллуқ дорад ё аз Интернет гирифта шудааст, метавон аз ин ҷо фаҳмид.

Дар хотир доред!

Верификатсия (тайиди дурустӣ)  раванд аст. Роҳ ба верификатсия метавонад барои ҳар як далел фарқкунада бошад. Ҳеҷ гоҳ ба манбаъҳо бидуни санҷишу тафтиш эътимод накунед , хоҳ онҳо шоҳидон ва ҷабрдидагон бошанду хоҳ намояндагони  ҳокимият.

Аккаунтҳои манбаъҳои аввалия метавонанд манипулятивӣ бошанд, зеро онҳо аз эҳсосот маншаъ мегиранд ё аз хотираи бад ё аз ҷаҳонбинҳои маҳдуд ташаккул меёбанд.

 Ҳангоми таҳлил ва верификатсия иттилоот ба кӣ такя кардан мумкин аст:

  • олимон
  • духтурон ва омузгорон; онҳо мебинанд, ки чӣ гуна фейкҳо одамонро вайрон мекунанд ва ҳатто ба ҳаёт ва саломатӣ зарар мерасонанд
  • рӯзноманигорон ва сиёсатмадорони огоҳе, ки эҳсосгароӣ ва хайпи сариъро пайгирӣ намекунанд, вале хатари онро барои ҷомеа медонанд.

Санҷиши хурде, ки бо он шумо қобилияти худро оид ба верификатсияи маълумот санҷида метавонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ