ДомойНақди РасонаӣҚувваи YouTube-и тоҷикӣ дар чист?

Қувваи YouTube-и тоҷикӣ дар чист?

Мусоҳибакунандагон дар бахшии тоҷикии YouTube ҳар кадоме аз Юрий Дудя ба худ чизе гирифтааст: яке тарзи гирифтани блитсро (ду маротиба) , дигаре услуби дар назди камера нишастани блогггависи русро ва саввумӣ тарзи пешиҳоди саволҳоро. Ва чунин ба назар мерасад, ки танҳо як нафар пай бурдааст, ки  иқтидори оне,  ки тақлидаш мекунанд,  дар чист.

Hовый репортёр” се блогнависи комилан гуногун, вале дар YouTube –машҳурро интихоб кард ва ҳамаи мусоҳибаҳои онҳоро баррасӣ кард.

«Iron King», шумораи  обунашудагонаш маълум нест

Канали  «Iron King»-ро, ки ба блогнавис Ёдгор Исломбеков тааллуқ дорад,  метавон аввалин таҷрибаи  бо «Вдуд» алоқаманд шумурд. Як сол пеш “Hовый репортёр” аллакай нисбат ба ӯ тавваҷуҳ зоҳир карда буд. Ёдгор ҳанӯз ҳам тарзи нишастани Дудяро тақлид  мекунад, аммо хати  суҳбаташ на он қадар возеҳ  аст. Ҳоло блогнавис дар кадр оромтар шудааст, мавзӯъҳои барномаҳояш гуногунтар шудаанд ва илова бар ин Ёдгор  мавзуъҳоеро  матраҳ мекунад, ки рӯзноманигорони тоҷик  гуфтанашонро дӯст намедоранд.

Ҳамчуни ба  ин блогнавис имкон даст медиҳад, ки бо қаҳрамононе мусоҳиб шавад, ки ё бо рӯзноманигорон муддатҳои  тӯлонӣ сӯҳбат накардаанд ё худи рӯзноманигорон ба онҳо аҳмият намедиҳанд.. Ҳама сурудҳои Қадами Қурбонро шунидаанд, роликҳо бо тақлидҳои ӯ дар Интернет миллионҳо назар мегиранд, аммо ҳеҷ кас барои аз ӯ гирифтани мусоҳибаи васеъ андеша накард, ба ҷуз аз  Ёдгор. Ё худ мусиқинавоз Олег Фезов, ситораи солҳои 90-ум,  ки солҳо боз қаҳрамони расонаҳо набуд (гарчанде ки пешниҳодҳо буданд)ва ғайри чашмдошт дар як мусоҳибаи як соатӣ  дар  «Iron King» пайдо шуд.

Ёдгор Исломбеков

Ва чунин ба назар мерасад, ки  чи бахти бузургест -сӯҳбат кардан бо шахси машҳуре, ки ба ҳеҷ кадоме аз рӯзномоанигорон тули чанд соли охир  даст надодааст, аммо Ёдгор худро аз ин неъмат маҳрум мекунад: ӯ намунаи мусоҳиба бо Фезовро, ки дар соли 1997 сабт шуда будааст, ёфта ба  дубора санҷидани он машғул мешавад.

«Дар мусоҳибаи ягонае, ки ман пайдо кардам, гуфта мешавад, ки шумо  овозхоне ҳастед, ки  дар алоҳидагӣ суруд хонданро  афзалтар медонед ва ҳангоми бо гурӯҳ суруд хондан натиҷаи хуб намеоварад. Дуруст аст?»,- мепурсад Ёдгор.

«Дар он ҷо вазъият каме дигархелтар буд»,- Олег ҷавоб медиҳад ва ба таври муфассал шарҳ доданро оғоз мекунад, ки чӣ гуна буд. Дар ҷавоби худ,  ба ҳадди кофӣ дур меравад, ибораҳои хеле самимиро мегӯяд, масалан, ки вай воқеан овозхони касбӣ нест ва саҳна худбоварӣ ва сабукфикриро намебахшад,… аммо Ёдгор нияти боз истоданро надорад:

«Ба мусоҳиба бармегардем:» Ман дар консертҳо толорҳои пурро ҷамъ мекардам,  аз ман дар кӯчаҳо дастхат мепурсиданд , аммо матбуоти маҳаллӣ чизе наменавишт, ҳамин тавр бо матбуоти расмӣ дар оламаҳои параллелӣ зиндагӣ мекардем. «Ин суханони шумоанд?», — боз савол медиҳад бдлогнавис.

«Бале, чунин буд». Олег розӣ мешавад ва боз як ҷавоби муфассал медиҳад, гӯё ки кӯшиш мекунад муаллифро аз ин мусоҳиба дур кунад. Аммо, намешавад:

«Айби ман нест, ки пас аз бозгашт  боз ҳам машҳуртар гаштам. Ҳама рафтанд ва ман соҳиби тоҷи шуҳрат шудам”. Магар чунин буд? ” – бозпурсӣ мекунад Ёдгор.

Фезов нафаси амиқ гирифта мегӯяд: «Ман намедонам, ин ҳама сатрҳо аз куҷо пайдо шудаанд.»

«Аммо шумо мусоҳибаи соли 1997-ро  дар хотир доред?», — каме бо тааҷҷуб мепурсад Ёдгор.

«Хеле тира», — ҷавоб мегӯяд Олег.

Маълум мешавад, ки ҳиллаи кашидани ибораҳо аз изҳороти қаблӣ низ ба Дудя тааллуқ дорад — вай ин корро зуд-зуд мекунад, танҳо ба Ёдгор муяссар намегардад, ки аудиторияро бовар кунонад, ки ба вай воқеан ҷолиб аст , ки  Олег Фезов ҳамаи инро “ҳазор сол қабл” гуфта буд ё на. Ин хеле муҳим аст. Ба ҳар як рӯзноманигор (блогнависон низ  маҳз ба ҳамин усул  кор мекунанд) таълим дода мешавад — ба маводи худ пеш аз ҳама он чизеро ворид намудан лозим аст, ки  пас аз вохӯрӣ ба дӯсти худ маҳз дар бораи он нақл кардан тавонӣ.

Яъне, гумон аст, ки Ёдгор пас аз мулоқот бо Фезов ба дӯстонаш чунин чизе бигӯяд: «Тасаввур кунед, маълум мешавад, ки Олег Фезов соли 1997 нагуфта будааст, ки дар гурӯҳ суруд хонданро дӯст надорад!»

Ва агар ба худи Ёдгор ин ҳама ҷолиб набошад, пас чаро ин ҳама ба аудитория лозим аст?

Илова бар ин бо Олег Фезов чунин вазъият пеш омадааст: ӯ пас аз 23 сол ба Тоҷикистон омадааст, зеро модари пираш дар ин ҷо вафот кардааст. Аммо мо дар бораи ин танҳо дар охири нашр пай мебарем, ин ҳам бошад вақте ки ӯ  ба блитс- пурсиш посух медиҳад. Хуб, охир ин ки дигар табиӣ нест! Охир, Ёдгор дақиқан медонист, ки модари Олег фавтидааст ва эҳтимолан блогнавис қабл аз мусоҳиба таслият изҳор карда бошад, аммо дар барнома ин чиз дида нашуд.

«ORZU», 21 ҳазор обуначӣ дорад

Орзу Исоев муаллифи канали ORZU ва ситораи журналистикаи тоҷик аст. Ӯ соли 2014 канали худро кушода буд, аммо танҳо як сол пеш ба он фаъолона машғул шуд. Орзу аз блогнависи рус қариб ҳеҷ чиз нагирифтааст, хуб, шояд танҳо форматро, аммо инаш ҳам баҳсталаб аст. Вай таҷрибаи бойи корӣ дар телевизиони давлатӣ, радио, аз ҷумла ба ҳайси мусоҳибагиранда ва  бо дастрасии мустақим ба овозхонҳои попи тоҷикро аст, зеро ӯ барои сурудҳои онҳо шеър менависад. Орзу шоир низ аст. Мисли Ёдгор, дар канали Орзу низ баъзан меҳмононе пайдо мешаванд, ки бо сабабҳои гуногун онҳоро дар расонаҳои тоҷикӣ вохӯрдан наметавон, яъне баъзеашон бо ВАО тамос надораду бархеро  журналистон носазоворона фармуш мекунанд.

Орзу Исоев

Яке аз охирин мусоҳибаҳо дар канали Орзу ин сӯҳбат бо овозхон Ширинмоҳ Ниҳолова аст, ки дар тӯли чанд рӯз — 33 ҳазор назар гирифт, аз рӯи стандартҳои бозори ВАО-и тоҷик нишондиҳандаи хеле хуб аст, алахусус барои мусоҳиба. Дар  гуфтугӯи 20-дақиқаӣ, ба Орзу муяссар мешавад аз оғоз бо қаҳрамони худ мусоҳибаи эҳсосотӣ дошта бошад, ки ӯ ошкоро дар бораи шавҳари ба қарибӣ фавтидааш сӯҳбат карданро оғоз мекунад. Воқеан, ҳангоми сӯҳбат бо Ширинмоҳ ва инчунин ҳангоми муошират бо дигар  қаҳрамонони худ Орзу, тавре ки мегӯянд — » ҳушу гӯшам ба шумо» аст. Табиист ки ба лутфи таҷрибаи корӣ дар телевизион, Орзу дар назди камера озодтар аст: вай аз ҳаракат додани дастони худ , эҳсосот нишон додан ва  самимона хандид наметарсад.

Аммо, баъзан Орзу аз мавзӯъ берун меравад. Соли гузашта ба меҳмонии ӯ  Лидия Андре аз Ӯзбекистон ташриф оварда буд, ки  бо тахаллуси Сумая баромад мекунад ва ба забони тоҷикӣ месарояд. Бо вуҷуди он ки Лидияро дар Тоҷикистон асосан сарояндагони эстрада мешиносанд (ӯ солҳои тӯлонӣ бо онҳо ҳамкории зич мекунад), Орзу бо ӯ чунон сӯҳбате барпо кард, ки ҳатто ба аудиторияи аз мусиқии попи тоҷик дур низ ҷолиб буд. Аз ин мусоҳиба, масалан, маълум шуд, ки чӣ гуна Сумаяро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, овозхони маъруф Ҷонибек Муродов барои суруд хондан ба забони тоҷикӣ таҳрик мекардааст.

Вақте ки Орзу аз ҳаёти шахсии Лидия пурсид, маълум шуд, ки ӯ шавҳар надоштааст, аммо дустписараш будааст; қаҳрамон мефаҳмонад, ки вай умуман барои издивоҷ нест, зеро вай худро эҷодкори озод ҳис мекунад.

«Оё шумо дар ин иттифоқ таназзул мекардед?» — мепурсад аз вай Орзу.

«Ман – не. Вай — девона шуда буд»,- ҷавоб медиҳад Лидия.

«Ӯ мехост таназзул кунад?», — идома медиҳад Орзу.

«Не, намехост, ӯ танҳо девона шуда буд,» – ҷавоб медиҳад Лидия.

Идомаи сӯҳбат хусусияти ғайриоддиро мегирад: Лидия дар бораи он, ки чӣ гуна дустписараш ӯро аз рашки зиёд хаста мекардааст, нақл мекунад ва шарҳ медиҳад, ки ӯ намехоҳад(…….) бошад, то пашшаҳо ба ӯ бичаспанд.

«Хуб, аз афташ мазза пашшаҳоро ба худ ҷалб мекунад»,-Орзу ӯро “ташвиқ” мекунад ва ҳарду самимона механданд.

Орзу ин мусоҳибаро бо хоҳиши таманниёт ба мардуми тоҷик  гуфтани ҳамсуҳбаташ ба анҷом мерасонад ва дар  посух таманиёти фазои ором ва хушбахтиро мегирад. Воқеан, бо хоҳишҳо дар бораи таманниёт ба аудитория  ё ташаккур барои мусоҳиба, рӯзноманигорони Тоҷикистон то ҳол маводи худро, чӣ чопӣ ва  чӣ видеоӣ, ба итмом мерасонанд.

Рафаэл Гулов, 47,3 ҳазор обуначӣ дорад

Як мусоҳибагирандаи дигар Рафаэл Гулов мебошад. Ба тозагӣ каналашро ифтитоҳ намудааст  ва худаш ҳам хеле ҷавон аст. Бекстейҷҳо ба навор мегирад, мусоҳибаҳо сабт мекунад ва ба назар чунин менамояд, ки аз  Юрий Дудя илҳом мегирад. Рафаэл блитси худ ва саволи «Қувва дар чист»-ро дорад ва ҳатто тӯҳфа аз қаҳрамон барои обуначиёнро низ, аммо на дар ҳама мусоҳибаҳо.

«Оё ин дуруст аст, ки ӯ дар кадртаъом мехӯрад», —  мепурсад қаҳрамони мусоҳиба — корбари инстаграмма ва соҳибкори тоҷик Умеда Парсаева аз операторе, ки ӯро ба навор мегирад.

«Боке нест, ин ҷо YouTube аст, ин ҷо ҳама чиз  мумкин аст» ,- посух медиҳад Рафаэл, ки ҳамзамон ширинӣ мехӯрад.

Рафаель Гулов

Ӯ мусоҳибаҳои худро бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ мегузаронад, ки  аксарияти аҳолии шаҳри Душанбе ҳоло маҳз ҳамин тавр суҳбат мекунанд; кӯшиши  донотарошӣ намекунад, бо забони тоҷикии кӯчагӣ ҳарф мезанад , ки маҳз он барои тамоми аҳолии кишвар дастрас аст ва аз шунидани чунин  тарзи суханронӣ ҳар расонаи бонуфуз  нороҳат  мешаваад

Бояд гуфт, ки Рафаэл ҳама вақт дар кадр мехӯрад: дар Алмаато ӯ бо Парвиз Назаров суши мехӯрад, бо ороишгар Гулбаҳор дар Дубай сэндвичҳои гиёҳхоронро мехӯрад;  чунон бо шавқ мехӯрад, ки  дар дили кас хоҳиши зер кардани пауза ва аз яхдон гирифтани чизе барои хӯрдан пайдо мешавад.

Сарфи назар аз он, ки Рафаэл ба қаҳрамонони худ дар бекстейҷҳо ё мусоҳиба метавонад саволе диҳад: «Оё ту дирӯз нӯшида будӣ?», аз ин корҳои ӯ нисбат ба ҳама ютуберҳои дигар, то ҳадде камтар шарми кас меояд. Вақте ӯ аз Парвиз Назаров мепурсад, ки хонаводаи ӯ ба хабаре, ки арӯс 3 ё 4 сол аз Парвиз калонтар аст чи гуна аксуламал нишон доданд,  каме эҳсоси нороҳатӣ  мекунед, аммо дарҳол илова мекунад, ки зани шумо зани зебо аст, аммо ба ҳар ҳол. Ё вақте  Умеда Парсаева яке аз асарҳои Дейл Карнегиро китоби дӯстдоштааш мномад ва Рафаэл ногаҳон  шодишарики қаҳрамон мешавад. Гарчанде ки ӯ қодир аст, ки қаҳрамонони худро таҳрик  кунад.

«Бояд аз болои худ зиёдтар кор кард, ба худ боварӣ доштан лозим …», -Умеда қоидаҳои зиндагии худро бо ӯ мубодила мекунад.

“Mмммм, чӣ қадар ангеза! Баданам ба ларза меояд”, — Гулов ба ӯ ҷавоб медиҳад.

Ин видеои дуввум дар канали ӯст, ки хит ҳисобидан мумкин (330 ҳазор назар), ӯ ба Дубай рафта бо соҳибкори тоҷик Гулбаҳор вомехурад, ки саҳифаҳои худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъолона пеш мебарад ва  сабаби  дар ҷумҳурӣ машҳур  шуданаш аст. Рафаэл бо “Ламборҷини” дар Дубай бо ӯ давр мезанад, дар болои бистари ӯ бо гурбаҳояш дароз мекашад , мепурсад, ки нархи соаташ чӣ қадар аст ва ҳатто ҳайратовар аст, ки онҳо ногаҳон ба ҳамдигар иқрор мешаванд, ки аз шиносоӣ бо якдигар хеле шоданд.

Рафоэл сӯҳбатро бо Гулбаҳор  бо се забон анҷом медиҳад .  Онҳо оромона аз тоҷикӣ ба русӣ ва сипас ба англисӣ мегузаранд. Бо дарназардошти он, ки тамоми Тоҷикистон акнун ба омӯхтани забони англисӣ машғул аст, ин гуна  тарзи омезиши забонҳо дар солҳои наздик  ҷумҳуриро интизор аст . Эҳтимол Рафаэл низ забони англисиро меомӯзад, зеро аз сӯҳбати телефонии Гулбаҳор бо ин забон самимона мафтун мешавад.

Ууман, ӯ аз бисёр чизҳое, ки ба аудиторияи худ нишон медиҳад, зуд зуд ва самимона тааҷҷуб мекунад ва шояд ин муҳимтарин сифате бошад,, ки аз Юри Дудя гирифтанаш арзанда  бошад. На блитсҳо, на  тақлиди рафторҳо, маҳз самимият ва қобилияти дар назди камера табиӣ будан Юрий Дудяро дар тамоми қаламрави пасошӯравӣ машҳур кардааст. Ва агар Рафаэл Гулов ин одати худро тағйир надиҳад, балки мавзӯи асосии худро каме амиқтар ба назар гирад — ӯ бешубҳа муваффақ хоҳад шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ