ДомойНақди РасонаӣФилми нави тоҷикии "Роҳ": омадан, дидан ва дилсузӣ кардан

Филми нави тоҷикии «Роҳ»: омадан, дидан ва дилсузӣ кардан

Дар Душанбе нахустнамоиши филми коргардони тоҷик Носир Саидов бо номи «Роҳ» баргузор шуд. Қаҳрамонони ин роуд муви (филме, ки қаҳрамононаш дар сафаранд), чӣ тавре ки аз номаш маълум аст, се зани тоҷик мебошанд, ки дар пеши чашми бинанда аз муассисаи ислоҳии Хуҷанд баромада, бояд  ба пойтахт раванд.

Носир Саидов  аз режиссёрҳои ангуштшумори  тоҷик аст, ки филмҳояш барои кишвар мисли як падидаанд. Ӯ солҳои тӯлонӣ бо коргардонҳои тоҷикистонӣ-руссиягӣ- Бахтиёр Худойназаров ва Валерий Аҳадов дар давраҳое кор кардааст, ки онҳо филмҳои беҳтарини худро сабт мекарданд. Ӯ аввалин филми бадеии худро бо номи «Қиёми руз» соли 2009 ба навор гирифт, ки нақши асосиро дар он ҳунарманди рус Юрий Назаров иҷро карда буд. Баъдтар филми «Оинаи бе инъикос» ва сипас филми  «Устод» бо ситораи киноматографияи шӯравӣ -Марат Орипов ва ҳунарманди даъватшудаи эронӣ Маҳноз Афшор буданд, ки ин филмҳо як қатор ҷоизаҳои байналмилалиро соҳиб шуда буданд. Ҳоло «Роҳ» бидуни ситораҳои даъватшуда, аммо бо ҳунармандони машҳури маҳаллӣ, ки доимо дар филмҳои Саидов пайдо мешаванд.

Носир Саидов

Мувофиқи сужаи филм се зан- апаи Надя (Ниссо Муҳаммадҷонова), Саёҳат (Зулфия Содиқова) ва Манижа (Мавлона Наҷмиддинова) пас аз солҳои зиёди маҳбусӣ аз зиндон озод  ва озими хонаҳояҳшон мешаванд. Ҳамаашон бо либосҳои суннатии тоҷикианд, либосҳои  тираранг,на бо рангҳои рушан, тавре  ки занон дар ин кишвар меписанданд;  онҳо начандон ҷавон ва маҳзунанд. Яке дар пушташ борхалта дорад, дигаре дар даст ҷомадонҳои замони шӯравӣ ва сеюмаш бо халтаи шатранҷӣ аст. Барои расидан ба истгоҳи наздиктарин, онҳо бояд дар зери офтоби сӯзон, тавассути масири кӯҳии пур аз аз чангу ғубор, буттаҳои хордор ва алафҳои сӯхта гузаранд. Каме дертар  онҳо «Волгаи» афсурдаеро дучор меояд, ки ронандааш барои бурдани онҳо розӣ мешавад. Аммо, дар   роҳе, ки қариб аз мошинҳо холист, «Волга» бо як мошини боркаши начандон калон(пикап) дар як роҳ рафта натавониста, ба нишебӣ сарозер мешавад. Ҳам ронанда ва ҳам мусофирон, қариб ки осеб надидаанд. Ронандаи мошин (Абдукарим Машрабов) асабӣ мешавад, аммо Манижа ӯро зуд ором мекунад. Сайёҳат каме осеб дидааст — дар рӯи ӯ хун аст ва ин ҳодиса сабаб мешавад, ки ӯ худро идора кардан натавонаду доду фиғон бардорад. Вай гиря мекунад ва ҳикоя мекунад, ки писаре дорад, ки ӯро ҳангоми зиндонӣ буданаш таваллуд кардааст ва баъд аз он ки ӯро ба хешовандони шавҳараш додааст, кӯдакро дигар надидааст. Апаи Надия дӯсти  худро ба оғӯш гирифта, кӯшиш мекунад, ки ӯро ором кунад.

Умуман, дар ин филм оғушгириҳо бисёранд : занҳое, ки солҳои тӯлонӣ якҷоя зиндонӣ буданд,  мунтазам  бо якдигар суханҳои маҳрамона мегӯянд ва якдигарро оғӯш мекашанд. Онҳо мардонеро, ки дар роҳ ба онҳо кӯмак мекунанд, низ ба оғӯш мегирад. Дар бозори моҳӣ, ки ба он Апаи Надия, Саёҳат ва Манижа зери суруди машҳури замони шуравӣ советии «Нури ман» мерасанд, (аллакай бо мошини боркаш, зеро «Волга» аз кор мебарояд) суҳбати Апаи Надя бо духтараке гарм мешавад, ки қурут  мефурӯшад  ва пас аз сӯҳбат онҳо низ якдигарро ба оғӯш мегиранд. Духтарак, дар омади гап, хеле зебо аст, қурут мефурӯшаду ба апаи Надя  «бибиҷон» гуфта муроҷиъат мекунад ва маҳорати хуби дониши математикиашро нишон медиҳад.

Ронандаи  мошини боркаш дар навбати худ, маълум мегардад, ки  шахси  зиндадил аст. Дар роҳ ба сӯи бозор, Манижа бо ӯ нозу ишваҳо мекунад ва шахси дар аввал қавоқӣ — Нуриддин — «Нурик», чунин ӯро ном мебарад, ба ӯ ошиқ мешавад . Баъди бозгашт аз бозор, ҳамсафаронро  ба зиёфати шом, ба сари хони моҳибирён даъват мекунад ва ҳамчунин миз бо хӯрокҳои дигар ва бо табақи мева оро дода шудааст. Ба Манижа телефони нави Samsung-и «ду SIM-кортдор» ва  шоколад тӯҳфа мекунад. Дуруст аст, ки вай бепарвоёна ду дӯсти худро ба сари миз меорад, як нафарашон  маст мешавад ва ба занҳо хотиррасон мекунад, ки онҳо маҳбусони дирӯзанд, ки  ин боис мешавад Сайёхат бо табақи хӯриш ба рӯяш занад. Мастро аз он ҷо мебаранд ва занҳо сафарашонро идома медиҳанд. Албатта на бидуни моҷароҳои дигар.

Занҳои ғайриоддӣ

Умуман аз маҳбусони собиқ қаҳрамони филм сохтан барои Тоҷикистони имруз як иқдоми далерона аст. Аз коргардон Носир Саидов, ки дар корҳои қаблиаш зан мисле, ки урфу одат тақозо мекунад, рафтор намекунад, масалан, шавҳарашро талоқ медиҳад («Муаллим», 2014) ё  дар истгоҳи обу ҳавосанҷӣ  кор мекунад («Қиёми руз», 2009), инро интизор будан мумкин аст, аммо  на аз аксарияти ҷомеа. Дар ҷумҳурӣ ҳарчанд ҳар нафари панҷум ба зӯроварии хонаводагӣ дучор мешавад, одатан занро дар санъат ҳамчун кадбонуи хона, зебо, беҳтараш ҷавон ва муҳимтар аз ҳама итоаткунанда тасвир мекунанд. Маҳбуси собиқ,  ҳатто дар либоси хокистарӣ, ки бо бегонагон флирт мекунад, ба руи тавҳинкунандааш тақсимчаро мепартояд ва арақ менӯшад ( дар «Роҳ» яке аз қаҳрамонон арақ менӯшад) объекти мувофиқ нест, на танҳо барои он ки мардум ӯро дӯст дорад ва ё эҳтиром кунад,балки  ҳадди аққал бигзоранд, ки  осуда зиндагӣ кунад. Заноне, ки дар Тоҷикистон аз маҳбас озод мешаванд, аз ҷониби ҷомеа, аз ҷумла аз ҷониби атрофиёну наздиконашон, чунон сарзаниш мешаванд, ки омодаанд ба зиндон баргарданд. Масалан, маҳбусони воқеии собиқ, соли гузашта  дар филми ҳуҷҷатии «Бовар дорам, зиндагӣ дорам ва дуст дорам»  дар ин бора нақл карданд.

Дар филми бадеии «Роҳ» қаҳрамононаш дар бораи чунин мушкилот сухан намегуянд. Мувофиқи сужа, онҳо барои ин ҳеҷ сабабе надоранд, зеро аксарияти мардоне, ки дар роҳ бо  апаи Надия, Саёҳат ва Манижа  дучор меоянд, хело муносибати мусбат доранд. Албатта, истисноҳо ҳастанд — фарзандони қаҳрамонон аз дидани модаронашон хушҳол нестанд ва дӯсти Нурик ҳам ба онҳо суханони бад гуфт, аммо онҳо  ақаллият ҳастанд  ва дигар қаҳрамонон ин занҳоро дӯст медоранд ва мефаҳманд. Дар ҳоле ки тамошобинони тоҷик метавонад ин ҳисро надошта бошанд, бинобар ин ба онҳо дар филм пешниҳоди зерин карда мешавад: ба ҳар се қаҳрамон эҳсоси дилсӯзӣ кунед. Барои ин Апаи Надия, Сайёҳат ва Манижа доимо гиря мекунанд ва дар бораи мушкилот ва бадбахтиҳои худ нақл мекунанд, чандон ба воқеаҳои нохуш дучор меоянд,  ки  воқеан дар охири филм дили кас ба онҳо месӯзад. Дар омади гап ин тасодуфан нест, як усули дӯстдошта барои Тоҷикистон аст: агар  хоҳед, ки ба аудитория персанажеро муаррифӣ намоед, ки  дарки он ба ҷомеа наздик нест,  пас коре кунед, ки аудитория ба он эҳсоси дилсӯзӣ кунад. Ба аудитория тоҷик ҳамеша осонтар он аст, ки ҳатто қаҳрамони барояш нохуштаринро дилсӯзӣ кунад, аз  он ки ба ӯ ҳуқуқи  бо дили худ зиндагӣ  карданро бидиҳад. Ва занонеро, ки ба тасвири стандартӣ мувофиқат намекунанд алакай, ғамхорӣ кардан мумкин аст, аммо на алҳол эҳтиром кардан . Масалан, вақте ки 13 март занони худбовар, ҷавон ва зебо, вале на он қадар итоаткор қарор карданд, ки  як нишасти феминисзанҳоро баргузор кунанд, онҳоро полис пароканда кард ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ суханони пасту баландро дар ҳақашон раво диданд. Агар онҳо ба ин мулоқот меомаданд ва гиря мекарданд, эҳтимолан муносибат ба онҳо мулоимтар мебуд.

Танҳо феминистзанони тоҷик хеле хуб дарк мекунанд, ки агар ҷомеа ба онҳо эҳсоси тараҳҳум кунад, пас онҳо баробарҳуқуқиро дар хоби шабашон ҳам  намебинанд. Замоне ки онҳо нотавонии худро нишон диҳанд, одамони гирду атроф фавран барои кӯмак ба онҳо чун одамони қавӣ хоҳанд шитофт, бадбинӣ зоҳир намекунанд ва ҳатто тарафи онҳоро мегиранд. Аммо ин то он даме идома меёбад, ки ҷабрдида ҳуқуқҳоии худро талаб накардааст; ғамхорон ҳеҷ гоҳ инро ба зан иҷоза намедиҳанд, зеро одар ин ҳол онҳо ҳисси бартарии худро гум мекунанд.

http://tojikfilm.tj/

Масалан, агар худи ҳамон Манижа чун яке аз фаъолони ҷамъиятӣ  ба дифоъ аз ҳуқуқи худ равад, дарҳол куҷо будани ҷойашро нишон медиҳанд. Аз ин рӯ, дар филм, қаҳрамонон имкони мубориза бо беадолатиро надоранд ва дар ин ҷо аслан мушкилот ҳам нест. Бузургтарин гуноҳи корманди БДА, ки дар яке аз эпизодҳо пайдо мешвад, дар он аст ки барои вайрон кардани қоидаи роҳ протокол тартиб намедиҳад, зеро Манижа ба ӯ рақами телефони худро пешниҳод мекунад. Нурик, ронандаи деҳотии пикап, ҳам барои мизи бошукӯҳ ва ҳам  барои додани тӯҳфаҳо ба Манижа маблағи кофӣ дорад ва пули Апаи Надя пас аз ҳабс, танҳо барои ба худаш харидани чипта ба Россия  мерасад ва он ҳам бо қатора.

Дар баъзе мавридҳо, чунин ба назар мерасад, ки «Роҳ» умуман маҳсули Иттиҳоди Шӯравӣ аст,  бахусус ки кори наворбардор олист(наворбардор Георгий Дзалаев), кори оҳангсозии мусиқӣ низ (оҳангсоз — Далер Назаров), яъне ҳама чиз тавре ки дар  СССР буд. Қаҳрамонон бо ҳамдигар бо мувафақият бо забони оддии тоҷикӣ шухӣ мекунанд, ки ҳама мефаҳманд ва дар инҷо истилоҳҳои печида ва мӯд нестанд. Ҳатто бо вуҷуди он, ки ҳар се қаҳрамон дар охири сафарашон дар шароити муфидтарин нестанд, ба ҳар ҳол хотири тамошобин  нисбат ба онҳо ором аст. Чунин ба назар мерасад, ки минбаъд ҳамааш хуб хоҳад шуд ва намоишро бо хотири мутлақо ором тарк мекунӣ. Дар ниҳояти кор ҳеҷ яке аз қаҳрамонон чизе талаб намекунад, ҷамъият дар мушкилиҳои онҳо гуё гунаҳгор нест, яъне  метавон  ба онҳо дилсӯзӣ кард, худро инсони хуб эҳсос кард ва оҳанги машҳури шӯравии «Нури ман» -ро зам- зама кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ