ДомойНақди Расонаӣ«Вирус дар Тоҷикистон нест»: шеваи кори расонаҳо дар як вазъияти нофаҳмо

«Вирус дар Тоҷикистон нест»: шеваи кори расонаҳо дар як вазъияти нофаҳмо

Аз панҷ кишвари Осиёи Миёна дар сетоаш вируси COVID-19 ба қайд гирифта шудааст ва аз ин рӯ, дар бораи ҷаншнгирии анъанавии Навруз-21 март маҷоли сухан гуфтан ҳам набуд. Аммо тоҷикистониён (ва ҳамчунин туркманҳо)  тарки  анъанаи деринаи худ накарданд ва Наврузро бо  ҷашнҳои ҳамагонӣ ва раҳпаймоиҳои  пурдабдаба пешвоз гирифтанд. Расонаҳо дар мавриди кароновирус ба тоҷикистониён чӣ гуфтанд, ки онҳо дилпурона дар Навруз ба сайру гашт баромаданд? Дар ин бора  матлаби моро мутолиа намоед

Хабарҳои нахустини оид ба коронавирус -COVID-19 дар ВАО-тоҷик ҳануз дар моҳи январ пайдо шуданд, замоне ки ин беморӣ дар Осиё шуруъ ба  паҳншавӣ дошт. Расонаҳои маҳаллӣ ба сустӣ дар бораи навъи ҷадиде  аз вирус менавиштанд, ки ба Чину Корея  ҳамла мекунад. Ин матлабҳо қариб ки мавриди таваҷҷуҳи аудитория қарор намегирифтанд, масалан, дар сомонаи “Азия-Плюс” ба матлаби нахустинаш бо пайванд ба “Медуза”, ки ба мавзуи короновирус бахшида шуда буд, ҳамаги 575 корбар таваҷҷуҳ намудааст. Кӣ гуфтан метавонист, ки ҳамагӣ якунимоҳ баъд матлабҳо дар ҳамин мавзуъ дар сомонаи басташудаи “Азия-Плюс” то 40 ҳазор бинанда  пайдо мекунанд. Дар ин мавзуъ ба зудӣ дар сомонаи нашрия ба андозае  матлаб ҷамъ шуд, ки “Азия-Плюс” рубрикаи махсусе бо номи “Ҳама чиз дар бораи короновируси чинӣ” кушод ва то рузи душанбе-23  март алакай матнҳои ҷамъоваришуда  23 саҳифара ташкил доданд

Дар айни ҳол ҳамаи рӯзноманигорони тоҷикро лозим меомад, ки дар шароити ниҳоят шадид кор кунанд: аз аввали моҳи март, мақомоти марбута бо хабарнигорон дар бораи он, ки дар ҷумҳурӣ чӣ ҳодиса рӯй медиҳад, иттилоъ намедоданд, аммо бо вуҷуди хомӯшии комил давлат як қатор чораҳо низ  андешид, масалан, бемористонҳоро  омода намуд ё фурудгоҳҳоро баст. Пайдо кардани коршиносони салоҳиятдор оид ба ин мавзӯъ он қадар осон набуд, илова бар ин, ҳазорҳо  хабару  иттилоияҳои  қалбакӣ-дуруғин бар сари ВАО афтоданд, ки сарфаҳм рафтанашон кори осон набуд.

Муддати тӯлоние дар расонаҳои Тоҷикистон ҳикояҳои инсонии марбут ба коронавирус вуҷуд надоштанд. Вақте дар аксари кишварҳо  шаҳрвандони воридшударо дар ҳолати карантин қарор медоданд, Тоҷикистон низ  аз ин  кор пайравӣ намуд. Аммо агар дар дигар давлатҳо одамоне, ки дар карантин буданд, бо хабарнигорон бо майли том тамос мегирифтанд, дар Тоҷикистон то охирин лаҳзаҳо расонаҳо  намедонистанд, ки бо мардум  вақти  дар карантин  буданашон чӣ рух  медиҳад.

Ин сукутро сомонаи нави Your.tj шикаст: 17 март дар он қиссаи Таҳмина Нағзибекова нашр шуд, ки баъди бозгашт аз Амрико  ва ҳамзамон дар вазъи  бордорӣ  ба  карантин уфтода, гирифтори шароити ваҳшатноке гардид. Ин қиссаро  билофосила дигар расонаҳо ҳам нашр намуда, дар бораи  саргузашти Таҳмина нақл карданд. Масалан,”Азия-Плюс” ҳамин қиссаро баъди Your.tj бо тафовути якчанд соат нашр кард. Дар ҳар ду ҳолат ҳам Таҳмина аз шароити ғайриинсонии истироҳатгоҳи аз замони шуравӣ ба мерос монда, ки дар он  мусофирони ба тозагӣ баргаштара ҷой дода буданд, дар бораи дағалии кормандони тиб ва набудани оби нушокӣ нақл мекард.

Таҳмина Нағзибекова, АП

Тахминан як руз баъд Таҳмина дар саҳифаи фейсбукиаш бар бораи он хабар дод, ки ӯро ба ҳуҷраи дигар гузаронидаанд, ки шароиташ  андаке беҳтар аст. Пас аз се рузи нашри қиссаи Таҳмина, “Азия-Плюс” матлаби дигаре аз минтақаи карантин нашр намуд, ки дар он шароити буду бошро комилан баръакс   тавсиф мекарданд. Қаҳрамони мақола Ситора Ҷонмамадова дар бораи он нақл мекард, ки чи тавр кормандони тиб хушмуомилаанду чи тавр дар онҷо  ғизои болаззат  медиҳанд. Алакай баъди Навруз “Радиои Озодӣ” нақл кард,  ки ба лутфи танқид дар ВАО тахминан  шароити будубоши 5оо тоҷикистонии дар карантин бударо беҳтар намудаанд.

Дар омади калом, ба ҷуз аз тоҷикистониёне, ки дар ватани худ карантин шуданд, расонаҳои ватанӣ бо  ҳамватанононе  тамос барқарор намуданд, ки бо сабабҳои гуногун дар дигар кишварҳо гирифтори карантин шудаанд. Масалан , қиссаи  Малика Назриеваро, ки дар Итолиё сукунат дорад, ҳам Your.tj  ва ҳам «Радиои Озодӣ» нақл карданд. “Азия- Плюс” дар бораи он шаҳрвандони Тоҷикистон навишт, ки дар айни авҷи пандемия дар Чин мондаанд.

Пас  аз он ки Тоҷикистон парвози  тайёраҳоро манъ кард, нашрияи Your.tj  ба гирдоварии достонҳои тоҷикистониёне шуруъ кард, ки вобаста ба карантин ба Ватан баргаштан наметавонанд.

Ҳангомаҳо ва навбат барои хариди орд

Аммо пеш аз он ки дар расонаҳо  аз минтақаҳои зери карантин қарордошата қиссаҳо пайдо шаванд, баҳонаҳои хабарии возеҳро ба расонаҳо шаҳрвандони оддӣ ҳадя карданд, ки  бораи харидани маводи ғизоӣ талош мекарданд. Яке аз аввалин  видеороликҳоро, ки одамон  дар навбатҳои тулонӣ барои харидории халтаҳои орд меистоданд ва ба бозорҳо «ҳуҷум» оварда буданд, «Радиои Озодӣ» нашр кард. Ин  рузи 4 март рух дод, пас аз он ки мақомоти маҳаллӣ тасмим гирифтанд дари масҷидҳоро бубанданд ва раҳпоймоиҳои анъанавиро, ки донишҷуён дар саросари кишвар барои омодагӣ ба ҷашни Навруз анҷом  медоданд, манъ намуданд. Ин тадбирҳо ба хотири пешгирӣ аз короновирус андешида шуда буданд. Барои фуру нишондани ҳангомаҳо тавассути каналҳои гуногун (пешаз ҳама тариқи телевизиони давлатӣ) намоядагони расмии мақомоти давлатӣ муроҷиат намуда, саъй карданд, ки одамонро бовар кунонад, ки ҳеҷ  мушкиле бо маводи ғизоӣ дар кишвар нест ва ин ҳангомаҳо бепояанд. Дар ҳамин ҳол, одамон ба чунин изҳорот чандон аксуламал нишон надоданд ва «ҳуҷумҳо»-ро ба  мағозаҳо идома доданд. «Радиои Озоди», ин вазъро пайгирӣ намуда, бо кумаки коршиносон дар бораи сабабҳое ҳикоя  кард, ки чаро «мардум ба мақомотҳо эътимод намекунад ва бисёре  аз  изҳоротҳоро   шубҳабарангез қабул менамояд».

Радиои Озодӣ

ВАО хабар медоданд, ки дар заминаи чунин воҳимаҳо нархи маводи ғизоии асосӣ якбора баланд гардид.

7  март дар арафаи Иди Модарон, Эмомалӣ Раҳмон кушиш намуд, ки мардумро ором намояд. Суоли риторикии ӯро , ки дар рафти ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба 8-март иброз дошт: «Наход  мо дар замони осоишта иҷоза хоҳем дод, ки мардум  ранҷи гуруснагӣ бикашанд», — тамоми расонаҳо бидуни истисно иқтибос оварданд.

Бояд гуфт, ки то ин лаҳза алакай суръати паҳншавии воҳима паст фаромада буд. Журналистон дар пай  ҷустани гунаҳкорон буданд. Масалан, «Спутники Тоҷикистон» қиссаеро дар бора ду кампирак нақл кард, ки дар мошинҳои мусофиркаш савор шуда, дар бораи ҳазороҳо сироятшудагон дар минтақаҳои Тоҷикистон  овозаҳо паҳн мекарданд ва нашрия хулосабардорӣ намуд, ки эҳтимол чунин воҳимачиён ба нафъи тоҷирони маҳаллӣ кор мекунанд. «Азия-Плюс» ҳам тақрибан ҳаминро гуфт, вале  аз забони пурсидашудагон. Дар бораи он ки ба ҳамааш соҳибкорон гунаҳкоранд дар сомонаи тоҷикзабони  «Pressa.tj», журналистон бо ишорапайванд ба «яке аз роҳбарони Кумитаи зиддиинҳисорӣ дар вилояти Хатлон» хабар доданд, ки овозаҳо аз ҷониби баъзе соҳибкорон паҳн шудаанд ва шахсияти ин бадкорон муайян гардида, нисбат ба онҳо ҷораҳои зурурӣ андешида  мешавад.

«Радио Озодӣ» ҳам дар бораи он, ки ба ҳамааш «баъзе шахсони манфиатдор» муқассиранд, хабар дод. Аммо худи соҳибкорон ва хурдафурушоне аз қабили «Ашан», дар матлабҳои рузноманигорон назарашонро ба руйдодҳо нагуфтанд:шарҳу тавзеҳоти  фурушандагони орд, ки ба радио иброз дошта буданд, танҳо атрофи афзоши бесобиқаи фуруш маҳдуд мешуд. Дар бораи он ки робита  ба ин талаботи доғ ба маводи ғизоӣ тиҷорати калон ба кадом  мушкилот мувоҷеҳ мешавад, ки дар ин маврид рузноманигорони хориҷӣ бисёр навиштанд, ВАО хикоя  накарданд. Дар ҳамин ҳол, алакай дар рузҳои ҷашни Навруз дар бозору  мағозаҳои  бузург одамон бо аробачаҳои пур аз  бастаҳои макорону қуттиҳои консерва  ба   чашм мерасиданд.

Озмоишҳо

Ба мисли «Азия-Плюс», сомонаи «Радио Озодӣ» ҳам аз оғоз рубрикаи махсуси «Коронавирус»-ро кушод, ки дар он тамоми маводи марбут ба мавзуи COVID-19 дарҷ  мешаванд. 18 марта  дар он матне ба забони тоҷикӣ пайдо шуд, чи тавр мухбираш  Муллораҷаб Юсуфӣ пас аз бозгашт аз Амрико, тасмим гириф, ки ба таври ихтиёрӣ аз муоинаи тиббӣ оид ба  доштан ё надоштани короновирус дар баданаш бигзарад. Ӯ  муфассал нақл  кард, ки вақте  бо тавсияи Вазорати тандурустӣ ба озмоишгоҳ муроҷиат намуд, табибон аз ӯ фосила мегирифтанд ва танҳо табиби сеюм барои гирифтани ташхис  розӣ шуд ва ин ҳам рост ки  пас аз  изҳори он, ки эҳсоси нораҳатӣ надорад, аз муоинаи ӯ  пурра даст кашиданд. Дар озмошгоҳи  дагаре, ки хабарнигор бо он тамос гирифт, таҷҳизоти заруриро надоштанд. Танҳо дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии пешгирии тиббӣ дар ниҳояти кор нисбат ба Муллораҷаб гирифтани озмоишро анҷом доданд ва озмоишҳо нишон доданд, ки ба вирус сироят нашудааст.

Муллораҷаб Юсуфӣ

Чунин озмоишро хабарнигорони Your.tj  низ  гузаронданд: хабарнигор аз чанд озмоишгоҳи Душанбе бо баҳонаи тамос доштанаш бо шаҳрванди Итолиё, ки аз сафари Бадахшон баргаштааст, дидан кард ва тавонист озмоишҳоро бисупорад. Дар ҳамин ҷо хабар ҳам додаанд, ки Тоҷикистон дар ихтиёри худ 3 ҳазор тест дорад, ки онҳоро аз тариқи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва Россия ба даст овардааст.

Воқеан, ҳануз дар охирҳои моҳи феврал рузноманигорони «Радиои Озодӣ» тасмим гирифтанд то бубинанд, ки тарабхонаҳои чиноӣ дар чи ҳоланд ва маълумашон шуд, ки теъдоди муштариёни ҷоийҳои замоне серодам якбора  кам шудааст ва ба ин корхонаҳо зарурати ихтисор намудани кормандон  пеш омадааст. 5  март «Азия-Плюс» сайри мағозаҳои  чиноиро анҷом дод ва онҳоро дар ҳамон ҳоли тарабхонаҳо ёфт ва илова бар ин  пурсидашудагон-шаҳрвандони  чинӣ ба журналистон дар болаи ҳолатҳои табъиз, ки баъди хуруҷи короновирус  дучор омаданд, хабар доданд.

Бо ҷашнҳои оммавӣ чи бояд кард?

Аммо, воқеан, достони  аҷибтарин омодагӣ ба ҷашни Навруз аст. Гап сари он аст, ки бесарусомонӣ дар бозорҳои маводи ғизоӣ пас аз он оғоз ёфт, ки Вазорати илм ва маъорифи кишвар тасмим гирифт роҳпаймоиҳоро оид ба омодагӣ ба ҷашни Навруз ва 30- солагии истиқлоли кишвар таваққуф  кунад ва тасмимашро ҳамчун пешгирӣ аз интишори короновирус номид. Тоҷикистониён алайҳи раҳпаймоиҳо бо иштироки донишҷуён солҳо боз бидуни  натиҷа  дар расонаҳо мунтазам  мегуянд, вале пас он ки мақомот ногаҳон довталабона  онро манъ карданд, мардум фикр карданд, ки вазъ  дар кишвар тамоман бад аст.

Дар аввал расонаҳо иттилоъ доданд, раҳпаймоиҳоро танҳо дар Душанбе манъ кардаанд ва онҳо дар Хуҷанд идома хоҳанд ёфт. Дуруст аст, ки аудитоиря ва ҳам журналистон дар заминаи хуруҷи босуръати вирус дар саросари ҷаҳон ва расман эълон шудани пандемия фикр карданд, ки то манъ кардани раҳпаймоиҳо дар Хуҷанд ҳам  лаҳзаҳои кутоҳе мондааст. Ҳайрати рузноманигорон интиҳо надошт, чун пас аз як ҳафтаи манъ шудани раҳпаймоиҳо аз ҷониби Вазорати  маъориф  ва илм маълум шуд, ки дар Хуҷанд  идома  меёбанд ва шаҳр оромона ба ҷашн  омодагӣ  мегирад. Дар бораи он, ки омодагӣ ба Навруз дар шимоли кишвар  идома дорад, «Азия-Плюс»   мақола навишт.

Радио Озодӣ

Ин ороми комил дар қиболи асобоният дар ВАО-и ҷаҳон ниёз ба шарҳу эзоҳ дошт ва дар сомонаи «Спутники Тоҷиикистон»  бо ишора ба «Спутники Узбекистон»  субҳи 13 март матлабе пайдо шуд, ки дар он «олими шинохта, табиби эпидемиолог  Михаил Фаворов шарҳ дод, ки чаро дар Осиёи Марказӣ ягон нафар бо коронвирус ба қайд гирифта нашудааст». Номбурда зикр намуд, ки сабаби ба минтақа нарасидани ин вирус  гиёҳест, ки дар тамоми ин кишварҳо месузонанад ва  дуруст аст, ки дар  ҳар кишваре  номҳои мухталиф дорад. Ин хабарро бо камоли майл расонаҳои Тоҷикистон бознашр намуданд.

Дар нимаи рузи 13 март вазири тандурустии ҶҚ Елжан Биртанов дар нишасти хабарии махсус ба журналистон оид ба сабти аввалин ҳолати гирифторӣ ба короновирус дар кишвар хабар дод. 15 март оид ба аввалин ҳолати COVID-19 мақомоти Узбекистон эълон карданд. 18 март дар мавриди бақайдгирии ҳолатҳои гирифторӣ бо короновирус мақомот Қирғизистон гуфтанд.

Дар ҳамин ҳол роҳпаймоиҳо дар Тоҷикистон идома ёфтанд ва масъулин ба хабарнигорони «Азия-Плюс» гуфтанд, ки дар ҷашн 12 000 донишомуз  ширкат меварзанд, ки бо бутерброд ва қаҳваи гарм таъминанд ва дар бораи Ватан ва дастовардҳои Тоҷикистон суруд хоҳанд хонд. Расонаҳо дар бораи он гуфтанд, ки дар Душанбе нияти барпо намудан гаштугузорҳои  оммавӣ бахшида ба Навруз дар назар аст. Дар ҳамин ҳол шарҳи возеҳу равшан аз мақомот рузноманигорон нагирифтанд ва суол гузоштанд: «Чаро мақомоти Тоҷикистон хомушанд?».

НИАТ «Ховар»

19 март журналистон хабар доданд, ки рузи 20 март дар кишвар  масҷидҳо барои намозгузорон кушода мешаванд. 20 март расонаҳои  ватанӣ дар бораи он хабар доданд, ки СҶТ ба мақомоти Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки аз маросимҳои оммавӣ худдорӣ намояд, аммо  субҳи  22  март ҳамаи каналҳои телевизионии давлатӣ пахши мустақими ҷашни ботантанаи Наврузро бо иштироки президенти кишвар-Эмомалӣ Раҳмон ва ҳазорон тоҷикистониён ба сифати тамошобинону иштирокчиён шуруъ намуданд. Дар шаҳрҳои  кишвар гуруҳ -гуруҳ одамон бо либосҳои идона сайру гашт мекарданд, тамоми  консерту ҷашнвораҳои  қаблан эълоншуда баргузор мешуданд. Аксарияти журналистони тоҷик аз паси ҷашнҳои дурударозӣ наврузӣ рафтанд, ба истиснои ВАО давлатӣ ва мухбирони нашрияҳои мустақил  аз нақл дар бораи ҷашн худдорӣ намуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ