ДомойНақди РасонаӣДурӯғ, дурӯғи ошкоро ва ахбор

Дурӯғ, дурӯғи ошкоро ва ахбор

Мавзӯи коронавирус якчанд  ҳафта боз барои ҳамаи истеҳсолкунандагони контент трафики зиёде ба бор оварда истодааст. Ҳамин тавр, Facebook дар гузориши дохилии худ гуфтааст, ки трафик ба нашрияҳои хабарӣ танҳо дар қиёс бо ҳафтаи гузашта то 50%  афзоиш ёфтааст. Дар миёни онҳо:

— Washington Post — + 119% трафик аз Facebook

— The Atlantic — трафик нисбат ба маълумотҳои аввали моҳи феврал чор маротиба зиёдтар шуд

— The Times — + 180%

— NBC News — + 160%

Бале, тақрибан ҳамаи ин афзоиш танҳо як сабаб дорад — COVID-19. Одамон дар хона нишаста, хабарҳоро мехонанд. Агар  ба саҳифаҳои асосии тамоми оҷонсиҳои хабарии дунё назар андозед, аққалан як хабареро, ки ба коронавирус алоқаманд набошад, пайдо кардан душвор аст. Акнун ин  расмист: дар ҷаҳон ягон ҳодисаи дигар рӯй намедиҳад.

KPI ё этика

Чунин ба назар мерасад, ки то кунун касе таҳлили пурраи афзоиши трафики расонаҳои Қазоқистонро анҷом надодааст, аммо гумон аст, ки вазъ берун аз тамоюли ҷаҳонӣ  бошад. Тааҷҷубовар нест, ки аз ин  васоити ахбори оммае истифода  мебаранд , ки муҳарриронашон  ба нишондиҳандаҳои   асоси самаранокӣ( KPI)- ва мутаносибан маоши барои  дидани мавод даъват мекунад . Барои дарёфти клики бештар , дасткории далелҳо ва ҳатто фейкҳои ошкоро истифода мешавад. Аммо сармуҳаррирон, ва соҳибмулкон ҳам ба чунин амалҳо беэътиноёна муносибат  мекунанд ва тавре ки манбаъҳо аз дохили нашрияҳо  хабар медиҳанднд, онҳо ҳатто дираронро ташвиқ мекунанд.

Яке аз мисолҳои равшан-нашри ахири портали Tengrinews дар бораи марги як бемор аз хантавирус дар Чин мебошад. Сарфи назар аз он ки хантавирусҳо зиёда аз 70 сол боз маълуманд ва ваксинаи зидди онҳо вуҷуд дорад ва аввалин марг аз ин беморӣ низ кайҳо ба қайд гирифта шудааст, муҳаррир хабарро бо сарлавҳаи «Бемории марговари ҷадид. Дар Хитой аввалин марги аз хантавирус ба қайд гирифта шуд”, гузоштааст.

Мақсада аз чунин усули интихоби калимаҳо ва таҳрифи далелҳо дар хабарҳо фаҳмо аст: дар пасманзари пандемияи коронавирус, мардум боз ҳам зиёдтар асабонӣ ва  ҳассостар ба иттилоот дар бораи бемориҳои пурасрор, хусусан аз Чин, гаштаанд. Ин сарлавҳаро дида, мардум онро таввасути чатҳои WhatsApp ва шабакаҳои иҷтимоӣ интиқол доданд. Худи ҳамон рӯз то  нимаи аввали рӯз шумораи тамошоҳои мавод ва шумораи  бозфиристоданҳо ба 388 ҳазор расид.

Метавон беохир баҳс кард, ки кликбейтҳо ҷузъи модели тиҷоратии Tengrinews ҳастанд ва он ки дар Қазоқистон ягон институти мақому манзалати ВАО вуҷуд надорад. Аммо агар дар давраи осоишта ба меъёрҳои ахлоқии журналистика ва масъулияти иҷтимоӣ метавон бо як чашми нимпӯшида нигоҳ крад, пас дар ҳолатҳои фавқулодда аз ахлоқи журналистӣ ҳаёти инсонҳо ба маънои аслиаш вобаста аст.

Ба бӯҳрони ҷорӣ дар ВАО Анна Качкаева, директори Маркази фарҳангҳои рақамӣ ва саводи расонаӣ, низ диққат додааст. Качкаева қайд мекунад, ки ташвиқоти изтироби сунъӣ дар ВАО ногузир аст.

«Дар расонаҳо мавзӯи « хатар »-и вирус ва чораҳои мубориза бо он селосо пурзӯртар гардида, тамоми ҳодисаҳо ва сюжетҳои дигарро ба ҳошияи  мебарад. Иттилоърасонии куллӣ (чораҳои ҷорӣ гардида, тавзеҳи табибон ва хадамотҳои давлатӣ, омодагии онҳо ба ҳолатҳои фавқулодда, дастгирии иҷтимоӣ, даъват ба эҳтиёткорӣ) дар тамоми васоити ахбори омма, дар шабакаҳо, тавассути эфири шабакаҳои универсалӣ, на танҳо дар шабакаҳои шаҳрӣ ва иттилоотӣ оғоз шуд. Аён аст ва аз шарҳҳо , аз аксуламалҳо ва мулоҳизаҳо фаҳмидан  мумкин аст, ки изтироби умумӣ афзудааст (албатта дар тӯли ҳафта  гушанинишинӣ ва дар карантинҳо  нишастанҳо ҳам ҳаст). Акнун ВАО (ва махсусан телевизион) бо каме берабтӣ мавзӯи «каронаро» нигоҳ хоҳанд дошт.

Ин, бешубҳа, ногузир аст. Чунки аҳолии худангеза ва маълумотдор («дастҳои худро пеш аз хӯрок шӯед» — низ дастоварди таърихии ин силсила аст), чун қоида, дар ҳама гуна муборизаҳо назар ба  аҳолии ҷоҳил, бепарво ва ба чораҳои полис ниёзманд, самараноктар ва оқилтаранд. Дар чунин шароит воситаҳои ахбори омма чӣ гуна бояд вазъро ташдид накунанд, зикри доимии беморҳо / маргро андозагирӣ кунад, чораҳои сахти карантинро муҳокима кунанд ва кадом лаҳни гуфтанро интихоб кунанд, — ин як масъалаи душвор, вале муҳим аст. Зеро дар вазъияти фавқулоддаи нопурра, гумон аст, ки ба кишвар шаҳрвандони тарсону гирифтори воҳима лозим бошанд ».

Сенсатсионализм, падидаи нав нест ва сардаргумии хонанда низ дирӯз ошкор нашудааст. Митчелл Стивенс (Mitchell Stephens), профессори журналистика ва иртиботи оммавии Донишгоҳи Ню-Йорк дар китоби худ «Таърихи хабарҳо» қайд кардааст, ки сенсатсионализм ҳануз дар  Acta Diurna populi romani («корҳои рӯзмарраи мардуми Рум») – дар лавҳаҳо бо расми навиштаҷотҳои  хабардиҳанда пайдо шудааст ки онҳо дар Рими қадим  аз давраи Юлий Қайсар сарчашмаи расмии иттилоот буданд. Профессор қайд мекунад, ки ин гуна паёмҳое, ки дорои далелҳои таҳрифшуда буданд, ба одамони ноогоҳ равона шуда буданд.

Дар тӯли 2000 сол вазъ чандон тағйир наёфтааст. Эҳтимол, аз ин рӯ, мардум бештар мехоҳанд аз хондани расонаҳои анъанавӣ «дур шуда» ба блогнависон ва саҳифаҳои хабарсозон рӯ оранд . Ҳамин тавр,  YouTube ва канали Telegram-и бо номи «За нами уже выехали» аз аввалинҳо шуда ба дасткорӣ дар хабари Tengrinews ишора карданд. Баъдтар, матни каналро бидуни зикри манбаъ, дигар портали машҳури қазоқӣ Zakon.kz пурра нусхабардорӣ кард. Аммо ин мавзӯъ барои саҳифаи дигар аст.

Бо вуҷуди ин, дар бораи хабарҳои бад хабарҳои хуб низ ҳастанд. Алгоритмҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, — драйверҳои асосии трафикҳо дар майдонҳои расонаӣ, -донотар шуда истодаанд  ва аллакай фейкҳо, кликбейтҳоро ва дасткориҳоро бо забони англисӣ фарқ карда метавонанд. Ба наздикӣ навбат ба контент  бо забонҳои русӣ ва қазоқӣ низ хоҳад расид. Дар худи ҳамон ҳисоботи Facebook гуфта мешавад, ки нашрияҳои дорои сифати пасти контент ва таблоидҳо, сарфи назар аз ҳар гуна ҳиллаҳо, баръакс, трафикро аз даст медиҳанд. Ба ин алгоритмҳои нави шабакаҳои иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Масалан, Daily Mirror ҳануз дар моҳи феврал бо пайвандҳои худ аз Facebook дар байни нашрияҳои инглисӣ бештар кликҳо дошт. Аммо дар моҳи март, ҳаҷми ин кликҳо 28% коҳиш ёфтанд, The Daily Wire  бошад 20% трафикро аз даст дод.

Ҳоло ки алгоритмҳои оқил ба фазои расонаии мо нарасидаанд, ба чунин ҳолатҳо, шояд, танзимгар ва  худи журналистон бояд таваҷҷуҳ кунанд. Тақрибан ҳамаи нашрияҳои барои расонаҳо махсусгардонидашуда  , имрӯз пур аз маслиҳатҳо дар бораи ҷалб ва нигоҳ доштани аудиторияи нав мебошанд, аммо ба он, ки чӣ гуна эътимоди аудиторияи мавҷударо гум накард,  хеле кам аҳамият медиҳанд.

Дар ниҳоят, васоити ахбори омма на танҳо тиҷорат ё маълумотдиҳанда / таълимдиҳандаи одамон аст, балки як ниҳоди иҷтимоӣ ба монанди боқимондаҳо низ ҳаст. Тавре ки иқтисоддонҳо Дарон Ажемоглу ва Ҷеймс Робинсон дар китоби машҳури Why Nations Fail(«Чаро баъзе кишварҳо сарватманданд ва баъзеҳо қашшоқанд. Пайдоиши қудрат, шукуфоӣ ва камбизоатӣ») қайд мекунанд,  маҳз муассисаҳои иҷтимоӣ ва табиати онҳо муваффақ ё нокомии рушди кишварро дар переспективаи дарозмудат муайян мекунанд. Ҳатто аз нуқтаи назари тиҷорати ВАО, аз ҳисоби одамони тарсдодашуда ва ба ҷаҳолат гирифторкардашуда пул кор кардан, хеле душвор аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ