Интернюс барои таъсиси фонди вокуниши фаврии «Иттилоот зиндагиро наҷот медиҳад» 100 000 доллар маблағ ҷудо кард, ки барои кӯмак аз COVID-19 ба созмонҳои хурди маҳаллии хабаргузорӣ дар саросари ҷаҳон равона шудаанд.
Шартҳои асосӣ:
- Ҳаҷми грантҳо: 500-5000 доллар. Талабот ба ҳисоботдиҳӣ нисбатан содда карда шудаанд. Ин кор махсусан барои тезонидани тартиби додани маблағи зарурӣ анҷод дода шудааст.
- Фонд дархостҳоро аз ташкилотҳои расонаӣ ва шахсони алоҳидае қабул менамоядд, ки дар журналистика бо забони маҳаллӣ кор мекунанд,.
- Формати контент бояд истеҳсол ва паҳн намудани иттилоотро дар бораи вируси COVID-19 дар бар гирифта, амнияти одамонро таъмин кунад ва ба онҳо дар қабули қарорҳои асоснок дар бораи худ, оилаҳояшон ва ҷомеаҳо кӯмак кунад.
- Ҳадафи фонд дастгирии чорабиниҳо, аз ҷумла эҷоди контент, омӯзиш ва роҳбаладӣ, ташаббусҳо оид ба далелсанҷӣ, визуализатсия дар ҳама гуна платформаҳо: чоп, аудио, видео ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Тафсилотро дар бораи ба кӣ иҷозат дода мешавад, чӣ гуна бояд онҳоро пешниҳод кард ва ғайра – тавассути пайванд бо забони англисӣ метавон дастрас намуд.