ДомойНақди Расонаӣ«Хаёлпарастони музофотӣ»: кино дар бораи Душанбе, ки қариб буд аз даст бидиҳем

«Хаёлпарастони музофотӣ»: кино дар бораи Душанбе, ки қариб буд аз даст бидиҳем

«Худиам, ман -пирободиам», — мегуяд яке аз сокинони шаҳри тахайюлии Пиробод дар филми нави коргардони тоҷик Румӣ Шоазимов  бо номи «Хаёлпарастони музофотӣ»  ва сокинони феълии Душанбе  ба ӯ бовар мекунад: чун шабоҳатҳои  хеле ошноро дар симои қаҳрамон мебинанд.

«Хаёлпарастони музофотӣ» дар асл  афсона аст, аз кадом зовияе ки  ба нигоҳ накунед. Аввалан, сенарияи аслиро барои ин филм Темур Зулфиқоров навиштааст, ки масалан? сенаринависи филми “Мурғи сиёҳ ё сокинони олами зери замин” аст. Дуруст аст? ки   он  дарамаи ирфонӣ бо саҳнаҳои ваҳашатноки воқеӣ, ба  ҳар ҳол қолаби худро дошт,он дар қолаби ҳикояи  ҳамноми Антония Погорельский, нависандаи замон Пушкин, дорандаи ҷаҳони адабии васеъ сохта шуда буд, ки филноманавис онро бараъло нишон дод. Аммо шумо  магар  бо ҷаҳонҳои  нависанда Зулфиқоровро ошноед? Ба назар чунин менамояд, ки онҳо  танҳо дар зеҳни муаллиф, китобҳо ва тахаюлоти хонандагонаш вуҷуд доранд, вале  ба коргардони тамоман ҷавон -Румӣ Шоазимов даст медиҳад, ки ин оламҳоро дар филми бадеӣ нишон диҳад. Ва ҳамчуни дар марҳилаи коркарди онҳо қатрае аз ҷазобияти хоси Зулфиқоровро гум накунад.

Руми Шоазимов

Румӣ 27 сол дорад,хатмкардаи ВГИК аст ва чанд сол пеш ба Душанбе  баргашта фавран ба “майдони корнамоиҳо” ворид шуд: ва  дар студияи “Тоҷикфилм” аввалин нуарфилми тоҷикиро  бо номи “ Хоби маймун”бардошт ва бо он як иддаъ мукофотҳоро ба кишвар оварду дертар мафтуни  идеяи бардоштани филм аз руйи филмномаи Зулфиқоров шуду онро анҷом дод. Дар омади гап на танҳо филм бардошт, балки ҳамчунин  ба сифати ҳаммуаллиф  ҳам баромад кард.

«Хаёлпарасони  музофотӣ  аффсонае иборат аз ду қисм аст, ки дар оғоз бо ҳам  рабт надоштанашон ба назар мерасад ва танҳо дар фарҷоми хубаш ба бинанда маълум  мегардад, ки  ба ҳар ҳол як сужет аст.

Он аз назди пардаи чун барф сап-сафеди тури тирезаи айвони хонаи қадиме оғоз меардад, ки  Рухшона-Земфира-Дуня-Сара (Рафоат Шоазимова)  баъди таҳсил бо дипломи сурх ва пичаҳои кутоҳи аз таги тоқии тоҷикӣ намоён баргаштааст. Дипломи сурх албатта  хуб аст ва волидон ҳам хурсанданд, вале ба  Рухшона-Земфир-Дуня-Сар  алакай вақти он расидааст.ки дар бораи оиладорӣ фикр кунад ва  агар муқобил абошад, он гоҳ падараш Яҳё Қурбонович  (Асланшах Рахматуллаев)  барои дидани арус хостгоронро даъват карданист, ба  маънои он ки духтар бубинад ва шарики зиндагиашро интихоб намояд.  Духтар муқобил нест ва дар рузномаи “ Навигариҳои Пиробод” хабаре дарҷ мешавад, ки марҳамат биёед, мо шод хоҳем шуд.Ҳоло ки модари Рухшона-Земфира-Дуня-Сара, — Фотима Хонум (Бароҳат Шукурова) орузуи сарояндаи опера шудан дорад ва ҳатто пеш аз сурудхонӣ дар айвон   тухми хом мехурад, духтар дар бораи он ягонааш бо таппиши ноҳамвори дил фикр мекунад ва интизори меҳмонон аст. Ҳамин тавр паради домодшавандагон шуруъ мешавад.

Хостгорон ба хонаи арус савори лимузин,мошинҳои баланди ҳамаҷогард, дар мототсиклу дучархаву ҳатто аспсавор меоянд. Яке ба волидон писанд асту дигаре начандон, вале ҳеҷ домодшаванда наметавонад дар паҳлуи  Рухшона-Земфира-Дуня-Сара бошад.  Ӯ албата шод мешуд, хеле ҳам кушиш мекунад (охир волидон хуб заҳмат кашидаанд,либоси арусиро бо охирин пулҳояшон харидаанд), вале  суҳбатҳо гарм намешаванд ва орзуҳо ҷомаи амал намепушанд. Чунки  домодҳо ку воқеӣ нестанд.

Вақте дар ҳавлии хонаи қадимӣ “ охирин табори лулиҳо” пайдо шуда  Рухшона-Земфира-Дуня-Сараро ба Ҳиндустони дурдаст даъват мекунанд, арус дар такопуи ҷамъ кардани ҷомадонҳояш мешавад. “Шаҳри хобулуди шумо  хел ҳузновар аст”- мутақоид мекунад  ӯ волидонро. Оре, аммо бо лулиён ҳам  рафтан  намешавад.

Дар ин олам, фақат дар дигар қисмати он, муаллими ҷавон (Аъзам Андамбеков) бо бобои дар дами марг қарор доштааш (Шералӣ Абдулқайсов) хайрухуш мекунад. Бобо ку мемирад, аммо  чун ҷини даруни куза дар лазҳаи  номусоидтарин пайдо мешавад. Набера хоҳишҳои боборо иҷро мекунад, то замоне ки он хоҳишҳо ахиран  ба хоҳишҳои  худаш  табдил меёбанд. Ва замоне ки чунин мешавад, ҳам муаллим хушбахт мешаваду ҳам тамоми тоҷикистониён умедвор мешаванд, ки ҳатман ҳамааш хуб мешавад.

«Аҷаб одамон хубед,шумо -пирободиҳо»

Аз он,ки Рухшона-Земфира-Дуня-Сара –  бигзор афсонавист, вале комилан қаҳрамони воқеист,ҳеҷ  ҷойи шубҳа нест . Ӯ метавонад духтар,шояд набераи шаҳрванди зиёие чун Зулфиқоров бошад. Дар хонаҳои қадимисохти онҳо чи дар Маскав, ки аксари умри худро гузарондаанд ва чи дар Душанбе, ки ӯ алҳол зиндагӣ дорад, ҳануз ҳам рафҳои чанд табақаи китобҳо мавҷуданд, ки ҷузвҳои китобҳои классикон, шояд, пайдо шаванд ва дар онҳо ин духтарон чун рамзи даврони гузаштанд, ки худи Зулфиқоров бо  Анна Ахматова вохурдааст ва бо Борис Пастернак гуфтугу кардааст.

Ин духтарон ба андозои тасаввурнашаванда нозук, сода ва содиқона дар воқеият зиндагӣ доранд, масалан дар хонаҳои сталинии Душанбеи куҳна вуҷуд доранд ва агар аз  шаҷараномаи аҷдодонашаон пурсу ков  кунед, дар онҳо ҳатман Рухшона,  Земфира,  Дуня  ва Сороҳо будаанд. Танҳои хонаҳои сталини руз то руз дар зери  бели  экскваторҳо мемонанд ва оилаҳои ин духтаракон бо рафҳои китобу пианинаҳошон куҷо мераванд-танҳо Худо медонад . Чунон  менамояд, ки яқҷоя бо биноҳо хонаводаҳои зиёӣ ва гуногунмилаташон низ буғ мешаванд. Ана он бинои хурдакак дар маркази Душанбе ҳам канда шуд, ки Зулфиқоров дар он  ба дунё омадаст ва тавонист саривақт дар охирин кадрҳои филми “Хаёлпарастони музофотӣ” пайдо шавад.

«Вақти рафтан фаро расид», — мегуядт Яхё Қурбонович  баъди он, ки ҳатто лулиён маълум мешавад, ки нафароне нестанд, ки худашонро муаррифӣ мекунанд. Кист ки ин ибораро  аққаллан як бор ба забон наоварда бошад? Гуфтаанд ва ҷомадонҳояшорно  борҳо омада  кардаанд,  зеро гуфтугуҳо гарм нашудаанд ва орзуҳо бароварда нашудаанд. Бархе  воқеан рафтанд, бархе барои ҳамеша дар ғурбат монданд, аммо онҳое ҳам буданд ки то  охир  барои бастани ҷомадонҳояшон  ҷуръат накарданд. Мисли волидони Рухшонаҳо-Земфираҳо-Дуняҳо-Сараҳо,  ки дар назди домодшавандаҳои сарватманд даступоча мешаванд ва одамони  ғояҳои бузург сайъ мекунанд, ки бо шароити барояшон нофаҳмо созиш кунанд. Ҳар кадоме барои тағйир ёфтан сабабҳои ҷидди худро дорад, аммо фарзондонашон ногоҳ ба муқобилият нишон додан шуруъ карданд, волидонро хотиррасон мекунанд, ки онҳо худашон орзу карданро дар  онҳо парвариш додаанд ва агар барои ёд додан фурсаташон тангӣ мекард ҳам , бо ҳамин қисса ба поён намерасид. Фарз кардем , ки ба муаллим аз қисми дуюми “Хаёлпарастони музофотӣ”, ки дар ибтидо ба тағйирёбӣ моил набуд,  таъсири бештар расид  Рухшонаҳо-Земфирҳо-Дуняҳо-Сараҳо, ки ҳам дипломи сурх,ҳам қобилияти  мусиқӣ ва ҳам номҳои чорошёна  доранду  муаллими бечора, ки кулоҳи фарсудае, ки буданаш танҳо дарди сар меоварад. Ва қарамонони атроф: ба дарё мепартоянд, буз ном  мениҳанд ва ҳатто дар лаҳзае ӯ корро ҳато ало рағми хеш мекунад- бобо  бо идеалҳои бузурги худ  тариқи наслҳо ба дилаш роҳ меёбад, ва коро  тавре анҷом медиҳад, ки худаш орзу мекард.

Аммо возеҳияти назарнамо, содагӣ ва якхатта будани “Хаёлпарастони музофотӣ” ҳолати фиребост. Нубуғи Румӣ Шоазимов дар он аст, ки тавонист ҷаҳони печидаи филноманависро  таҷассум кунад ва  акнун  кушиш кунед, ки ҳар ҷузъи ин намоишномаро   рамзкушоӣ кунед. Дар он ҳама дар такопуанд: домодшавандаҳо, лулиён, табибон, хонавадоҳои  серфарзанд,шоҳзодаи араб, Хоҷа Насриддин бо се ҳамсараш ва роҳбарзани  муҳташами ширкати “Бузи тилоӣ”, ки ғарқи зару зевар аст. Хулас, тамоми ин театри  муҷаллои лухтаки Карабас Барабас бо рангомезиҳо зери мусиқии Иқбол Завқибеков  мерақсад ва дар лаҳзае  бинандаро аз имкони фарқ кардани  гиряву ханда маҳрум месозад. Аммо  агар гиря  бошад гиряии тасодуфӣ на, зеро қарамонони гуё афсонавӣ аз ин филм- одамони зиндаанд, ки ҳамин ҳоло  дар кучаҳоанд ва драмаҳои кутоҳи худро аз сар мегузаронанд.

Мушахас нест, ки “Хаёлпарастони музофотӣ” бо “Хаёлпарасон”-Бертолуччи дар зеҳни муаллифон бархурд доштаанд ё на, вале дар ҳар ду ҳам ормонҳои олии классикон дар  маркази таҷҷуҳанд. Танҳо қаҳрамонони “Хаёлпарастон”-и аврупоӣ аз ин ормонҳо дилсард шудаанд ва омодаанд, ки раҳояшон кунанд ва ҳатто алайҳи онҳо бармехезенд. Аммо ин дар Париж аст, дар Пиробод бошад тамоман чизи дигар аст: дар ин насли  ҷавон анъана ва сунатҳои хонаводаро идома медиҳанд Ин аз як тараф барои Тоҷикистон кори маъмулист. Дар ниҳоят, аҳамияти робита бо наслҳои пешин зери суолу шубҳа  нест ва сари ҳар қадам тараннум мешавад, вале  аз тарафи дигар дар ин бора чунон бисёр мегуянд, ки одамон фаромуш мекунанд, ки дар асл  онҳо чи маънӣ доранд.

“Хаёлпарастони музофотӣ» дар ин бора бетарафона хотиррасон мекунанд ва қаҳрамонони   асосӣ дар изҳори самимият ва соддалавҳиашон  дар ин ҷо ҳамчун пораҳои  замонҳои гузашта қабул намешаванд, балки ба ҳаёти муосир зотан ворид  мешаванд,  пайравӣ аз ормонҳояшон мекунанд, чунон ки таълимашон додаанд . Дуруст аст, ки ин на аз сарнавишт аст, балки барои он аст, ки онҳо худашон  чунин тасмим гирифтаанд. Ва дар зери хоҳиши қаҳрамонон, озодии боварнакардание ба назар мерасад, ки он на  беназмӣ ва  на бетартибист, балки шарти ягонаест, ки ба шумо имкон медиҳад, ки чунин  боигариро дар Тоҷикистон ба худ иҷоза бидиҳед:, яъне касе бошед ки дар ҳақиқат ҳастед ва ба ормонҳои худ хиёнат накунед. Коргардони 27 сола ва филномаависи 83 сола соҳиби чунин дороианд ва акнун мехоҳанд, ки дороиро бо дигарон қисмат кунанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ