ДомойМедиалентаЗанон дар расонаҳои Осиёи Марказӣ: онҳо ба чӣ корҳо машғуланд ва онҳоро...

Занон дар расонаҳои Осиёи Марказӣ: онҳо ба чӣ корҳо машғуланд ва онҳоро дигарон чи тавр қабул доранд

“Занон заъиф ҳастанд”, “дар ҷое ки роҳбар зан аст,ҳамеша хархаша ва фитна аст”, “занон ҳамеша аз эҳсосот кор мегиранд” ва як олам тамғаҳои ҷинсии дигар дар тули ин назарсанҷӣ аз ҷониби коршиносони баландпояи расонаҳо дар Қазоқистон,Тоҷикистон ва Узбекистон баён шуд. Дар ин миёна коршиносоне низ буданд, ки мутаъқиданд, ҷинсият дар расонаҳо мутлақо аҳамият надорад.

Коршиносони соҳа дар ҷараёни мусоҳибаҳои амиқ, ки як қисми тадқиқоти сотсиологӣ оид ба омӯзиши истеъмоли ВАО ва  саводнокии иттилоотии расонаӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2019 буд, фикру мулоҳизаҳои худро дар бораи занон дар расонаҳо иброз доштанд. Таҳқиқот се кишвар — Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбекистонро фаро гирифт ва дар маҷмӯъ 10 мусоҳиб аз ҳар як кишвар пурсида шуданд. Андешаи онҳо дар бораи заноне, ки дар ВАО вазифаҳои мухталиф доранд, гуногун аст.

Қазоқистон

Масалан, дар Қазоқистон аксарияти коршиносон мутмаинанд, ки касби рӯзноманигорӣ бештар  кори занона аст.

“Занон зиёдтаранд. Дар ин касб  бешар занҳо ҳастанд. Мо тренингҳо мегузаронем ва аксарияти иштирокчиён духтарон мебошанд. Операторҳо, албатта, бачаҳо, яъне кормандони техникӣ дар соҳаи амният, IT ва ғайра мебошанд. Ва агар ба ҳайати сармуҳаррирон нигаред, гап сари бештар будани мардон  ё занон  нест. Маълум мешавад, ки  ҳам мардон ва  ҳам занон метавонанд  роҳбар бошанд. Фикр мекунам, ки ҷинс аҳамият надорад, роҳбар бояд  нафари ҳирфавӣ бошад”.

Ҳамзамон, мусоҳибон гуфтанд, ки «занон журналистикаи эҳсосот ва мардон журналистикаи далелҳоро афзал медонанд».

“Занон бештар ба эҳсосот ва  назокатҳои мавзуъ тамаркуз мекунанд. Ва мардон аз ҷиҳати мантиқӣ бештар  муназзамандд,  мантиқ ва  қонунмандии бештар. Ҳамчунин бояд таваҷҷуҳ намуд, ки мавзуъ чист  Агар мавзӯъ оила, кӯдакон ва маъюбият бошад, пас занон беҳтар  тобишҳои дурусти мавзуъро расонида метавонанд. Дар мавриди сиёсат бошад, бештар мардон  масъаларо мефаҳманд”.

Дар маҷмӯъ, ба гуфтаи мусоҳибон, дар муҳити расонаҳо мушкилоти гендерӣ вуҷуд надоранд.

“Агар шахс самаранок бошад, агар шахс кори муътадилро муқаррар намояд, равандҳои муқаррариро ҷорӣ намояд, кори дастаи худро ба таври бояду шояд  ташкил кунад ва ҳамзамон ҳамчун журналист самаранок кор карда тавонад, равандҳоро дарк кунад, хусусияти мавзӯъ ва соҳаи худро бифаҳмад, пас аҳамият надорад, ки вай  намояндаи кадом ҷинс аст».

Ҷамъомади модарони «Анаға тағзим» / Аксҳо аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Актобе

Дар мавриди тавозуни гендерӣ дар мавқеъҳои роҳбарӣ дар соҳаи ВАО, коршиносон бар он ақидаанд, ки дар заминаи гендер фарқият ва афзалият вуҷуд надорад.

Алҳол ба қадрӣ кофӣ муҳаррирон- занон ҳастанд –дар  HOLA News, Esquire, The Steppe, Vlast.kz, яъне  ба  андозаи кофӣ баробар муаррифӣшуданад. Ба ман чунин менамояд, ки дар ин масъала ягон қонунвайронкунӣ вуҷуд надорад. Ин соҳаи озодест, ки дар он зан метавонад оромона ба чизе ноил шавад ва ВАО-ро бе мушкилот роҳбарӣ кунад. Ҳоло шабакаҳои зиёди телевизионӣ ҳастанд, ки дар онҳо роҳбарон занҳо мебошанд, ман  шабакаҳои телевизионии давлатӣ ва ҷумҳуриявиро дар назар дорам».

Коршиносони алоҳида диққатро ба он ҷалб мекунанд, ки баъзе занон дар мансабҳои роҳбарикунанда муносибатро дар  коллектив   худхоҳона роҳандозӣ мекунанд.

«Бо такя ба таҷрибаи худ, ман мегӯям, ки дар он ҷое ки роҳбар зан аст, ҳамеша баҳсу мунозира, фитна ва ғайра ҳаст.»

Ғайр аз он, пурсидашудагон баъзе хусусиятҳо ва шартҳоро барои ноил шудан ба мавқеи роҳбарӣ дар соҳаи ВАО қайд карданд.

«Гумон мекунам, ки  барои занон ҳамеша мушкилтар аст, аммо на аз рӯи малакаи касбӣ. Ба фикри ман  малакаҳои касбӣ умуман аз гендер вобаста нестанд. Дар ҷомеа қолабҳо, робитаҳои дохилие ҳастанд ки маъмулан кори занонро мушкил мекунанд . Дар маҷмӯъ, ба назари ман,  дар соҳаи ВАО поймолшавии ҳуқуқҳои занон вуҷуд надорад, аммо ин барои занон ҳамеша мушкилтар аст, зеро мо дар чунин кишвар зиндагӣ мекунем».

Аммо коршиносоне ҳастанд, ки бар ин назаранд, ки мардон бо назардошти хусусиятҳои гендерии худ бештар мавқеи роҳбариро ишғол мекунанд.

Ба дастаи роҳбарӣ ворид шудани мард осонтар аст, зеро дар он ҷое ки зан тавоноии эҳсосии худро  метавонад нишон диҳад, мардон  мутавозин ва одатан оромтаранд,. Шумо метавонед бо  мард-роҳбар музокироти касбӣ анҷом диҳед, дар сурате ки бо зани  дорои тарбияи шарқӣ эҳтиёткор бояд буд”.

Дар мавриди худи маводи журналистӣ, коршиносони пурсидашуда мегӯянд, ки ҷинси журналист ба натиҷаи ниҳоӣ таъсир намерасонад.

Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон, вазъият каме дигар аст: дар ҷумҳурӣ духтарони зиёде дар факултаҳои журналистика таҳсил мекунанд, вале онҳо аксар вақт то кори воқеӣ намерасанд. Аксар роҳбарони расонаҳо мардонанд,  ки ин ба вижагиҳои фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон вобаста аст. Бо вуҷуди ин, дар солҳои охир, шумораи занон дар байни журналистон ва роҳбарони ВАО афзоиш ёфтааст.

Занон ба суханҳои сарвари давлат гӯш медиҳанд. Аксҳо аз дафтари матбуот ва иттилооти Президент

«Тавозуни гендерӣ вуҷуд надорад, аммо мо кӯшиш мекунем  ки занонро ба вазифаҳои роҳбарикунанда ҷалб кунем. Масалан, роҳбарони маҷаллаҳои «Бонувон» ва «Фирӯза» (нашрияҳои давлатӣ – аз муҳаррир.) зананд, аммо дар бисёр нашрияҳои дигар онҳо хеле каманд. Имрӯз дар кишвар 5-6 зани сармуҳаррир дорем <…> Бисёре аз занони мо нисбат ба ҳамкорон -мардон  касбияти баландтар доранд. Аммо ҷомеаи мо мардсолор аст, мардон дар он бартарӣ доранд. Бо вуҷуди ин, шумораи  занони роҳбарикунанда сол то сол меафзояд”.

Барои коршиносони тоҷик, касби рӯзноманигорӣ ҳанӯз бештар бо мардон айният дорад.

“Мардон муваффақанд, зеро ин як кори хеле ҷиддӣ ва заҳматталаб аст. Занон метавонанд дар мавзӯи ҷории рӯз суханронӣ кунанд ё аз минтақаҳои доғ дар бораи мушкилот мавод  таҳия кунанд. Дар мамлакати мо, мардон назар ба занон муваффақтаранд, зеро  барои дастрасӣ ба мавод, омӯзиш ва таҳлил вақт ва имкониятҳои бештар доранд ”.

Мисли Қазоқистон, коршиносон якдилона  аз он ҷонибдорӣ мекунанд, ки пешниҳоди мавод аз ҷинси рӯзноманигор вобаста нест.

“Вақте  ман дар Агентии “Ховар” кор мекардам, як сардори шӯъбаи иқтисодӣ доштем ва вақте ӯ супориш медод, мегуфт:« Дар байни журналистон мардону занон нестанд ». Яъне мардон ва занон дар ин касб бояд баробар бошанд. Рӯзноманигорон- занони ҷасуре дорем,  ки баъзан онҳо нисбат ба мардон қавитаранд. Фикр мекунам, ки аслан ҳама чиз ба таври муқаррарӣ тақсим шуда аст, аммо мутаассифона, дар роҳбарият мардон зиёдтаранд”.

Воқеан, дар Тоҷикистон солҳои охир контенти занона бештар шудааст ва ин тамоюл аз байн нарафтааст. Мувофиқи таҳқиқот, контенти  занон аз сабаби ошкоро ва дастрас будани маълумоти визуалӣ дар бораи бадани зан, психология, зебоӣ ва дар маҷмӯъ олами зан норозигии коршиносонро ба вуҷуд меорад. Коршиносон итминон доранд, ки ин мундариҷа набояд танҳо ба соҳаи зебоӣ дахл дошта бошад, зеро аудиторияи занон  ба мавзӯъҳои ҷиддӣ , масалан, иқтисод ё бахши IT  низ ниёз дорад.

Узбекистан

Дар Ӯзбекистон, коршиносон гуё ки муътақиданд, ки гендер омили муайянкунанда дар соҳаи ВАО нест, аммо онҳо тавзеҳ медиҳанд, ки ин тағйирот пас аз қабули қонун «Дар бораи баробарии гендерӣ» дар бозори ВАО ба назар  расид. Пеш аз қабули қонун чунин меҳисобиданд, ки ин кори занон нест, ҳоло посухгӯяндагон  ба  мавҷудияти талабот ба роҳбарон- занон  таъкид мекунанд.

Ба ақидаи коршиносон, тафаккури шарқӣ маънои онро дорад, ки зан пеш аз ҳама кадбону ҳамсар ва модар аст. Фаъолияти касбии ӯ ва болоравӣ дар мансаб дар ВАО дуюмдараҷа мебошад.  Баъзе мардон-роҳбарони манбаҳои расонаӣ аз миёни коршиносон изҳор доштанд, ки онҳо аксар вақт рӯзноманигорони занро дастгирӣ мекунанд.

Расм: Кумита оид ба корҳои занони Узбекистон

“Агар лозим шавад, мо бо онҳо сӯҳбат , роҳнамоӣ  ва дастгирӣ мекунем. Мо ҳатто ба онҳо имконият медиҳем, ки аз кор барвақттар  хона раванд, то дер намонанд, зеро оила, шавҳарашҳояшон онҳоро дар хона интизоранду онҳо бояд пухту паз ҳам кунанд».

Мисли  мутахассисони Қазоқистон  коршиносони  Узбакистон ҳам бар онанд, ки хусусиятҳои психологии гендерӣ мавҷуданд, ки ба  пешниҳоди иттилоот ва сифати кори журналист таъсир мерасонанд. Коршиносон мегӯянд, ки муносибат ба кор миёни рӯзноманигорон- мардон ва занон- рузноманигорон фарқ мекунад: маълумот аз занон одатан  аз ҷиҳати эмотсионалӣрангорангтар аст. Барои мутахассисони  соҳаи ВАО муайян кардани ҷинси муаллифи мавод мушкил нест.

“Кори рузмарраи маъмулиро духтарон  дақиқтар иҷро мекунанд. Ба коре ки ниёз ба халлоқият ва оҷилият дорад  бачаҳо беҳтар муносибат мекунанд. Агар мо ба тафаккури духтаре, ки ҳанӯз издивоҷ накардааст,  назар андозем, ӯ барои боло рафтан дар мансаб  рағбат дорад, вале ҳамин ки соҳиби оила мешавад ва ин оила аз навъи шарқӣ аст, пас табиист, ки манфиатҳояш ба оила равона  мешаванд. Карера лаззатбахш аст, аммо ин аллакай дар ҷои аввал нест».

Оид ба масъалаҳои роҳбарӣ дар соҳаи ВАО, баҳодиҳии коршиносон нишон медиҳанд, ки мардон дар Ӯзбекистон мавқеи роҳбариро  бештар ишғол мекунанд.

“Занон заифанд. Онҳо метавонанд чизеро дар ҷое аз мадди назар дур монанд. Дар ин самт хонумҳо заъиф шумурда мешаванд. Аммо онҳо таҳти назорати мардон роҳбарӣ кардан метавонанд. Яъне,  агар дағалтар гуем, масалан, соҳиби  як медиахолдин марде аст, ки  зан дар назди ӯ ҳисобот медиҳад, аммо вай -зан ҳамаро аз  қавли  ӯ «идора мекунад» … Вай наметавонад маълумоти  фавриро ба таври муносиб дарк кунад ва мард ин корро карда метавонад».

Тадқиқот оид истеъмоли расонаҳо  ва саводнокии иттилоотӣ-расонаӣтобистони соли 2019 аз ҷониби бунёди “Афкори ҷомеа”,  бо фармоиши Интернюс дар доираи лоиҳаи MediaCAMP гузаронида шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ