ДомойХудомӯзКори расонаҳо дар шароити гушанишинӣ: эҷодкорӣ, қарорҳои техникӣ ва касби даромад

Кори расонаҳо дар шароити гушанишинӣ: эҷодкорӣ, қарорҳои техникӣ ва касби даромад

Имрӯз дар бозори ҷаҳонии расонаҳо чӣ рух дода истодааст, кадом тамоюлҳо барои телевизионҳои кишварҳои гуногун маъмулӣ мегарданд, чӣ гуна рӯҳияи равонӣ ва эҳсосотии аудитория ва кормандонро  бояд нигоҳ дошт? — Сессияи Регина Юркина дар доираи Анҷумани III-юми саноъатии «Медиа топтоо- 2020»  мавзӯъҳои муҳимтаринро барои рӯзноманигорон ва муҳаррирон дар давраи пандемия муттаҳид кард.

Регина Юркина — директори генералии ҶДММ «МедиаБренд», муовини директори генералии Ассотсиатсияи миллии пахшкунандагони телевизион ва радио (АМПТР), муаллими калони факултети  иртиботт ва  расонаҳо дар МОИ аст. Курси муаллифиаш «Медиабрендинг«. Яке аз муаллифони китоби дарсии «Таҳиягарӣ дар ТВ».

Тезисҳои асосӣ, иқтибосҳо ва мисолҳоро аз баромади Регина пешкаш мекунем.

Инсоният дар ҳолати шок аст – ҳама ҳолати таконро эҳсос мекунанд. Ва ҳама мекӯшанд, бо ин вазъ коре кунанд, бо ягон восита ҳолати эмотсионалиро  ба эътидол оваранд, роҳҳои ҳаллро ҷӯянд, стратегия таҳия кунанд. Зиндагӣ кунанд.

Бисёр брендҳо фаъолона кӯмак мекунанд, мегӯяд Регина. Тарабхонаҳо табибонро таъом медиҳанд, ширкатҳо пул ҷамъ мекунанд, одамон якдигарро дастгирӣ мекунанд. Ба табибон ва дастраскунандагони хадамотҳо  миннатдорӣ баён мекунанд.

Тамоюли дигар — болоравии эҷодкорӣ аст. Мо маҷбурем, ки худамонро машғул созем, чизе ихтироъ кунем, форматҳои навро ҷӯем. Вазъиятҳои бӯҳронӣ  баъзан вақти эҷодкории хеле ҳассос мебошанд. Ҳамчун намуна: вақте ки Филип Кляйн Эрреро маҷбур шуд таътил барои лижарониро аз сабаби пандемияи коронавирус лағв кунад, вай таҷрибаи навъхои варзиши зимистонаро дар як камера дар манзили худ дар Барселона  сохт. Видео босуръат паҳн шуд.

Кӯмак, дастгирӣ, миннатдорӣ, эҷодкорӣ — дар соҳаи ВАО ҳамоно тамоюлҳои муҳиманд.

Дар Русия, масалан, ҳоло ҳолати фавқулодда ҷорӣ карда нашудааст, аммо маҳдудиятҳо ҷорӣ ҳастанд . Бисёре аз расонаҳо дар доираи таблиғи изолиятсияи иҷтимоӣ логотипҳоро тағйир додаанд:

Рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, ТВ, манбаъҳои интернетӣ кӯшиш мекунанд, ки  фикри — «худро эҳтиёт кунед, дар хона бимонед»-ро расонанд.

 Ток-шоуҳо дар студияҳои холӣ, бе тамошобин нашр мешаванд  ва ба ҳолати эмотсионалӣ хеле таъсир мерасонад. Шабакаҳои варзишӣ бозиҳои компютериро пахш мекунанд. Шореҳон ба таври касбӣ рафти амалро муҳокима мекунанд. Регина боз як мисоли ҷустуҷӯи формати навро пешниҳод мекунад — редаксия шабакаи телевизионии «Москва 24» бо… коронавирус мусоҳиба мекунад.

Маъракаи хеле аҷиби иҷтимоиро шабакаҳои телевизионии Русия оғоз карданд. Дар фосилаҳои байни барномаҳо каналҳо на танҳо барои дар хона мондан даъват мекарданд, балки ҳамдигарро таблиғ мекарданд.

https://www.youtube.com/watch?v=B2RNW1t700k&feature=emb_title

Ба маъракаи байналмилалии #дархонабимон (#Stayathome) 17 шабакаи федералии телевизиони Русия ҳамроҳ шуданд: НТВ, «Первый канал», «Россия 1», «Россия 24», «Культура», ТНТ, «Пятница», ТВ3, «Матч ТВ», «Супер», ТНТ4, 2×2, СТС, «Че», «Домашний», СТС Kids, СТС Love.

Ситораҳои телевизион паёмҳои видеоии худро дар телефон аз хона сабт мекунанд, онҳо барномаҳоеро, ки тавассути телевизор тамошо кардан мумкин аст, номбар мекунанд ва  хотиррасон мекунанд, ки ин корро аз хона кардан беҳтар аст.

Ва инак боз як мисоли таблиғоти иҷтимоӣ аз шабакаи «Ю» — «Қӯшунҳои диванӣ бар зидди коронавирус».

 Дастурамал ва иттилоърасонӣ – боз як самти дигари кори ВАО.

Котоинструксия ( бо истифода аз навори гурба)  аз шабакаи телевизионии «Ю»:

Кор бо кӯдакон. Самти муҳим, аудиторияи муҳим. Чӣ тавр дуруст дастҳоро бояд шуст? Nickelodeon Русия.

Ташаккур барои корҳое, ки анҷом медиҳед. Лоиҳаи «Даври қаҳрамонон» аз шабакаи телевизионии «Ю» ҳамчун намуна барои дастгирии аудитория ва тарзи изҳори «миннатдорӣ». Аудитория сужаҳоро дар борае касоне мефиристанд, ки имрӯз ба ҳайси кормандони муассисаҳои тиббӣ, хадамоти  дасрасикунандагон  ва ғайра кор мекунанд,.

«Мо аз хона кор мекунем ва он метавонад ба назар ҷолиб бошад», -кормандони ВАО шӯхӣ мекунанд ва мекӯшанд, ки ҳамкасбон ва аудиторияро дастгирӣ кунанд. Барандаи барномаи боду ҳаво дар БиБиСи Оуайн Уин Эванс, ба монанди ҳамкасбони худ, ба кори дурдаст гузашт. Оуейн нашри навбатии барномаро  бо навохтани доира (барабан) ба итмом расонд.

https://www.youtube.com/watch?v=8IZHDq9SOzM&feature=emb_title

Шабакаи телевизионии TНT намоиши ҷадиди ҳаҷвии «Муҳаббати моро аз дур эҳсос кун» -ро оғоз кард.

Регина дар бораи он сухан меронад, ки муҳаррирон ва журналистон дар пандемия чиро бояд дар хотир дошта бошанд.

Маслиҳатҳо барои кори фосилавӣ:

  • Интизомро риоя кунед – маҷлисҳои пагоҳирузиро гузаронед, ҳисоботҳоро анҷом диҳед, ҷараёни доимии корро нигоҳ доред
  • Хӯрокҳои нисфирӯзӣ ва ҷашнҳои фосилавӣ баргузор кунед
  • Якдигарро дастгирӣ кунед — метавонед технологияҳо ва  донишҳоро мубодила кунед
  • Беҳтар аст, ки барвақт оғоз кунед ва барвақт ба итмом расонед
  • Ҳисоботҳои ҳарҳафтаинаро таҳия ва таҳлил кунед

Боз як тамоюли дигар  гуногунии пахш аст

Навъҳои онҳо хеле бисёранд. Ҳамчун намуна — пахши мустақим дар эфирӣ «Россия 1». Иқдоми бесобиқа — консерти калони «Мо бо ҳамем» дар толори холӣ дар назди миллионҳо тамошобинони телевизион.

Сатҳи истеъмоли ВАО меафзояд. Хабарҳо зиёд мешаванд.

Аммо ин ба зиёд шудани даромад боис намешавад. Ҳеҷ гоҳ чунин ҳолат набудааст, ки одамон қобилияти ҷисмонии ба даст овардани чизеро надоранд ва  барои таблиғот ҳоҷате нест. Баъд чӣ мешавад — касе намедонад, алакай роҳбарони телевизионҳо аз 50 то 70% пастшавии даромади рекламаро дар моҳи апрел интизоранд.

Чи бояд кард?

Расонаҳо тахфиф пешниҳод мекунанд, баъзеҳо ба муштариён пешниҳод мекунад, ки дар ҳоли ҳозир рекламаро боздоранд. Шумораи хеле кам пешниҳодҳои нав  мекунад ,масалан, ТВ «Губерния» дар Хабаровск чунин кор мекунад, яъне барои Стратегияи дастгирии ояндаи рекламадиҳандагон кор мекунад, ки як навъ кӯмаки равонӣ  аст, — мегӯяд Регина.

 Ва, албатта, риояи чораҳои бехатарӣ хеле муҳим аст.

Соли 2020 Интернюс дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо дастгирии USAID ва сарпарастон бори сеюм Форуми «Медиа тортоо»-ро баргузор мекунад.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ