Дар музофоти Тоҷикистон, аниқтараш дар шимоли ин кишвар- дар вилояти Суғд низ барномаҳои ютуб-шоу дар қолаби мусоҳиба нуфуз пайдо мекунанд. Яке аз онҳо барномаи “Нигоҳи нав” -и видеоблогнависи тоҷик Салимҷон Саидов аст, ки канали ҳамноми он дар оғози соли ҷорӣ ҳамагӣ чандсад нафар бинанда дошт. Аммо дар ин се моҳе, ки барномаи мазкур манзури ҳаводоронаш шуд, теъдоди муштариёни шабака ҳоло аз 4,5 ҳазор нафар зиёд гардида, он ба яке аз шабакаҳои мусоҳибаи шавқовар дар сегменти суғдии муҳити тоҷикии ЮТУБ мубаддал шудааст.
Албатта, дар қиёс бо дигар блогнависони тоҷик, ки дар жанри мусоҳиба кор мекунанд, ин нишондиҳандаро наметавон чандон назаррас гуфт,зеро дар муҳити тоҷикии Ютуб каналҳое ҳастанд, ки даҳҳо ҳазор ва бештар аз он ҳам муштарӣ доранд. Масалан, ЮТУБ-канали “ORZU”, ки айни замон беш аз 32 ҳазор нафар муштарӣ дорад, яке аз онҳост. Барномаи “Ногуфтаҳо”-и видеоблогнависи хеле маъруфи тоҷик Орзу Исоев дар ин шабака интишор мешавад.
“Нигоҳи нав” майдонест барои суҳбат бо фаъолони шоу-бизнес, суҳбати ошкоро ва озод ва “Ногуфтаҳо” ҳам рози нокушода, асрори нуҳуфта, сухани бикр ва саволҳои сахту урён бо ҷавобҳои намакину нишонраси ситораҳои тобони ҳунар ва шоу-безнес аст.
Ҳамин омил моро водор кард, то умумият ва вижагиҳои ин барномаҳоро мавриди муқоиса қарор диҳем.
Муаллифи барномаи “Ногуфтаҳо” Орзу Исоев
Ӯ аз ҷумлаи ситораҳои тобноки журналистикаи тоҷик аст, ки канали худро дар ЮТУБ бо номи “ORZU” шаш сол муқаддам таъсис додааст. Аммо фаъолияти густурдаи он танҳо як сол пеш шуруъ шудааст. Ҷойи баҳсу талош нест, ки таъсири блогнависи машҳури рус Юрий Дудь дар рушди жанри мусоҳиба дар муҳити тоҷикии ЮТУБ мустақим ё ғайримустақим эҳсос мешавад. Видеоблогнависони мусоҳибагирандаи тоҷик аз ӯ ба худ чизе гирифтаанд, ба хусус онҳое, ки ба муҳити расонаӣ ба тозагӣ ворид шудаанд. Аммо Орзу Исоев истисно аст, аввал ин, ки дар муҳити расонаии кишвар ӯ одами нав нест. Орзу дар соҳаи телевизион ва радио таҷрибаи бойи корӣ дорад ва мусоҳибаҳояш низ ҳамеша ҷолибу муваффақ буданд. Сониян, ӯ ба овозхонҳои мусиқии попи тоҷик дастрасии мустақим дорад ва барои онҳо матни таронаҳо менависад. Аз ин назар сармояи эътибори Орзу Исоев хеле қавӣ аст.
Мусоҳибонаш, ки аксарият чеҳраҳои мондагори фарҳанг ва шоу-бизнеси кишвар ва ҳатто минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд, ба ӯ бовар ва эътимод мекунанд. Мусоҳибонаш ӯро ба ҳайси одаме аз муҳити худ мешиносанд ва ҳамрадифи худ медонанд. Аз сӯи дигар эҳсос мешавад, ки онҳо ба ӯ ниёз доранд ва мехоҳанд, ки бо истифода аз нуфузи Орзу Исоев сармояи эътибори хешро низ афзоиш бахшанд. Дар барномаи “Ногуфтаҳо” нуфузи ҳам муаллиф ва ҳам мусоҳибонаш имкони сар задани риски эътиборро қариб, ки ба сифр баробар кардааст ва ҷонибҳо дар пайвастагӣ ҳамдигарро муаррифӣ мекунанд.
Муаллифи барномаи “Нигоҳи нав” Салимҷон Саидов
Салимҷон журналисти ҷавон ва ояндадор аст, ба шарте ки пайваста омӯзад ва дар ҷустуҷӯи эҷодӣ пайкор занад. Дар ЮТУБ Салимҷон низ дар доираи касби хеш амал мекунад. Ӯ чанд соле собиқаи корӣ дар яке аз ширкатҳои телевизионии мустақили шаҳри Хуҷанд СМ-1 дорад ва гардонандаи барномаи ток-шоу барои ҷавонон “Рӯ ба рӯ” аст. Воқеан ҳам, тӯли ин солҳо маҳорати мусоҳибагириаш сайқал ёфтааст ва дар доираи талаботи ин жанр хеле хуб кор карда метавонад. Аммо барои Салимҷон таҷрибаи бойи касбие, ки Орзу Исоев дорад ва бахусус харизмаи Орзу намерасад. Бинобар ин ҳатто иштибоҳҳои кӯчаке, ки аз сӯи ӯ ҳамчун мусоҳибагиранда содир мешаванд, имкон дорад ҳам барои худи ӯ ва ҳам барои мусоҳибонаш риски эътибор эҷод кунанд.
Бо вуҷуди ин дар ҳавзаи суғдии муҳити тоҷикии ЮТУБ ба ӯ низ ниёз доранд, чаро ки дигар касе чунин барномаро омода намекунад ва бо фарҳангиёну намояндагони шоу-бизнеси минтақа то ҳол мусоҳибаҳо анҷом надодаанд.
Мусоҳибони “Нигоҳи нав” хуб дарк мекунанд, ки дар сурати истифодаи дуруст аз ин имконият, метавонанд сармояи эътибори худро афзоиш диҳанд. Аммо айни замон, чунин ба назар мерасад, ки маҳз мусоҳибон дар таблиғ ва муаррифии барномаи тозатаъсиси “Нигоҳи нав” ва афзоиши сармояи эътибори мусоҳибагиранда бештар саҳм мегиранд, на баракси он.
Қолаб ва муҳтавои “Ногуфтаҳо..”
Бо пайдоиш ва ташаккули мусоҳиба дар Ютуб ин жанр як кайфият ё хусусияти сифатии вижа, яъне ҳақиқатнигориро бештар касб кардааст. Ин омил аз он вобастагӣ дорад, ки корбарон Ютубро ба унвони як муҳити озодтар дарку эҳсос кардаанд, ки дар он сатҳи сензура камтар аст ва мусоҳибагирандагон имкони бештари баррасии мавзуъҳо бо мусоҳибонро ба даст овардаанд.
Бале, қолаби асосие, ки Орзу барномаҳояшро дар заминаи он таҳия мекунад, мусоҳиба аст. Аммо ин мусоҳибаҳои Орзу аст, ки дар онҳо рӯҳияи исёнгарии муаллифро бармало метавон дарк кард. Орзу алорағми расонаҳои хабарии маъмулӣ, аз ҷумла телевизион ва алорағми одоби суннатии тоҷикӣ ба мавзӯъҳое даст мезанад, ки барои дигарон табу ё ғайриимкон аст. Ё ҳадди аққал худсензура намегузорад, ки онҳо чунин мавзӯҳои ҳассосро ба иштирок гузоранд. Аммо Орзу ин корро мекунад. Гулмехи барномаи «Ногуфтаҳо»-и ӯ моҷаро аст ва дар аксар маврид сужаи мусоҳиба дар ин меҳвар сурат мегирад, ки онро муаллифи барнома низ пинҳон намедорад. Орзу Исоев дар оғози мусоҳибааш бо “Валиҷон Азизов, яке аз ситораҳои пурҷилои санъати тоҷик (тавсифи муаллиф)” бо хитоб ба муштариёнаш рисолати барномаро ошкоро баён мекунад: “мо ҳамеша думболи моҷаро меравем” ва бо ин таъкидаш барои муштариён интригаи хубе эҷод мекунад, то аз барнома дур нашаванд: “думболи моҷаро рафтан дар хуни рӯзноманигор ҳаст”.
Нисфи вақти ин мусоҳиба, ки ҳамагӣ 18 дақиқа сурат гирифтааст, ба моҷарои Валиҷон Азизов бо Ғолибҷон Юсупов сарояндаи дигари шинохтаи тоҷик ва ҷузъиёти он бахшида шудааст.
Қиссаи ишқи ҷавони туркман, ба ӯ издивоҷ кардани ҳунарпешаи номии театр ва кинои тоҷик Моҳпайкар Ёрова ва мошину хонаро фурӯхта, гурехтани шавҳар, баррасии масъалаҳои таронадуздӣ бо Моҳира Тоҳирӣ, қиссаҳои зани дуюм ва пӯзиши Мавлона Наҷмиддинова аз зани аввали шавҳараш, найрангҳо дар озмуни байналмилалии мусиқӣ ва асрори муносибати писар бо падар ва модарандар бо овозхони ҷавону умедбахш Сафармуҳаммади Рустам масъалаҳои меҳварӣ дар мусоҳибаҳои Орзу Исоев буданд.
Ҳатто дар “Ногуфтаҳои карантинӣ”, ки Орзу акнун вобаста ба хуруҷи пандемияи COVID19 дар Тоҷикистон бо тарзи фосилавӣ мусоҳибаҳояшро бо ин ном анҷом медиҳад, дар нахустин суолаш аз сарояндаи номии кишвар Меҳрнигори Рустам пурсид, оё чӣ тур метавон дар ҳолати худинзивоъ тӯлонӣ қарор гирифта, худро аз беҳтарин машғулият ба мисли харидории молу ашё, бахусус либосҳои ҳариру зебо маҳрум кард?
Дар ҳоле ки аксарият дар мавзӯъҳои ҳассоси асрори зист ва муносибатҳои то ҳадде маҳрамона суҳбат карданро дӯст намедоранд, Орзу Исоев дар чунин мавридҳо аз мусоҳибонаш хеле моҳирона тафсилот мепурсад ва ҳамеша дар суолҳояш интригаро ҷой медиҳад. Аммо як чиз мусаллам аст: Орзу Исоев то ҳол кӯшидааст, ки дар рафтору гуфтору амалаш дар доираи “Ногуфтаҳо” ҳад ва андозаро нигаҳ дорад ва нисбат ба меъёр ва усулҳои ахлоқии суннатӣ саҳлангорӣ накунад.
Аксари ин мусоҳибаҳо дар ҳаҷми то 20 ва дар баъзе мавридҳо то 25 дақиқа ва бештар аз он ҷараён мегиранд.
Қолаб ва муҳтавои “Нигоҳи нав”
Барномаи “Нигоҳи нав” то имрӯз беш аз 10 мусоҳибаи худро бо овозхонҳои машҳур ва шахсиятҳои маъруфи шоу-бизнеси маҳаллӣ ва ҳам кишвар ба мисли Ҷонибек Муродов, Мубориз Усмонов, Валиҷон Азизов, Гуласал Пӯлотова, Анвар Ахмедов, Искандар Қаландаров, ҳаҷвнигори шинохтаи гуруҳи “Территория юмора” Ҷамил Камолов ва ғайра анҷом додааст. Ҳар кадоме аз ин барномаҳо дар ҳаҷми аз 50 дақиқа то 1 соат интишор шудаанд.
“Нигоҳи нав” аз лиҳози сохтор то ҳаде мураккаб аст ва дар баробари мусоҳиба дар худ баъзе унсурҳои шоу-барномаҳо, аз қабили викторинаю бозиҳо, ҷалби муштариён ба раванди барномасозӣ ва ғайраро фаро гирифтааст.
Аз ҷумла, то интишори барномаҳо аз муштариёни шабака хоҳиш мешавад, ки ба қаҳрамони навбатии барнома суолҳои худро пешкаш намоянд. Минбаъд муаллифи барнома аз ҷумлаи ин суолҳо беҳтаринашро интихоб карда, дар ҷараёни он ба мусоҳибонаш манзур менамояд. Одатан дар як барнома аз ҳисоби муштариён 8 то 10 суол пешкаш мешавад. Масалан, яке аз муштариён аз овозхони мумтоз Валиҷон Азизов, ки ӯ аввалин меҳмони барномаи “Нигоҳи нав” низ буд, бо забони гардонанда пурсид, ки дар кӯдакӣ чӣ лақаб доштед?
Саг -, ҷавоби ғайриинтизори овозхон ба суоли муштарии барнома воқеан ҳам самимӣ буд ва ҳамзамон Валиҷон ишора кард, ки вафодорӣ хислати ӯст.
Ё аз Ҷонибек Муродов пурсон мешаванд, ки чаро мисли падараш (Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов) сурудҳои “Шашмақом намехонад. Ҷонибек бидуни истиҳола иқрор мешавад, ки ҳанӯз ба дарки шеъри баланд нарасидааст ва бояд хеле саъю кӯшиш кунад.
Қисмати дигар ҳудудан аз 30 то 40 суоли барномаи “Нигоҳи нав” иборат аст Одатан чанд суол вобаста ба равандҳои эҷодию ҳунарии мусоҳибон дахл дорад, боқӣ пурсишҳое ҳастанд, ки посух ба онҳо то ҳадде аз як сӯ ҳозирҷавобӣ ва аз сӯи дигар сатҳи дониш, фаҳмиш ва ҷаҳонбинии мусоҳибонро ба намоиш мегузорад. Агар дар баробари ин ба ҳар нафар аз меҳмонон пешниҳод шудани 10 адад “блитс-пурсиш”-и ҳатмӣ, инчунин суолҳои мусоҳибонро ба худи мусоҳибагиранда ва ҳам ба меҳмонони минбаъдаи барнома ба инобат гирем, метавон гуфт, ки пешниҳоди суолҳои зиёд гулмехи асосии барномаи “Нигоҳи нав” ба ҳисоб меравад. Масалан ҳаҷвнигор Фаррух Сангинов аз муаллифи барнома пурсид:“Агар машинаи вақт мебуд, дар даврони гузашта чиро иваз мекардед?”
Ин шеваи кори Салимҷон Саидов ҳарчанд ба қонунҳои мусоҳибагирӣ дар Ютуб мутобиқат кунад ҳам, таҳлилҳо нишон доданд, ки на ҳамаи меҳмонони барнома омодаанд ба чунин теъдоди зиёди суолҳо, бинобар ба таври кофӣ надонистани забони адабии тоҷикӣ, ҷавобҳои муфассал ва қаноатмандро пешкаш карда тавонанд.
Чунин вазъият як андоза ба муҳтавои барнома ва қабули он аз ҷониби муштариён таъсири манфӣ мерасонад. Дар баробари ин баъзе аз меҳмонон бо ҷавобҳои хеле соддаю фаҳмо ва ғайриинтизор дили мухлисони худро тасхир кардаанд, ки вокунишҳои дуюмиро дар қисмати шарҳи корбарон дар саҳифаҳои шабакаи “Нигоҳи нав” метавон дарёфт.
Масалан, муштариён таъкид мекунанд, ки сатҳи баланди забондонӣ ва фарҳанги баланду услуби баёни Фарангиси Дунёро барояшон маҳз барномаи “Нигоҳи нав” ошкор кардааст.
Дар баробари хуруҷи пандемияи COVID19 дар Тоҷикистон Салимҷон низ мусоҳибаҳояшро бо ҳофизи ҷавону умедбахш Рустам Азимӣ ва шоумен Мубориз Усмонов бо тарзи фосилавӣ бо номи “Карантин Style” анҷом додааст.
Аз лиҳози сохтор “Ногуфтаҳо” хеле сода ва ба талаботи жанрии мусоҳибаи классикӣ пурра ҷавобгӯ аст. Дар ин барнома танҳо як нафар суол мекунад, Орзу Исоев ва тамоми мусоҳибон ба пурсиши ӯ ҷавоб мегӯянд. Муштариёнаш низ ба ҷуз аз лайку дизлайк мондан ва пешниҳоди баъзе фикру андешаҳо зери мавод, ки аз ҷониби муаллиф пазируфта шудани онҳо номаълум боқӣ мемонад, нақши дигаре дар ин мусоҳибаҳо надоранд.
Ба сурати умум “Ногуфтаҳо” дар қолаби суннатии мусоҳиба бо муҳтавои наву тоза ва ғайрисуннатӣ пешкаш мешавад.
Аммо дар “Нигоҳи нав” ҳама савол медиҳанд, ҳам муаллиф, ҳам муштариён ва ҳам мусоҳибон, ки ин тартиб барномаро аз нигоҳи сохтор то ҳаде мураккаб кардааст. Аммо ба ҳар сурат, ҷаззобиятро дар ин тарзи мусоҳиба низ метавон эҳсос кард, ҳарчанд ки иштирокдорони мусоҳиба ба мавзӯъҳои доғи розу асрори ҳаёти шахсӣ дахл намекунанд.
Ба сурати умум “Нигоҳи нав” дар қолаби наву тоза, аммо бо муҳтавои суннатӣ ба муштариёни пешкаш мешавад.
Албатта, ба Салимҷон лозим меояд, ки бештар омӯзад ва барномаи худро такмил диҳад. Бо вуҷуди ин месазад, таъкид намоем, ки ташаббуси ӯ сазовори дастгирист. Бо тамоми бурду бохташ барномаи “Нигоҳи нав” дар фазои расонаии вилояти Суғд нафаси тоза овард ва як андоза ба рангоранг шуданаш таъсир расонд.