ДомойНақди РасонаӣЧӣ гуна дар шабакаҳои давлатии кишвар ахбори хориҷиро пахш мекунанд

Чӣ гуна дар шабакаҳои давлатии кишвар ахбори хориҷиро пахш мекунанд

Дар сужаҳои хабарии шабакаҳои телевизионҳои давлатии Тоҷикистон, бахшида ба рӯйдодҳо дар хориҷ, шумо, қариб ки ҳеҷ гуна маълумотро дар бораи зиндагии ҳамсояҳои наздиктарин — Ҷумҳурии Қазоқистон ё Қирғизистон пайдо карда наметавонед. Ҳар рӯз рӯзноманигорон ба мардуми тоҷик тавассути шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ дар бораи Гондурас, Мозамбик ё Танзания хабар медиҳанд. Мунаққиди расонаии «Новый репортер » тӯли чанд рӯз аз воқеъаҳои байналмилалӣ дар сужаҳои хабарии чор шабакаи телевизионии давлатӣ пайгирӣ кард ва  инак фишурдаи он чи ки ба мушоҳида расид.

Муҳаққиқони журналистикаи шӯравӣ мӯътақиданд, ки дар СССР ҳама гуна хабар, пеш аз ҳама вазифаи таблиғоти расмиро иҷро мекард: диққати зиёд ба пахши ахбори байналхалқӣ дода мешуд, аммо ба он ахборе, ки зиндагии заволёбандаро дар Ғарб ва баракс, зиндагии рушдёбандаро дар ким-куҷои Африқо ва худи СССР намоиш диҳад. Шабакаҳои асосии телевизиони тоҷик, ба назар менамояд, ки  аз ин роҳи «дуруст» берун нарафтаанд ва дар асри 21  ҳам анъанаҳои «пурҷалоли» гузаштагони худро идома медиҳанд.

Масалан, пахши ахбори хориҷиро дар шабакаҳои машҳури телевизионҳоии давлатӣ – «Тоҷикистон», «Ҷаҳоннамо», «Сафина» ва «Душанбе HD» мегирем, ки дар як рӯз борҳо ахбор пахш мекунанд, ба истиснои шабакаи хабарии «Ҷаҳоннамо», ки ин корро 24/7 анҷом медиҳад. Ба бахши ахбории байналмилалӣ дар ин шабакаҳо таваҷҷӯҳи зиёд дода мешавад, хусусан дар прайм-тайм. Мо таносуби фоизи хабарҳои хориҷӣ ва маҳаллиро дар шабакаҳои телевизионӣ ҳисоб кардем: иттилоот аз хориҷа тахминан 10-15%- и ҳамаи нашрро ташкил медиҳад. Одатан, он аз 3 то 7 сужаи хурд иборат  аст. Шабакаҳои телевизионии давлатӣ дар хориҷи кишвар дафтари худро надоранд. Ягона истисно ин канали телевизионии асосии кишвар- «Тоҷикистони» аст. Ин расонаи хабарӣ дар Маскав дафтар дорад, аммо рӯзноманигорони он танҳо ташрифи шахсони расмии Тоҷикистон ва зиндагии диаспораҳоро, чун қоида, дар рӯзҳои идҳои миллӣ инъикос мекунанд. Хабарҳо аз  ҳамсояҳокишварҳои наздик, масалан, аз Қазоқистон, Қирғизистон ё Ӯзбекистон, қариб ки нест. Ҳамсоякишварҳоро ҳам вақте ба хотир меоваранд,ки агар роҳбари Тоҷикистон ба кишвари онҳо ташриф оварад. Аммо ба кишварҳои ба ном «ҷаҳони саввум», масалан, Зимбабве ё Мозамбик дар хабарҳо ба қадри кофӣ вақт ҷудо карда мешавад.

Бояд гуфт ки, барои аксарияти аҳолии Тоҷикистон телевизион манбаи асосии иттилоот боқӣ мемонад.

«Ҳикояҳои даҳшатангез» аз дур

Дар аввал, қайд кардан лозим аст, ки гузоришҳо дар бораи кишварҳое, ки аз Тоҷикистон ҳазорҳо километр дуранд, ба таври мунтазам дар нашрҳои хабарҳои маҳаллӣ танҳо чанд сол қабл пайдо шуданд . Пеш аз пандемияи коронавирус, хабарҳои байналмилалӣ одатан ду мавзӯъро дар бар мегирифтанд — муноқишаҳои низомӣ ва офатҳои табиӣ. Масалан, ба тамошобинон пешкаш мекрданд, , ки дар Боливия сӯхтор ба амал омадааст ва дар Бангладеш тундбоди шадид рух додааст, дар ҷое ҷанг рафта истодааст ва дар дигар канори дунё — хушксолӣ ва гуруснагӣ. Дар робита ба пандемия, нашрҳои хориҷӣ мавзӯъҳои худро гуногун карданд ва ҳоло дар онҳо се навъи ахбор мавҷуд аст.

  • Хабарҳо дар бораи вазъи коронавирус дар саросари ҷаҳон (ҳам мусбат ва ҳам манфӣ), ки 60% шумораи умумии хабарҳои хориҷиро дар бар мегиранд.
  • Хабарҳо дар бораи офатҳои табиӣ, офатҳои технологӣ, амалиётҳои ҳарбӣ ва ғайра, ки 39% -ро ташкил медиҳанд.
  • Ва 1% -и дигар хабарҳои варзишӣ ё фарҳангӣ, ки аксар вақт мусбатанд.

Илова ба худи сужаҳо, хабарҳои хориҷиро дар шабакаҳои телевизионӣ метавон дар сатри равони дусатҳа хонд : дар якум — эълони хабарҳои муҳим, дар дуввум — хабаре, ки дар сюжа дар экран гузориш дода мешавад, аммо бо тарҷумаи русӣ ё англисӣ. Масалан, дар заминаи тасвири таркишҳо дар Афғонистон, дар  сатри равон ҳам дар бораи фоҷиаи Афгонистон хабар дода мешавад ва  ҳам дар бораи он, ки Президенти Тоҷикистон ба аҳолӣ дастур дод, ки ҳар як ваҷаби заминро барои парвариши зироат истифода кунанд.

Бангладеш, ВВС

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки хабарҳои хориҷӣ дар эфири барномаҳои ҷамъбастӣ дар телевизионҳои «Тоҷикистон», «Сафина», «Душанбе HD» ва «Ҷаҳоннамо», қариб ки ҳамеша такрор мешаванд. Қисми асосии ин хабарҳо, тавре маълум шуд,  аз лентаи оҷонсии миллии хабаргузории «Ховар»  гирифта шудааст.

Масалан, 16 май чунин контент дар шабакаҳои телевизионӣ  дар хроникаи байналмилалӣ пайдо шуд.

«Ҷаҳоннамо»:

Сокинони Ухан ба ҳаёти муқаррарӣ баргаштанд, маҳалҳои оббозиро (пляжҳо) дар Португалия  кушоданд, пандемия ба инсоният зарари ҳамаҷониба меорад ва  равоншиносони зиёд лозим ҳастанд, ширкати дорусозии  фаронсавии «Саноф» доруи зидди  коронавирусро омода карда истодааст .

«Сафина»:

Кишварҳои Балтик аввалин шуда дар ИА аз карантин баромаданд, қаллобони интернетӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ одамонро фиреб медиҳанд, мактабҳо дар Исроилро кушода шуданд, дар Маскав бо пандемия мубориза мебаранд, Словения аввалин шуда коронавирусро нест кард, қаҳвахонаҳо ва тарабхонаҳо дар Австрия  дарҳояшонро боз карданд, дар Филиппин обхезӣ  рух дод.

«Тоҷикистон»:

Словения коронавирусро нест кард, обхезӣ дар Филиппин, қаҳвахонаҳо ва тарабхонаҳо дар Австрия ба кор даромаданд, обхезӣ дар Италия, таркиш дар Афғонистон, дар Ироқ низ таркиш, қурбониҳо ҳастанд.

«Душанбе HD»:

Ҳамин хабарҳо, вале 1,5 дақиқа кӯтоҳтар.

Ҳамин гуна ҳолат дар рӯзҳои дигар низ  ба мушоҳида мерасад.

Тарбияи омма ё манипулятсия?

Пас аз таҳлили хабарҳои хориҷӣ дар чаҳор рӯз, метавон як чанд хулоса баровард:

бештари хабарҳо сенсатсионӣ нестанд ва барои Тоҷикистон аҳамияти калон надоранд, онҳо танҳо дар дохили ҳамон кишвар ҷолиб буда метавонанд. Масалан, рӯзи 19 май шабакаҳои телевизионӣ хабари обхезӣ дар Танзанияро пахш карданд, ки дар он панҷ нафар ба ҳалокат расидааст ё заминҷунбӣ бо қувваи панҷ бал дар Чин ва ё гуфтанд, ки дар Гондурас пас аз 25 май соати комендантӣ вобаста ба пандемияи Ковид-19  бардошта мешавад. Гондурас давлатест дар Амрикои Марказӣ, ки дар масофаи 13 ҳазор километр аз Тоҷикистон дур ҷойгир аст. Ман шубҳа дорам, ки ба сокини оддии ҷумҳурӣ, ки дар он ҳатто карантини пурра эълон нашудааст, донистани он ки соати комендантӣ дар Гондурас бекор карда шудааст, ҷолиб хоҳад буд. Ва ман шубҳа дорам, ки тамошобини тоҷик умуман дар куҷо будани ин кишвар медонад.

Хуросон, Cabar.Asia

Бояд гуфт ки, дар давоми як моҳи охир дар Тоҷикистон ҳам офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодда низ рух додаанд:  ду маротиба заминҷумбӣ ба қайд гирифта шуд; дар ноҳияи Хуросон бар асари боришот ярч ба амал омад ва зиёда аз 330 хона зери селоб монданд. Агар рӯйдодҳои Хуросон танҳо аз тариқи расондани кӯмак аз номи президенти кишвар инъикос шуданд, пас дар хабарҳои маҳаллӣ дар бораи заминҷунбиҳо ягон сухан гуфта нашуд. Пас савол ба миён меояд: чаро муҳаррирон дар миёни миллионҳо хабари хориҷӣ чунин контентро интихоб мекунанд? Чунки дар сояи заминҷунбиҳо, обхезиҳо ва дигар офатҳои табиӣ, мушкилоти худ он қадар даҳшатнок ва фалокатбор ба назар наояд?

Боз як мушоҳида  он далел буд, ки на ҳама шабакаҳои телевизионӣ манбаъҳои хабарҳои хориҷиро нишон медиҳанд. Масалан, танҳо ТВ «Сафина» логотипи шабаки телевизионии Евронюсро дар гӯшаи чапи болои экран,  дар хабари худ медиҳад. Дар «Тоҷикистон» ва «Ҷаҳоннамо» дар сатри равон рӯйхати манбаъҳои иттилоотиро метавонед дид — асосан, пайванд ба сомонаҳои АМИТ «Ховар», РИА «Новости», Евронюс, Trend.az ва ғайра дода мешавад, аммо онҳоро пайхас кардан душвор аст ва чунин ба назар мерасад, ки кормандони телевизион хабарҳои бегонаро  ҳамчун моли худ пешкаш мекунанд.

Аммо агар ин   ин таассуроти нодуруст бошад ҳам , вале  хоҳиши  шабакаҳои телевизионӣ дар зебу зиннат додани воқеияти Тоҷикистон, дар муқоиса бо “ҳикояҳои даҳшатнок”- аз ҳаёти африқоӣ, чун руз равшан аст.

Дуруст аст ки ин талошҳо натиҷаи чашмдоштро ба бор намеорад. Пас аз тамошои сужаҳо дар бораи мушкилоти хориҷӣ, мардум дар Тоҷикистон берун меоянд ва ҳар дақиқа бо воқеиятҳои  ҳаёти  худамон дучор меоянд,  ки баъзан назар ба телевизион даҳшатноктаранд. Гузашта аз ин, вақте  ба Интернет дастрасӣ аст ва аз шабакаҳои иҷтимоӣ метавон дар бораи он, ки дар кишвар чӣ рух дода истодааст, маълумот пайдо кард. Ва ҷомаи худ, ки ҳамеша ба бадан наздиктар аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ