ДомойНақди РасонаӣҲаҷви тоҷикӣ дар YouTube: бемаъно ва бераҳмона

Ҳаҷви тоҷикӣ дар YouTube: бемаъно ва бераҳмона

Ҳаҷви миллии тоҷикон таърихи ғанӣ дорад. Барои мисол, масалҳои достони Хоҷа Насриддин ва шоири афсонавӣ Убайд Зоконӣ, ки нозукиву равшании шӯхии онҳоро ба забони дигар тарҷума кардан душвор ва баъзан ғайриимкон аст. Вале имрӯзҳо ҳаҷв дар сегменти тоҷикии Интернет дигар монанди он вақта нест: дар каналҳои машҳури YouTube, ки рӯз аз рӯз зиёдтар мешаванд, аксар вақт назар ба мушкилоти иҷтимоӣ дар бораи занҳо шӯхӣ мекунанд. То чӣ андоза ин шӯхиҳо хандаовар аст – дар маводи навбатии «Новый Репортер».

Каналҳои ҳаҷвии YouTube дар Тоҷикистон хеле маъмуланд; на ҳама ВАО-и онлайн, ки дар ин платформа фаъолият мекунанд, метавонанд аз миллионҳо тамошо ва садҳо ҳазор муштариён фахр кунанд. Вале ҳаҷвнигорони тоҷик дар YouTube метавонанд. Тақрибан ҳамаи муҳтавои онҳоро, ки бо забони тоҷикӣ истеҳсол мекунанд, ба ду категория тақсим кардан мумкин аст: якум ин стендапҳову скетчҳо, ки як гурӯҳ ҳунармандон нақш мебозанд. Дар байни онҳо, истеҳсолкунандагони вилояти Суғд мақоми хосро ишғол мекунанд. Масалан, канали “Территория Юмора» стендапҳо истеҳсол мекунад, канали Yourmatov бошад – скетч-шоу бо гурӯҳи “Дугонаҳо”. Канали Musiqi TV шоуи “Саҳначаҳои ҳаҷвӣ” ва канали Rahim Production трио-скетчи “Сайёра, Зара ва Кош”-ро таҳия мекунанд.

Қисми дигари каналҳо — ин маҷмӯи саҳначаҳои ҳаҷвӣ, навору мусиқӣ, пранкҳо, вайнҳо мебошанд. Масалан, канали Тамаддун tj барномаи «Бонуи ҳаматарафа» — ро нашр мекунад, ки дар он чеҳраҳои шинохтаи тоҷик як рӯз ба деҳа рафта, корҳои деҳотро иҷро мекунанд. Ва дар ин ҷо наворҳое ҳастанд, ки боиси ханда ва ба ҳайрат овардани аудиторияи бесавод мегарданд.

Канали STV аксар вақт саҳначаҳои ҳаҷвии «Лаҳзаҳои гуворо» -ро нашр мекунад. Аммо дар он ҷо клипу мусиқӣ ё барномаи «Ни туда, ни сюда”» (номаш бо забони русӣ, муҳтаво ба забони тоҷикӣ) нашр мешавад. Дар ин барнома сухан дар бораи сароянда Фирӯза Ҳафизова меравад, ки ӯ бо ҷанҷолҳои интернетиаш машҳур гаштааст. Дигар каналҳои ба ин монанд Handa TV ва Jumaev TV мебошанд.

Дар бораи занҳо
Яке аз мавзӯъҳои муҳими каналҳои ҳаҷвӣ равобит миёни марду зан аст. Сужаи саҳначаҳо чунинанд; мардон оддӣ, вале занони тоҷики ғайритабиӣ: либосҳои аврупоӣ, айнак дар чашм, пошнаи баланд, тамоку дар лаб ва зоҳиран ба объекти ҳаҷву масхара табдил ёфтаанд. Барои мисол дар канали Rahim Production ( бо 123-ҳазор обуначӣ) як саҳнача –“Сайёра бо сигареткашиша сар кард. Кашиданша ёд кадум” ном гирифта, дар нақши асосӣ Сайёр ном духтари сигоркаш аст. Воқеа дар деҳа сурат мегирад:
Сайёраро бо тамоку тасодуфан як намояндаи ҷамоати деҳа мебинад. Ӯро бо худ гирифта барои шикоят ба назди модараш мебарад. Баъдан маълум мешавад, ки модараш низ сигор мекашад. Аз тарафи муаллифони саҳнача Сайёраро “нармодда” ном мегиранд. Воқеан, Сайёра дар саҳнача ба монанди мардон шиму пироҳан ва дар чашмонаш айнак гузоштааст.

https://www.youtube.com/watch?v=rtEFUUHlScU&t=89s

Дар канали дигар — Musiqi TV (бо 7,7 ҳазор обуначӣ) наворе таҳти унвони “Духтари сигоркаш” нашр шудааст. Сужаи саҳна чунин сурат мегирад: Духтарак дар яке аз курсиҳои шаҳр гӯё дар лабаш сигор нишастааст. Ин вақт ду мард ҳодисаро мушоҳида мекарданд ва яке аз ин мардон ба назди духтарак мешинаду хоҳиш бо ӯ сигор кашиданро мекунад. Худи ҳамон лаҳза духтарак аз даҳонаш чупа-чупсро мебарорад.

Барои он ки ба назди духтари дар ягон курсии шаҳр нишастани мард, дар Тоҷикистон бо сигор нишастан шарт нест. Басанда аст, ки танҳо нишаста бошӣ. Дар ду соли охир, рӯзноманигорон ва блогнависон фаъолона дар бораи он далолат мекунанд, ки таъқиб дар кӯчаҳо як зуҳуроти маъмулест, ки тамоми занҳоро азият медиҳад. Занон ҳикояҳои нафратангези таъқиб аз бегонагонро нақл мекунанд, аммо каналҳои ҳаҷвӣ аксар вақт дар ин мавзӯъ шӯхӣ мекунанд. Дар дигар наворе, ки канали Rahim Production нашр шудааст, духтарак самбӯса мефурӯшад. Марди харидор мепурсад, ки метавонад самбӯсаро бо дастонаш биқапад то бифаҳмад, ки гарм ҳастанд ё на. Ин вақт духтари самбӯсафурӯш як шаппоти он марди харидорро мезанад. Далели ин амал он аст, ки дар жаргони забони тоҷикӣ калимаи самбӯса чун узви маҳини занона фаҳмида мешавад.

Мавзӯи таҷовузи кӯчагӣ дар канали Yourmatov низ бардошта шудааст (шумораи муштариён пинҳон карда шудааст, тамошо 18 миллион), аммо онҳо аз самти дигар менигаранд. Соли гузашта видеои «Буватонба наводо келин даркор неми?» миллионҳо назарро ба даст овард, ки пас аз он муаллифон ин саҳначаҳоро дар вариантҳои гуногун идома доданд.Чеҳраҳои ин саҳнаҳо чор духтарон ҳастанд: Дия, Хадиса, Манижа ва Мадина. Онҳо бо лаҳҷаи шимолӣ шӯхӣ мекунанд ва дар саҳнаҳои худ дар кӯчаҳо мардонро таҳқир мекунанд. Пас аз интишори наворҳо, тамошобинон ба ду лагер тақсим шуданд: онҳое, ки духтаронро барои «шармоварӣ» маҳкум карданд ва онҳое, ки баръакс, тарафдори идомаи сужет буданд (хушбахтона, тарафдорони лагери дуюм зиёдтар буданд).
Ҳунармандон пас аз муваффақият ба дигар лоиҳаҳо, ҳатто ба Ӯзбекистони ҳамсоя даъват карда шуданд. Сирри маъруфияти ин наворҳо дар маҳорати касбии эҷодкорони он буд — роҳнамоӣ ба гурӯҳи Tajik-Show, наворбардориву таҳриркунӣ ба муаллифи канали Yormatov, продюсер Фаррух Ёрматов тааллуқ дошт. Ҳамин тариқ ҳаҷви ин намоиш дар пасманзари ҳама чизҳо фарқ мекунад.

Дигар намуди дӯстдоштаи каналҳои ҳаҷвӣ – духтаре аст, ки ҷуз пул чизи дигарро писанд надорад. Яке аз наворҳои канали HandaTV -“Маймуни шукун нест?” ном гирифта, дигар навори канали Rahim Production -«Занак и * бд ё нагздидат росша бугу» унвон гирифтаст, ки аз чунин номгузории бетартибона муаллифон худдорӣ накардаанд. Ғайр аз ин, сужаи наворҳо ба номи онҳо ҳеҷ иртиботе надоранд. Аммо маълум аст, ки чунин сарлавҳаҳо тамошобинро ҷалб мекунанд.

Дар бисёре аз муколамаҳои саҳнаҳо, мард занро ҳамчун «бева» гӯён муроҷиат мекунад. Тамошобинон инчунин мардро дастгирӣ мекунанд: дар шарҳҳо, корбарон ба актрисаҳо лаънат мефиристанд. Онҳо мегӯянд, ки чаро хешовандони он занон ба нақшофариашон иҷозат додаанд ва ба онҳо маслиҳат медиҳанд, ки ҳиҷоб пӯшанду либоси аврупоӣ не.

Илова ба мавзӯи зан дар каналҳо, бозигарон аз беақлии ҳамдигар ва баъзан миллаташон навор таҳия мекунанд. Барои мисол, як навори дар канали Jumaev TV (бо шумораи муштариён номуайян, 13 миллион тамошо) буда, қаҳрамон Донжуан (Дӯстмурод Шарипов) гӯё бо як зани чинӣ издивоҷ кардааст.
Вай ӯро ба Кӯлоб мебарад ва дар роҳ бо забони чинӣ муошират мекунанд. Ронанда ҳайрон шуда пурсон мешавад, ки чӣ гуна аз Чин зан гирифтааст. Вай дар ҷавоб мегӯяд, ки ба Чин барои тиҷорат рафтааст ва ӯро дар роҳ дида бо худ овардааст. Дар натиҷа, маълум мегардад, ки Донжуан ӯро ба Кӯлоб ба назди духтур мебарад ва боварии комил дорад, ки духтур занашро мекушад. Дар охир ханда садо медиҳад.

Шӯхиҳои маъмул
Дар айни замон, миқдори ками каналҳои YouTube мавҷуданд, ки дар онҳо масъалаҳои воқеии иҷтимоӣ бардошта мешаванд. Намунаи ин метавонад наворҳои канали “Территория Юмора” (бо 61,1 ҳазор обуначӣ) бошанд. Чор сол пеш, вақте ки ин гурӯҳ дар YouTube гузоштани намоишҳои худро оғоз карданд, шӯхиҳояшон зиёд шадид буданд, аммо зоҳиран сабабҳои объективӣ вуҷуд доранд, ки ҳаҷви онҳо боз ҳам безарартар гардид. Бисёре аз саҳнаҳои сужа ба воқеият наздик аст. Баъзеҳо дар устохонаи таъмири мошинҳо кор мекунанд, дигарон бо сифати хуби роҳҳо қаноатманд нестанд.

Дар суханронии маъмултарин стендапери даста — Фаррух Сангинов шӯхӣ дар бораи нархи баланди чиптаҳои ҳавопаймо гуфта мешавад: Мусофир нархи чиптаро мешунавад ва ба навиштани шеър шурӯъ мекунад. Дар як видеои дигар, бачаҳо пул чоп мекунанд ва фикр мекунанд, ки онро чӣ тавр сарф мекунанд. Яке мегӯяд, ки барои мактаб панҷ тонна бор мехарад, то ба мисли кори хайр бошад, дигаре ният дорад, ки ба ҳама бозрасони ҳаракати роҳ пешакӣ ҷарима пардохт кунад.

https://www.youtube.com/watch?v=pVVLvPr2PJI

Ҳамзамон, баъзе мунтахабҳои мардум дар тӯли солҳо маҳорати ҳаҷвнигории худро комилан аз даст медиҳанд. Масалан, скетчи охирини гурӯҳи хеле машҳури «Лаҳзаҳои гуворо» — «Космонавт» боиси норозигии обуначиён шуд. Моҳияти ин навор аз он иборат аст, ки гӯё як гурӯҳи космонавтони тоҷик барои парвоз ба Офтоб омодагӣ мебинанд. Яке аз қаҳрамонон метарсад, ки ҳангоми наздик шудан ба офоб, месӯзад. Аммо командири экипаж ҷавоб медиҳад, ки онҳо шабона парвоз хоҳанд кард.

https://www.youtube.com/watch?v=1uUTeMiMURQ&t=401s

Ҳаҷв бо аксент
Хусусияти дигари фарқкунандаи Youtube-и тоҷик соддагии забон аст. Далели он ин аст, ки шаклҳои адабӣ ва ҳамарӯзаи забони тоҷикӣ аз ҳамдигар хеле фарқ мекунанд. Забони адабӣ дар аксари расонаҳои маҳаллӣ истифода мешавад, аммо он барои ҳамаи сокинони кишвар дастрас нест. YouTube дар ин маъно ҳеҷ гуна маҳдудият надорад: иштибоҳи номуайян, жаргон, қарзгирӣ аз забони русӣ, қасамхӯрии интихобӣ ва муҳимтар аз ҳама, лаҳҷаҳои минтақавӣ. Ҳамаи ин на танҳо дар мундариҷаи каналҳои ҳаҷвӣ, балки дар тамоми сегменти тоҷикии YouTube мавҷуд аст.
Муаллифон наворҳоро тавре тавсиф мекунанд, ки гӯё садонокро мехӯрда бошанд. Калимаҳоро бо як қатор хатоҳои грамматикӣ менависанд. Умуман, аз хэштаги #приколиточики шумо метавонед ҳар он чизеро ки мехоҳед, бубинед.

Соли гузашта роҳбарияти “Тоҷикфилм” ба Youtube бо дархости расмӣ муроҷиат карда буд, ки мундариҷаи блогерҳои тоҷикро бе иҷозати махсус ҷойгир накунанд. Пас масъулон нақшаҳои худро бо он маънидод карданд, ки онҳо аз сифати паст ва мундариҷаи видеои инфиродӣ, шарм медоранд. Дар мусоҳиба бо “Радиои Озодӣ” блогерҳо худашон иқрор шуданд, ки онҳо дар YouTube контентҳоеро ҷойгир мекунанд, ки барои худи муштариён ҷолиб аст.

Тарҷумаи – Нурангез Рустамзода

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ