ДомойНақди РасонаӣДарсҳои президентӣ: дар Тоҷикистон соли хониши нав дар пахши мустақим оғоз ёфт

Дарсҳои президентӣ: дар Тоҷикистон соли хониши нав дар пахши мустақим оғоз ёфт

Дар Тоҷикистон, дар оғози соли таҳсили нав, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дарси сулҳ мегузаронад. Он аз ҷониби ҳамаи шабакаҳои телевизионии давлатӣ бидуни истисно пахш карда мешавад. Инчунин пахши мустақим дар ҳама донишгоҳҳои ҷумҳурӣ доир мешавад, ки тамошои он назорат карда мешавад. Имсол, бо сабаби пандемия хонандагону донишҷӯён дар моҳи апрел ба таътил баромаданд. Бинобар ин, ба ҷои 1-уми сентябр — 17 август ба муассиса баргаштанд. Худи ҳамон рӯз дарси президентӣ баргузор карда шуд. Дарсро “Новый репортер” пайгирӣ кард.

Субҳи рӯзи аввали соли нави таҳсили Тоҷикистон дар толорҳои маҷлисии донишгоҳҳо оғоз ёфт. Он ҷо барои донишҷӯён ва устодон шабакаи асосии кишвар — “Тоҷикистон”  гузошта шуда буд, то тавонанд дарси анъанавии сулҳро аз президент тамошо кунанд. Нахуст, Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо писараш Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, дар пойтахт як мактаби навро бо тантана ифтитоҳ карданд ва баъдан президент дарсро ҷараён дод.

Албатта, маросими ифтитоҳи муассисаи ҷадид тавассути телевизионҳои давлатӣ ғайр аз шабакаи кӯдаконаи «Баҳористон» мустақиман пахш карда шуд. Эҳтимол, дар давоми ҳафта аз шабакаҳои давлатӣ роликҳои гуногуни кушодашавии муассисаро такроран пахш кунанд.

Дар ҳар сурат, 17-уми август, кормандони телевизион дарси кушоди президентро ба пуррагӣ то бевақтии шаб такрор пахш карданд ва дар интишори хабарҳои худ нусхаи ихтисоршудаи онро нишон доданд. Дар худи ҳамин масъала, муҳаррирон на танҳо дар бораи дарси кушод, балки дар бораи он, ки чӣ гуна онро дар саросари кишвар нишон доданд, сужаҳо гузоштанд.

https://www.youtube.com/watch?v=VyU6nownjac&feature=emb_title

Яъне, дарҳол пас аз сужа дар бораи суханронии президент, тамошобинон тамошобинони дигарро диданд, ки дар назди телевизорҳо нишаста сарвари давлатро гӯш мекарданд. Садои паси кадр ба онҳо маълумоти қаблиро хотиррасон мекард. Рӯзи дигар бошад ин мавзӯъ дар телевизион идома ёфт.

Дарси президентӣ зиёда аз як соат давом кард. Эмомалӣ Раҳмон дар назди минбар истода ҳарф мезад, касоне, ки  дар толори маҷлиси мактаби нав нишаста буданд ва ҳама ниқобҳои тиббии якхелаи кабудранг доштанд. Ҳам мардон ва ҳам занону наврасон як хел: костюмҳои сиёҳ ва куртаҳои сафед ба бар карда буданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Наворбардорон доимо дар нақшаи умумӣ нишон медоданд: ҳама ҳамвор нишаста, ақибашон росту бодиққат президентро гӯш мекунанд. Баъзан наворбардорон камераҳои худро ба балкон мебурданд, ки дар он ҷо «гирандаҳои идрор»-и президентӣ нишаста буданд. Онҳо низ костюмҳои сиёҳ ва куртаҳои сафед либос доштанд, ҳамзамон бо лентаҳои сурх. Чунин лентаро хатмкунандагони муассисаҳо дар Тоҷикистон то соли 2007 пӯшида буданд. Баъдан ин амал барои хонандагони синфи 11 манъ карда шуд, аммо то ҳол ба онҳое, ки тибқи идрори президентӣ дар донишгоҳ таҳсил мекунанд, иҷозат аст.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

«Соли нави таҳсил тибқи анъана бо дарси сулҳ оғоз мегардад. Воқеан, сулҳ неъмати бебаҳо буда, хусусан, барои сокинони Тоҷикистон арзиши бузург дорад. Зеро мардуми мо сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро бо баҳои ниҳоят гарон ва бо таҳаммул кардани машаққату маҳрумиятҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст оварданд. Насли наврас ва ҷавонони имрӯза бояд аз сабақи гузашта омӯзанд ва барои таҳкими сулҳу субот дар кишвар талош намуда, дар ҳифзу устувории давлатдории миллӣ саҳми бевоситаи хешро гузоранд», — гуфт президент.

Ҳангоми баромади президент, баъзан камераҳо шахсони наздик ба саҳна нишастаро аз толори маҷлис нишон медоданд, ки бо ҷидду ҷаҳд чизеро дар дафтари худ менавиштанд. Масалан, вазири маориф ё президенти Академияи илмҳо ба камераҳо намудор мешаванд. Вақте  Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ номҳояшонро мегирифт, онҳо маҷбур буданд, ки аз дафтарчаҳои худ сарашанро бардоранд. Ва ё вақте ки  ҳозирин аз курсии худ бархезанду, ба президент кафкӯбӣ кунанд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

«Халқи тоҷик таърихи бисёр рангину пурифтихор дорад. Миллати соҳибтамаддуни мо дар тӯли таърихи деринаи худ давраҳои бисёр сахту вазнинро паси сар карда, таърих, забон, фарҳанг ва ойинҳои миллии хешро ҳифз кардааст. Аз ин рӯ, ҳамаи моро зарур аст, ки гузаштаи пурифтихори халқамонро ба насли оянда омӯзонем, то ки онҳо ба қадри истиқлолу озодӣ, яъне мафҳумҳои муқаддасу сарнавиштсози миллатамон расанд ва барои ҳимояи ин неъмати бебаҳо омода бошанд», — гуфт президент ва ҳозирин хеле баланд кафкӯбӣ карданд. Дар маҷмуъ ҳозирин панҷ маротиба дар суханронии сарвари давлат ҳамин тавр кафкӯбии баланд карданд.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин системаи маорифро танқид кард.  Дар чунин ҳолатҳо камера фавран ба толор гардонида мешуд. Мансабдорон боз ҳам дар дафтарҳои худ чизе менавиштанд.

Чӣ гуна президент омӯзгоронро издивоҷ мекунад

Пас аз он, ки суханронӣ ба поён расид, қисми дуюми маросим оғоз ёфт. Акнун бо президент гуфтугӯ кардан мумкин буд. Дар мобайни толор боз як минбар бо баландгӯяк гузошта шуд.

«Марҳамат», — даъват кард, президент ва як ҷавони ҷиддӣ бо мӯи сари ороста аз курсии наздик бархост.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

“Салом, пешвои бузурги миллат», суханашро оғоз кард. Маълум шуд, ки ин муаллими забон ва адабиёти тоҷик аз мактаби пойтахт аст. Вай ду сол аст, ки кор мекунад ва дар як моҳ 1200 сомонӣ (120$) маош мегирад. Президент ба ӯ маслиҳат дод, ки сахттар кор кунад, то маошаш зиёдтар шавад. Инчунин гуфт, ки дар замони ӯ се сомонӣ маош мегирифтанду ҳеҷ чиз надоштанд. Сипас Эмомалӣ Раҳмон ногаҳон пурсид, ки оё муаллим зан дорад.

— Не, ҷаноби олӣ, — ҷавоб дод муаллим.

— Эҳ, барои чӣ? — Тааҷҷуб кард президент.

Устод нақл кард, ки ҳам кор мекунаду ҳам барои гирифтани унвони магистрӣ таҳсил мекунад.

— Ту чанд сола ҳастӣ? — Пурсид президент.

— 24 солаам, — ҷавоб дод муаллим.

— Ҳмм, айб, — тасмим гирифт Эмомалӣ Раҳмон ва ба назар расид, ки чӣ гуна касони дар ниқобҳо нишаста, бори аввал табассум карданд. Президент ба вазири маориф дастур дод, ки барои бача зане пайдо кунад.

— Дар мактаб-интернати духтарони ятими пойтахт бисёр духтарони хубу зебо ҳастанд, — маслиҳат дод Эмомалӣ Раҳмон.

Бояд гуфт, ки ин аллакай дуввумин омӯзгорест, ки дар ҳаёти шахсиаш президенти Тоҷикистон ширкат мекунад. Се сол пеш, як омӯзгори 23-солаи деҳа дар бораи Эмомалӣ Раҳмон шеър навишт, пас президент низ аз ӯ дар бораи вазъи оилавиаш пурсид. Ӯ муҷаррад буд ва аз тарафи президент дастур дода шуд, ки барои ҷавонмард зан пайдо кунанд. Пас аз 10 — рӯз духтар ёфтанд ва тӯй баргузор шуд.

Пас аз омӯзгори ҷавон, духтараке бо ду кокул ва гарданбанди сурх ба минбар баромад. Вай суханронии худро фавран бо шеър сар кард, дасташро ба қалбаш монд ва бо овози баланд президентро пешвоз гирифт. Одамон боз ҳам дар толор ба дафтарҳо чизе менавиштанд.

-Ассалом, пешвои маҳбуби мо, — гуфт духтар.

-Салом, салом,- посух дод президент.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Духтар гуфт, ки ӯ дар синфи нӯҳ мехонад ва мехоҳад ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шавад. Президент аз ӯ пурсид, ки чанд забонҳои хориҷиро медонад (ду забон — русӣ ва каме англисиро медонад, ӯ забони куриёгиро омӯхтани аст), дар давоми тобистон чанд китоб хонд (дар тобистон ӯ ҳикояҳои Садриддин Айниро хондааст). Дар охири сӯҳбат маълум шуд, ки модари духтар дар Китобхонаи миллӣ кор мекунад (калонтарин дар Осиёи Марказӣ) ва президент ёдовар шуд, ки китобхона «барои шумо, барои ҷавонон» сохта шудааст.

Ва ниҳоят, ҳамсӯҳбати сеюми президент, донишҷӯ аз Роштқалъа ба назди минбар омад. Аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

«Муҳтарам ҷаноби Президент, ман аз имконияти иштирок дар ин маросим сипосгузорам», — оғоз кард ва гуфт, ки ӯ тариқи квотаи президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил карда истодааст. Президент инчунин аз вай дар бораи забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ медонад) пурсид. Инчунин пурсид, ки дар Душанбе ӯ дар куҷо зиндагӣ мекунад. Маълум шуд, ки дар хонаи хешовандонаш. Сипас Эмомалӣ Раҳмон ба вазири маориф дастур дод, ки ӯро бо хобгоҳ таъмин кунад.

Пас аз чанд дастури пурарзиш, маросими оғози соли нави хониш ба охир расид. Ҳозирин аз ҷой хеста, бо кафкӯбии дарозмуддат президентро гуселониданд. Пас аз пахши мустақим мусоҳибаҳо бо муаллимон ва хонандагони муассисаи нав дар ҳама шабакаҳои давлатӣ идома ёфтанд. Дар ҷараёни мусоҳиба онҳо ба давлат ва президент барои ғамхорӣ ва муассисаи нав бо тантана изҳори сипос карданд.

Чун анъана гулдастаҳои рангоранг,пуфакҳои гуногун  дар рӯзи дониш дида намешуданд. Ҳамааш тибқи протокол: болои сафед, поёни сиёҳ ҳам барои муаллимон ва ҳам барои донишҷӯён; ҳама ҷиддӣ. Ҳадди ақал кӯдакон ниқобҳои тиббии рангоранг доштанд.

Тарҷумаи — Нурангез Рустамзода

Лилия Гайсина
Лилия Гайсина
Медиакритик, медиаэксперт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ