ДомойМедиалентаИштибоҳоти зиёнбори бозорёбҳо. Дидгоҳи Алина Шербинина

Иштибоҳоти зиёнбори бозорёбҳо. Дидгоҳи Алина Шербинина

Фаъолият дар соҳаи эҷодкорӣ, на танҳо чизҳои навро омӯхтан, балки фаъолияти ҳамкорони худро мушоҳида карданро низ дар бар мегирад. Ин ба шумо дар тамоюл нигоҳ доштани худ, ва фаҳмидани он, ки имрӯз дар бозор чӣ ҳодиса рӯй дода истодааст кӯмак мекунад. Инчунин аз ҳама муҳимаш, иштибоҳоти дигаронро дида, дар кори худ пешгирӣ аз он мекунед. Дар ҷашнвораи коммуникатсионии Red Jolbors 2020, Алина Шербинина, директор оид ба маркетинги категорияи нӯшокиҳои PepsiCo ИДМ, таблиғоти муваффақ ва на он қадар муваффақи ширкатҳои таблиғии саросари ҷаҳонро таҳлил намуда, пешкаши ширкаткунандагони ҷашнвора кард.  «Новый репортёр» — намунаҳои намоёни онро ҷамъ овард.

Иштибоҳ: бехабарӣ

Вақте шумо фикр мекунед, ки гӯё кори муваффақ анҷом додед, муоширати аъло омода кардаеду посухи мусбатро интизор ҳастед, ҳама он кори шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳатто дар ВАО фикру ақида, шарҳҳои манфӣ мегирад. Рекламаи Beeline, ки дар он шиори «Каждому своё» истифода шуда буд, хашми азими аудиторияро ба бор овард: ин ибораро бо забони олмонӣ (Jedem das Seine), дар дарвозаи калонтарин лагери консентратсионии Бухенвалди Олмон низ дидан мумкин аст. Пас надонистани заминаи таърихӣ боиси ҷанҷол шуд. Баъдтар, оператори мобилӣ аз корбарон узрхоҳӣ кард.

Иштибоҳ: Ман ҳатто фикр намекардам

Аксар вақт иштибоҳоти зиёновар маҳз дар ин ҷо рух медиҳанд. Муҳим он аст, ки аудиторияи мақсаднокро эҳсос намуда, дарк кунед, ки ҳангоми суҳбат онҳоро дар чӣ гуна ҳолат мегузоред.  Дар аксари ҳолат, бозорёбон худро ба ҷои аудиторияи худ гузоштанро фаромӯш мекунанду ба иштибоҳоти дилгиркунандаву баъзан вақт нобахшиданӣ роҳ медиҳанд. Барои мисол — силсилаи таблиғотии Dolce & Gabbana пеш аз намоиш дар Шанхай аст. Дар он як духтари осиёӣ бо душвории зиёд кӯшиш мекунад, ки хӯроки миллии итолиёвиро бихӯрад. Ҳамаи ин дар зери шарҳҳои пастзананда бо овози мард сурат мегирад. Тамошобинон тарроҳонро ба тамасхури фарҳанг айбдор намуданду ба таҳрими бренд шурӯъ карданд. Парванда бо узрхоҳӣ ва лағви намоиш хотима ёфт.

Иштибоҳ: одамон чӣ фикр мекунанд?

Ин хатоест, ки брендро бо ҷанҷолу нофаҳмиҳо таҳдид намекунад, аммо ин тарси фарқият, тарси танқид аст, ки мавҷи таблиғоти шабеҳро ба вуҷуд меорад. Онҳо кор намекунанд, садои иттилоотиро баланд намесозанд, ин он гуна таблиғоте нест, ки барои омодааш шумо ба кор равед. Майонези “Обжорка” бо тасвири классикии оилавии худ ягон чизи нав нагуфт. Ин таблиғ касеро хашмгин ва ҳайрон накард, аммо фурӯш хеле боло рафт. Шумораи зиёди таблиғот дар соҳаи майонез ба мисоли дугоникҳо хеле ба ҳам монанданд.

Иштибоҳ: мо ҳамавақт ин гуна мекардем

Аслан, ин идомаи иштибоҳи қаблист: пешпо хӯрдан аз стратегияи ибтидоии дуруст, фарқ кардани худ аз рақибон, коре, ки ба пешниҳоди категория монанд аст. Ҷанҷол кардан, аз касе хафа шудан лозим нест. Сухан дар бораи таблиғ, услуби визуалӣ, забон меравад, ки то хол дар категория истифода нашудааст. Масалан, Burger King дар Русия аз таблиғе истифода мекунад, ки аз бренди аслӣ дар ИМА истифода мешавад, куллан фарқ мекунад. Дар Амрико Burger King нотарс аст ва аз масъалаҳои ҳассоси иҷтимоӣ мегӯяд. Агар ӯ ба MacDonald’s механдад, пас он шӯхиҳои ҷолиб ҳастанд.

Дар Русия, ин як ҷараёни имову ишора ва луғат аст.

Иштибоҳ: Ман рассом ҳастам, ман ҳамин тавр мебинам

Инҷо намунае нахоҳад буд, зеро ин ошхонаи дохилист. Вале агар шумо, ҳамчун муштарӣ, барои самти стратегӣ масъул бошед, пас бояд дарк кунед, ки агентӣ барои ҷузъи эмотсионалӣ масъул аст.  Ба шумо лозим нест — ба агентиҳое, ки ҳар рӯз, ҳар соат таҷриба мекунанд, тахфиф диҳед. Дар ҳоле ки шумо доираи васеи дигар вазифаҳоро доред. Ба ҷойи агентӣ пешниҳоде накунед.  Ба кори онҳо халал нарасонед, ба онҳо озодии эҷодӣ диҳед, зеро ин симбиоз ба шумо рекламаи аҷибтаринро медиҳад.

Маслиҳат: аз фарқ кардан натарсед

Соли 2010, Old Spice пеши худ вазифа гузошт, ки брендро ҳамчун як бренди ҷадид қабул кунанд. Барои баргардонидани таваҷҷӯҳи тамошобинони ҷавон ребрендинг лозим буд. Идея ин гуна буд: духтарон одатан маводи кимиёвии рӯзгорро мехаранд. Аз ин рӯ, таблиғот ба онҳо нигаронида мешавад. Дар айни замон, ҳама чиз бо киноя бозӣ мекунанд. Онҳое, ки фикр мекунанд, муҳим нест шумо кадом гел барои оббозиро истифода мекунед, аз чунин таблиғот ба хашм намеояд. Аз тарафи дигар, бренд мавқеи худро изҳор дошт ва ба аудиторияи мақсаднок, новобаста аз нуқтаи назар, бо эҳтиром муроҷиат кард.

Маслиҳат: касбӣ бошед

Вақте ки барои сохтани таблиғи одӣ ва ё шоҳасари истеҳсолот вақт, кӯшиш ва маблағи зиёд сарф мешавад. Ин ҳолате аст, ки илҳом мебахшад, то беҳтару бештар кор кунед. Таблиғи маъруфи The Cog от Honda – яке аз намунаҳост. Ҳама қисмҳои навор, унсурҳои мошини ҷудошуда мебошанд, ки системаи мураккабро ташкил медиҳанд. Дар Википедия дар бораи тарзи наворбардории ин як мақолаи муфассал мавҷуд аст.

Суханронии Алина Шербинина дар доираи қисми маркетингии ҷашнвораи коммуникатсионии Red Jolbors 2020 баргузор гардид. “Новый Репортер” шарики расонаии чорабинӣ мебошад. Тамоми маводҳои ҷашнвораро метавонед, дар ин ҷо пайдо кунед.

Нурангез Рустамзода
Нурангез Рустамзода
Журналист. Наттоқ. Вебнавис. Мутахассиси SMM дар Интернюс дар Тоҷикистон.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ