ДомойНақди РасонаӣШарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 21 то 28 декабр

Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 21 то 28 декабр

Ҳафтаи охирини сол бо пахши хабарҳои расмӣ дар ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ҷамъбаст шуд. Мавзуи асосӣ — ифтитоҳи корхонаҳои нави саноатӣ, мулоқот бо Абдулло Абдулло ва иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи пойтахт буданд, ки охир дар ҳамаи шабакаҳо хеле муфассал, давоми беш аз 10 дақиқа пахш шуд. Гузоришҳои «Сафина» бештар «одамият» доштанд, «Тоҷикистон» ва «Ҷаҳоннамо» бошад, ба масъалаи сарфакории барқ дар зимистон аҳамияти бештаре доданд.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»
Ҳафтаи сипаришуда низ ҷамъбасти хабарҳо аз ҷониби хадамоти матбуотии президенти кишвар таҳия шуда, аз вохурию чорабиниҳо бо иштироки шахси аввалини давлат иборат буд. Гузориши аввал дар бораи 22 декабр ба ҳузур пазируфта шудани Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло аз ҷониби президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада буд. Дар гузориш масъалаҳои оид ба вазъи кунуниву дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон, аз он ҷумла, татбиқи тарҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тандурустӣ дар шароити имрӯзаи пандемияи коронавирус баррасӣ гардид.

Пас аз ин, гузоришҳои пай дар ҳам дар бораи ифтитоҳи расмии корхонаҳои нави саноатӣ дар пойтахти мамлакат бо иштироки Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии ҶТ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пахш шуд. Дар гузоришҳо гуфта мешуд, ки 24 декабр дар минтақаи саноатии ш. Душанбе як қатор корхонаҳои нав ба фаъолият оғоз намуданд. Аз он ҷумла, марҳилаи дуюми корхонаи коркарди пахта ва маҳсулоти пахтагини ҶДММ «Ваҳдат текстайл» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Чун дар барномаи қаблие, ки ҳафтае пеш пахш шуд, гуфта шуд, ки ин корхона аз ҷониби Гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” бо саҳми соҳибкорон Акбар Ғуломов ва Илҳом Мирзоев бунёд гардидааст.

Дар наворҳо асосан аз рафти ҷараёни кор дар корхонае, ки бо истеҳсоли ҷӯробҳо машғул аст, гузориш омода гардид. Хабар дода шуд, ки феълан ҷӯробҳои истеҳсолнамудаи корхонаи мазкур, ки аз оғози сол ба кор даромадааст, дар баробари бозори ватанӣ, ҳамчунин дар хориҷ аз кишвар низ серхаридор аст. 95% маҳсулоти ҷамъият ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Россияву Қазоқистон ва Қирғизистон содирот карда мешавад. Сад афсус, ки мо ин маҳсулотро дар бозорҳо намебинем ва ҷуробҳои хитоӣ ва туркиро истифода менамоем. Ҳол он ки, тибқи маълумоти дар гузориш интишоршуда, ҳаҷми маҳсулоти корхона аз 19 млн дона ҷуроб дар ҳоли ҳозир то 34 млн дар оянда расонида мешавад.
Инчунин маълум гардид, ки дар баробари истеҳсоли ҷӯроб, дар корхона тавлиди номгӯи нави маҳсулоти саноатӣ — дастпӯшҳои корӣ ба роҳ монда мешавад. Президент дар наворҳо шахсан дастпушҳои корхонаро пушида, сифати онро санҷида дид.
Гуфта шуд, ки корхона 100 нафар сокини маҳаллиро соҳиби ҷойи кори доимӣ гардонда, дар маҷмӯъ, аз оғози сол, 400 нафарро бо шуғл фаро гирифтааст.
Дар гузориши навбатии барномаи ҷамъбастӣ инчунин аз ифтитоҳи расмии корхонаи истеҳсоли фаршҳои замонавӣ (ламинат) аз ҷониби ҶДММ “Фирӯз бинокор” бо иштироки президенти кишвар ва раиси ш. Душанбе иттилоъ дода шуд.
Нуктаи ҷолибтарини гузориш дар он буд, ки дар корхонаи нав фаршҳоро, бо вуҷуди бепартов буданаш, ҳамзамон аз партови корхонаҳои истеҳсолии дару тиреза омода мекунанд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гузориши сеюм аз корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷилои ҶДММ “Асрори санг» аз номи мухбирони худи барнома — Абдуваҳҳоби Абдусаттор ва Аҳлидини Карим муаррифӣ шуда, дар асл, онҳо ҳамон хабари расмии хадамоти матбуотии сарвари давлат калима ба калима хонданд. Ин корхонаи нав зиёда аз 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ, ки аксарияташро занону духтарон ташкил медиҳанд, бо ҷойи кору маоши хуб таъмин мегардонад.
Дар корхонаи коркарди санги хоро ва мармари “СТОУН Сервис» ва коргоҳи истеҳсоли қубурҳои ҳавогузаронӣ аз варақаҳои рӯҳандуд бошад, ки онњоро ҳам 24 декабр дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуданд, ду маротиб таъкид шуд, ки ҳамакнун 170 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Рустами Эмомалӣ ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли яхмоси ҶДММ «Ҳурия» ва корхонаи истеҳсолии равғани пахта низ оғози расмӣ бахшиданд. Дар гузориши охир, ки аз номи мухбирони барнома омода гардид, таъкид шуд, ки 30 нафар бо шуғли доимӣ фарогир шуд.
Маънии ягона барои ҳамаи гузоришҳои ба соҳаи иқтисодӣ бахшидашуда — Тоҷикистон марҳила ба марҳила ба кишвари содироткунандаи маҳсулоти босифати саноатӣ табдил ёфта, дар ин баробар, вобастагии бозорҳои мамлакат аз маҳсулоти воридотӣ коҳиш меёбад. Ва боз таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ, ки аз руи ҳисобҳо ҳафтаи сипаришуда дар умум ба 705-то расид!
Баъди ин дар бораи баргузории иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки 25 декабр доир гардид, гузориши васеъ пешнињод шуд, ки давомнокиаш дар эфир беш аз 11 дақиқа буд! Ҳам барандаи барнома ва ҳам мухбир муфассал таъкид карданд, ки ҷаласа бо иштироки кадом мақомдорон баргузор гардид.
Аз гузоришҳои «худӣ»-и барнома мухбир Зулфия Раҳимзода дар бораи истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, Маҳмадалии Сафар дар бораи озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» ва Нуриддини Қурбон дар бораи аҳамияти китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва тақсим шудани он мавод омода намуданд. Аз чӣ бошад, ҳамсуҳбатони онҳо танҳо омузгорон буданд. Ҳамин тариқ, омузгор Баҳриддин Ализода ва роҳбари яке аз мактабҳои ноҳияи Спитамен Маҳфуза Дадабоева дар бораи фарҳанги истифодаи неруи барқ сухан карданду дар гузориши дуюм устоди ДМТ Муртазо Зайниддинзода дар бораи ҳаҷми умумии мукофоти ғолибон, ки беш аз 1 млн 644 ҳазор сомониро ташкил додааст. Дар бораи моҳияти китоби «Тоҷикон» бошад, омузгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Шарифов ва Ғайратшоҳ Шоев ва инчунин муовини вазири маориф ва илми ҶТ Муҳаммаддовуд Саломиён иттилоъ доданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар интиҳои ин гузориш муаллиф Нуриддини Қурбон нуктаеро таъкид намуд, ки мазмунаш ин аст: «Ҳар як марди тоҷик, ҳар як ҷавони тоҷик имруз муваззаф аст аз ин шоҳасар ба хубӣ огаҳ гардад». Аз гуфтааш мебарояд, ки занони тоҷик ё мардони узбеку дигар миллиятҳои дар кишвар зиндагидошта аз бархурдор шудан бо муҳтавои ин китоб муваззаф нестанд?
Маводҳои дигар ба вазъи гармхонаҳо дар Турсунзода ва фарбеҳшавии аҳолии кишвар бахшида шуда буданд.

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»
Ин навбат низ ҳамаи барнома аз гузоришҳои расмии вобаста ба иштироки президенти кишвар иборат буд ва метавон гуфт, ки «сафиначиён» танҳо ҷойҳои онҳоро иваз карданд ва инчунин ба ин наворҳо «ҷон» дароварданд: дар сужаҳои шабака муаллифон бо қаҳрамонон суҳбат карданд. Масалан, дар гузориш аз кушодашавии корхонаи «Ваҳдат текстайл» яке аз саҳмдорони он – соҳибкор Илҳом Мирзоев ва корманди корхона Фазлиддин Нуриддинов гап заданд. Аз суҳбат бо онҳо фаҳмидем, ки барориши 34 млн ҷуроб дар як сол ба нақша гирифта шудааст ва 400 нафар бо ҷои кори доимӣ фаро гирифта шуданд.
Дар гузориш аз кушодашавии корхонаи истеҳсоли яхмоси ҶДММ «Ҳурия», роҳбари он Наима Мансурова дар суҳбат бо кормандони «Сафина» иброз дошт, ки 15 нафарро бо кор таъмин намудааст, ҳол он ки дар гузориши «Тоҷикистон» шумораи коргаронро 30 нафар муаррифӣ карданд.
«Морожнии мо сифати аъло дорад, натуральный, сливочное ва кокосовое масло кати истеҳсол шудааст», — гуфт бо ҳаяҷон соҳибкорзан, бехабар аз он, ки равғани аз палма истеҳсолшуда ба саломатии мардум зарар дорад.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Аҷибаш он ки маҳсулоти корхонаи «Ҳурия» зери бренди “Сардиҳои Тоҷикистон” истеҳсол мешавад ва номи бренд аз тахайюли бои муаллифонаш дарак медиҳад, чунки сардӣ асосан бо Тоҷикистон он қадар тавъам нест ва аз руи иқлим кишвари мо нисбатан гарм муаррифӣ мешавад.
Дар гузориши саввум аз корхонаи истеҳсоли равған директори он Маҳдӣ Каримов ва аз корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордию қаннодӣ — соҳибкор Ёқуб Шарапов, директори корхона Абубакр Шарапов ва коргар Муяссар Хоҷаева гап заданду гузоришро рангорангӣ бахшиданд.
Берун аз гузоришҳои расмӣ муаллифони барнома дигар чизеро аз мавзуъҳои мубрами ҷомеа пешниҳод накарданд.

“Ҳафт руз” , ТВ “Ҷаҳоннамо”
Дар шабакаи мазкур ровии барнома Сафархуҷа Ризозода кутоҳ дар бораи гузоришҳои расмии ҳафтаи сипаришуда аз студия нақл намуд.
Масалан, вохурии президенти кишвар бо Раиси Шӯрои Олии мусолиҳаи миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло мазмунан нақл карда шуда, инчунин гузоришҳои пай дар ҳам бо иштироки якҷояи роҳбари давлат бо раиси шаҳр аз ифтитоҳи корхонаҳои «Ваҳдат текстайл», корхонаи истеҳсоли фаршҳои замонавӣ (ламинат), корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷилои ҶДММ “Асрори санг”, корхонаи коркарди санги хоро ва мармари “СТОУН Сервис» ва корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордию қаннодӣ кутоҳакак гузориш доданд.
Аммо аз чи бошад, дар бораи баргузории иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, чун дар дигар шабакаҳо гузориш пурра пешнињод шуд, ки давомнокиаш чун пештар ишора кардем, аз 10 дақиқа беш буд.
Дар интиҳои барнома муаллифи барномаи “Ҳафтруз” Мирзоалӣ Раҳмон дар атрофи мавзуи истифодаи сарфакоронаи неруи барқ аз вилояти Суғд гузориш омода намуд, ки дар он намояндагони ячейкаҳои маҳаллии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ш. Гулистон ва Спитамен якҷоя бо ҷавонони “Созандагони Ватан” дар байни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Дар сужа сокини шаҳраки Сирдарё Маҳбуба Юсупова аз он гап зад, ки дар мавсими зимистон кушиш мекунад умуман барқро сарфа карда, хонаро бо ангишт ва ҳезум гарм кунад. Рости гап, суханонаш чунон самимӣ набуромаданд…Боқӣ, барномаҳои ҷамъбастӣ чун ҳарвақта якмаром ба назар расиданд.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ