ДомойНақди РасонаӣОсорхонаи «Пешвои миллат» дар донишгоҳ ва ҷашни Сада. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар...

Осорхонаи «Пешвои миллат» дар донишгоҳ ва ҷашни Сада. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон аз 17 то 24 январ

Мавзуи асосии хабарҳои ҳафтаи сипаришуда – ифтитоҳи биноҳои нави таълимӣ ва хобгоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси ш. Душанбе Рустами Эмомалӣ, инчунин таҷлили ҷашни Сада мебошанд. Се шабакаи асосии телевизионӣ ба мавзуи аввал қисми зиёди эфири худро бахшида, шабакаи «Сафина» танҳо гузориши расмиро муддати ним соат муфассал шарҳ дод.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»
Журналист Самандар Искандарзода барномаро оғоз карда, гуфт, ки тӯҳфаи навбатии Ҳукумати мамлакат дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳи бинои нави таълимии факултети иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар мавзеи “Шаҳраки донишҷӯён” мебошад. Сипас гузориши муфассали омоданамудаи Маркази матбуоти президенти кишвар тули 27 дақиқа пахш гардид.
Муаллифони барнома дар бораи 22 январи соли равон маротибаи ҳаштум ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, воқеъ дар мавзеи “Шаҳраки донишҷӯён” ташриф овардани Президенти кишвар иттилоъ дода, дар бораи ифтитоҳи на танҳо бинои нави таълимӣ, инчунин хобгоҳи баландошёнаи №8 ва осорхонаи “Пешвои миллат” низ гузоришҳо пешниҳод намуданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар барнома гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббуси бевоситаи сарвари давлат барои 8 факултет бинои наву замонавӣ бунёд гардидааст.
Осорхонаи “Пешвои миллат”-ро ифтитоҳ намуда, дар наворҳо нигораҳои аслӣ, аз қабили ҳуҷҷатҳои шахсии сарвари давлат, аксҳо ва ашёи хониш аз давраи донишҷӯиашро нишон доданд. Инчунин аз хобгоҳи нав гузориш омода шуда, донишҷуён ба сарвари кишвар сипоси худро баён намуданд.

Шарҳи иқтисодии Фирдавси Ҳайдаралӣ ба сохтмони иншооти гуногун дар арафаи 30-солагии Истиқлоли кишвар бахшида шуда, аз ҷумла гуфта шуд, ки дар мамлакат дар ин давра беш аз 10 ҳазор ҷои корӣ ташкил шудааст. Аз мусоҳибон Анушервони Абдухолиқ, корманди Кумитаи рушди маҳали назди Президенти ҶТ қайд намуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо амри президенти кишвар соли сеюм аст озмуни ҷумҳуриявӣ барои муайян намудани шаҳрак ва маҳаллаи беҳтарин дар ҳамаи сатҳҳо гузаронида мешавад. Инчунин дар бораи аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон шарҳи Абдулҳамиди Назир пахш шуд.

Аз вилояти Бадахшон дар бораи бунёди иншоотҳои ҷашнӣ дар ноҳияи Шуғнон Тоҷиниссои Файзуллобек гузориш дода хабар дод, ки корҳои сохтмонӣ дар 87 иншоот давом доранд.

Гузориши навбатии барнома ба тағйирёбии иқлим бахшида шуда, дар он татбиқи ташаббусҳои аз ҷониби Тоҷикистон пешкашшуда доир ба об номбар гардид. Аз ҷумла гуфта шуд, ки чунин ташаббусҳо таҳти роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллат дар ҷаҳон натиҷаи некро ба бор оварда, сокинони сайёраро барои андешидани тадбирҳои нишонрасу ба роҳ мондани ҳамгироии нек водор сохт.

Дигар бахшҳои барнома ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ бахшида шуда, дар он як қатор омузгорон аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон баромад намуда, дар бораи каммасрафона истифода бурдани таҷҳизоти барқӣ тавсияҳо доданд. Аз ҷумла, омузгор Насрулло Ҳасанзода иброз дошт, ки тағйирёбии иқлим ба он оварда расонд, ки пиряхҳо об намешаванд ва аз аз ин сабаб дар дарёҳо миқдори об кам гашта, неругоҳҳо бо иқтидори пурра кор намекунанд. Аз гузориш маълум гардид, ки аҳолӣ ҳамагӣ 45% неруи барқро истифода менамояд, аммо дар бораи корхонаҳои онро масрафкунанда гап назаданд.

Гузориши навбатии Гулчеҳраи Саттор ба ҷашни иди Сада, ки дар шаҳри Бохтар доир гардид, бахшида шуда, дар он маҳсули дастранҷи деҳқонони 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят намоиш дода шуд. Ва навори охирон ба соҳаи туризм дар кишвар бахшида шуда, дар бораи иртиботи он бо рушди ҳунарҳои мардумӣ нақл мекунад.

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»
Барномаи инҳафтаинаи шабакаи мазкур пурра ба ахбори расмӣ аз ифтитоҳи биноҳои нави факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, хобгоҳи нав ва осорхонаи “Пешвои миллат” бахшида шуда буд. Дар байни ҳар гузориш, муаллифони барнома кушиш намуданд, фикру андешаи роҳбарият, омузгорон, коршиносон ва донишҷуёни донишгоҳро истифода намоянд. Аз руи ҳисобамон, дар барнома 12 омузгору кормандони соҳа ва 5 донишҷӯ сипоси бепоёни худро ба сарвари кишвар изҳор намуда, дар бораи шоистаи таҳсин ва пайравӣ будани иқдоми сохтмони чунин иншоотҳои маърифатӣ сухан карданд. Дар анҷом роҳбари ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Азизӣ сохтмон” баромад намуда, бо боварии том изҳор кард, ки биноҳои сохташудаи онҳо садсолаҳо боқӣ хоҳанд монд.

“Ҳафт руз”, ТВ “Ҷаҳоннамо”
Дар муқоиса бо ду шабакаи аввал дар “Ҷаҳоннамо” кутоҳ хабар дода шуд, ки 22 январ биноҳои нави Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, хобгоҳи серошёна ва осорхонаи “Пешвои миллат” кушода шуданд.

Дар идомаи барнома дар бораи 25 январ даъват намудани иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум иттилоъ дода шуд.
Мавзуи гузориши дигар ба фаъолияти коргоҳи истеҳсолии шаклҳои сахти доруворӣ бахшида шудааст, ки дар Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷойгир аст. Муаллиф Илҳом Ализода дар бораи растаниҳои шифобахши Тоҷикистон ва истеҳсоли он сухан карда, Сафол Мусозода, декани факултаи фармасевтиии ДМТ афзуд, ки истеҳсоли дорувории ватанӣ барои пешгирии вуруди доруҳои пастсифату қалбакӣ ва танзими нархҳо мусоидат мекунад.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гузоришҳои дигар дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли кишвар аз деҳаи Понғози ноҳияи Ашти вилояти Суғд матраҳ шуда, фаъолияти соҳибкорони маҳаллӣ нишон дода шуд, ки барои таъмир ва мумфаршгардонии роҳҳо, сохтмони муассисаҳои тиббию мактабҳо ва дигар иншоот саҳм гузоштанд. Гузориши навбатии барнома ба ҷашн гирифтани иди Сада дар маркази вилояти Хатлон бахшида шуда, дар он гуфта шуд, ки таҷлили ин ҷашн дар сарзамини мо наздики 5 ҳазор солро дарбар мегирад. Дар бораи аҳамияти иди мазкур барои кишоварзон сухан карда, баромадкунандагон – масъулини ноҳияҳои гуногуни вилоят дар бораи ба киштукор оғоз намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳисобот доданд.

Гуфта шуд, ки дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат Сада бори дигар эҳё гардида, ҳамасола дар тамоми минтақаҳои Ватани азизамон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Инчунин дар бораи маъракаи ниҳолшинонӣ дар минтақаи Кӯлоб ва ноҳияи Фархор гузориш омода шуда, дар он аз ҷумла, дар бораи вусъати корҳои сабзгардонии гирду атрофи иншоотҳои ҷашнӣ ҳисобот дода шуд.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ