ДомойМедиалентаЧӣ гуна бояд бо маълумоти бардурӯғи COVID-19 мубориза бурд: Омӯзиши онлайн барои...

Чӣ гуна бояд бо маълумоти бардурӯғи COVID-19 мубориза бурд: Омӯзиши онлайн барои рӯзноманигорон

Рӯз аз рӯз дар бораи масъалаҳои тандурустӣ маълумоти бардурӯғ ҳар чӣ бештар мешаванд. Рӯзноманигорон ва мутахассисони расонаӣ дар ин муҳити мураккаби ВАО муоширати самараноки бӯҳронҳои тандурустиро, ба мисли COVID-19, бояд хуб дарк кунанд.

CRDF Global бо дастгирии Департаменти давлатии ИМА омӯзиши онлайниро баргузор мекунад, ки дар он мутахассисон барои муайян кардани маълумоти бардурӯғ дар соҳаи тандурустӣ донишу малакаҳои зарурӣ ба даст меоранд. Инчунин ширкаткунандагон стратегияҳои кор дар соҳаи иттилооти босуръат рушдёбандаро меомӯзанд, ки ҳоло маълумоти бардурӯғи ваксинаҳоро дар бар мегирад. Ғайр аз ин, мутахассисон чӣ гуна пайдо кардани сарчашмаҳои боэътимоди иттилоотро меомӯзанд.

Ба омӯзиш ташкилотҳои расонаӣ, рӯзноманигороне, ки бо масъалаҳои тандурустӣ, таҳқиқоти журналистӣ фаъолият доранд, даъват карда мешаванд:

  • Аврупои Шарқӣ: Грузия, Украина, Арманистон, Булғористон, Молдавия;
  • Осиёи Марказӣ: Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон;
  • Осиёи Ҷанубӣ / Ҷанубу Шарқӣ: Индонезия, Малайзия, Ветнам, Ҳиндустон;
  • Шарқи Наздик/ Африқо: Миср, Иордания, Алҷазоир, Эфиопия.

Ширкат дар омӯзиш ройгон аст. Шуморо мебояд, ки бо истифода аз ин линк то 2-юми феврали соли 2021 сабти ном кунед (ва забонеро қайд кунед, ки дар он барои шумо гирифтани омӯзиш бароҳат аст).

Омӯзиш аз модулҳои қаблан сабтшуда ва вебинарҳои онлайнӣ иборат аст. Ширкаткунандагон на дертар аз 11-юми феврал ба модулҳои сабтшуда дастрасӣ пайдо мекунанд. Вебинарҳо рӯзҳои 23 ва 25-уми феврал баргузор мешаванд.

Маълумоти бештари омӯзишро дар даъватномаи расмии CRDF Global дарёфт кардан мумкин аст. Ғайр аз ин, шумо метавонед бо Карстен Бол, менеҷери калони лоиҳа тариқи суроғаи электронии kball@crdfglobal.org дар тамос бошед.

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ