ДомойНақди РасонаӣДар Тоҷикистон вирус нест - 3: Гузориши расонаҳои кишвар аз паёми раисҷумҳур

Дар Тоҷикистон вирус нест — 3: Гузориши расонаҳои кишвар аз паёми раисҷумҳур

Ҳафтаи ҷорӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумони кишвар бо паёми солона муроҷиат кард. Расонаҳои давлативу мустақил, барномаҳо ва наворҳои ахбори худро бо изҳороти пурсарусадои сарвари давлат пур карданд. Рӯзноманигорони хориҷӣ пеш аз ҳама диққатро ба он ҷалб карданд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ гуфт: Тоҷикистон коронавирусро мағлуб кард. “Новый репортер” ин чорабиниро пайгирӣ кард.

Ҳар сол, вақте президенти Тоҷикистон ба парлумон муроҷиат мекунад, зиндагӣ дар ҷумҳурӣ дувуним соат боз мемонад. Ҳама мансабдорон, кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, муаллимону табибон, мактаббачагон ва донишҷӯён дар маҷлисгоҳҳо пеши телевизион ҷамъ омада, бодиққат суханони сарвари давлатро гӯш мекунанд. Агар толори маҷлисӣ мавҷуд набошад, мардум президентро дар ҷойҳои кории худ, дар дафтари одӣ гӯш мекунанд.

АМИТ «Ховар»

«Кормандони АМИТ «Ховар» тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баргузор карданд», — иттилоъ доданд рӯзи 26-уми январ, рӯзноманигорони «Ховар».

«Тамошои Паёми Пешвои миллат ба парлумони кишвар дар тамоми муассисаҳову ташкилотҳои шаҳри Хуҷанд ташкил карда шуд», хабар доданд, мухбирони минтақавии “Ховар”.

Рӯзноманигорони шабакаҳои телевизионии давлатӣ, асосан мухбирони минтақавии онҳо, дар он рӯз мавзуъи намоиши дастаҷамъонаи паёми Президентро дар пайи «Ховар» идома доданд. Онҳо дар бахшҳои хабарӣ нақл карда, нишон доданд, ки чигуна аҳолии Тоҷикистон нутқи сарвари давлат, ки дар он ӯ «самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳуриро муайян кардааст» мешунаванд.

Вале телевизионҳои давлатӣ гузоришҳоро дар бораи намоиши дастаҷамъӣ каме баъдтар оғоз карданд. Рӯзи Паёми Президент дар шабакаҳои кишвар чун анъана дар режими махсус баргузор мешаванд: масалан, шабакаи телевизиони «Тоҷикистон» ҳатто ба шарафи суханронии сарвари давлат барнигоштҳои махсус сохт.

Соати 10-и субҳи 26-уми январ, тамоми шабакаҳои асосии телевизиони давлатии кишвар, аз ҷумла шабакаи кӯдаконаи «Баҳористон», паёми президентро мустақиман пахш карданд. Суханронӣ 2,5 соат давом кард. Сипас рӯзноманигорони шабакаҳои давлатӣ барои ҷамъоварии тафсирҳо ба толоре, ки Эмомалӣ Раҳмон баромад мекард, рафтанд ва назари ширкаткунандагонро аз паём гирифтанд. Баъдан дар гузоришҳои махсус суханро ба коршиносон доданд, ки онҳо низ ба суханронии президент баҳои баланд доданд. Ва ниҳоят, худи ҳамон рӯз, шабакаҳои телевизионӣ бори дигар ҳама чизеро, ки Президент дар бораи он гуфт, такроран дар барномаҳои хабарии бегоҳӣ пурра ва пора-пора нақл карданд.

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон ба чанд бахш тақсим карда шуд. Дар ҳар қисм ӯ дар бораи дастовардҳои кишвар ҳарф мезад. Вай аз ҷудо кардани 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ (140 миллион доллар) ба соҳаи тандурустӣ дар соли 2020 оғоз кард. Баъдан ӯ ба иқтисодиёт гузашт, ки 4,5 % афзудааст. Ҳамзамон дигар дастовардҳоро қайд кард: буҷаи давлатӣ, бахши хусусӣ – устувор рушд кардаанд, саноат – дар ҳоли барқароршавӣ аст, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳамаи соҳаҳои кишоварзӣ – рушди босуръат доранд ва ғ.

Эмомалӣ Раҳмон ба мавзуъи ҳифзи саломативу пандемияи коронавирус баргашта, ҳамаи табибоне, ки «дар роҳи ҳифзи саломатии мардуми Тоҷикистон фидокорона меҳнат карданд» изҳори миннатдорӣ баён кард ва сипас ногаҳон гуфт, дар кишвар коронавирус вуҷуд надорад. Ин изҳорот натанҳо аз ҷониби расонаҳои маҳаллӣ- давлативу мустақил, балки аз ҷониби расонаҳои хориҷӣ низ иқтибос оварда шуд. Гузашта аз ин, АМИТ “Ховар” бо баъзе сабабҳо изҳоротро дар бораи пирӯзӣ бар коронавирус ду маротиба нашр кард: аввал мустақилона ва сипас бо линк ба «Российская газета».

«Ховар» дар ин бора дар гузориши худ ғайр аз иқтибоси худи президент, заминаи хеле мустаҳкам овард. Масалан, онҳо барои тасдиқи суханони Эмомалӣ Раҳмон, ду маротиба ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муроҷиат карданд, ки дар чанд рӯзи охир гузориш дод: дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст. Онҳо ёдовар шуданд, ки табибон дар ҳама дидбонгоҳҳои сарҳадӣ навбатдорӣ мекунанд ва шаҳрвандони аз хориҷа омадаро ба карантини 14-рӯза мефиристанд. Инчунин, қайд карданд, ки ҳарчанд президент гуфт, дар кишвар вирус нест, аммо амр додааст, ки пӯшидани ниқоби тиббиро қатъ накунанд. Рӯзноманигорони ин нашрия барои эътимоди иловагӣ гуфтанд, ки ҳатто «хабаргузории русии Sputnik хабар дод, ки Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мубориза бо коронавируси нав пешсаф аст». Воқеан, дар паёми «Sputnik Тоҷикистон», ки дар «Ховар» зикр шудааст, чунин хулосаҳо дар асоси омори Вазорати тандурустии маҳаллӣ бароварда шудаанд.

Баъди ду рӯзи паёми Президент  “Sputnik Тоҷикистон” дубора ба мавзуъи набудани COVID-19 дар Тоҷикистон баргашт ва навори кӯтоҳеро таҳти унвони: «Ғалабаи Тоҷикистон бар коронавирус: сирри он дар чист?» нашр кард. Дар дохили ин хабар, рӯзноманигорон ба саволҳои худ посух доданд: «Тоҷикистон барои мубориза бо коронавирус якчанд қадамҳои гуногун гузошт: марзҳо баста шуданд, кори масҷидҳо, донишгоҳҳо, боғчаҳо ва мактабҳо боздошта шуданд, чорабиниҳои варзишиву маросимии оммавӣ бекор карда шуданд».

Инчунин ҳамкасбони рӯзноманигорони агентиҳои иттилоотии давлатӣ — хабарнигорони нашрияи мустақили «Азия-Плюс», ки чанд сол боз дар қаламрави Тоҷикистон масдуд карда шудааст, паёми президентро пайгирӣ карданд. Агар шумораи иттилооти ин мавзуъро аз «Ховар» ва «Азия-Плюс» муқоиса кунем, пас гӯё «осиёиҳо» аз ҳад нагузаронидаанд. Дар сомонаҳои онҳо, илова бар матни пурраи паём, як қисми кӯтоҳи он, сипас паёмҳо бо иқтибосҳои возеҳи сарвари давлат ҷой доштанд. Ҳар як мавод бо имзои алоҳидаи муаллифӣ нашр гардид. Аз ин рӯ, маълум буд, ки тамоми тим паёми президентро пайгирӣ кардаанд.

Дар ин ҷо низ набудани коронавирус мавҷуд буд. Аммо рӯзноманигорони нашрияи мустақили “Азия Плюс” кӯшиш накарданд, ки ба аудиторияи худ чизеро исбот кунанд. Онҳо танҳо суханони президентро калима ба калима иқтибос оварданд ва ёдрас карданд, ки аз рӯзи 11-уми январ то ҳол дар кишвар ягон ҳодисаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудаасту аз оғози пандемия 90-кас фавтидааст. Ҳатто муқоисаи шумораи фавти кишварҳои ҳамсоя аз коронавирусро, рӯзноманигорон нашр накарданд. Рӯзноманигорон он далелро ба хотир наоварданд, ки камтар аз як сол қабл, вақте мақомот мегуфт, ки дар кишвар ҳеҷ гуна коронавирус вуҷуд надорад, бо мақомот меҷангиданд.

Илова бар гузориши COVID-19, «осиёиҳо» таваҷҷуҳро ба он ҷалб карданд, ки Эмомалӣ Раҳмон озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» -ро ситоиш карда, амр дод, ки сабқати навро ташкил кунанд: «Илм чароғи дониш аст».  Онҳо қайд карданд,  президент пешниҳод додааст, ки Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шавад. Инчунин соҳибкоронро ба бунёди кӯдакистонҳо даъват кардааст. Рӯзноманигорон дар ин гузоришҳо ғайр аз иқтибосҳои Эмомалӣ Раҳмон, тафсилоти дигаре надоданд ва танҳо дар чанд нашрия аудитория матнро каме шарҳ додааст.

Масалан, дар мақолае, ки президент роҳи баромадан аз бунбасти нақлиётиро эълон кард ва ба рейтингҳое ишора кард, ки дар он Тоҷикистон аз ҷиҳати сифати роҳҳои автомобилгард ҷойгоҳи мустаҳкамро ишғол мекунад, рӯзноманигорон қайд карданд: роҳҳои ВМКБ тӯли 30 сол аст, таъмир нашудаанд. Дар матни изҳороти Эмомалӣ Раҳмон дар бораи он, ки Тоҷикистон ба миқдори кофӣ нерӯи барқ ​​дорад (гарчанд дар шабакаҳо талафот мавҷуд аст), «осиёиҳо» ёдовар шуданд, ки аз 5-уми январ то инҷониб дар кишвар маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ​​ҷорӣ шудааст.

Рӯзноманигорони “Радиои Озодӣ” ва лоиҳаи “Настоящее время” роҳи дигарро пеш гирифтанд. Онҳо танҳо чанд мавод оид ба паёми Президентро нашр карданд. Дар матни аввал, санаи 26-уми январ, “Радиои Озодӣ” дар бораи он, ки намояндагони оппозитсия ва онҳое, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, дар бораи паёми президент чӣ андеша доранд, қисса кард.

“Паём воқеияти иқтисодиёти миллӣ ва нақши Тоҷикистонро дар минтақаву ҷаҳони муосир инъикос намекунад. Беҳтар мебуд, ки президент дар тӯли 35-40 дақиқа ғояҳо ва пешниҳодҳои мушаххас пешниҳод кунад”, — гуфт Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба хабарнигорони “Радиои Озодӣ”.

Дар сужаи «Настоящее время» паёми Эмомалӣ Раҳмонро иқтисодчӣ, муовини собиқи вазири иқтисодии Тоҷикистон — Каримҷон Аҳмадов, ки ҳоло дар Канада зиндагӣ мекунад, шарҳ дод.

«Шумо медонед, ки ман ин баромадро бодиққат тамошо карда, худро гӯё дар маҷлиси ҳизбии миёнаи солҳои 70-уми асри ХХ эҳсос кардам. Рақамҳои эълоншуда вазъи воқеиро инъикос намекунанд. Рақамҳоро барои он нишон медиҳанд, ки дар кишвар ҳама чиз муқаррарӣ бошад. Ман ба ин рақамҳо эътимод надорам ва ҳар яки он нуқтаро шарҳ дода метавонам”, — гуфт Аҳмадов дар мусоҳиба бо рӯзноманигори «Настоящее время».

Дар мавриди изҳороти баланди Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сабти ном нашудани ҳолатҳои нави COVID-19, рӯзноманигорони «Настоящее время» низ аз ӯ гузашта натавонистанд. Онҳо дар ин мавзуъ як сужаи кӯтоҳе омода карданд, ки дар оғози он фавран қайд мекунанд: афсӯс, ба изҳороти Президенти Тоҷикистон бовар кардан осон нест, зеро рӯзноманигорон ин маълумотро санҷида наметавонанд. Масалан, соли гузашта мақомоти кишвар то омадани намояндагии махсуси СУТ мавҷуд будани коронавирусро дар Тоҷикистон рад карданд.

Соли гузашта, мансабдорон низ гуфта буданд: рӯзноманигорон вазъро шадидтар карда, дар байни мардум бо шубҳаашон ваҳм меоранд. «Новый репортер» пас аз он низ рӯйдодро пайгирӣ карда, дар ин мавзуъ ду мавод омода кард: «Дар Тоҷикистон вирус нест» ва «Дар Тоҷикистон вирус нест-2«. Ва ҳоло навбати қисми сеюм расид.

Лилия Гайсина
Лилия Гайсина
Медиакритик, медиаэксперт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ