ДомойНақди РасонаӣПаёми президент. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон аз 24 то...

Паёми президент. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон аз 24 то 31 январ

Ҳафтаи сипаришуда мавзуи на танҳо гузоришҳои барномаҳои ҷамъбастии шабакаҳои телевизионӣ, балки матбуот ва радиову интернети дохили ҷумҳурӣ низ ба баргузории чорабинии муҳими сиёсӣ – паёми ҳамасолаи президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат бахшида шуда буд. Хабари асосии барномаҳои ҷамъбастӣ – сипосгузории деҳқонон аз президент барои аз андози ягона ба муддати як сол озод намудани онҳо мебошад.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»
26 январ дар толори «Кохи Сомон» паёми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид.
Дар толор аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, аъзои Ҳукумати кишвар, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарияти корхонаю муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, бонкҳо, доираи тоҷирону соҳибкорон ва ҷавонони ташаббускор, намояндагони ҳайати дипломатӣ ва воситаҳои ахбори умум иштирок доштанд.
Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, президенти кишвар самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошт.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ президент пешниҳод намуд, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд. Ҳукумати кишвар бошад, вазифадор карда шуд, ки барои дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ барои пӯшонидани манбаи андози мазкур чораҷӯӣ намояд.
Давоми барнома боз як гузориши расмии дигар аз бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуда, дар бораи 27 январ баргузор шудани маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ дод.
Он низ тахти таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, мақсади асосии баргузориаш – шиносоӣ бо рафти омодагиҳо барои таҳлили ҷашни 30-солагии ҷумҳурӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо сохтмону барқарорсозии беш аз 25 ҳазор иншоот пешбинӣ гардида, то имрӯз бо ташаббуси сохторҳои давлатӣ, бахши хусусӣ ва сокинони мамлакат 18300 иншоот сохта, ба истифода дода шудааст.
Зимни таҳлили вазъи соҳаи энергетикаи кишвар сарвари давлат таъкид кард, ки сатҳи талафоти нерӯи барқ ҳанӯз зиёд буда, хеле ташвишовар мебошад ва масъулинро вазифадор намуд, ки маблағи истифодаи неруи барқро аз муштариён ҷамъоварӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Баъд аз ин, аз баргузории иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, даъвати шашум иттилоъ дода шуд, ки 25 январ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии МО ҶТ, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ доир гардид. Яке аз масъалаҳои баррасишаванда – ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» мебошад, ки тибқи он минбаъд адои хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок муқаррар карда мешавад. Яъне хизмат аз ин пас алтернативӣ шуда, бархе аз ҷавонон, ки барои хизмат омода нестанд, метавонанд маблағи муайянеро ба давлат пардохт намуда, аз он халос шаванд.
Гузориши навбатии ҳафта ба таҷлили иди Сада бахшида шуда буд, ки дар боғи фароғатии ба номи Фирдавсии пойтахт рузи якшанбе баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ деҳқонон ва роҳбарони як қатор хоҷагиҳои фермерии ҷумҳурӣ иштирок намуда, аз ҷумла чанд нафар дар мавриди аз андоз озод намудани деҳқонон аз ҷониби президент ҳарф зада, сипосгузорӣ намуданд.
Инчунин дар шарҳи иқтисодии паи ин гузориш пахшгардида, гуфта шуд, ки соли 2020 нисбат ба соли 2019 маҳсулоти кишоварзӣ 8,8% афзуда, беш аз 33621,6 млн сомониро ташкил дод. Муаллиф афзуд, ки «ҳангоме, ки дар тамоми ҷаҳон руз то руз таъмини ғизо душвор мегардад, афзоиши ҳосилнокӣ метавонад ғановатро дар бозори истеъмолӣ таъмин намояд».
Дар ин мавод низ дар бораи аз пардохти андози ягонаи замин озод намудани деҳқонон ишора шуда, қайд гардид, ки ҳамакнун деҳқонон имкони ҳар чи бештар истеҳсол намудани маҳсулоти кишоварзиро пайдо намуда, ҳар қитъаи заминро самаранок истифода мебаранд.
Дар гузориши навбатӣ мусоҳибон дар бораи аҳамияти стратегии Паёми президенти кишвар сухан карданд. Муаллиф Манучеҳри Сулаймон афзуд, ки «паём сар то по барномаи мукаммали фаъолияти давлат барои хотири шукуфоӣ ва рушди миллат аст». Нисо Бобоева – раиси иттифоқҳои касабаи кормандони роҳу нақлиёт иброз дошт, ки аз он хушнуд аст, ки роҳбари кишвар мақоми занонро боло бардошта, онҳоро ҳарҷониба дастгирӣ менамояд.
Гузориши охири барнома ба роҳҳои ҷумҳурӣ ва сифати он бахшида шуда, дар он аз ҷумла, гуфта шуд, ки азбаски дар рейтинги байналмиллалӣ дар байни 141 давлати кишвар мо дар ҷои 50-ум қарор дорем, ин факт аз он далолат мекунад, ки сохтмони роҳҳои ҷумҳурӣ дар асоси меъёрҳои байналмиллалӣ ба роҳ монда шудааст.

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»
Барнома пурра аз гузориши расмӣ дар бораи Паёми роҳбари давлат ба Маҷлиси Олии ҶТ иборат буда, дар анҷоми гузориш чанд тан занон аз ҷумлаи иштирокчиёни чорабинӣ баромад намуда андешаҳои худро дар бораи аҳамияти паём иброз намуда, онро раҳнамо барои фардои нек номиданд.

«Ҳафт руз», ТВ «Ҷаҳоннамо»
Бахши расмии ин барнома низ ба паёми президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон бахшида шуда буд.
Мавзуи гузориши дигар дар бораи зарурати фанҳои дақиқ буда, аз ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд матраҳ гардид. Дар он яке аз мусоҳибон — омузгори мактаб иброз дошт, ки дар доираи эълон шудани 20-солаи рушди фанҳои дақиқ дар кишвар, имсол онҳо тасмим гирифтанд, ки бо кумаки падару модарон ҳуҷраи фанни физика ва дар оянда синфхонаи фанни биологияро таъмир ва муҷаҳҳаз гардонанд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар гузориш аз баргузории ҷашни Сада дар боғи ба номи Фирдавсии пойтахт низ доир ба аҳамияти Паёми навбатии сарвари кишвар сухан карда, чанд нафар дар бораи аҳамияти стратегӣ доштани пешниҳоди президент дар бораи аз андози ягона озод намудани кишоварзон баромад намуданд.
Яке аз баромадкунандагон аз ҷумлаи деҳқонон иброз дошт, ки маблағи ба ҷои пардохти андоз ҷамъовардаро онҳо акнун метавонанд барои харидории доруҳои минералӣ ё ба муҷаҳҳазгардонии техника истифода намуда бо ин роҳ дастурхони мардумро пур намоянд.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ