ДомойМедиалентаХудтанзимгарӣ ва ахлоқ дар расонаҳои Осиёи Марказӣ: Оё меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигорон ояндае...

Худтанзимгарӣ ва ахлоқ дар расонаҳои Осиёи Марказӣ: Оё меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигорон ояндае доранд?

Оё рӯзноманигорон метавонанд, ки мустақилона масъалаҳои касбии худро ҳал кунанд? Ҳоло асри рақамӣ ва ҳар як шахс расона аст. Чун ҳар кас метавонад ба осонӣ муҳтаво эҷод ва паҳн кунад. Дар ин ҳолат, оё меъёрҳои ахлоқии рӯзноманигорӣ куҳна нашудаанд? Ҳуқуқшиносони расонаӣ Олга Диденко ва Карим Бахриев кодексҳои ахлоқии рӯзноманигорони Осиёи Марказиро аз нав дида баромаданд. Инчунин ташаббусҳо, равандҳо ва тағйиротҳои ояндаро дар соҳаи худтанзимкунии расонаии кишварҳои Осиёи Марказӣ омӯхтанд.

Қазоқистон

Соли равон дар Қазоқистон якбора ду ташаббуси нави худтанзимкунӣ ва этикаи расонаӣ пайдо шуданд. Нахуст, як гурӯҳи калони рӯзноманигорон, муҳаррирон, муаллимон барои таҳияи Принсипҳои нави асосии расонаҳои Қазоқистон ҷамъ омаданд.

Ташкилкунандагон пешниҳод мекунанд, ки ин принсипҳои асосиро нашрияҳо бо ташаббуси худ истифода баранд ва дарк кунанд, ки эътимоди аудитория ба муҳтаво сармояи асосии ҳар нашрия мебошад. Дар зери мафҳуми нашрия — шахс ё гурӯҳи одамоне дар назар дошта мешаванд, ки барои истеъмоли омма муҳтаво эҷод мекунанд. Сарфи назар аз оне, ки ин нашрия ҳамчун расона фаъолият мекунад ё не.

Платформаи наве, ки нашрияҳои интернетии Қазоқистонро муттаҳид кард, таҳқиқот миёни коршиносон ва пурсиш аз аудитория оид ба дарки муҳтавои пулакӣ дар расонаҳо гузаронид. Қонуни Ҷумҳурии Қазоқистон «Дар бораи таблиғ» ба ҳеҷ ваҷҳ вазифадор нест, ки тамоми муҳтавои пулакии дар расонаҳо нашршударо нишон диҳад.  Аммо дараҷаи эътимод ва ошкорбаёнии ВАО дар назди аудитория баландтар аст, агар муҳтавои пулакӣ қайд карда шавад.

Тибқи пурсиши истеъмолкунандагон, ҳама муҳтавои пулакӣ бояд новобаста аз оне, ки дар доираи фармоиши иттилооти давлатӣ ё аз ҷониби як ширкати хусусӣ пешниҳод шудааст, бояд нишонгузорӣ карда шавад. Меъёрҳои асосӣ — эътимоднокӣ, муфидӣ ва пешниҳоди ҷолиб мебошанд. Набудани нишонгузорӣ иштибоҳ аст. Инчунин ба коршиносон — мутахассисони PR, таблиғгарони калон, намояндагони агентиҳои таблиғотӣ саволҳо оид ба ҷойгиркунии пулакӣ дода шуданд. Коршиносон қайд мекунанд, ки маълумотро дар расонаҳо ройгон пешниҳод кардан бартарӣ дорад. Барои мисол, агар мавзуъҳо, қаҳрамонҳо, таҳлилҳои ҷолиб пешниҳод кунанд. Аммо ин равиш на ҳамеша расонаҳоро қонеъ мекунад. Дар таҳқиқот қайд мешавад, ки стандартҳои дақиқе лозиманд, то кадом маводҳо бояд нишонгузорӣ карда шаванд, кадоме не.

Платформаи расонаҳо ихтиёрӣ ва худтанзимкуниро ҳамчун вариантҳои қобили қабул барои ҳалли масъалаи нишонгузории маводи пардохт дар расонаҳо пешниҳод мекунад.

Ӯзбекистон

Шӯрои этика ё омбудсмени расонаҳо, 17-уми июли соли 2019, дар конфронси Иттифоқи эҷодии рӯзноманигорони Ӯзбекистон — Кодекси этикаи касбии рӯзноманигорони Ӯзбекистон қабул карда шуд. Дар он ҷо инчунин мавқеи Шӯрои ҷамъиятии одоби касбӣ тасдиқ гардид, ки аз байни рӯзноманигорони пешбари расонаҳои чопӣ, электронӣ, олимон ва вакилон интихоб карда шуданд.

Кодекси нав ба арзишҳои касби рӯзноманигорӣ асос ёфтааст:  ҷудо кардани далелҳо аз андешаҳо, ҳамеша иттилоотро ҳадди аққал аз ду манбаи мустақил тафтиш кардан, тавозуни афкорро нигоҳ доштан, ҳангоми интихоби мавзуъ ё қисса манфиати ҷамъиятиро риоя кардан, ҳеҷ гоҳ дидаву дониста маълумоти бардурӯғро нашр накардан;

Парвандаҳои (яъне шикоятҳо) вайрон кардани принсипҳо ва меъёрҳои ахлоқи рӯзноманигориро бояд Шӯрои одоби касбии рӯзноманигорони Ӯзбекистон баррасӣ кунанд. Агар меъёрҳо вайрон карда шаванд, ин барои ба ҷавобгарӣ кашидани рӯзноманигор асос шуда наметавонад. Шӯрои назорати риояи ахлоқи касбӣ барои рӯзноманигорон метавонад қарор қабул кунад, ки дар расонаҳо ҳисоботи шикояти баррасишуда ва инчунин дигар намудҳои «мулоим» -и масъулият — нашр карда шаванд.

Ӯзбекистон моҳи феврали соли 2019 эълон кард, ки таъсиси институти омбудсмени расонаҳо барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ВАО ба нақша гирифта шудааст. Онҳо навиштанд, ки он барои пешгирии дахолати беасоси мақомоти давлатӣ ба кори расонаҳо машғул мешавад ва дар баҳсҳои байни ВАО-ву мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ миёнаравӣ мекунад. Инчунин назорат мекунад, ки рӯзноманигорон муқаррароти қонунгузории амалкунанда ва кор бо шикоятҳои шахсони воқеиву ҳуқуқиро оид ба «ҳама гуна маводҳои баҳсбарангез» риоя кунанд.

Мутаассифона, ҳоло дар бораи ин ташаббус чизе шунида нашудааст. Он қисми Консепсияи сиёсати ягонаи иттилоотии Ӯзбекистон буд, ки аз ҷониби Агентии иттилооту коммуникатсияи оммавии назди Дастгоҳи Президент пешниҳод шуда буд. Вале то ҳол тасдиқ нашудааст.

Ҳадафи ниҳодҳои худтанзимкунии расонаҳо, ҳифзи ВАО аз назорати зиёди ҳукумату ҷомеаи шаҳрвандии журналистикаи беадолатона мебошад. Фоидаҳои худтанзимкунии расонаҳо ба қадри кофӣ равшананд. Гузаронидани як қисми баҳсҳои иттилоотӣ ба самти худтанзимкунӣ метавонад судҳоро сабук кунад ва сатҳи баррасии объективии баҳсҳоро дар асоси донишҳои касбиву таҷрибаи аъзои мақомоти худтанзимкунӣ баланд бардорад. Қабули қарори Шӯрои этика ё омбудсмен оид ба ВАО имкон медиҳад, ки сатҳи ахлоқи касбӣ ва фарҳанги ҳуқуқии вебнависону рӯзноманигоронро ба таври назаррас беҳтар кунад.

Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон Меъёрҳои ахлоқии журналистика ва Шӯрои ВАО — платформаи баррасии баҳсҳо, шикоятҳо нисбати расонаҳову рӯзноманигорон дар сурати вайрон кардани ин қоидаҳо мавҷуд аст. Аммо қоидаҳои ахлоқӣ, дигар воқеияти расонаҳои имрӯзаро инъикос намекунанд. Аз ин рӯ, тамоми сол аъзои Шӯрои ВАО бо шарикони худ дар таҳияи лоиҳаи нави кодекси ахлоқии рӯзноманигорони тоҷик кор карданд.

Кодекси нав ба фаҳмиши муосир, ба чӣ будани расонаҳо асос ёфтааст ва рушди технологияҳои иттилоотиро ба назар мегирад. Ҷанбаҳои наве, ки қаблан дар меъёрҳои ахлоқӣ ба назар гирифта намешуданд — асардуздӣ, васоити ахбори омма, таблиғоти интихоботӣ акнун ба назар гирифта мешаванд. Инчунин тартиби боз ҳам фаҳмотари баррасии шикоятҳо пешниҳод карда мешавад.

Қирғизистон

Ҳамсояҳои мо анъанаи деринаи худтанзимкунии матбуотро доранд. Соли 2007 Комиссияи баррасии шикоятҳои расонаҳо таъсис дода шуд ва Кодекси ахлоқии рӯзноманигорони Қирғизистон қабул гардид.

Тартиби дақиқи пешниҳоду баррасии шикоятҳо мавҷуд аст. Ҳар як шахс ё ташкилот давоми сол бо Комиссияи шикоятҳо тамос гирад. Шикоят бояд дорои маълумот бошад: яъне аризадиҳанда вайрон кардани қоидаҳои ахлоқиро дар чи мебинад. Агар шикоятҳо ба вайронкунии муқаррароти Кодекси ахлоқ рабт надошта бошанд, пас шикоят аз баррасӣ рад карда мешавад. Вале агар воқеан чунин қонуншиканӣ тасдиқ шавад, он гоҳ шикоят аз ҷониби комиссия бодиққат баррасӣ карда мешавад.

Қарорҳои комиссия ба нашрияи расона, ба аризадиҳанда фиристода шуда, дар сомона нашр карда мешаванд.

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ