Дар доираи семинари инноватсионии Эдютон -2021 Раиси Иттифоқи касабаи расонаҳои мустақили Украина, муаллифи дастурҳои саводнокии расонаӣ, этикаи журналистӣ ва бехатарӣ, мураббии расонаӣ — Сергей Штурхетский таҳти унвони “Усулҳои онлайнии интерактивии таълими тафаккури интиқодӣ” мастер-класс баргузор кард. «Новый репортер» дар бораи он абзорҳое қисса мекунад, ки худи коршинос дар фаъолияти касбиаш истифода мекунад.
Баромади Сергей Штурхетский натанҳо иттилооти ҷолиб, балки дастури амалӣ оид ба чӣ гуна гузаронидани омӯзишҳои онлайнӣ мебошад. Ӯ супоришу саволҳо медиҳад — иштирокчиён посух мегардонанд. Сипас онҳо дарк мекунанд, ки метавонанд ин усулҳоро дар фаъолияти касбии худ истифода кунанд.
«Ҳангоми омӯзиши онлайнӣ — чи аз ҳама муҳим аст?»
Аудитория посух медиҳад: мавҷудияти Интернет, қобилияти бедор кардани таваҷҷуҳ ва ё нигоҳ доштани диққат, пешгирӣ аз хоб кардан ҳангоми рӯнамоӣ, камтар матн ва бештар тасвирҳо.
Сергей бо ин гуфтаҳо розӣ шуда, қисса мекунад, ки барои ҷалби диққати аудитория айсбрейкерҳо пешниҳод кунанд. То ки дар ибтидо ширкаткунандагон “гарм” шаванду ҷараёни омӯзиш дилгир нагарданд. Айсбрейкер машқест, ки барои эҷоди муносибати мусбӣ лозим аст. Он ҳангоми оғози барномаи нави таълимӣ (лоиҳа), дар оғози кори гурӯҳҳои хурди ҳамкорӣ, дар охири ҷаласа ҳангоми хаста шудани иштирокчиён истифода бурда мешавад. Ҳатто як бозӣ метавонад, аудиторияро зинда кунад. Ҳамин тариқ, омӯзиш аз ҳисоби ҳамкории аудитория ва мураббӣ интерактивӣ хоҳад буд.
“Агар яке аз ширкаткунандагон аз омӯзиш қафо мемонад, чӣ кор бояд кард?» Ё мушкилоти омӯзиши онлайнӣ
Барои иҷрои ин вазифа, Сергей ба ширкаткунандагони семинар оид ба воситаи онлайнии Jamboard нақл кард. Ширкаткунандагон ба тахтаи онлайнӣ даромада, посухи худро ба савол навиштанд. Тахта дар ибтидо чунин буд.
Пас аз он, ки Сергей Штурхетский ишорае дод: баъзеи ин мушкилот технологӣ ва баъзеи он педагогӣ мебошанд. Ҳар яки онро дар гӯшаҳои гуногун ҷудо гузошта, бояд алоҳида ҳаллу фасл кард: технологиро бо роҳи технологӣ, педагогиро – бо роҳи педагогӣ.
«Чигуна ба ин мушкилот посух додан мумкин аст?»
Боз сухан дар бораи зарурати танаффус ва кофе-брейкҳо рафт. Чӣ гуна бояд фаҳмид, ки аудиторияи шумо ба истироҳат ниёз дорад. Ҳоло яке аз машқҳои Сергейро пешниҳод мекунем: ӯ аз ширкаткунандагон хоҳиш кард, ки чашмони худро пӯшида, то 1 дақиқа ҳисоб кунанд. Касе чашми худро 40, касе 50 ва чанд кас дар 75-ум сония кушоданд. Сергей қайд кард: дар таҷрибааш ҳолатҳое буданд, ки ширкаткунанда то сонияи 100-ум чашмонашро накушодааст. Машқи дақиқаи ботинӣ як санҷиши хастагии одамон аст. Онҳое, ки дар ҳолати хубанд, фаъоланд, супоришро дар муддати кӯтоҳ анҷом медиҳанд. Онҳое, ки вақтро кашол медиҳанд, шояд хеле хаста шудаанд.
Дар омӯзиши онлайнӣ ҳам ба донишомӯзон ва ҳам ба омӯзгорон эҳсосот намерасад
Барои эҷод ва нигоҳ доштани фазои гарм, Штурхетский пешниҳод кард, ки кофе-брейкҳои муштарак баргузор кунанд: ҳама ба ошхонаи худ рафта, нӯшокии гарм гирифта, дар мавзуъҳои ҷолиб суҳбат карданд. Инчунин шумо метавонед суруд хонед, викторинаҳо гузаронед. Дар умум, коре кунед, ки аудиторияро аз ҷиҳати рӯҳӣ қувват бахшад. Ё дар раванд мубодилаи эҳсосот кунед: ҳоло дар Zoom панҷ табассумаки эҳсосӣ ҳастанд. Дар вақташ ин гуна табассумакҳо танҳо як дона буд.
Лоиҳа дар доираи барномаи осиёимарказии #MediaCAMP, ки аз ҷониби #USAID маблағгузорӣ шуда, #Internews онро амалӣ мегардонад, баргузор мешавад.