Интернюс як қатор вебинарҳои ройгонро доир ба тарзи ҷалби мухотабон ва зарурияти ҷалби онҳо барои расонаҳо роҳандозӣ кард. Яке аз мавзӯъҳои вебинарҳо бунёди ҷомеаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, роҳандозии иртиботи муассири дуҷониба бо корбарон ба унвони ҷузъи зарурии стратегияи рушди расонаҳо буд. Мария Рзаева, директори лоиҳаҳои махсуси расонаи “Бумага”-и Санкт -Петербург аз таҷрибаи худ нақл кард.
Рӯнамоии Мария Рзаева ба се мушкилоти пеши ширкати расонаии “Бумага” истода ва ба роҳҳое,ки ӯ барои ҳалли онҳо интихоб кардааст, бахшида шуда аст.
Мушкилоти №1. Таблиғоти расонаӣ мунтазам арзон мешавад: ҳам намоиши баннерӣ ва ҳам матнӣ
Таблиғоти расонаӣ дар ҳоли арзон шудан аст. Оҷонсиҳо тақозои тахфиф барои баннерҳову матнҳоро доранд, бозигарони дигари бозор бошанд, демпинг мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки на теъдоди боздид, балки чизи дигарро фурӯхтан лозим аст. Роҳи ҳал — афзоиши арзиши як ҳамкории таблиғотӣ мешавад. Ин кор на бо афзоиши арзиши таблиғот, балки бо эҷоди лоиҳаҳои ҷалб анҷом дода мешавад. Зеро тамоси ҷалбшуда гаронтар аст. Шахсе, ки ба чорабинӣ омадааст, нисбат ба шахсе, ки баннерро дар сомона дидааст, қиматтар мебошад.
Чӣ тавр арзиши ҳамкорӣ бо таблиғотро афзудан мумкин аст? Ҳамеша бояд арзиши тамосро дар зеҳн нигоҳ дошт. Барои мисол, он касе, ки баннерро менигарад, 1 тенге ва он касе, ки 30 фоизи матнро мехонад, 10 танге, то ба охир бихонад, боз ҳам зиёдтар арзиш дорад. Ҳамзамон касе, ки аз санҷиш гузашта мубодила мекунад, ин таваҷҷӯҳи бештар ва арзиши бештар аст. Вақте ки нашрия таҳқиқот мегузаронад, савол медиҳаду ҷавобҳои одамонро нашр мекунад. Корбароне, ки худи муҳтаворо истеҳсол кардаанд, аз ҳама гаронтаранд. Онҳо метавонанд то 1000 танга арзиш дошта бошанд. Барои он, ки ин одамон вақти худашонро барои мо сарф карданд. Баъзеашон дар охири пурсиш телефонҳо ва суроғаи электронии худро ба мо гузоштанд. Ва агар шахс ба чорабинии офлайн ва ё онлайн омада, чанд соат вақти худро сарф кунад, арзиши он бештар аз ҳама хоҳад буд. Шумо бояд ин равандро ҳамеша бо сатҳи гуногуни ҳамкорӣ дар саратон нигоҳ доред. Муҳаррирон бояд ба худ савол диҳанд: «Шояд чизе, ки мо мефурӯшем, арзиши бештар дошта бошад?».
Ғайр аз ин, ҳамеша дар хотир доштан лозим аст, ки маҳсулот бояд барои аудиторияҳои гуногун омода карда шавад. Одамоне ҳастанд, ки омодаанд вебинари якунимсоатаро тамошо кунанд, зеро ин барояшон роҳат аст, дигароне ҳастанд, ки барояшон хондани ду дақиқа матни кӯтоҳ бо муҳтавои вебинар беҳтар мебошад. Ва баъдан онҳое ҳастанд, ки сабти вебинарро тамошо хоҳанд кард. Инҳо ҳама аудиторияи мо мебошанд. Ин комилан як идеяи бозорёбӣ аст. Мария Рзаева мегуяд, расонаро бояд ҳамчун тиҷорати оддӣ дарк намоем. Барои мисол, шахсе барои харидани шир ба мағоза омад. Яке шишаи ду литра ва дигаре ним литраро интихоб мекунад. На ҳама ба як намуди бастабандӣ розӣ ҳастанд.
Мария дар бораи парвандаи Science Bar Hopping нақл мекунад, ки дар он олимони Маскав ва Санкт-Петербург ба барҳо омада, лексия мехонанд. Лоиҳаи мазкур дар ҳамкорӣ бо корпоратсияи давлатии “Роснано” амалӣ карда шуд. Вақте ин чорабинӣ ба таври офлайн доир мешуд, дар як рӯз ба 20 бар қариб 2000 одам барои гӯш кардани лексияҳо меомаданд.
Ҳангоми пандемия, лоиҳа дар формати онлайн гузаронида шуд. Агар шахс ба бар омада натавонад, вале омода бошад онро бишнавад, барояш подкаст месохтанд. Имкониятҳои дигар низ мавҷуд буданд: сабти лексияҳо, марафонҳои онлайнӣ, анбӯҳфиристҳои ҳафтаина, сӯҳбати Telegram-ӣ бо олимон, сӯҳбати махсус танҳо барои олимон. Ҳамин тариқ, ба ҷалби зиёд расиданд.
Мушкилоти №2. Захираҳои кофии сармоягузорӣ (пул ва кадрҳо) барои рушди расонаи шумо ба унвони як маҳсул дастрас нест
Нашрияҳо ҳамеша “мехоҳамҳои” худро доранд: мехоҳанд сомона бисозанд ва ё мехоҳанд подкасте сохта, онро роҳандозӣ кунанд. Вале барои ин ҳеҷ манбае вуҷуд надорад: на пуле ва на мутахассисе. Роҳи баромад аз ин вазъият чунин аст: саъй кунед мушкилоти шариконро ҳал карда, ҳамзамон барои худ абзор созед.
Агар дархости таблиғдиҳандаро «хушк» кунем, маълум мешавад, ки ӯ ва ҳайати таҳририя як чизро мехоҳанд: садоқат, таваҷҷӯҳ, гузариш, бозгашт, обуна дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Вазифаи асосӣ, ҳамон тавре, ки равондармонгарон мегӯянд — дар фикри худ будан аст. Яъне, ман баъдтар аз он чӣ гуна истифода мекунам? Чӣ гуна метавонам эҳтиёҷоти худро якҷо бо як брифи (хулосаи) таблиғотӣ бароварда кунам? Барои мисол, шумо ҳамеша мехостед, ки шабакаҳои иҷтимоии YouTube, TikTok, -ро роҳандозӣ кунед. Ва ҳамин тавр шумо метавонед алоқаи таблиғдиҳандаро қонеъ гардонеду баъдтар маҳсулоте, ки қаблан барои он манбаи кофӣ надоштед, истифода баред.
Мария мисоли як лоиҳа бо “Роснано” – ро овард: «Бумага» барои лоиҳаи Science Bar Hopping дар YouTube як шоу бо номи » Заходит учёный в бар…» ва сабти подкастро роҳандозӣ кард. Дар натиҷа, 9 серияи намоиш дар маҷмӯъ қариб ним миллион боздид ба даст овард. Хоҳиши нашрия амалӣ гардид! Пас аз ин подкаст, нашрия студияе таъсис дод, ки дар он ҳоло панҷ подкаст истеҳсол мешаванд. Ниёз ба подкастҳо аз он сабаб пайдо шуд, ки Science Bar Hopping ҳар шаш моҳ як маротиба доир мешавад ва байни чорабиниҳо вакууми иттилоотӣ ба амал меомад.
Мария, инчунин, як ҳолатро мисол овард, ки дар он “Бумага” дар сояи бренди худ ҷомеаи соҳибкорони шаҳрро таъсис дода, онро ба бонк фурӯхт. Натиҷаи ин ҳамкорӣ анбӯҳфиристӣ дар бораи соҳибкорон ва инчунин як қатор чорабиниҳо шуд: конфронсҳо бо иштироки 500 кас ва маърӯзачиёни маъруф, чорабиниҳои хурди мавзуъӣ. «Бумага» муҳтавоеро доир ба тиҷорат интишор кард. Ҳам “Бумага” ва ҳам бонк дар атрофи бренди худ ҷомеаи соҳибкорони ҳаводори худро ба вуҷуд оварданд.
Боз як кейси дигар – лоиҳаи формати онлайн «Завтрак» аст, ки дар он мулоқот бо олимон ва сӯҳбатҳо дар атрофи илм баргузор мегарданд. Меҳмонон ҳангоми сабти ном, барои хариди субҳона 400 рубл промокод мегиранд. Баъдан, қаҳва нӯшида, ҷаласаи коршиносонро тамошо мекунанд. Дар як субҳона ба ҳисоби миёна 94 нафар ширкат мекунанд. Вале пахши шабакаҳои иҷтимоӣ зери 100 ҳазор боздид мегирад. Маълум мешавад, ки хазинаи 94 иштирокчӣ 400 рублро ташкил дода, боқимонда аз ин арзонтар.
Мушкилоти №3. Дар чашми таблиғдиҳанда ба унвони як майдон бо ҳалҳои ҷолиб наменамоем
Баъзан чунин иттифоқ меафтад, ки расонаҳо ба унвони як майдон бо ҳалҳои ҷолиб ба назари таблиғдиҳанда намерасанд. Он вақт нашрия шоу-кейсҳо месозад, ки онро дубора такрор кардан мумкин аст. Бигзор ройгон бошад. Вале он кейсҳоро ба бозор нишон додаву исбот кардан мумкин аст, ки расона чунин амалҳои ҷолибу эҷодкорона карда метавонад.
Ҳамаи таблиғдиҳандагон бо дархости муҳтавои “олӣ” меоянд. Аммо ба ғайр аз «олӣ» боз кафолати самаранокӣ муҳим аст. Кафолат додан мумкин аст, зеро формат борҳо таҳия шудааст, ҳамаи додаҳои қаблӣ — шумораи фарогирӣ, тамошои кейсҳои қаблӣ, дар дастанд.
Мария инчунин дар бораи фиристодани анбӯҳфиристҳои пулакии анъанавии «Бумага», таърихи хонаҳо ва театрҳои Санкт-Петербург нақл кард. Нархи обуна барои як моҳ 150 рублро ташкил медиҳад. Инчунин нашрия клубе дорад, ки нархи ширкат дар он барои як моҳ 300 рубл аст. Иштирокчиёни он аз коршиносон мактубҳои ҷолиб, лексияҳо дар бораи шаҳр, тахфифҳо ва ғайра мегиранд. Ғайр аз ин, баъзе аз корбарон аз ҳама имтиёзҳо истифода намебаранд, вале саҳмгузорӣ карда, бо ин тариқ миннатдории худро ба нашрия барои беғаразона паҳн намудани ахбор дар бораи гирдиҳамоиҳои шаҳр иброз медоранд.
Сабти вебинари Мария Рзаева
Фаъолият дар самти ҷалби аудитория барои расонаҳо идома доранд. 18 уми феврал, коршиноси расонаии Қазоқистон, мураббии расонаӣ, продюсер Ержан Сулейменов доир ба интихоби аудитория барои лоиҳаи худ ва тарзи сохтани лоиҳа барои аудиторияи мушаххас вебинар баргузор мекунад. 25 уми феврал, вебинар ба форматҳои мушаххаси лоиҳаҳои ҷалби аудитория бахшида мешавад. Вебинар дар шакли интерактивӣ баргузор мегардад.
Рӯзноманигорон метавонанд ин донишҳоро тавассути ширкат дар озмуни грантии ҷалби аудитория барои расонаҳо дар амал татбиқ кунанд. Соли 2021 Интернюс то панҷ лоиҳаи муштараки ВАО ва ТҶ-ро дастгирӣ хоҳад кард, ки миқдори ҳар як грант то 3000 доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Дархостҳо то 1 уми марти соли 2021 қабул карда мешаванд.
Лоиҳа дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP, ки аз ҷониби #USAID маблағгузорӣ шуда, #Internews онро амалӣ мегардонад, баргузор мешавад.