Интернюс дар доираи лоиҳаи «Дастгирии фарогирӣ ва таблиғи озодии эътиқод» қабули дархостҳоро барои иштирок дар тренинг оид ба инъикоси масъалаҳои озодии динӣ барои ВАОғи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, эълон менамояд.
Намояндагони васоити ахбори омма, рӯзноманигорон, блогерҳо, фаъолони шаҳрвандии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, ки ба эҷоди муҳтавои аҳамияти иҷтимоӣ дошта дар форматҳои гуногун, ки дар расонаҳои нав маъмултаранд, даъват карда мешаванд.
Дар асоси натиҷаҳои омӯзиш, иштирокчиёни тренинг ҳадди ақал як маводро оид ба ҳар гуна масъалаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ , таҳти назорати тренерони асосӣ, таҳия менамоянд. Ғайр аз ин, иштирокчиён имконият пайдо мекунанд, ки барои истеҳсоли муҳтавои худ маблағ гиранд.
Дар доираи тренинг омӯзишҳо оид ба омода кардани мавод дар мавзӯи дин бо истифода аз асбобҳои муосири аудиовизуалӣ гузаронида мешаванд. Иштирокчиён дар бораи гуногунии динӣ дониш пайдо карда, чӣ гуна мақомоти маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коршиносонро чун манбаи иттилоот ҷалб карданро меомӯзанд.
Аз рӯи кадом меъёрҳо дархостҳо интихоб карда мешаванд?
Ҳангоми қабули қарор оид ба интихоби иштирокчиён, ба таҷрибаи омода кардани мавод дар мавзӯъҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ ва қобилияти кор дар форматҳои гуногун аҳамият дода мешавад. Афзалият ба номзадҳое дода мешавад, ки таҷрибаи эҷоди муҳтавои ба талаботи иттилоотии занон ва аҳолии зери хатар буда (осебпазир), ҷавобгӯ бударо дороанд. Кор бо забонҳои миллӣ ва забонҳои ақаллиятҳои миллӣ низ чун бартарӣ хоҳад буд.
Барномаи стипендиягӣ
Хатмкунандагони бомуваффақияти тренинг имконият доранд, ки дар барномаи стипендиягӣ ширкат варзанд, ки дар доираи он метавонанд мувофиқи мавзӯи омӯзиш ғояҳо пешниҳод кунанд ва барои татбиқи он маблағ гиранд (барои иштирокчиён аз Ӯзбекистон то $ 5,000, барои иштирокчиён аз Тоҷикистон то $ 6,000).
Омӯзишҳо дар нимаи дуюми моҳи майи соли 2021 ба нақша гирифта шудаанд, ки он ба ду қисм тақсим карда мешавад, ҳар кадоме 5 рӯзро дарбар мегирад.
Забонҳои расмии омӯзиш забонҳои русӣ ва миллӣ мебошанд.
Барои иштирок дар тренинг чӣ гуна муроҷиат кардан лозим аст?
Барои иштирок дар омӯзиш шумо бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоед:
- Аризаи пурраи онлайн (инҷост);
- Резюме (CV) ;
- Агар шумо рӯзноманигори озод (фрилансер) бошед, мактубро аз редаксия дар бораи омодагӣ барои нашри маводи иштирокчии тренинг дар расонаҳои худ пешниҳод намоед;
Резюме бояд ба суроғаи электронии tj-info@internews.org то 23 апрели соли 2021, соати 18.00 бо вақти маҳаллӣ фиристода шавад.
ДИҚҚАТ !!! Барои ба макони расидани дархост ҳатман матни мазкурро ба сатри мавзӯъ нусхабардорӣ намоед: «Барои иштирок дар тренинг оид ба озодии эътиқод.»
Барои саволҳои иловагӣ лутфан бо tj-info@internews.org тамос гиред.
Илтимос, дар хотир гиред, ки мо танҳо саволҳои тавассути почтаи электронӣ воридшударо баррасӣ хоҳем кард. Ташаккур барои ҳамкорӣ!