ДомойНақди РасонаӣҚиссаи 37 саҳифаи матнро тамошо кардани мо. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои...

Қиссаи 37 саҳифаи матнро тамошо кардани мо. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 4 то 11 апрел

Ҳафтаи сипаришуда низ дар ҳама барномаҳои ҷамъбастии ҳафта — «Тоҷикистон» (ТВ «Тоҷикистон»), «Ҷамъбасти ҳафта» (ТВ «Сафина») ва «Ҳафт руз» (ТВ «Ҷаҳоннамо») чун як ҳафта қабл гузориши муфассал аз сафари президенти кишвар баррасӣ шуд. Ин дафъа сарвари давлат  ба вилояти Суғд сафар карда ба муносибати 30-солагии Истиқлол қариб  20 иншооти навро дар вилоят ифтитоҳ намуд. Ин чорабиниро журналистони телевизион чӣ гуна инъикос карданд?

Аз 7 то 10 апрел президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафари корӣ намуда, дар ифтитоҳи чандин корхонаҳои наву таҷдидгардидаи саноатӣ ва иншооти иҷтимоӣ ширкат варзид. Бояд гуфт, ки сафари президент ба Суғд давоми ҳафта тариқи барномаҳои ҳамарузаи «Ахбор» ва барномаҳои иттилоотии дигар шабакаҳо нишон дода шуда буд. Аммо бар замми ин, барномаҳои ҷамъбастии ҳафтаро низ пурра ба он бахшиданд. Ғайриинтизор,  барномаҳо фақат шапка доштанду бе барандагони доимии худ пахш гардиданд.  Пахши гузориши муфассал дар ҳар се шабакаи телевизионӣ (“Тоҷикистон”, “Сафина” ва “Ҷаҳоннамо”) якмаром сурат гирифта, қариб 2,5 соати эфир тул кашид. Дар ин муддат аз шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Гулистон, Исфара, Истаравшан ва Хуҷанд  28 гузориш пахш шуд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Чун гузоришҳои пешин ҳамаи наворҳо аз ҷониби хадамоти матбуотии президенти ҷумҳурӣ пешкаш гардид.  Бояд қайд намоем, ки аксар бинандагон айни ҳол имкон доранд худ интихоб намоянд, ки телевизионҳои ватаниро тамошо кардан мехоҳанд ё не. Чунки аз дигар сарчашмаҳо, ғолибан тариқи сомонаҳо иттилоъ гирифтан мумкин аст. Ононе ки имконияти дидани шабакаҳои кабелӣ ё спутникро надоранд, маҷбуранд аз ҳамаи шабакаҳои телевизионии давлатӣ барномаҳои якмаромро тамошо кунанд.

Инак, нахуст, президент ҳангоми сафари корӣ корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти полиэтилениро дар Бӯстон ифтитоҳ намуд.  Дар наворҳои аз баландӣ гирифташуда бинои корхона ва майдони атрофи он пурра дида мешуд. Баъзан фикре пайдо мешавад, ки агар масалан, ҳамин дастгоҳи наворгирии фарогир — коптер (дрон) намебуд, наворбардорони телевизионҳои мо чи кор мекарданд?  Шукр, ҳамин дастгоҳ ҳасту метавон ғайр аз плани миёна ва наздик, инчунин аз дур навор пахш намуда, худи объекти гузоришро чунон бадвоҳима нишон дод, ки одами дидагӣ «ваҳ» гуфта, аз ҳашаматаш ангушти ҳайрат газад.

Дар навори пешниҳодгардида низ муаллифон кӯшиданд, ки корхонаи истеҳсоли полиэтиленро ҳамчун иншооти бузурги саноатӣ нишон диҳанд.

Ин ва боқимонда гузоришхҳо танҳо тариқи матни пасикадрӣ пешниҳод шуда, бо садои наттоқон садо доданд. Ҳарчанд овозҳо гуногун, аз ҷумла занона ҳам бошанд, тарзи омода кардани матлаб  ба жанрҳои телевизион ҷавобгу набуд.

Гузоришҳоро бо ҳар маром тамошо кардан мумкин аст. Аввал ин ки садои гузоришро хомуш намуда, танҳо наворҳоро тамошо карда дидем, бематну беовоз таъсираш бештар аст. Дар мавриди дигар барои таҷриба, наворро тамошо накарда, танҳо матнро гуш кунед  бе тасвир ҳам дар бораи корхона ва объектҳои дигари гузориш таассурот пайдо мекунед. Дар мавриди сеюм аз сомонаи агентии миллии иттилоотии кишвар — АМИТ «Ховар», ки воҳиди асоситарин ва ҷудоинопазири мақомоти иттилоотии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, дидан карда,  матни гузоришҳои пешкашшударо мутолиа намоед.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Пас, агар  гузориши телевизионӣ аз дигар расонаҳои иттилоотӣ ба монанди рузнома ё радио фарқ надошта бошад, чаро мо онро тамошо кунем? Чаро муаллифони барномаҳои хабарӣ телевизионро чун абзори пурқуввати идеологӣ эътироф накарда, аз паи ҷаззобу тамошобоб кардани гузоришҳояшон мегарданд?

Қариб ҳамаи 28 гузориши қолабие, ки дар барномаи ҷамъбастии рӯзи якшанбе пешниҳод гардид, бо матни якхела оғоз гардида, равишаш низ як хел буд. Масалан, дар гузориши аввал гуфта шуд, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтилении  “Файзи Бӯстон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд», паи ин дар гузориши навбатӣ садо дод, ки «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-ро мавриди истифода қарор доданд» ва чунин тарзи қолабӣ омода кардани матн  анқариб дар ҳар гузориш ҷо дошт. Бо садоҳои гуногун, аммо матни якхелаи пур аз канселяризм (ибораҳои расмӣ)  ва дилбазан. Гузоришҳо  қаҳрамони аниқ надоранд ва қолабӣ (аз руи як сенарияи аниқ) пешниҳод мегарданд. Анқариб дар анҷоми ҳар гузорише, ки аз ифтитоҳи корхонаву боғчаву маркази кудаконаву таълимгоҳҳо буданд, дар охир иштирокчиён, махсусан занону кӯдакон гирди президент ҷамъ омада якҷоя акс мегиранд. Агар чунин кор ба протоколи ҳамон чорабинӣ дохил шуда бошад, ин маънои онро надорад, ки бояд ҳатман гузориши телевизиониро бо чунин кадрҳои якмаром ба анҷом расонанд.

Дигар ҳолат тулонӣ будани гузоришҳост. Масалан, машварати корӣ дар ш. Бустон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд муддати 11 дақиқа тул кашида, аз номбар намудани факту рақам иборат буд. Агар дар ин ҳолат наворҳоро аз чунин корхонаҳо нишон медоданд, таъсираш дигар хел буд.  Ё ҳамон гузорише,  ки аз ифтитоҳи мактаби 23-и ноҳияи Бобочон Ғафуров пахш гардид, беш аз 14 дақиқа тул кашид. Агар журналистон танҳо лаҳзаеро инъикос мекарданд, ки ҷаноби президент журнали синфро варақ зада, мактаббачагони кадом синферо барои гирифтани баҳои “се” сарзаниш кард, беҳтарин гузориш мешуд:

«Баҳои «се» ин ҳамон «ду» аст. Чаро намехонед, бачаҳо? Ё омухтани забони русӣ бароятон душвор аст? Бояд забони русию англисиро чун забони модарӣ хуб аз худ кунед», — афзуд сарвари давлат ва ба бачаҳо супориш дод, ки то охири соли хониш, яъне дар давоми ду моҳ сатҳи донишашонро баланд бардоранд. Инчунин ба вазири маориф ва илм барои назорат аз болои мактаббачаҳо дастур дод, ки ному насаби ҳар якеро сабт намояд. Ба назари банда боиси сарзаниши роҳбари давлат бояд худи вазифадорон мешуданд, на мактаббачаҳо, ки аксарияташ ҳатто ба маънои саволҳои додашуда аз руи ҳаяҷон бошад ё сабаби дигар, сарфаҳм намерафтанд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Ҷиҳати қобили қабули ин гузориш бошад, ном гирифтани  соҳибкороне буд, ки дар сохтани мактаб саҳм гузоштанд. Барои дигар соҳибкорон чунин амалҳо намунаи ибрат шуда метавонад. Чунин ҳолат дар гузориш аз ифтитоҳи маркази «Тибби Сино» дар ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ садо дод. Ному насаби се нафар соҳибкор, ки яке аз онҳо зан мебошад гирифта шуд. Аммо хубтар мебуд, агар бо яке аз ин эҳсонкорон муаллифони гузориш ҳамсуҳбат мешуданд ва сабаби дастгирӣ намудани  лоиҳаи мазкурро пурсон мешуданд.

Дар гузоришҳо аз кушодани маркази савдо ва тарабхонаи “Файзулло” (Бобоҷон Ғафуров),  меҳмонхона ва маркази хизматрасонии “Истаравшан” (ҷамоати Зарҳалоли ш. Истаравшан),  маркази хизматрасонии “Навруз” (ҷамоати Ворухи ш. Исфара) ва монанди ин ҳисобот дода, мумкин аст муаллифон танҳо номи ҷамоат ва шумораи нафарони соҳиби кор шударо иваз карданд, дигар ҳама як хел, қолабӣ садо дода, дар наворҳо низ ҳамон иншоот  бо аксгирии кормандон бо сарвари давлат намоиш дода шуд.

Вохуриҳои  президент бо кудакони бепарастор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурову шаҳрҳои Истаравшану Хуҷанд низ якмаром нишон дода шуд.

Дар мулоқотҳояш бо роҳбарону фаъолони ш. Исфара президент суханони хеле самимӣ ва пурэҳсосро баён кард ва агар журналистон лаҳзаҳои беҳтарини ин мулоқотро бо суханони президент пешниҳод мекарданд,  хубтар мешуд. Масалан, дар масъалаи Ворух, ки чанд вақт боз сару садоҳо атрофи сарҳадҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон дар ин мавзеъ баланд аст, азми роҳбари давлат қатъӣ ва хушманд буд. Тавре аз баромади президент дар ин мулоқот бармеояд ва матни пуррааш дар  сомонаи АМИТ «Ховар» чоп шуд, тули 19 соли фаъолият комиссияи байнидавлати беш аз 500 километри сарҳадро муайян ва мувофиқа карда, лоиҳаи аҳднома дар бораи сарҳади давлатиро ба Қирғизистон ҳануз соли 2016 барои имзо расондааст.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Аммо бо сабабҳои аз ҷониби Тоҷикистон вобастанабуда имзои ин аҳднома доир ба қитъаи мувофиқашудаи сарҳад то ҳанӯз сурат нагирифтааст ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳарчи зудтар анҷом додани расмиёти муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон манфиатдор буда,  бо имзои санади зикршуда аз нисф зиёди хатти сарҳади давлатӣ делимитатсия мегардад.

«Як нуктаи муҳимми дигарро низ таъкид месозам, ки дар тамоми муддати гуфтушунидҳо, яъне тайи 19 сол масъалаи иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад», -гуфт сарвари давлат. Инчунин ӯ аз «Бобурнома»–и Заҳириддини Бобур порчаеро қироат кард, ки  аз он бермеояд,  Ворух чанд аср қабл низ макони таърихии тоҷикон буда, ин масъала аз тарафи олимони маъруфи таърихшинос ва бостоншиносони номдор низ тасдиқ гардидааст. Агар дастандаркорони барнома ҳамин нуктаҳоро аз мулоқот махсус ҷудо намуда, дар гузориш ҷо мекарданд, таъсири он ба маротиб зиёдтар буд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Тули барномаи дуюнимсоата ду-се лаҳзаи таъсирбахш ва самимӣ аз сафари президент ба ҳар ҳол ҷо гирифт. Яке аз он аз кушодашавии  маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Президент аз ин ҷо харид намуда, ба фурушандадухтари ҷавон дар бобати дуруст печондани молҳо маслиҳатҳо дод. Лаҳзаи дигар ҳангоми вохурӣ бо тарбиятгирандагони кӯдакистони «30-солагии Истиқлол» сурат гирифт ва мумкин аст берун аз сенария рух додааст. Духтарчае хоҳиши бобои президентро дар мавриди шеърхонӣ рад карду изҳор дошт, ки шарм медорад. Суҳбати онлаҳзаинаи сарвари давлат бо духтарча  хеле самимӣ буд ва эътимоди бинандаро ба гузориш  бамаротиб зиёд намуд. Мутаассифона, чунин лаҳзаҳои хотирмон дар барномаи анқариб қолабӣ кам буданд.  Боз ҳамон “ҳисоботҳои тулонӣ”  дар бораи чанд метри мураббаъ сафолакпуш шудани саҳни корхона, чанд намуд дарахтони сояафкан шинондану чанд чарогак насб гардида зикр гардид.

Дар омади гап, матнҳои гузоришҳои барномаи онрӯзаи ҷамъбасти ҳафтаро бо ҳам пайваста, бо шрифти 14 Таймс Ню Роман  баргардон намудем ва он 37 саҳифаи электрониро дар бар гирифт. Аз ин бармеояд, ки бегоҳи якшанбе мо 37 саҳифа хабарҳоро гуш ва тамошо кардем. Фақат номафҳум монд, ки байни онҳо кадомӣ ҷавобгуи жанри телевизионӣ буд.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ