Барномаҳои ҷамъбастии «Тоҷикистон» (ТВ «Тоҷикистон»), «Ҷамъбасти ҳафта» (ТВ «Сафина») ва «Ҳафт рӯз» (ТВ «Ҷаҳоннамо») ин ҳафта моро бо пешниҳоди гузоришҳои гуногунранг каме хурсанд намуданд. Тавсифи қаҳрамонҳои гузоришҳои онҳо — дар шарҳи мухтасари хабарҳо.
«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»
Шабака барномаи худро чун анъана аз ахбори расмӣ оғоз намуд. Дар он аз мулоқоти президенти кишвар бо Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Шветсия Анн Линде ва иштироки сарвари давлат дар ҷаласаи якуми Шӯрои илм, маориф ва инноватсияи назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ баргузор шудани ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллӣ ва сессияи шашуми Маҷлиси миллӣ, чаҳор гузориш пай дар пай пешкаш гардид.
Пешгуфтори барандаи барнома барои гузориш аз аввалин ҷаласаи Шурои илм, маориф ва инноватсия хеле дароз буд ва муҳтавои он дар худи гузориш боз аз нав такрор гардид. Аз лиҳози муддат гузориш тулонӣ буда, ҷамъулҷамъ беш аз 9 дақиқаро дар бар гирифт.
Аз гузориши пешниҳодшудаи хадамоти матбуотии президенти кишвар маълум гардид, ки худи сарвари давлат низ ҳангоми баррасии дастовардҳои солҳои охири олимони тоҷикистонӣ қаноатманд нест, чунки кори онҳо «дар муқоиса бо талаботи замон, алалхусус, барои таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти кишвар» кифоят намекунад.
Дар гузориши дигар, ки аз ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллӣ доир шуд, муаллифони гузориш бештар аз ҷӯзъиёти аҳамияти корӣ дошта истифода бурданд. Масалан, ҳам дар гузориш аз худи ҷаласа ва ҳам дар гузориши охир аз сессияи навбатии Маҷлиси миллӣ аз тарафи муаллифон номбар кардани он, ки масалан, судяи Суди конститутсионии Тоҷикистон Лутфулло Абдуллозода аз вазифааш бозхонд мешавад, барои оммаи васеи мардум, яъне тамошобинон он қадар хабари муҳим нест. Яъне ин факт чуноне ки аз қонунҳои жанрии журналистика бармеояд, характери муҳими ҷамъиятӣ надорад.
Дар силсилагузориши дигар, ки тули 16 дақиқа пахш шуд, ҳисоботи телевизионӣ дар бораи сафари кории сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба вилояти Хатлон, ки тибқи дастури президент бо мақсади шиносоӣ ба омодагии ноҳияҳо ба ҷашни 30-солагии Тоҷикистон сурат гирифт, пешниҳод гардид. Дар наворҳо мисли ҳафтаҳои пешин нишон доданд, ки кадом иншоотҳои ҷашнӣ дар вилоят кушода шуданд. Фарқ аз гузоришҳои ҳафтаҳои қабл пешниҳодшудаи шабака танҳо дар он буд, ки объектҳоро на президент, балки сарвазир ифтитоҳ намудааст.
Баъди пахши гузоришҳои расмӣ навбат ба гузоришҳои “худӣ” омад. Яъне онҳое, ки худи кормандони барнома омода намуданд. Журналист Фирдавси Ҳайдаралӣ дар бораи рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги ҷашнӣ – театри миллии Тоҷикистон гузориш кард. Муаллиф стендапи худро дар яке аз ошёнаҳои баланди сохтмон ба навор гирифт. Бояд зикр намуд, ки ҳам журналист, ҳам либосу тарзи ҳаракаташ ба мавзеъи барои стенд-ап интихобкардааш мутобиқат намекард ва ғайритабии ба чашм мерасид.
Муаллифон бояд сари масъалаи интихоби мусоҳибон низ хуб андешанд. Масалан, дар сухбат Аъзам Шомирзоев — муовини директори муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ» дар бораи ҳамкориашон бо кадом ширкати австриягӣ, ки барои таҷҳизонидани саҳнаи асосии театр кумак мекунад, нақл намуд. Баъди вай дар навор мо Муҳаммад Саидзода – муовини сардори шуъбаи истеҳсолии корхонаи мазкурро мебинем, ки дар бораи дар блоки чоруми иншоот давом додани корҳои сохтмонӣ маълумот медиҳад. Дар реҷаи низомӣ як истилоҳе ҳаст — субординатсия, яъне вақте генерал ҳаст, чи ҳоҷат ба он аст, ки масалан полковник гап занад. Дар гузориши мазкур низ муовини сардор ҳамчун шахси масъул метавонист ҳам дар бораи рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоот, ҳам дар бораи ҳамкорӣ бо мутахассисони австриягӣ маълумот диҳад. Як ҷумларо дар эфир баён намудани зердасташ ба фикри мо ягон зарурат надошт.
Гузориши дигар, ки онро Тоҷинисои Файзуллобек ва Муборакшои Рустам аз Хоруғ пешниҳод намуданд, нисбат ба маводи аввала сусттар буд. Он ба омодагиҳои мақомоти иҷроия ба 30-солагии истиқлолияти кишвар бахшида шуда буд. Дар он шахсони масъул, ки се нафар буданд, паи ҳам баромад намуданд вале на ном ва на вазифаашон ишора нашуд. Маънии суханони ҳамаи мутасаддиён як буд – омодагӣ ба ҷашн. Гузориш тавре омода шудааст, ки агар аз истифодаи суҳбати яке суханронони он даст кашем муҳтавои гузориш аслан тағйир намеёбад.
Гузориши охири барнома ғайриинтизор хуб буда ба истеҳсоли гушти парранда дар вилояти Хатлон бахшида шуда буд. Муаллиф Наврӯзшоҳи Азизулло мавзӯъро хуб баррасӣ намуд. Асос – гузориш аз руи меъёри жанр аз қаҳрамони достон оғоз шуд. Аз навор фаҳмида шуд, ки сокини ноҳияи Восеъ Нуриддин Нуралиев чанд вақт аст, ки бо парвариши мурғ машғул аст. Соҳибкор иброз намуд, ки туфайли имтиёзҳои барои рушди кишвар ба соҳибкорон додаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ӯ тавонист дар муҳлати кутоҳ (ҳамагӣ як сол) саршумории паррандаро аз 4 то 16 ҳазор расонад, ки аз он 25-30 тонна гушти мурғро ба даст меоранд.
Муаллифони гузориш ба воситаи телеграфика дар бораи саршумории умумии мурғ дар корхонаҳои мурғпарварии вилояти Хатлон солҳои қабл ва ҳозира факту арқом оварда, онро барои бинанда ҷолиб гардонданд. Дар гузориш шахсони масъул низ баромад намуданд.
Ягона камбудии гузоришгарон дар он буд, ки онҳо маводро ба ду қисм ҷудо намуда, қисмати дуюми онро ба масъалаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар вилоят бахшиданд. Аз мавзӯъи парвариши мурғ якбора ба масъалаи моҳӣ гузаштани хабарнигор бинандаро ба ҳайрат меорад.
«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»
Сафиначиён баъди пахши ахбори пешниҳоднамудаи хадамоти матбуотии президенти кишвар чун дар шабакаҳои дигар, гузоришеро аз таҷлили Рӯзи пойтахт дар майдони 800-солагии Москваи ш. Душанбе ва намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ва сайёҳӣ пешниҳод намуданд. Муаллифи гузориш бар он буд, ки тули се соли охир дар пойтахт таҳаввулоти зиёде ба амал омад ва маълум буд, ки ишорааш ба кӣ равона шудааст. Дар синхронҳо ғолибони озмунҳои касбӣ, аз қабили ғолиби озмуни шаҳрии “Мураббии сол” Шаҳло Неъматзода ва ғолиби озмуни “Дармонгоҳи беҳтарин” Ҳомидҷон Ҳамидзода, директори маркази саломатии №13-и пойтахт баромад карда, миннатдории худро ба президент ва раиси шаҳр барои баргузории чунин чорабинӣ иброз карданд.
Дар гузориш асосан атрофи ҷамъбаст гардидани чанд озмунҳои шаҳрӣ ва маросими мукофотонии ғолибон гап заданд. Беҳтар мебуд, дар наворҳо худи иштирокчиёни намоиш — душанбегиён дар бораи таассуроти худ аз чорабинӣ нақл мекарданд.
Гузориши дигар ҳамрадифи мавзӯъи қаблӣ буда, ба баргузор кардани ниммарафони 11-уми байналмиллалӣ ба муносибати Рӯзи пойтахт дар Душанбе бахшида шуда буд.
Гуфта шуд, ки имсол дар баробари намояндагони Тоҷикистон ҳамчунин, беш аз 10 варзишгар аз давлатҳои хориҷӣ дар дав ширкат варзиданд. Дар натиҷа, ба бисёр будани шумораи иштирокчиёни ниммарафон ба масофаи 21 километр нигоҳ накарда, аз ин 10 нафар хориҷиён қариб ҳамаашон сазовори ҷойҳои аввал гаштанд.
Масалан, байни мардҳо ҷои аввал насиби Шоҳрух Давлатов (Ӯзбекистон), дуюм — Фенте Ҷирма Тилаҳун (Эфиопия) ва сеюм – ба давандаи қирғиз Адилет Хиштагбеков насиб гашт.
Яке аз гузоришҳои ҷолиб аз 9 маводи пахшгардидаи барнома, аз ноҳияи Қубодиён буда ба парвариши қулфинай бахшида шуда буд. Ин гузориш низ мисли гузориши «Тоҷикистон» дар бораи парвариши мурғ, дар асоси худ қаҳрамон дошт. Ин дафъа қулфинайпарвар Фирдавс Мусобоев самимона дар бораи парвариши ин меваи тезпазаки баҳорӣ нақл намуд. Деҳқони дигар аз хоҷагии деҳқонии «Мусо бобо»-и ҷамоати Тахти сангин иброз дошт, ки бизнеси интихобкардааш меҳнаи вазнинро талаб мекунад. Аммо дар ду-се сол баъди заҳмат “худро гирифтан мумкин аст”. Агар деҳқон дар аввал қулфинайро дар майдони хурди замин мекорид, ҳоло ба гектарҳои калон гузаштааст.
Боз як гузориши ҳафтаи сипаришуда ба озмуни “Китобхони беҳтарин” бахшида шудааст, ки дар вилояти Бадахшон баргузор гардид. Муаллиф Хосият Худоёрбекзода иброз дошт, ки озмуни мазкур барои муайян намудани беҳтарин донандаи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аст, ки бо ибтикори сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сар то сари ҷумҳури ба аҳолӣ ройгон супорида мешавад. Ҷолибии гузориш на дар баргузории озмун, балки ҳайати иштирокчиёни он аст. Охир, ба гуфтаи муаллиф асосан дар он кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят, аз қабили прокуратура, амнияти давлатӣ ва милиса иштирок намуданд.
Аз байни 30 иштирокчӣ муфаттиши прокуратураи ноҳияи Роштқалъа Сиёвуш Маҳмуродов ҷои аввалро сазовор гашта гуфт, ки ғолибияти худро ба тамоми сокинони вилоят мебахшад. Камбудии гузориш дар он дида мешавад, ки аз мутассадиён барои баргузории чорабинӣ ягон кас баромад накард.
“7 Руз”, ТВ “Ҷаҳоннамо”
Барномаро чун ҳарвақта журналист Сафархуҷа Ризозода оғоз кард. Баъди пахши ахборҳои расмӣ, навбат ба гузоришҳои омоданамудаи кормандони барнома расид, ки ҳамагӣ дуто буданд.
Аз маросими таҷлили ҷашни пойтахт журналист Ҳофизи Маҳмадалӣ гузориш омода кард, ки аз “сафиначиён” бо он фарқ дошт, ки бо садои мутантани карнаю сурнай сар шуд. Бо ибораи дигар муаллифи ин мавод аз интершум истифода кард, ки ба он тобиши дигаре бахшид. Гузориш бад набуд, аммо беш аз 7 дақиқа давом карда, стенд — апи муаллиф, ки одатан ва аз рӯи қоида бояд хулосаи асосии гузоришро баён намояд, нотамом анҷом ёфт.
Ва дар охири барнома аз рунамоии китоби «Душанбе — қалби Тоҷикистон» дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузориш пахш шуда, муаллиф Зарринаи Ҷамшед онро ба мисли ахбори расмӣ бе истифодаи мусоҳиба бо иштирокчиёни гузориш ва синхронҳо аз чорабинӣ “хонда дод”. Ин дар ҳолест, ки дар чорабинӣ ашхоси воломақом аз қабили Ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва дигарон иштирок намуданд.