ДомойМедиалента«Дар расонаҳо пул дар куҷост?» Ҳашт сирри пулкоркунӣ аз Алексей Аметов

«Дар расонаҳо пул дар куҷост?» Ҳашт сирри пулкоркунӣ аз Алексей Аметов

Дар май Business LAB 2021 ба фаъолият шурӯъ кард, ки дар он 20 даста аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат меварзанд. Ҳадафи ин лоиҳа – эҷоди муҳити мутавозини расонаҳо ва таълими расонаҳо оид ба устувории молиявист. «Новый репортёр» назарияҳои асосии нахустин рӯзи лоиҳаи омӯзиширо рӯи коғаз овард.

Менторҳои лоиҳаи омӯзишӣ: Вячеслав Абрамов – сармуҳаррири Vlast.kz (Қазоқистон), Умед Бобохонов – роҳбари медиаҳолдинги “Азия-Плюс” (Тоҷикистон), Андрей Тешаев – муассис ва сармуҳаррири Podrobno.uz (Ӯзбекистон), Мария Горохова – коршиноси бахши маркетинг, робитаҳо бо ҷомеа (PR) ва реклама, магистри маркетинг, бизнес-тренери расонаҳо, муаллифи барномаҳои таълимӣ (Россия), Камилла Нигматуллина – мудири кафедраи коммуникатсияҳои рақамии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург, коршиноси Mediatoolbox (Россия), Мария Рзаева – директори тиҷоратии медиаширкати “Бумага” (Россия) ва Алексей Аметов – мушовири расонаӣ, ҳаммуассиси The Village, Wonderzine, Look at me (Россия).

Дар нахустин рӯзи озмоишгоҳ шиносоии менторҳо ва иштироккунандагон сурат гирифт. Лексияи Алексей Аметов “Дар расонаҳо пул дар куҷост?Моделҳои пулкоркунӣ ва интихоби бизнес-модел” низ баргузор шуд. Маҷмӯи шунавандагону бинандагони ҳармоҳаи лоиҳаҳои Алексей Аметов беш аз нуҳ миллион нафар аст. Азбаски сухангӯ дар соҳаи рақамӣ (диҷитол) кор мекунад, пас ӯ дар бораи роҳҳои пулкоркунӣ дар интернет сухан гуфт.

Роҳҳои асосии дарёфти пул барои расонаҳо

Фурӯхтани реклама

Фурӯхтани муҳтаво (контент)

Фурӯхтани хидматрасонӣ

  1. Расонаҳо се роҳи асосии пулкоркунӣ доранд: фурӯхтани реклама, фурӯхтани муҳтаво (контент), фурӯхтани хидматрасонӣ. Агар расонаҳо миқдори зарурии пулро таъмин карда натавонанд, пас онҳо муддати тӯлонӣ вуҷуд дошта наметавонанд. Пулҳои сарпарастон/грантҳо хусусияти тамомшавӣ доранд. Ҳамеша фикр кардан зарур аст, ки чӣ гуна мустақилона пул дарёфт бояд кард. Фурӯхтани реклама– модели классикии реклама аст. Дар интернет ин рекламаи расонаҳо, фурӯши худкори реклама (программатик), рекламаи табиӣ (нативная реклама) мебошад. Фурӯхтани муҳтаво (контент)– фурӯхтани мақолаҳо, кор кардан бо модели обунавӣ, фурӯхтани таҳқиқотҳо. Фурӯхтани хидматрасонӣ – агар сухан дар бораи lifestyle-расонаҳо равад, пас, ҳамчун мисол, — фармоиши мизҳо дар тарабхонаҳо, билетҳо дар кино ва ғайра.
  2. Кохи муҷаллал модели“donation” (эҳдои маблағ) мебошад, ки зимнан “paywall”-и (обунаи пулакии) сахт ё нармро дар назар дорад.Вале ҳар гуна “paywall” аудиторияро маҳдуд мекунад. Расонаҳои дорои аҳамияти зиёди иҷтимоӣ на “paywall”, балки “donation”-ро интихоб мекунанд. Хонандагон метавонанд маблағ интиқол диҳанд ва кори онҳоро дастгирӣ кунанд. Ин модел хуб кор мекунад, агар бо барномаи муҳим ҳамроҳ бошад – одамон соҳиби илҳоманд ва омодаанд саҳм гузоранд. Агар вазъият орому осуда бошад – шумораи саҳмгузорон коҳиш меёбад ва ин масъалаи ҷиддист. Дар модели “donation” эътимод муҳим аст. Вақте, ки шумо ба саҳмгузор такя менамоед, шумо шарҳ медиҳед, ки чаро наметавонед мустақилона пул бозёфт кунед. Ғайр аз ин, одамон бояд осон ва саҳлу содда кори ихтиёриро анҷом диҳад. Вақте, ки “Медуза”-ро агенти хориҷӣ эълон карданд, ширкат ба модели “donation” гузашт ва ҳамаи роҳҳои имконпазири саҳмгузорӣ, аз ҷумла, криптоасъорро дар сайт ба роҳ монд – барои онҳое, ки аз интиқоли маблағ бо ёрии кори бонкӣ бим доранд. Дар олами идеалӣ саҳмгузор бояд рӯи як тугма ангушт занад. Ҳар як қадами баъдӣ одамро водор менамояд, ки ба андеша фурӯ равад: “оё ман мехоҳам?”, “оё ин ба ман роҳат аст?”.
  3. Шабакаҳои иҷтимоӣ – дӯстон ё душманони шумо? Аз рӯи таҷрибаи ман, бо шабакаҳои иҷтимоӣ мубориза бурдан бефоида аст, он ҷо ҳузур доштан ва лоиҳаҳои рекламаро таҳия кардан беҳтар аст. Қисми зиёди буҷети рекламадиҳандагон ба шабакаҳои иҷтимоӣ меравад. Ба андешаи ман, ғайр аз ҳузур доштан дар он ҷо ва ба рекламадиҳандагон фурӯхтани коммуникатсияи ҳамгирошудаи реклама (реклама дар шабакаҳои иҷтимоӣ + реклама дар сайт) бо ин ҳеҷ кор набояд кард. Ин барои лоиҳаҳои махсус хуб кор мекунад. Буҷетро зиёд карда, доираи фарогирии бештарро метавон ба даст овард.
  4. Программатик беҳтарин аст, агар шумо аудиторияи зиёд, басомади баланд ва намоишҳои бисёр дошта бошед. Программатик – фурӯши худкори реклама аст. Роботҳо бо якдигар забон меёбанд, шумо ҳеҷ амалеро анҷом намедиҳед, пул кор мекунед. Программатик талаб менамояд, ки шумо мутахассисе дошта бошед, ки онро метавонад танзим кунад, назорат намояд ва бо рекламаи беинсофона мубориза барад. Ин ҷанбаи хеле муҳим аст. Танзими реклама муҳим аст, ки рекламаи казино, воситаҳое, ки ба дарҳол шифо ёфтан аз ҳама бемориҳо ва ба ҳамин монанд ба сафҳаи шумо ворид нашаванд. Чунин паёмҳои реклама аудиторияи муътадилро парешон мекунанд. Онҳо намефаҳманд, ки ин ба таври худкор аст ва ба фикр меравад, ки шумо ин рекламаро ба рекламадиҳанда фурӯхтаед.
  5. Рекламаи табиӣ (нативная реклама) хел хуб аст, агар ба шумо фикр кардан лозим набошад, ки фарогирии пайваста афзояндаи KPI-ро анҷом диҳед. Мо 60-70 дарсади пулро аз рекламаи табиӣ, аз ҷумла дар лоиҳаҳои махсус, ба даст меорем. Онро ҳам аудитория ва ҳам рекламадиҳандагон дӯст медоранд. Вале як масъала дорад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавон ба фарогирии хеле зиёд муваффақ шуд. Ба ном таварруми (инфлятсияи) таваҷҷӯҳ шурӯъ мешавад, вақте, ки рекламадиҳанда даҳҳо ҳазор, сипас садҳо ҳазор тамосҳои ягонаро мехоҳад. Дар чорчӯби расонаҳо инро таъмин кардан мушкил аст. Вақте, ки фарогириҳои фавқулода лозим аст, мо дар маҷмӯъ шабакаҳои иҷтимоии худро истифода мебарем. Рекламаи табииро тавлид карда тавонистан лозим аст – шумо бояд барои ин ҳайати таҳририя дошта бошед. Рекламаи табиӣ (нативная реклама) бояд бо логотип бошад, бе логотип – ин “джинса”, ба гумроҳӣ андохтани хонандагон/тамошобинон аст. Бештари вақтҳо рекламадиҳандагон мехоҳанд бе логотип реклама диҳанд, онҳоро ташаккул додан, муътақид кардан, ки ҳаққи рекламаро пардохт намоянд, бо ифтихор гузоштани логотипи худ аз маккоронаву номаълум расонидани чизе ба аудитория хеле беҳтар аст.
  6. Paywall дар Россия бо се сабаб кор намекунад. Якум – хонандагон пул надоранд. Дувум – ҳуқуқи муаллиф (копирайт) заиф ҳифз мешавад, муҳтаворо (контентро) муҳофизат кардан мушкил аст. Севум – ҳама бовар доранд, ки дар интернет ҳама чиз бояд бепул бошад. Дар Россия аз ин қоида ду истисно вуҷуд дорад – канали телевизионии “Дождь” ва лоиҳаҳои b2b-и нашриёти “Актион” (воқеан одамон ба ин хидматрасонӣ обуна мешаванд). Агар шумо ба хидматрасонӣ такя кунед, эҳтимоле вуҷуд дорад, ки хидматрасонии расонаҳои шуморо фурӯ мебарад.
  7. Додугирифтро ҳамеша сейлз-менеҷер хотима медиҳад.Фурӯшандаи хуб метавонад бе муаррифӣ ҳам фурӯшад, ӯ метавонад биравад ва ҳар касеро дар ҳар чизе, ки лозим аст, муътақид намояд. Муаррифии худ дар дасти фурӯшандаи беҳунар кор намекунад. Дар ҳар як модели пулкоркунӣ як сирри хурд вуҷуд дорад: одаме лозим аст, ки метавонад маҳз ҳамин сирро фурӯшад. Дар солҳои аввал, мо ҳамчун муассисон худамон бо методҳои озмоишу иштибоҳ мефурӯхтем. Вақте, ки пулҳои нахустинро ба даст овардем, сейлз-директорро ба кор киро кардем. Беҳтар аст, ки дар ин сарфаҷӯӣ накунед. Фурӯшандаи хуб бизнеси шуморо бунёд мекунад, вале набудани ӯ бизнесро метавонад кушад. Бизнеси шумо бояд бар фурӯш асос ёбад – ин мубодила аст, шумо маҳсулотро/молро мефурӯшед, онҳо бояд пулро ба шумо баргардонанд. Ин занҷира бояд бе ҳеҷ мушкилӣ кор кунад.
  8. Гуфтаҳои болоро ҷамъбаст карда, баъзе қоидаҳоро мегӯям.Афзалиятҳои худро истифода баред. Бизнеси навро бар асоси бизнеси куҳна бунёд кунед. Азизтарин чизе, ки шумо доред, хонандагони шумо ҳастанд; ба онҳо ғамхор бошед, аз худ бипурсед: “Оё ман дар воқеъ кори худро ба манфиати ин одамон идома медиҳам? Оё ман роҳҳои бешарафонаро истифода намебарам?” Эҷодкор бошед.
Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ