ДомойНақди РасонаӣРоғун, кудакон ва чаканпушии Да Силва. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии...

Роғун, кудакон ва чаканпушии Да Силва. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 23 то 30 май

Ҳафтаи сипаришуда ду шабакаи телевизионӣ бештар дар бораи Роғун ва Созмони Ҳамкории Шанхай қариб ки гузоришҳои якхела доданд. Дар “Ҷаҳоннамо” бошад, атрофи фоидаи китобхонӣ ва меҳру муҳаббат ба пӯшидани либоси миллӣ гап заданд.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»

Мавзӯъи гузориши нахустини барнома ба сохтмони НБО Роғун бахшида  шуда буд. Гуфтан ҷоиз аст, ки доир ба ин мавзӯъ вақтҳои охир гузоришҳо зиёд ба назар мерасанд. Барандаи барнома дар пешгуфтораш афзуд, ки 98% нерӯи барқ дар Тоҷикистон тариқи истифодаи об истеҳсол мешавад. Муаллиф Абдуваҳҳоби Абдусаттор бар он буд, ки сохтмон дар ин иншооти бузурги  таърихӣ босуръат рафта истодааст. Дар наворҳо техникаи гуногун ва кори сохтмончиёнро нишон доданд.

Ҳангоми хондани матни пасикадрӣ муаллиф боз ба умумигуӣ ва истифодаи ибораҳои обшуставу чандин бор истифодашуда пардохта, иброз дошт, ки  сохтмон ва ба истифода додани ин иншооти азими стратегӣ ҷаҳиши бузурге дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон мебошад. Бовар кунед, ин суханонро тамошобинон тӯли қариб 15 сол мешунаванд. Мумкин буд аз ин умумигӯиҳои зиёд худдорӣ намуда, ба дигар ҷиҳатҳои сохтмони ин иншооти бузурги аср аҳамият медоданд.

Хабар дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар фалон минтақа ба итмом расида, дар маҷмӯъ,  корҳои нақбканӣ фалон қадар ва дар ҳаҷми фалон қадар метри мукааб хобонидани бетони конструктивӣ иҷро гардидааст. Бовар кунед, ин ҷо аз овардани теъдоди дақиқи факту рақамҳо худдорӣ намудам, чунки аз нашр ба нашр гузаронидани гузоришҳои  якмаром дилбазан шуда, аллакай тавони дидани онро надорам.

Муаллиф аз ибораҳои “бо азми қавӣ ва иродаи сохтмончиён”, “бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ” ва ғайра фаровон истифода намуда, гузоришро аз ҷиҳати давомнокии вақт низ ба дарозо кашид.

Гузориши дуввум, аз Манучеҳри Сулаймон, ба аҳамияти стратегии Созмони Ҳамкории Шанхай ва нақши Точикистон дар он бахшида шуда буд.

Бо истифода аз назари коршиносон Баҳриддин Ализода ва Мухсин Намозов, омӯзгорони Академияи идоракунии давлатии назди Презиенти ҶТ, ӯ дар бораи омилҳо ва зарурати пайдо шудани чунин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ гуфта гузашта, иброз дошт, ки худи Созмон ба густариш ва самаранокии ҳамкории байни давлатҳои аъзо ва минтақа мусоидат мекунад.

Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, — бо чунин суханон гузориши навбатии барнома пешкаш шуда, ба 1 июн – Рӯзи ҳифзи кӯдакон бахшида шудааст. Он асосан атрофи тибқи Конститутсияи кишвар ба кудакон расонидани кӯмаки тиббӣ гап зада, бо истифода аз фикри коршиносон ҷоннок карда шуд. Масалан,  Мирзо Қодирзода, корманди Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҶТ гуфт, ки риояи ҳуқуқи кӯдакон дар  соҳаи тиб таъмин карда мешавад. Аҳад Содиқов, корманди дастгоҳи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар кишвар ва Муҳаммадҷон Ҳамидзода, судяи суди ноҳияи Сомонии пойтахт дар бобати дар Тоҷикистон қабул шудани як қатор санадҳои ҳуқуқӣ оид ба стратегияи ғизо ва солимии репродуктивӣ, пешгирии фарбеҳӣ ва ғайра гап заданд.

Фақат номаълум монд, ки паси ин ҳама санадҳои ҳаётан муҳим кӯдакон куҷо шуданд?

Гузориши дигар ба масъалаҳои мубрами ҷомеа —  шарикиҳои тиҷоратии соҳибкорони вилояти Суғд бо ширкатҳои хориҷӣ (муаллиф Равзалӣ Амон), раванди кор дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара, коҳиши сатҳи камбизоатӣ бо танзими анъана ва ҷашну маросим дар кишвар (муаллиф Давлатёр Ғафурзода) бахшида шуда буданд.

Ва гузориши охир ба баргузории озмуни ҷумҳуриявии адабии “Эъҷози сухан” бахшида шуда буд, ки бори аввал дар байни рӯзноманигорони радиову телевизион ташкил карда шуд. Муаллиф Нуриддини Қурбон бар он буд, ки чорабинӣ ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонию шеърдонӣ, васеъ кардани ҷаҳонбинӣ, тақвияти нерӯи зеҳнию маҳорати эҷодию суханварӣ ва малакаи касбӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва равнақ додани ҷаҳони маънавии кормандони ҷузъу томҳои Кумитаи телевизион ва радиошунавонӣ хизмат мекунад.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Тавре иштирокчиёни озмун, ки се бону ва як мард буданд, дар гузориш иттилоъ доданд, озмуни мазкур аз рӯи ду номинатсия- китобхонӣ ва шеърдонӣ дар пайравӣ ба ҳидоятҳои пешвои миллат гузаронида мешавад ва дар он ҳайати эҷодӣ ва кормандони техникии тамоми воҳидҳои сохтории Кумитаи телевизион ва радио аз кулли минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Дар бораи ҳаҷми  мукофотҳои пулӣ дар гузориш гуфта нашуд, аммо тавре дар дигар расонаҳо хабар доданд, он аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ ба ҳар нафари ғолиб муайян шудааст.

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

“Бо дарки баланди масъулият аз ҷараёни ин иншооти бузург”, сафиначиён низ мавзӯъи Роғунро сармашқи барномаи хеш қарор доданд.

Ин барнома низ дар бораи татбиқи “иқтисодиёти сабз” сухан ронда, дар мисоли сохтмони НБО Роғун мавзӯъро пайгирӣ намуд.  Гузориши шабакаҳои “Тоҷикистон” ва “Сафина” аслан як хел буд ва аз ин ҷиҳат муҳтавои онро дар ин ҷо такрор намекунем.

“Ин иншоот шарҳи нангу номуси ватандорист”, — афзуд муаллиф ва муҳимияти ин иншоотро дар оянда барои истеҳсоли “нерӯи сабз”, яъне пешгирӣ кардани партовҳои зарарнок ба муҳити зист ва риояи меъёрҳои муосири экологӣ маънидод намуд.

Гузориши Рустамбек Аҳмадзода аз неругоҳи барқӣ-обии Қайроққум низ ба ин мавзӯъ монандӣ дошт. Дар гузориш чанд нафар масъулон ва кормандони соҳа баромад намуда, яке аз мусоҳибон, тез-тез дар эфир “шумо медонед, ки”,  — гуён вақти сӯҳбат ба журналист муроҷиат мекард. Гумон мекунам, ҳамаи мо аллакай намедонем, ки чиро медонем.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Ин барнома низ гузоришҳои навбатии худро ба 20-солагии Созмони Аҳдномаи Шанхай ва баргузор гардидани озмуни “Эъҷози сухан” бахшида, дар он як идда коршиносон баромад намуданд.

Гузориши  дигар аз Бадахшони куҳӣ омода гардида, ба сохтмони  қитъаи роҳи Шкев-Қалъаихум, ки дар он 90 фоизи корҳои таҷдиду таъмир анҷом ёфтааст, бахшида шуда буд. Муаллиф Хосият Худоёрбекова бар он аст, ки иншоот бо  истифода аз меъёрҳои роҳсозии байналмилалӣ сохта мешавад.

Мавзӯъи гузоришҳои дигар ба парвариши пиёз дар ноҳияи Шаҳритус ва боғдориву пухтани гелос дар Ҳисору истифодаи замини наздиҳавлигӣ дар Ваҳдат бахшида шуда, муаллифон бо истифода аз мусоҳибони худ ҷиҳатҳои мусбати соҳаро  нишон доданд. Дар муқоиса бо кори онҳо, муаллиф Ширинҷон Сафарзода дар бораи мушкилоти соҳаи чорводорӣ нақл намуда, на танҳо ҷиҳатҳои мусбии масъала, балки камбудиҳои соҳаро низ номбар кард.

Худи наворҳо ҳам як навгонӣ доштанд. Шояд бори аввал бошад, аммо корманди давлатӣ, намояндаи идораи кишоварзии минтақаи Кулоб Аюбҷон Қурбонов дар навор бе либоси расмӣ (шиму костуми муқаррарӣ, балки куртаи “поло”) дар саҳни идора баромад намуд ва чунин сару либос аз чӣ бошад, “телевизионзеб” буд. Соҳибкор, роҳбари хоҷагии чорводорӣ аз Ҳамадонӣ Ойбек Ҷумъазода ва худи муаллиф (тариқи стендап)  дар чарогоҳ баромад намуда, худи наворҳои сабзаву гӯсфандону аспҳои чаридаистода рангину ҷаззоб ба назар расиданд. Муаллиф мушкилоти хоҷагиро, ки гӯсфандони маҳинпашмро парвариш мекунад, дар  фурӯхта нашудани пашми захирашуда мебинад. Мушкилоти дуввум дар  ғасб гардидани чарогоҳҳои тобистона аз тарафи мардуми таҳҷоӣ мебошад, ки дар минтақаи Сангвор  зиндагӣ доранд.

“Ин монеаҳо боиси он мегардад, ки парвариши чорвои хурд  дар кишвар сол аз сол душвортар мегардад, чунки бузу гӯсфандон дар айёми тобистон баҳри дарёфти хӯрока дар минтақаҳои нисбатан салқинтар, ки алафаш ҳоло сабз аст, чаронида мешавад”, — гуфт муаллиф ва афзуд, ки барои ҳалли мушкилоти чарогоҳҳои тобистона масъулини вазорати кишоварзӣ ва кумитаи заминсозиро зарур аст, ки сари ин масъала чора андешанд, чунки агар дер шавад, чорвопарварӣ барин соҳаи муҳим рӯ ба таназзул меорад.

Ҳафт рӯз” , ТВ Ҷаҳоннамо”

Шабакаи мазкур барномаи худро аз ягона хабари расмии ин ҳафта — иштироки сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар ш. Мински Ҷумҳурии Беларус оғоз намуд.

https://e-cis.info/

Сипас, муаллиф Марҷонаи Сабзалӣ дар бораи иншооти нави сохташуда аз шаҳраки ба номи Турсунзодаи ноҳияи Рудакӣ, муаллиф Манучеҳри Ҷумъахон аз рафти пиёзчинӣ дар ҷамоати Холматови ноҳияи Шаҳритус, Мирзоалӣ Раҳмон  аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  дар бораи пахтакорӣ ва оғози мавсими кирмакпарварӣ гузориш доданд.

Instagram gabi27_diva

Баъди ин аз ҷониби Раҳматулло Мирзозода дар бораи аҳамияти китобхонӣ ва Маҳинаи Иноятулло дар бобати либоси миллӣ шарҳҳои телевизионӣ баррасӣ шуданд.  Дар гузориши аввал наворҳои китобхона аз плани умумӣ ва миёна зиёд истифода шуда, умумигуӣ бисёр буд ва назари касе истифода нашуд. Дар дуввумӣ бошад, ҳарчанд он ҳам аз умумигуӣ орӣ набуд, ду мусоҳибзани  беном дар бораи аҳамияти пӯшидани куртаи чакан барои бедор намудани ҳисси миллӣ гап заданд.  Мусоҳиби дигар, барандаи барномаи машҳури россиягии “Поедем, поедим” Габриэлла Да Силва буд, ки чакани омоданамудаи тарроҳ Хуршед Сатторовро ба бар намуда, аз зебогии куртаи миллии тоҷикӣ сухан кард.

Агар муаллифон дар маводҳои омоданамудаи хеш бештар назари коршиносонро истифода мекарданд, таваҷҷӯҳи тамошобин ба масъалаҳои баррасишаванда дучанд мегардид.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ