Омӯзиш барои рӯзноманигорони Осиёи Марказӣ “Чӣ гуна инъикос кардани масъалаҳои оворагии маҷбурӣ ва муҳоҷират: тавсияҳо ва захираҳо”.
Рӯзи баргузорӣ: 15 июн
Замони баргузорӣ: 14.00 – 15.30 (бо вақти шаҳри Алма-ато)
Макони баргузорӣ: Zoom
Сухангӯ: Виталина Кириловска, мушовири минтақавӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо дар Осиёи Марказӣ
Идораи СММ оид ба гурезаҳо (Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо) дар Осиёи Марказӣ рӯзноманигоронро аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, ки робитаҳои байналмилалӣ, муҳоҷират ва дигар мавзӯъҳои марбутро расонаӣ мекунанд, ба иштирок дар омӯзиши онлайнӣ даъват менамояд. Ҳадаф аз ин омӯзиш ин аст, ки ба ширкаткунандагон кумак кунад то аз истилоҳоти баҳсангез дар пӯшиши мавзӯъоти марбут ба равандҳои муҳоҷират ва оворагии маҷбурӣ пешгирӣ кунанд. Муаррифӣ кардани қазияи (кейси) ҳамкории Раёсати Комиссари олии СММ оид ба гурезаҳо бо расонаҳои Италия дар мавриди таҳия кардани Хартияи Рум – кодекси рафтори расонаҳо нисбат ба паноҳҷӯён, гурезаҳо, муҳоҷирон ва қурбониёни савдои одамон
- Баррасии истилоҳоти оворагии маҷбурӣ
- Шарҳ додани ҷанбаҳои асосии Конвенсияи соли 1951 дар бораи мақоми гурезаҳо – ин санад чӣ гуна метавонад барои рӯзноманигорон муфид бошад
Дар ҷараёни омӯзиш ширкаткунандагон охирин иттилооти омории Раёсати Комиссари олии СММ — ро дар бораи гурезаҳо ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ низ ба даст меоранд. Ин чорабинӣ дар шакли онлайн ба забони русӣ баргузор хоҳад шуд.
Барои иштирок дар омӯзиш, то 13 июни соли 2021 дар ин сафҳа номнависӣ кардан зарур аст.
Тамос барои дарёфти иттилооти бештар: kazal@unhcr.org