ДомойНақди Расонаӣ«Асал!». Ҳамагӣ як синхрон дар гузоришҳои расмии телевизион. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар...

«Асал!». Ҳамагӣ як синхрон дар гузоришҳои расмии телевизион. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 13 то 20 июн

Ҳафтаи сипаришуда дар ҳар се шабакаи телевизионии давлатӣ – «Тоҷикистон» «Сафина” ва «Ҷаҳоннамо» гузориши муфассал аз сафари кории президенти кишвар ба вилояти Хатлон намоиш дода шуд, ки беш аз 1 соату 40 дақиқа давом кард. Ҳар се шабака дар барномаҳои ҷамъбастии ҳафта маводи худӣ пахш накарданд.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»

Барнома бе иштироки баранда оғоз ёфта, дар аввал зикр гардид, ки ин гузориши муфассал аз сафари кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон аст, ки аз 15 то 17 июн баргузор гардид. Он аз силсилагузоришҳои хурд (ба шумори мо тақрибан 20-то) иборат буд, ки ба мавзӯъҳои гуногун, аз қабили ифтитоҳи муассисаҳои таълимӣ (мактабҳо ва коллеҷҳо), тиббӣ (беморхона ва марказҳои табобатӣ), иншоотҳои иҷтимоӣ (муассисаҳои давлатӣ, боғҳои истироҳатӣ ва майдони Парчами  давлатӣ), корхонаҳои саноатӣ (сехҳо ва корхонаҳои хурди истеҳсолӣ), шиносоӣ бо сохтмони хонаҳои истиқоматӣ барои аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бахшида шуда буданд.

Сарвари давлат сафари кориро аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оғоз намуд. Дар наворҳо нишон доданд, чӣ гуна меҳмони олиқадрро роҳбарияти вилоят  пешвоз мегирад. Сипас, сардори давлатро ба деҳаи Навобод бурданд, ки он ҷо 6-7 май дар асари боронҳои шадид ва сел 20 оила бехонаву дар монданд. “Дар он ҷо Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва шароити зисти сокинони аз офати табиӣ зарардида шинос шуда, бо онҳо хамсуҳбат шуданд”, — хабар дод  овози пасикадрӣ, аммо дар навор сокинони деҳаро нишон доданд, ки даст бар сина гузошта,  меҳмони олиқадрро хайрамақдам мегуфтанд. Ақаллан порчаи ҳамин сӯҳбат намоиш дода нашуд. Танҳо хабар дода шуд, ки сокинон дар навбати худ ба Пешвои миллат барои расонидани кӯмаки саривақтӣ ва фароҳам сохтани шароити мусоид дар шаҳраки муваққатии истиқоматӣ, таъмин намудан бо хурду хӯрок ва дигар ҷиҳози зарурӣ изҳори миннатдорӣ карданд. Аммо барои тақвияти фикр садои ягон нафари он дар гузориш шунида нашуд.

Дар наворҳои баъдӣ бошад, ба воситаи коптер аз боло мавзеи офатзада ва рафти сохтмони манзилҳои навро нишон доданду халос. Боз ҳамон овоз хабар дод, ки чанд тонна сементу арматуру дигар масоили сохтмон, чанд қадар хӯрока ба мардуми азияткашида тақсим шуданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Баъд як хонаи сохташударо намоиш доданд, ки калидашро сарвари давлат ба соҳибони хуштолеаш супорид. Хона замонавӣ сохта шуда, дар яке аз утоқҳояш мизу курсиҳои роҳат бо дастурхони идона орододашуда гузошта  шуданд, ки эътимоди тамошобинро ба ин наворҳо кам мекунад. Чунки дар кадом деҳа шумо дидаед, ки мардуми таҳҷоӣ, дар сари мизу курсӣ нишинанд? Маълум буд, ки ин хона маҳз барои сафари раиси ҷумҳур чунин оро дода шудааст. Бовар дорам, ки хонаҳои истиқоматии оянда бо чунин таҷҳизоти гаронбаҳо аз ду сар муҷаҳҳаз намегарданд. Шароити дигар хонаҳо мутаассифона,  паси кадр монданд.

Сипас, боз ҳамон овози пасикадрӣ хабар дод, ки сарвари давлат бо сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мулоқоти самимию судманд баргузор намуд. Аҷибаш он буд, ки дар ҷои мулоқот аксари мардон бо либоси расмӣ ва гарданбанд  ва занон бо либоси идонаи миллӣ  нишаста буданд ва  аз қиёфаашон маълум буд, ки дар байни онҳо зарардидагон бошанд ҳам, хеле камшуморанд.

Дар гузориши дигар аз деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш кортежи меҳмонони олиқадр ба воситаи коптер сабт гадида, аз баландӣ намоиш дода шуд. Баъд аз он дар болои қолинҳои сабзпӯш қадам задани онҳоро намоиш доданд. Дар ин ҷо низ мулоқот бо зарардидагони офати табиӣ, ки бе сарпаноҳ монданд, сурат гирифт. Ва боз ҳам аз синхрони (сӯҳбати) баромадкунандагон бевосита аз ҷои ҳодиса истифода бурда нашуд. Ба ҷойи ин дар наворҳои мулоқот бо зарардидагон зиёдтар духтарони чаканпуши дар толор нишастаро нишон доданд.

Баъд аз ин, аз сафари президент ба шаҳри Кулоб барои шиносоӣ бо рафти барқарорсозии манзилҳои зарардидагони маҳалҳои он итиллоъ дода шуд. Боз аз баландӣ мавзеи зарардида ва атрофи се канали обгузарон намоиш дода шуд. Аз архиви телевизион наворҳои мудҳиш аз ҷои ҳодиса чанд бор намоиш дода шуд ва муаллифон зарари расида аз селро зикр карда, дар бораи миқдори иншооти дар умум вайрон гардида, маълумот доданд. Ин гузориш бештар характери ҳисоботро дошт. Дар он муаллифон маълумоти зиёди факту рақамиро ҷо доданд, ки аз ду сар дар зеҳни тамошобин намемонад.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Пас аз ин, аз рӯи барнома мулоқоти сарвари давлат бо фаъолони шаҳр ва сокинони мавзеъҳои зарардида намоиш дода шуд, ки  аксарият боз ҳамон занону духтарони либосҳои идона дар бар (чаканҳои якхелаи сабзу сурхпуш) буданд. Овози пасикадрӣ бошад, бо оҳанги мутантан хабар дод, ки  «сокинони шукргузори шаҳри Кӯлоб минбаъд низ  дар рушду пешрафт ва ободию шукуфоии сарзамини аҷдодӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат саъйю талош хоҳанд кард».

Сипас, як силсила гузоришҳо аз ноҳияи Данғара намоиш дода шуданд. Дар оғоз гузориш аз ифтитоҳи мактаби № 59 пешниҳод гардид. Муаллифон кӯшиш намуданд дар он ҷузъиётҳои хурдтарин, аз қабили гулшинонӣ ва сафолакпӯш кардани саҳни ҳавлӣ гуфта гузаранд. Як чизи ҷолиби ин гузориш  наворҳои мактаби пештараро нишон додан буд, то тамошобин бо чашми худ бубинад, ки  пештар таҳсили хонандагон дар кадом шароит гузаронида мешуд.

Пас аз ин, гузориш аз ифтитоҳи бинои нави шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара пешкаши тамошобинон гардид, ки аз чанд ҷиҳат ба назар аҷиб намуд. Муаллифони гузориш дар овози пасикадриашон қайд намуданд, ки бино аз 5 ошёна иборат аст ва сипас,  кадом ошёна аз кадом утоқҳо иборат аст, як-як номбар намуданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки дар ин бинои маъмурии давлатӣ меҳмонхона барои истироҳати кормандон ва боз ҷой барои теннисбозӣ дар вақти фароғат сохта шудааст. Аз ин наворҳо хулоса кардан мумкин аст, ки кормандони соҳаи ҳифзи табиат чунон серкоранд, ки ба истироҳати бофароғат бевосита дар ҷойи кор, на берун аз он ниёз доранд.

Дар гузоришҳои дигар аз ифтитоҳи коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии деҳоти Корези ноҳияи Данғара, ки бо заҳмати соҳибкор Фаррух Самизода сохта ба истифода дода шудааст, маълум нашуд, ки худи ин соҳибкор дар маъракаи кушодашавии ин таълимгоҳ иштирок дошт ё не.  Аммо аз овози пасикадрӣ маълум гардид, ки сарвари давлат иқдоми соҳибкори ватаниро шоистаи таҳсин хондааст. Охир, каму ғам не, ин нафар бинои 7-ошёнадорро барои донишомӯзон тақдим намудааст ва бояд ба андешаи мо, дар бораи ин эҳсонкор як лавҳаеро эҷод мекарданд.

Дар гузоришҳои минбаъда аз кушодашавии  корхонаҳои истеҳсоли макарон ва коркарди меваю сабзавоти Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаи истеҳсоли равғани ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Файзи Алӣ» наворҳо пахш шуданд, аммо аз чӣ  бошад, ҷараёни кор дар истеҳсолот ба таври кофӣ намоиш дода нашуд. Воқеъият дар он камтар буд, чунки наворгирандаҳо динамикаи кори истеҳсолоти ҳақиқиро нишон дода натавонистанд. Дар навори дуюм, занони коргар ҳангоми ба зарфҳои пластикӣ пур кардани равған, гуйё  аз касе ё аз худи раванди истеҳсолоти ношинос рамида, ҳаракатҳояшон то андозае ғайримуқаррарӣ ба назар расид. Агар муаллифони гузориш ба ҷои ин суханони пасикадрӣ ақаллан бо яке аз масъулони корхона ҳангоми рафти кор дар истеҳсолот ҳамсуҳбат мешуданд, гузориш мумкин ранги дигар мегирифт. Дар корхонаи ҳақиқӣ кор дар ҷӯшу хурӯш аст ва онро бояд воқеъбинона нишон дод.

Дар гузоришҳои дигар аз кушодашавии маркази барқарорсозии «Нури тиб» дар деҳаи Ғиҷоваки деҳоти Пушинг,  беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ, бинои Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии Кумитаи озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуда, чуноне ки дар боло қайд намудем, муаллифони гузориш ба детализатсия – баён намудани ҷузъиёт аҳамияти бештар дода, вақти қиммати эфирро  гирифтанд. Охир, ба тамошобини оддие, ки барномаро аз Бадахшон ё Хуҷанд тамошо мекунад, чӣ фарқ дорад, ки дар ошёнаи панҷуму шашум ва дар таҳхонаву болохонаи ин биноҳо маҳз кадом утоқҳо ҷойгир шуданд.

Дар гузориш аз майдони Парчами давлатӣ дар маркази ноҳияи Данғара низ овози пасикадрӣ хабар медиҳад, ки «дар ин ҷо як фаввораи чоркунҷашакли тариқи мусиқӣ фаъолияткунанда низ бунёд ёфтааст, ки дарозӣ ва паҳноияш фалон қадар аст». Хабарнигори телевизион бояд ин қоидаи гузориши телевизиониро аз ибтидо донад, ки он чӣ аён аст ҳоҷат ба баён надорад. Вақте, ки мо ҳамаи инро дар навор нишон медиҳем, бинанда худаш мебинад, ки фаввора чоркунҷа аст ё гирд, пас ба баён намудани чунин маълумот чӣ ҳоҷат бошад? Охир агар ин наворро бематн ҳам тамошо кунем мазмуни онро дакр карда метавонем.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Чунин ҳолат ҳангоми пахши наворҳо аз шабакаи обрасонӣ дар  деҳоти Боғпарвар низ ҷо дошт.

Умуман, саҳнаҳои сохташуда дар гузоришҳои ҳамин сафар кам  набуданд.  Ҳангоми ифтитоҳи боғи Парчами давлатӣ дар маркази ноҳия ва боғи фарҳангӣ-фароғатии «Симурғ» дар деҳаи Баҳори ноҳияи Данғара дар наворҳо духтарони зиёди чаканпӯш ва атласпӯшро, ки дар кӯчабоғҳои беодам гаштугузор мекарданд нишон доданд ва маълум буд, ки ин наворҳо пешакӣ гирифта шуда, саҳнаҳои сохташуда (постановочный) мебошанд. Дар атраксионҳои замонавӣ нишастани духтарони атласпӯш бо тоқиҳои сафед, ки ин тарзи либоспӯшӣ хоси мардуми ҷануби кишвар нест, боз ҳам аз саҳнасозӣ шаҳодат медиҳанд.

Ва дар анҷом инро бояд зикр намоем, ки дар силсилагузориши тулонӣ аз сафари кории роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон ягона синхроне, ки дар он истифода шуд, ҳангоми чашидани таъми тарбузи лалмӣ дар кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» сурат гирифт. Ҳангоми хондани матни пасикадрии гузоришгар ҷумлааш дар бораи боғдорӣ нотамом монд ва ин ҳангом овози президенти мӯҳтарам ба таври синхрон садо дод, ки таъми тарбузро таъриф намуда: «Асал!» гуфт. Сипас, овози пасикадрӣ давоми гузоришро хонда, онро бо наворҳои дигар ҷамъбаст намуд.

Барномаи «Ҷамъбасти ҳафта»-и ТВ «Сафина»-ро  баранда Зубайдуллои Убайдулло ифтитоҳ намуда, пеш аз оғози силсилагузориш барқияи табрикии президенти кишварамонро  ба раиси тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ қироат намуд. Дигар ҳама за рӯи як сенарий  чун дар ТВ «Тоҷикистон» ва ТВ «Ҷаҳоннамо» бо пахши гузориши муфассал сурат гирифту ба итмом расид.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ