ДомойНақди РасонаӣСинхронҳои Рустами Эмомалӣ ва ид дар «Шоҳамбарӣ». Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои...

Синхронҳои Рустами Эмомалӣ ва ид дар «Шоҳамбарӣ». Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 27 июн то 4 июл

Мавзӯъи марказии барномаҳои итилоотии шабакаҳои телевизионӣ тӯли ҳафтаи сипаришуда – ифтитоҳи осоишгоҳи азнавтармимшудаи «Шоҳамбарӣ» дар Ҳисор буд.  «Тоҷикистон» гузоришро бо матни пасикадрӣ пур намуд, “Сафина” онро бо баромади собиқадорону шеърхонӣ ороиш дод, дар “Ҷаҳоннамо” бошад, тули қариб 5 дақиқа консерти идонаро пахш намуданду мо фаромуш кардем, ки барномаи таҳлилиро тамошо дорем. Бо вуҷуди ин,  аз чи бошад, ягон шабака сафари расмии президенти Қирғизистон Содир Ҷабборовро ба Тоҷикистон, ки 28-29 июн баргузор гардид, мавриди таҳлил қарор надод ва аҳамияти онро низ баррасӣ накард.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон”

Барнома аз хондани хабари фаврӣ дар бораи сӯҳбати телефонии президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ оғоз гардид, ки вазъи  ташвишовари низомиву сиёсӣ дар Афғонистонро муҳокима намуданд.

Пасон, баранда изҳороти расмии қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишварро хонда дод. Мувофиқи он 3 июл 300 нафар низомиёни қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон дар ҷанг бо гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати толибон  ақибнишинӣ карда, бо мақсади наҷот додани ҷони худ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз сарҳади Тоҷикистон гузаштанд. Дар изҳорот гуфта шуд, ки “сарҳадбонони тоҷик бо назардошти принсипи инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ” барои воридшавӣ ба қаламрави ҷумҳуриамон ба онҳо иҷозат доданд. Бисёр хуб мебуд, ки барои таъсирбахш намудани изҳорот наворҳо аз минтақа ва ё аз бойгонӣ истифода мешуд. Расонаҳои хориҷӣ, масалан телевизионии Русия доир ба ин мавзӯъ чунин амалро ҳамарӯза анҷом медиҳанд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар блоки хабарҳои расмӣ, ки ин дафъа 80% эфири барномаро ташкил дод, аввал аз баргузории  маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хабар доданду дар наворҳо аъзои Ҳукуматро аз планҳои дуру наздик ва миёна аз чандин ракурс тамошо кардем.

Дар гузориши дигар, ки ба мулоқоти сарвари кишвар бо президенти ширкати байналмилалии «Гленкор» Айван Глазенберг бахшида шуд, камбудии асосӣ айнан будани матни пешгуфтор ва аввали матни гузориш аст, ки ҳусни онро ба маротиб мекоҳонад.

Сипас, дар бораи мулоқоти президент бо Раиси Вулуси Ҷиргаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ, бо роҳбарони ҳайатҳо — иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас,  бо вазири мудофиаи миллии Ҷумҳурии Туркия Хулусӣ Акар гузоришҳо пахш гардиданд, аммо муҳтавои ҳар яки онҳо аз ҷиҳати  зиёд ва такрор ба такрор овардани ибораҳои канселяриву обшуста ва наворҳои якмаром аз  ҷаласаву  мулоқотҳо ба назар якрангу дилбазан намуданд.

Баъд аз он хабар дода шуд, ки Пешвои миллат 2 июл  дар ифтитоҳи расмии осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ» пас аз тармим ва таъмир иштирок варзид ва ин дафъа низ дар матни пасикадрӣ пургуӣ зиёд буд. Дар наворҳои сохтае, ки гузоришгарон чун анъана як рӯз пеш аз  омадани президент мегиранд, ин бор духтарони чаканпӯшро нишон даданд, ки дар харакҳои саҳни ҳавлии осоишгоҳ ду ва сенафарӣ нишаста буданд ва аслан ба  истироҳаткунандагон шабоҳат надоштанд. Ба назар чунин намуд, ки наворҳои мазкур  на барои барномаи итилоотӣ-таҳлилӣ, яъне барномаи ҷиддӣ,  балки бештар барои маводи рекламавӣ ё барои истифода дар барномаи фароғатӣ филмбардорӣ шудаанд. Умуман, истифодаи чунин наворҳо барномаро барои тамошобин беэътимод мегардонад, чунки дар он дуруғу сохтакорӣ зиёд аст.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Истифодаи матни зиёд низ аҳамияти гузоришро ба маротиб паст намуд. Масалан, хабар додани чанд метри мураббаъ будани масоҳати умумии бинои муолиҷавӣ, сипас, бинои истироҳативу амфитеатр, боғи ёрирасон ва чоҳи амудию ғайра барои тамошобин чизе намедиҳад. Ӯ бе ин ҳам тариқи наворҳои пешниҳодшуда маълумоти зиёдеро гирифта, ҳамаи факту арқомро  ба якбора “ҳазм” карда наметавонад. Бе ин ҳам дар  матни пасикадрӣ дар бораи чанд кату чанд ҷои нишасту дар умум чанд ҷой доштани осоишгоҳ гуфтанду нишон доданд, пас ҳоҷат дар “боз ҳам пуртар” намудани мағзи сари тамошобин бо иттилои дуюмдараҷа дар чист?

Масалан, ба ин пораи матн таваҷҷӯҳ намоед: “Сафолакпӯшии майдону роҳҳои атрофи биноҳои осоишгоҳ масоҳати 5 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, 40 ҳазор дона дарахтони ороишӣ ва сояафкану мевадиҳанда ва зиёда аз 1 миллион бех гулу буттаҳо шинонида шудааст”. Мақсад аз матни овардашуда дар чист? Ба назари гузоришгарон, ягон кас аз тамошобинон баъди гузориш рафта, шумораи сафолакҳо ва гулҳоро нишаста як ба як ҳисоб мекунад?

Дар омади гап, таббохиро дар гузориш соҳа гуфтанд. Ин тавр нест.  Он ҳунар, пеша аст. Таббох будан, яъне хӯрокро дар сатҳи баланди касбӣ омода намудан аст.

Баъд аз гузориши мазкур, ки каме ҳам бошад, аз ҷиҳати истифодаи наворҳо  аз дохилу беруни мавзеъ гирифташуда рангоранг буд, боз ду гузориши расмии “дохилибиноӣ”-ро намоиш доданд, ки яке аз мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии МО ҶТ Рустами Эмомалӣ бо Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Россия Вячеслав Володин буд ва порчаеро аз баромади синхронии ҳардуро бо забони русӣ пахш намуданд ва дар гузориши баъдӣ, ки бевосита аз ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парлумонӣ сурат гирифт, боз суханронии Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистонро бо забони русӣ  нишон доданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Аз мавзӯъҳои дигар, ки хабарнигорони худи барнома омода намуданд, гузориши Зулфия Раҳимзодаро доир ба вазъи имрӯзаи бемории коронавирус ва тавсияи табибон ном гирифтан мумкин аст.

Дар он сардори раёсати амнияти санитарию эпидеомологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолӣ Наврӯз Ҷаъфаров баромад намуда, дар бораи теъдоди одамони таҳти назорати табибон қарор дошта иттилоъ дод. Номбурда инчунин дар бораи худро аз беморӣ ҳифз намудан ба шаҳрвандон тавсияҳо дод ва зарур будани гирифтани ваксинаро бори дигар таъкид намуд.

Дар наворҳои аз дармонгоҳҳои пойтахт гирифташуда одамони дар навбат барои ваксинакунонӣ истодаро дидан мумкин аст. Хуб мебуд, агар яке аз онҳо эҳсосоти худро пас аз эмгузаронӣ  нақл менамуд. Он гоҳ, ҳам гузориш пуртаъсиртар мешуд ва ҳам одамон ба ваксинагузаронӣ эътимод пайдо мекарданд.

Гузориши навбатии Равзалӣ Амон ба истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ бахшида шуда буд. Дар он аз корхонаҳои гуногуни дар минтақаҳои  вилояти Суғд ҷойгиршуда наворҳо гирифта шуда, сухан аз консентрати маъданҳои кӯҳиву нахи пахта сар карда то истеҳсоли либоси варзишиву коркарди сабзавоту мева  меравад.

Мавод хуб ва пурмуҳтаво буд, аммо камбудӣ низ дошт. Дар як гузориш 5 нафар масъулин гап заданд, ки ба гуфтаи русҳо «перебор» буд. Хуб мебуд, ки аз ҷониби идораи назоратӣ – намояндаи раёсати саноат ё кишоварзии вилоят баромад намуда, дар умум дар бораи дастовардҳои корхонаҳои номбаршуда ибрози ақида мекард, сипас аз корхонаҳои саноатӣ яке интихоб мешуду  роҳбари он, на чун  анъанаи солҳои ахир, корманди оддӣ баромад мекард. Ва дар бахши кишоварзӣ низ инчунин.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гузориши охирини барномаи ҳафта ғайричашмдошт ба парвариши гӯсфанди ҳисорӣ бахшида шуда буд. Камбудии гузориш низ дар такрор намудани суханони якдигар ва шумораи зиёди коршиносони соҳа буд. Масалан, директори институти чорводорӣ ва чарогоҳи АИКТ Хуршед Давлатов баромад намуда гуфт, ки ватани ин намуди гӯсфандон Ҳисори бостонӣ мебошад, ин дар ҳолест, ки худи гузоришгар дар аввали матлабаш чунин гуфта буд ва олим онро такрор намуд. Ба фикрам айб дар муаллиф аст, ки суханони мусоҳибашро «дуздид».  Баъди директор ду корманди  институт низ баромад намуда, тахминан суханони роҳбарашонро  такрор намуданд. Аммо хуб мебуд, ки аз як идора як нафар баромад намуда,  муаллиф бо соҳибони чорво ё чӯпонон вохӯрда, аз онҳо дар бораи хусусиятҳои гӯсфанд мепурсид. Дар баробари ин, ду видеографикаи пешниҳодшуда он қадар таъсирбахш набуданд, чунки дар ҳар ду мавзӯъи вазни гӯсфандон ишора гардид, ҳарчанд онро бо дигар хусусиятҳои чорвои хурди хонагӣ оро додан ё бо дигар намуди ҳайвонот муқоиса намудан мумкин буд.

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

Муаллифони барномаи мазкур танҳо ахбори расмӣ, ки аз ҷониби  хадамоти матбуотии президенти кишвар омода гардида, тариқи дигар шабакаҳо пахш шуд, намоиш доданд. Фарқ танҳо дар он буд, ки дар гузориш аз ифтитоҳи бинои нави осоишгоҳи Шоҳамбарӣ, ки 2 июл сурат гирифт, дар “Сафина” синхронҳо истифода шуданд. Масалан,  дар аввал маъмури осоишгоҳ Тахмина Нурализода хеле якмаром ва барои барномаи иттилоотӣ оҳиста баромад намуда, аз Пешвои миллат барои ин иншооти муҳим миннатдорӣ кард. Табиби осоишгоҳ Зуҳрулло Зоидзода бошад, муфассал дар бораи аз куҷо овардан  ва чӣ гуна хусусият доштани лойдармонӣ нақл карду собиқадорони шаҳри Ҳисор Нарзуллои Тошпӯлод  ва Султонмуроди Одина, инчунин мудири шӯъбаи маориф Мавҷуда Ҳакимова ва табиб Мирзоюнус Тоҳирӣ дар бораи саҳми сарвари давлат дар ободонии кишвар, ғамхориаш нисбат ба меҳнаткашон, аз он ҷумла омӯзгорон гуфтанду охирӣ як шеъри худ навиштаашро  хонда дод, ки аз ин ҳаҷми гузориш аз андоза бузургтар шуд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Сипас, боз гузориши расмӣ аз мулоқотҳои Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии СААД, Раиси Думаи Россия Вячеслав Володин ва пас аз он, аз  ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро нишон доданд.

Барнома бо хондани изҳороти расмии қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар ба анҷом расид, ки ба вазъият дар марзи байни Тоҷикистону Афғонистон бахшида шуда буд.

“Ҳафт рӯз” , ТВ “Ҷаҳоннамо”     

Баранда ва муаллифи доимии барнома Сафархуҷа Ризозода онро аз гузориши маҷлиси Ҳукумат оғоз намуда, ба ин минвол аксарияти гузоришҳои дар дигар шабакаҳо пахшгардидаро такроран нишон дод. Дар баъзе гузоришҳо баранда порчаи матнро бидуни наворҳо хонда дод. Масалан,  дар гузориш аз мулоқоти ҷаноби президент бо дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас, ки аз ҷониби хадамоти матбуоти президенти ҷумҳурӣ омода гардида буд, баранда зиёд хонду наворҳоро нишон надоданд.

Дар гузориши аз “Шоҳамбарӣ” омодагардида бошад, тули 4,8 дақиқа дар иҷрои гурӯҳи ҳунармандон гулбазми ҷавонону сурудҳои анъанавии минтақаро намоиш доданд. Тамошобин каме аз мавзӯъ дур шуда роҳат мекунаду пас аз он якбора давоми гузоришро пахш мекунанд ва дар навор боз сарвари давлатро дар иҳотаи соҳибмулкон ва мақомдорон мебинем ва гузоришгарон хабар медиҳанд, ки фалон қадар роҳҳо асфалтпӯш шуданду фалон қадар гулу дарахт нишонданд. Яъне аз aфcона боз ба ҳаёти муқаррарии телевизионӣ бармегардем. Ва он ҷо боз чанд гузориши расмиро бо иштироки Рустами Эмомалӣ ба ҳайси Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии кишвар мебинем ва  бори дигар хулоса мекунем, ки зиндагӣ давом дорад.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ