Ҳафтаи сипаришуда “Тоҷикистон” дар арафаи ҷашни Истиқлол гузориши хуби проблемавиеро пешниҳод намуд, “Сафина” қаҳрамони хуби заминӣ пайдо кард ва “Ҷаҳоннамо” бошад, якбора форматашро дигар карда ба кутоҳбаёнӣ гузашт. Аммо аз чи бошад, масъалаи гирифторшавии шаҳрвандон бо бемории COVID-19, ки сар то сари кишварро фаро гирифтааст, боз паси пардаи хомушӣ монд. Дар бораи фарбеҳӣ сужа карданду коронавирусро бори дигар “игнор” намуданд.
“Тоҷикистон”, ТВ “Тоҷикистон”
Барнома чун ҳарвақта аз ахборои расмӣ оғоз гардида, ба машварати кории президенти кишвар бо иштироки масъулин ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои давлатӣ бахшида шуд.
Гузориши дуввум бошад ба ҷашни 20-солагии таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай бахшида шуда, дар он ба сифати коршинос Абдухалил Ғафурзода – ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ баромад кард ва дар бораи аҳамияти ин созмон дар арсаи ҷаҳонӣ изҳори ақида намуд.
Дар ин ду гузориш бо сабаби норасоии наворҳо фақат маҷлисгоҳҳои серодамро такрор ба такрор нишон доданд. Бояд зикр кард, ки маҳз ҳамин камбудии асосии ҳамаи гузоришҳои дарозматн аст.
Дигар маводи пешниҳодшуда асосан ба соҳаи кишоварзӣ бахшида шуда, дар аввал гузориши Наврӯзшоҳи Азизулло дар бораи пайомадҳои манфии камғизоӣ дар сайёра ва вобаста ба ин мавзӯъ профессор (аз куҷо маълум накарданд) Баҳром Аҳмадов баромад намуда гуфт, ки тоҷикистониён бояд барои захира намудани маводи хӯрока омодагӣ гиранд. Баромади ӯ бо он анҷомид, ки кишоварзӣ дар Тоҷикистон соҳаи муҳим аст ва шароити обу ҳаво ба мо имконият медиҳад, ки кишти такрориро ба роҳ монда, ҳар чӣ бисёртар маводи хӯрокаро барои оянда захира намоем. Коршинос се проблемаро номбар намуд, ки бояд роҳи ҳалли худро ёбанд: технологияҳои муосир, таъмини замин бо об ва истифодаи самараноки вақт, аммо то анҷоми гузориш маълум нашуд, ки маҳз кӣ бояд иҷроиши ин се омилро таъмин намояд.
Пас аз ин, муаллиф Худойдоди Раҷаб аз рафти мавсими кишти такрорӣ дар вилояти Хатлон хабар дода, дар мисоли хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти «20 соли Истиқлолияти Тоҷикистон»-и ноҳияи Дӯстӣ, ки дар минтақаи Гаровутӣ ҷойгир аст, рафти ин маъракаро нишон дод.
Меҳроҷиддини Амир, муовини раиси ҷамоати номбурда дар даст тарбуз назди камера “ҳисобот” дод, ки дар ин мавзеъ танқисии об дигар дида намешавад, чунки онҳо акнун соҳиби пойгоҳи обкашӣ ҳастанд.
Камбудии матни пасикадрии муаллиф дар он зоҳир мешавад, ки дар рафти гузориш ӯ борҳо номи мавзеъ ва ноҳияро ба пуррагӣ ном гирифт, ҳол он ки дар барнома доимо «геолокатсия» — макони сабти навор вуҷуд дорад (ба кунҷи поёнии чапи экран аҳамият диҳед) ва ба тамошобин бе ин ҳам маълум аст, ки гузориш аз кадом минтақа пахш мешавад. Боз дар наворҳо заминҳои корамро, ки аз боло ба воситаи дрон гирифта шудаанд, фаровон намоиш доданд.
Гузориши аз вилояти Суғд пешниҳодшуда бештар оҳанги танқидӣ дошт. Муаллиф Маҳмуд Ализода онро аз шаҳраки Чойруқдаррони ш. Гулистон омода намуда, гузоришро «мушкилоти калони шаҳраки хурд» номид, ки дар ҳақиқат, чунин буд. Дар баробари номбар намудани дастовардҳои шаҳрак дар сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ, ки ду километр роҳ мумфарш ва беморхонаи маҳаллӣ аз маблағи буҷаи шаҳри Гулистон таъмир гардидаааст, дар шаҳрак ягон дигаргунӣ дида намешавад. Сардухтури беморхона бо таассуф иброз дошт, ки онҳо ба мошини ёрии таъҷилӣ, дастгоҳҳои наву замонавӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ, инчунин ба мутахассисони соҳаи тиб ниёз доранд. Яъне таъмир намудани бино ин як тарафи масъала аст ва ҳукуматдорон бояд барои ҳалли дигар мушкилоти соҳа аҳамият диҳанд, иброз дошт муаллифи гузориш. Инчунин мушкилоти таъминоти аҳолӣ ба дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва бекорӣ бар асари аз фаъолият мондани комбинати фулузот, ки хусусӣ гардонда шудааст ва дар вақташ то 700 нафарро бо кор таъмин мекард, бардошта шудааст. Дар баробари ин, дар наворҳо як идда муасиссаҳои иҷтимоиву фароғатӣ, аз қабили боғчаи кӯдаконаву фурӯшгоҳи марказӣ, ки дар ҳолати ҳузнангез қарор доранду ба партовгоҳ мубаддал гардидаанд, нишон дода шуданд. Агар баъди барнома масъулони шаҳри Гулистон пайи бартараф намудани камбудиҳои нишондодашуда мешуданд, ин дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолият беҳтарин чораҷӯӣ ба ҳисоб мерафт.
Дар муқоиса бо ин, гузориши Нуриддини Қурбон ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бахшида шуда, бештар характери тавсифӣ дошт. Дар он масъулини Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва Маркази кӯдакон ва наврасони ш. Душанбе баромад намуда, дар бораи бо таҳсилоти иловагӣ ва машғулиятҳои гуногуни омӯзишӣ фаро гирифтани мактаббачагон дар таътили тобистона нақл намуданд. Дар баробари тавсиф, муаллифи гузориш проблемаи бо таҳсилоти иловагӣ фаро гирифтани мактабҳоро пеш гузошта, қайд намуд, ки аз шумораи умумии мактабҳои ҷумҳурӣ танҳо 84 муассисаи таҳсилотӣ, яъне ҳамагӣ 3% дар ин самт фаъолият мебаранд. Инчунин баромадкунандагон иброз доштанд, ки ба ин гуна таҳсилот ва машғулиятҳои иловагӣ ҷалб намудани мактаббачагон вазифаи асосии волидон мебошад, ки масъулияти худро дар тарбияи фарзандони хеш ҳис намекунанд.
Гузориш бо баромади хонандаи мактаб Раъно Искандарова ва хулосаи муаллиф анҷом ёфт, ки аввалӣ дигаронро барои шомил шудан ба машғулиятҳои иловагӣ даъват намуду дигарӣ ҳушдор сохт, ки бекорӣ дар байни мактаббачагон ба ҷинояткорӣ оварда мерасонад.
Дар иртибот бо он, шарҳи муаллифи беном дар бораи амнияти иттилоотӣ пахш гардид, ки бо овози воҳиманок бори дигар дар бобати зиракии сиёсӣ ва дуруст истифода намудани манбаъҳои иттилоъ тариқи истифодаи интернет огоҳ намуд. Чун ҳарвақта наворҳои бегона аз расонаҳои ҷаҳонӣ бо симоҳои аврупоӣ зиёд истифода шуда, дар баробари ин ба воситаи дрон пойтахтро аз баландӣ аз сабаби “сергапӣ”-и муаллиф чандин маротиба намоиш доданд. Бори дигар таъкид гардид, ки мо, фарзандони баору номус (яъне тамошобин) бояд ҷанги иттилоотиро (бо кӣ – номаълум) ғолиб шавем.
Дар бораи тағйирёбии иқлим ва газҳои гулхонавӣ Зулфия Раҳимзода шарҳи телевизионӣ пешкаш намуда, дар он ба ҳайси коршинос Назриалло Шерализода, муовини директори Агентии обуҳавошиносии кишвар баромад намуд ва дар бораи омилҳои асосие, ки ба ин ҳолат оварда мерасонад, дар умум нақл кард. Мавод бо таърифу таҳсини дипломатияи об дар Тоҷикистон анҷомид.
Гузориши охир ба «бемории аср» — фарбеҳӣ бахшида шуда, онро Нилуфари Раҳмоналӣ пешкаш намуд. Бо истифода аз назари табиб Зуҳро Ҳоҷимуҳаммад, муаллиф дар бораи омилҳое, ки ба ин беморӣ оварда мерасонанд, муфассал нақл намуд. Наворҳо бошад, чун “анъана” аз расонаҳои байналмиллалӣ гирифта шуда, ягон симои ба тоҷикон монанд дида нашуд, то ин ки маводи пешниҳодшуда барои тамошобини маҳаллӣ таъсири амиқ бахшад.
«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»
Баъди пахши ахбори расмӣ чанд гузориш, ки асосан бо соҳаи кишоварзӣ иртибот дошт, намоиш дода шуд.
Дар оғоз аз маъракаи ободонию ободкорӣ дар ҷамоати деҳоти Ворухи ш. Исфара гузориш пешниҳод гардид. Сипас, Хосият Худоёрзода аз Бадахшон дар бораи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баромад карда, дар гузоришаш аз ифодаҳои канселярӣ ва забонзада фаровон истифода намуд. Масалан, муаллиф иброз дошт, ки «меҳнаткашони вилоят бо заҳмати арзанда ва арақи поки ҷабин аз ин ҷашн истиқбол менамоянд ва таровати ин сарзамини аҷдодиро дучанду сечанд ва беш аз пеш менамоянд». Истиқбол намудани ҷашни миллӣ бо арақи ҷабин, яъне меҳнати пурмашаққат мантиқан нодуруст аст, чунки модоме мардум ин қадар меҳнати сахт доранд, оё ид барояшон ҷои хурсандист? Дуввум, таровати сарзаминро чӣ гуна бояд бо арақи поки ҷабин иртибот дод ва илова бар ин, онро дучанду сечанд ва беш аз пеш гардонд? Мантиқан ин ҷумла хатост ва мебоист дар атрофи муҳтавои матни пасикадрӣ бори дигар ҷиддӣ фикр кард.
Интихоби мусоҳиб низ дар маводи мазкур аҷиб аст: Маҳмаднасим Гаваров, собиқадори меҳнат дар гузориш баромад намуда, беш аз ҳар гуна мақомдор дар бораи соҳаҳои хоҷагии халқ маълумот медиҳад. Ӯ дар бораи сарф гардидани бештар аз 18 миллион сомонӣ барои сохтмони иншоотҳои иқтисодӣ, 31 лоиҳаи сармоягузорӣ ва ба маблағи 3 млрд 300 ҳазор сомонӣ татбиқ намудани он ба ҳайси як коршиноси иқтисоддон ҳарф мезанад. Беҳтар мебуд, ки ӯро на чун собиқадори меҳнат, балки чун коршиноси соҳа муаррифӣ менамуданд.
Сипас блоки хабарҳои соҳаи кишоварзӣ пешниҳод гардид. Хабарнигорон аз рафти парвариши картошка дар Нуробод, сабзавот дар Шаҳринав, тақсими техникаи кишоварзӣ дар ноҳияи Рашт, чорводорӣ ва кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои Конибодом, фаъолияти муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангал»-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ва парвариши оҳуи холдор дар хоҷагии ҷангали Қаратоғи ш. Турсунзода гузоришҳо пешниҳод намуданд. Камбудии асосии маводи ин бахш дар характери рапортдиҳӣ доштани онҳо мебошад. Аз ҷиҳати гуногунрангӣ ва истифодаи наворҳои зиёд гузориши аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин пешниҳодшуда ҷолиб буд. Дар гузориш аз Нуробод растаниҳои картошкаро аз баландӣ, плани миёна ва дур бе нишон додани фаъолияти одамон дар майдон чунон фаровон нишон доданд, ки ғайри қобили қабул аст. Наворҳои барномаи иттилоотӣ бояд иттилоот диҳанд, на наворҳои «мурда»-ро пахш кунанд, ҳарчанд ниҳолҳои картошка дар ҳақиқат зинда буданд.
Ва дар анҷом Хуршеди Абдуҳалим гузориши хуберо аз ҷамоати Обшорони ноҳияи Шаҳритус дар бораи фаъолияти кулолгари маҳаллӣ Абдулло Баротов пешниҳод намуд. Дар наворҳо динамика, амал зиёд эҳсос гардид, интихоби қаҳрамон ҳам хуб буд, чунки ӯ самимона дар бораи ҳунараш гап зада, нозукиҳои касбашро нишон дод. Дар гузориш намояндаи ҷамоати ноҳия ва инчунин ҳамсари кулолгар (чун тақвиятдиҳандагон ва шоҳидони амали қаҳрамон) баромад намуданд ва дар охир худи муаллиф сари чархи кулолӣ дар навор пайдо шуда бо як ҷумлаи ҷамъбастӣ дар бобати аҳамияти ҳунари кулолгарӣ гузоришро анҷом бахшид.
“Ҳафт руз”, ТВ “Ҷаҳоннамо”
Баъд аз хабари расмӣ дар бораи баргузор гардидани машварати кории президенти кишвар, гузориши сафари кории сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ноҳияҳои Тоҷикобод ва Рашт ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ пешниҳод гардид. Дар мавод муфассал дар бораи оқибатҳои заминларза, кӯмакҳои сарвари давлат, аз қабили масолеҳи сохтмонӣ ба хонаводаҳои зарардида, сохтмони хонаҳои нав ва машваратҳои корӣ бо фаъолон ва мақомдорони маҳаллии ноҳияҳои номбурда гуфта гузаштанд ва наворҳои мувофиқ нишон доданд.
Баъд аз ин гузориши Каримҷон Амроқулзода аз ноҳияи Ҳамадонӣ дар бораи вазъи корхонаҳои саноатӣ пешниҳод гардид, ки сифати сабти овози муаллиф ба талабот ҷавобгӯ набуд ва ба фикри шахсии банда, шӯъбаи техникӣ бояд чунин гузоришро ба эфир иҷозат намедод. Дар навор корхонаи истеҳсоли намакро нишон доданд, коргарзанон дар замин нишаста аз кӯҳи намаке, ки дар дохили бино рехта буд, маҳсулотро ба халтачаҳо гирифта ҷо мекарданд ва дар ин асно як гурӯҳ масъулон аз ҳисоби мардон кори онҳоро тамошо мекарданд ва ваҷоҳаташон дар навор он қадар ҷиддӣ набуд.
Гузориши Нилуфари Маҳмуд аз ноҳияи Сангвор ва Собирҷон Саидов аз Турсунзода ба вазъи муассисаҳои таълимӣ бахшида шуда буд. Гузориши аввал танҳо аз номбар намудану нишон додани иншоот иборат буд. Яке аз камбудиҳои асосӣ, чун дар гузориши Бадахшон дар шабакаи “Сафина”, истифодаи ноҷои ибораҳо буд. Масалан, муаллиф меҳмонхонаро “иншооти ҳаётан муҳим” арзёбӣ мекунад, ки дар муқоиса бо зарурати сохтани мактабу беморхона муҳимияти он дар плани дуввум меистад. Инчунин у гузоришро бо ҷумлаи “ҳамаи ин иншоот барои ҳаёти шоистаи кӯҳистони азизамон пешбинӣ шудааст” ҷамъбаст менамояд, ки мантиқан нодуруст аст.
Гузориши охир аз ноҳияи Спитамен буд ва муаллиф Муҳаммадбердии Маҳмад дар бораи фаъолияти корхонаи дӯзандагии “Муҳайё ва Ко” нақл мекунад. Аз мусоҳибон корманди корхона Саодат Аҳадова баромад намуда, иброз дошт, ки онҳо бо дӯхтани либоси ягонаи мактабӣ машғуланд. Гузоришҳои барнома умуман хеле кутоҳ буданд ва бе подводкаҳои(пешхабар) баранда пешниҳод шуданд, ки аз дигар шудани формати барномаи иттилоотӣ дарак медиҳад. Чунки пештар ”Ҳафт рӯз” оғоз ва анҷом дошт, ҳоло бошад, маълум нест, ки барнома маҳз бо кадом гузориш ҷамъбаст шуд, чунки ҷадвали барномаҳои ин шабака аз сабаби пурра иттилоотӣ будани муҳтавояш якмаром аст.