26 июн – 1 июл Internews дар Алмаато тренинги офлайн оид ба журналистикаи таҳқиқотӣ баргузор намуд. Дар Мактаб 21 рӯзноманигор ва блогерҳо аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон иштирок намуданд. Ба барномаи Мактаб мавзӯъҳо оид ба қонунгузорӣ дар соҳаи ВАО, марҳилаҳои омодасозии таҳқиқоти журналистӣ, систематизатсияи иттилоот, кор бо манбаъҳо ва ҳифзи онҳо, захираҳои иттилооти оммавӣ, фактчекинг ва сторителлинг дохил карда шуданд. «Хабарнигори нав» бар асоси тренинги мазкур ба нашри мавод шурӯъ мекунад. Медиатренер, муҳаққиқи Украина, Олег Хоменок таърифи таҳқиқоти журналистиро пешниҳод намуда, ҳамчунин дар бораи методикаи омодасозии он нақл намуд.
Журналистикаи таҳқиқотӣ чист?
Таҳқиқот – методи ҷамъоварии иттилоот аз ҷониби рӯзноманигор мебошад, ки ба кор бо манбаъҳои гуногун, таҳлили бодиққат, муқоиса ва ҷустуҷӯи ихтилофҳо асос ёфтааст. Рӯзноманигор дар маводи худ ба саволҳо аз рӯи формулаи «5W» (кӣ, чӣ, дар куҷо, кай, чаро) ба монанди мақолаи муқаррарии журналистӣ ҷавоб медиҳад. Ҳамчунин, маводи ӯ ҷавобҳо ба маводҳои барои таҳқиқот муҳимтаринро дар бар мегирад: чӣ гуна / чӣ тавр, кӣ гунаҳгор аст? Аз ин кӣ манфиат мегирад? Ҳоло чӣ мешавад? / Бо ин бояд дар оянда чӣ кор кард?
Хусусиятҳои журналистикаи таҳқиқотӣ кадомҳоянд?
- Мақола/силсилаи мақолаҳо кори аслии (оригиналии) рӯзноманигор ҳисобида мешаванд, на тахлияи иттилоот.
- Истифода аз методҳои ҷамъоварии иттилооте, ки барои дигар жанрҳои журналистика хос нестанд.
- Ифшо кардани сирр, фош кардан – ифшо намудани иттилооте, ки қаблан барои ҷомеа номаълум буд. Ҳуқуқи ҷомеа барои донистани иттилооти пинҳонӣ аз ҳуқуқи субъект барои пинҳон нигоҳ доштани он ба таври назаррас зиёдтар аст.
- Нишон додани мушкили системавӣ, на ҳолати мушаххас.
- Ҳузури дурнамои вақт «дирӯз – имрӯз – фардо». Тавсифи худи мушкил (ҳозир), сабабҳои он (гузашта), инчунин пешгӯиҳои рушд (оянда).
- Ду нуқтаи назар кофӣ нест, манбаъҳои зиёди иттилоотӣ зарур мебошанд: коршиносон, коркарди массивҳои калони маълумот.
- Дорои ҳаҷми зиёди захираҳо, тӯлонӣ аз нигоҳи вақт ва гаронарзиш.
МАКТАБИ ЖУРНАЛИСТИКАИ ТАҲҚИҚОТӢ
Мо мавзӯъҳоро аз куҷо мегирем?
- Мушоҳидаҳои шахсӣ
- Таҷрибаи шахсӣ
- Таҳлили ҳуҷҷатҳо
- Одамон
Фарзия (гипотеза) чист, чӣ гуна метавон онро дуруст таҳия кард?
Фарзия – тахмине аст, ки онро рӯзноманигор дар раванди таҳқиқот исбот ё рад мекунад. Ба туфайли фарзия мумкин аст субъект ва ҳамчунин мавзӯъи таҳқиқот муайян карда шаванд. Маҳз дар фарзия муайян карда мешавад, ки чӣ касе, чӣ гуна ва чаро қонунро вайрон мекунад/амалҳои ғайриқонунӣ содир мекунад ва он чӣ оқибатҳо дорад.
Аввал саволҳои иттилоотӣ барои кӯмак ба ҷамъоварии далелҳо гузошта мешаванд. Кӣ, чӣ, чӣ гуна, дар куҷо, кай, чӣ қадар, дар кадом пайдарпаӣ. Пас аз он, саволҳои арзёбӣ гузошта мешаванд, ки барои гирифтани назарҳо, арзёбӣ ё тафсири далелҳо кӯмак мекунанд: чаро, кӣ аз он манфиат мегирад, кӣ/чӣ дар паси он меистад, кадом сабабҳо, чӣ оқибатҳо вуҷуд доранд?
Кадом манбаъҳои иттилоот вуҷуд доранд?
- Ҳуҷҷатҳо – расмӣ ва ғайрирасмӣ
- Созмонҳое, ки нигоҳдорандаи ҳуҷҷатҳо мебошанд
- Захираҳои шабака, бойгониҳо, махзанҳои иттилоотӣ ва ВАО
- Одамоне, ки ҳомилони иттилоот ё ҳуҷҷатҳо мебошанд
- Худи рӯзноманигор – методҳои мушоҳида ё озмоиш (эксперимент)
Рӯзноманигорон ҳангоми таҳқиқот бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд?
- Дастрасӣ ба манбаъҳои зарурии иттилоот вуҷуд надорад.
- Норасоии захираҳо (вақт ва маблағ).
- Соҳибони ВАО ба нашри иттилооти баҳсбарангез ва дорои мушкил таваҷҷӯҳ надоранд, таҳдиди аз даст додани ҷойи кор, оқибатҳои ҳуқуқӣ.
- Тарс аз интиқом барои нашрия, таҳдид ба амнияти шахсӣ.
- Мушкилоти равонӣ – танҳоӣ, хастагии касбӣ, хастагӣ, тарс аз нокомӣ.
- Набудани анъана ва таҷрибаи таҳқиқот дар муҳити журналистӣ.
Тавсияҳои мазкур бар асоси суханронии Олег Хоменок дар тренинги офлайни Мактаби журналистикаи таҳқиқотӣ таҳия карда шудаанд, ки дар чорчӯби Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP баргузор гардид.