Ҳафтаи сипаришуда барномаҳои ҷамъбастии «Ҷамъбасти ҳафта» (ТВ «Сафина», соати 20:00), “Тоҷикистон” (ТВ “Тоҷикистон”, соати 20:30) ва “Ҳафт руз” (ТВ “Ҷаҳоннамо”, соати 21:00), ки паи ҳам пахш мешаванд, як соати эфирашонро пурра ба гузориши расмии сафари кории президенти кишвар ба вилояти Суғд бахшиданд. Ин падида тамошобинро, ки аз хабарҳои асосии тули ҳафта огоҳ шудан мехоҳад, аз ҳуқуқи интихоби тамошои барномаҳои итилоотӣ маҳрум месозад ва шояд яке аз сабабҳои асосии рӯ овардани ӯ ба шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.
“Тоҷикистон”, ТВ “Тоҷикистон”
Гузоришҳои расмии омоданамудаи Хадамоти матбуотии президенти кишвар аз сафари Ҷаноби Олӣ ба деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ оғоз гардид. Нахуст гузориш аз ифтитоҳи мактаб-интернати наву замонавӣ намоиш дода шуд.
Дар наворҳо иншооти сохташударо аз ҳама гуна планҳо (аз баландӣ, плани дуру наздик) гирифта нишон доданд. Гузоришгарон дар матни пасикадрӣ корҳои сохтмониро дар мактаб-интернат ва як-як кадом синфхонаву китобхонаву утоқҳои ҳунаромӯзию ҳуҷраҳои хобу дарстайёркунӣ, нуқтаи тиббиву ҷойи дарзмолкунӣ, толори барҳавои варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон доштани иншоотро номбар намуданду нишон доданд. Аз гузориш маълум гардид, ки ҳамзамон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22 низ таъмир шуда, бинои таваллудхонаи нави Маркази саломатии деҳоти Анзоб мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар гузориш ягон суҳбати синхрон истифода нашуд, ҳарчанд аз матн маълум гардид, ки пештар занони водии Яғноб, деҳаҳои Марғеб, Анзоб ва Марзич масофаи зиёда аз 40-50 километрро тай карда, ба беморхонаи шаҳраки Зарафшон ва маркази ноҳияи Айнӣ мерафтанд ва агар ягон нафари онҳо таассуроти худро нисбати иқдоми ҳукуматдорон иброз медошт, таъсирнокии маводи мазкур ба маротиб зиёдтар мешуд. Дар асл бошад, гузориш якмаром ба назар расид.
Гузориши дигар ба фаъолияти ҶДММ “Мармар” бахшида шуда, дар наворҳо иштироки президенти кишварро дар маросими сар додани 30 сар қутоси хушзот ва 200 сар кабк ба мамнӯъгоҳи Санги Кӯҳнаи ноҳияи Айнӣ нишон доданд.
Аз матни пасикадрӣ маълум гардид, ки дар ноҳияи мазкур 12 хоҷагӣ ба парвариши қутос машғул мебошанду дар дутои он пойгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ташкил шудааст. Аммо агар ҳадди ақал яке аз шабакаҳо гузориши расмиро монда, аз яке аз ин хоҷагиҳо гузориши зинда пешниҳод менамуду тамошобинонро аз наздик бо парвариши қутос ошно мегардонд, таъсираш ба маротиб зиёдтар мебуд.
Дар матни пасикадрӣ хабар дода шуд, ки бо роҳи парвариши қутос бозори дохилиро бо гӯшти парҳезӣ ва арзон таъмин намудан мумкин аст ва дар ин маврид низ метавон гузоришеро дар бораи фоидаи гушти парҳезӣ ё тарзи омода намудани он анҷом медоданд.
Чуноне аз наворҳо дидем, дар Анзоб яке аз соҳибкорон ду ҳавзи моҳипарвариро бунёд намудааст ва дар он гулмоҳӣ парвариш карда мешавад. Гузоришгарон дар матни пасикадрӣ чун ҳарвақта аз ифодаву ибораҳои шаблонӣ зиёд истифода намуданд. Масалан, чандин бор ҷумлаҳо бо хабарҳои “Иттилоъ дода шуд” ва “Таъкид гардид” оғоз мешуд, аммо онро кӣ иттилоъ дод ва таъкид кард, ҳамин тарз номафҳум монд. Беҳтараш аз чунин тарзи пешниҳоди матлаб худдорӣ намуд. Ё дар мавриди истифодаи шаблони “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд доданд” низ гуфтан мумкин аст, ки аз чунин ифода низ бояд ҳадди имкон даст кашанд, чунки дар ягон гузориш гуфта нашудааст, ки президент ба фалон соҳибкор баҳои ғайриқаноатбахш дод, пас мантиқан истифодаи чунин ҷумлаҳо маъно надорад.
Сипас, гузориш аз ифтитоҳи таълимгоҳи рақами 15-и деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айнӣ пешкаш шуда, дар он ғайричашмдошт мактаббачагони дар синфхонаҳо нишастаро намоиш доданд, ки дар таътили тобистона иштироки онҳо дар ин маросим сохтакорона ба назар расид.
Дар гузориши мазкур низ муаллифон муфассал дар бораи чанд синфхонаву иншооти ёридиҳанда доштани мактабро номбар намуда, барои тамошобин ягон иттилои нави назаррасро пешниҳод накарданд.
Дар ин ҷо низ таъкид гардид, ки президент ба сохтмончиён барои сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод. Пас, ин қолаб (калка) набуда, чист?
Корхонаҳои мургпарварӣ ва моҳӣ
Бояд зикр намуд, ки ин сафар сарвари давлат дар ҳудуди вилоят чандин корхонаи парандапарвариро ифтитоҳ намуд. Дар оғоз дар деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ корхонаи парандапарварии “Мурғи Султон”, дар ноҳияи Шаҳристон фермаи парандапарварии ҶДММ “Мурғи Шаҳристон” , дар деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен корхонаи парандапарварии ҶДММ “Файзи саҳар”, дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи “Парандапарвар-2017” ва дар шаҳри Бӯстон корхонаи парандапарварии ҶДММ «Суғд-саноат-паранда»-ро ба истифода дода шуданд.
Дар баробари ин аз гузоришҳо маълум гардид, ки дар 6 моҳи аввали соли равон дар вилояти Суғд истеҳсоли гӯшти паранда 7759 тонна ва тухм 286 млн. дона мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 суръати афзоиши истеҳсоли гӯшти паранда 5,1 баробар зиёд гардидааст. Маълумоти омории мазкурро метавонистанд ба ҷои номбар намудан бо видеографика оро дода намоиш диҳанд.
Дар гузориш аз фабрикаи парандапарварии Бустон таъкид гардид, ки ба шарофати озод намудани фабрикаҳои парандапарварӣ аз якчанд намуди пардохти андоз, дар вилояти Суғд беш аз 125 фабрикаи парандапарварӣ кушода шудаанд. Ин ташаббус имкон фароҳам овард, ки талаботи дохилӣ пурра бо гӯшти парҳезӣ ва тухми паранда қонеъ карда, дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузошта шавад. Агар дар атрофи ин иқдоми Ҳукумати кишвар як шарҳи хуби иқтисодӣ омода мешуд, таъсирнокиаш барои тамошобин бештар гашта, барнома низ аз ҷиҳати муҳтавои жанрӣ рангинтар менамуд.
Дар ин сафар ғайр аз ноҳияи Айнӣ инчунин дар мавзеи Рухаки деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов корхонаи парвариши моҳӣ ифтитоҳ шуд. Аз гузориш хабар доданд, ки 29 июл президенти кишвар дар он ҷо ба фаъолияти ҳавзи моҳипарварӣ оғоз бахшиданд. Мантиқан оё чунин ифода дуруст аст?
Майдони Парчам, варзишгоҳ ва дигар иншооти иҷтимоӣ
Дар ду ноҳия – Айнӣ ва Шаҳристон майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд, матни пасикадрӣ ва ҷо ба ҷокунии кадрҳо дар наворҳо якхела буд. Танҳо номи ноҳия ва баъзе арқомро иваз намуданду халос. Гузоришҳо аз маросими кушодашавии варзишгоҳи марказии ноҳияи Айнӣ, хати оби нӯшокӣ ва мактаби №19 дар ноҳияи Шаҳристон, қасри “Сомониён”-и шаҳраки Навкати ноҳияи Спитамен, кӯдакистони “Меҳросо”дар маҳаллаи «Бофанда» ва дармонгоҳи бачагонаи стоматологии шаҳри Хуҷанд низ якмаром, аксар вақт беодам нишон дода шуданд. Масалан, дар навори клиникаи стоматологӣ ягон нафар мизоҷу табиб дар кадр пайдо нагардид.
Дар гузориш аз кушодашавии хати оби нушокӣ бошад, дар хеч куҷо ишора нашуд, ки татбиқи лоиҳаи сармоягузории “Барқарорсозӣ ва сохтмони шабакаи хати оби нӯшокии шаҳраки Шаҳристон” бо харҷи 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ аз ҷониби кадом ташкилоти байналмиллалӣ ё бонки хориҷӣ маблағгузорӣ шудааст. Аз чи бошад, дар телевизионҳои кишвар дар ин бора ҳар дафъа хомуширо ихтиёр кардаанд, гуйё ном гирифтани саҳми созмонҳои хориҷӣ мамнуъ бошад.
Дар гузориш аз кушодашавии қасри “Сомониён” инчунин аз руи анъана сарвари давлат 100 нафар ятими кулл аз як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят вохурда, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуд.
Инчунин мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Айни ва Шаҳристон низ якмаром ба назар расиданд. Дар наворҳо иштирокчиёни чорабиниро аз планҳои наздик ва дур гирифта, барои дароз будани матни пасикадрӣ такрор ба такрор нишон доданд.
Аз иншоотҳои иқтисодӣ аз ифтитоҳи фермаи чорвопарварӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунармандии “Кӯҳсор” дар ноҳияи Айнӣ, оғози маъракаи ҷамъоварии картошка дар хоҷагии деҳқонии “Ҷасурбек”-и ноҳияи Шаҳристон, хоҷагии ёрирасони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар деҳоти Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва корхонаи “Текстилимпекс”-и шаҳри Хуҷанд, ки бо истеҳсоли матои бахмал машғул аст гузоришҳо омода шуданд. Дар маводи охир хабар дода шуд, ки коргоҳ дар як шабонарӯз дар се баст кор карда, 120 метри мураббаъ матоъ истеҳсол мекунад ва наздики 40 нафар сокини маҳаллӣ дар он кор мекунанд. Саволе ба миён меояд, ки зарурати дар се баст кор кардани корхонаи начандон бузург бо миқдори ками кормандон дар чист? Агар гузоришгарон доир ба ин масъала мавод пешниҳод мекарданд, нуран алонур мешуд.
Ҳамин буд муҳтавои 26 гузориши муфассал аз сафари расмии президенти кишвар ба вилояти Суғд, ки тариқи се барномаи ҷамъбастии шабакаҳои асосии Тоҷикистон якмаром пахш гардид ва дастандаркорони он ҳатто кӯшишаке накарданд, ки гузоришҳоро аз нигоҳи худ ҳатто монтаж намоянд.