ДомойНақди РасонаӣҲамоиши одаму дронҳо дар ҷашни Истиқлол. Шарҳи барномаҳои хабарии ҷамъбастии ҳафта аз...

Ҳамоиши одаму дронҳо дар ҷашни Истиқлол. Шарҳи барномаҳои хабарии ҷамъбастии ҳафта аз 5 то 12 сентябр

Ҳафтаи гузашта шабакаҳои асосии кишвар барномаҳои  ҷамъбастии худро, бешубҳа, ба руйдоди муҳимтарини сол – таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти мамлакат бахшиданд. Дар ин иқдом ТВ «Тоҷикистон» нисбат ба дигарон пешравтар буд.

“Тоҷикистон”, ТВ “Точикистон”

Новобаста аз он, ки гузоришҳои ҳамаи чорабиниҳои идона чандин рӯз тариқи шабака ба таври мустақим ва такроран пурра намоиш дода шуданд (муфассал дар ин ҷо бихонед), дар барномаи ҷамъбастии ҳафта чорабиниҳои мазкурро бори дигар ёдрас намуданд.

Масалан, гузориши аввал ба паради ҳарбӣ бахшида шуд, ки 7 сентябр дар майдони Дӯстии пойтахт ба муносибати таҷлили ҷашн бо иштироки президенти Тоҷикистон, ҳамзамон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон гузашт. Бори дигар дар фазои тантанавӣ мо шоҳиди баргузории чорабинии муҳими ҳарбӣ бо иштироки 30 ҳазор хизматчии ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва афсарону сарбозони захираҳои сафарбарӣ гардидем.

Гузориши мазкур ва гузоришҳои дигари расмии барнома аз ҷониби хадамоти матбуотии президенти кишвар пешниҳод гардиданд.

Гузориши дигар ба ҷамъомади тантанавие бахшида шуд, ки  8 сентябр дар Кохи Борбад ба муносибати истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар наворҳо ҷо-ҷо порчаҳо аз баромади синхронии президент намоиш дода шуд. Масалан,  порчае аз баромадаш доир ба авзои мураккаби сиёсии кишвари ҳамсояи Афғонистон ва мавқеъи ягонаву устувори Тоҷикистон дар ин бобат. Бояд зикр намуд, ки матни пасикадрии  ҳар ду гузориш бо садои як нафар хонда шуд.

Дар анҷом консерти идона баргузор гардид ва ин дафъа аз рафти он порчаҳоро намоиш надода, танҳо ёдрас намуданд, ки барнома рангину хотирмон гузашт.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар гузориши сеюм роҳпаймоии ҷашнӣ бо иштироки президент ва мири шаҳр намоиш дода шуда, боз ҳам наворҳо аз гузориши муфассал истифода шуд ва чанд порчае аз баромади президент пешниҳод гардид. Дар наворҳо мо иштирокчиёни роҳпаймоӣ — кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ, вазорату идораҳо, намояндагони соҳаҳои мухталифи мамлакат, донишҷӯёнро дидем, ки бо шиору овезаҳо аз назди президент ботантана гузаштанд. Аз рӯи гуфтаи муаллифони гузориш шумораи умумии иштирокчиёни чорабинӣ 30 ҳазор нафар будааст.

Сипас, гузориш аз ҷамъомади тантанавии идона бо номи “30 ситораи дурахшон” аз Наврузгоҳи пойтахт пешниҳод гардид, ки дар он низ Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкат намуданд. Дар ин гузориш ҳам аз баромади президент порчаҳоро пешкаш намуданд, аммо аз худи намоиши театрикунонидашуда танҳо се-чор кадр нишон доданду халос.

Гузориши охир аз баргузор гардидани барномаи идона ва шоуи дронҳо дар майдони Нишони давлатии пойтахт дар таърихи 10 сентябр хабар дод.

Баъдан овози пасикадрӣ таъкид намуд, ки он аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, алалхусус, ба шарофати заҳматҳои мири пойтахт баргузор гардидаааст. “Имсол ҷашн ба шарофати муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо истифодаи техника беҳтару хубтар ба роҳ монда шуда, таҳти сарварии роҳбари ҷавону кордон Душанбе сол аз сол рушд карда корҳои бесобиқаи ободкориву бунёдкорӣ гузашта истодааст”, — тазаккур дод муаллиф.

Дар гузориш аз чӣ бошад, танҳо симои шаҳри шабонаро бо рангорангии ороишоти электрикӣ намоиш дода, дар баробари ин, шумораи умумии мактабу иншооти иқтисодӣ ва манзили навсохтро дар пойтахт номбар карданд.

Баъд аз ин, чанд лаҳзаеро аз намоиши дронҳо, ки дар осмони шабонаи Душанбе бо истифода аз фановариҳои баланд намоиш дода шуд, ба таври синхрон нишон доданд.

Ва дар анҷом, шарҳи телевизионии бахшида ба инъикоси ҷашни 30-солагии Тоҷикистон дар расонаҳои ҷаҳонӣ пешниҳод гардида, муаллиф таъкид намуд, ки “шукуҳу шаҳомати ҷашн бори дигар обрӯи Тоҷикистонро дар ҷаҳон бардошт, ки мислашро дар ягон соли ҷашн надида буданд”. Баъдан ҳамчун бузургтарин васоити ахбори оммаи ҷаҳонӣ шабакаҳои телевизионии Евронюс, Россия-24 ва “МИР” ном гирифта шуда, порчаҳоро аз гузоришҳои онҳо намоиш доданд. Ҳол он, ки шабакаҳои “МИР” ва “Россия”-ро асосан дар собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мешиносанду халос. Дар наворҳо бори дигар порчаҳоро аз паради ҳарбӣ ва роҳпаймоии ҷашнӣ намоиш дода, муаллиф таъкид намуд, ки кадом корхонаву вазоратҳо дар он ширкат варзиданд. Баъд боз порчаеро аз баромади президент ва таҷлили ҷашни бошукуҳ дар Наврӯзгоҳ  намоиш доданд. Чунин ба назар мерасид, ки наворҳо ҳадду канор надоранд, чунки такрор ба такрор пахш мешаванд.

Акс аз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Ҳаҷми умумии вақти эфир 1 соати пурраро ташкил дод. Бояд зикр намоем, ки дар аксари матнҳои пасикадрӣ тибқи одат  мафҳумҳои обшустае ба монанди “шукронаи мо аз сарнавишт”, “мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик”, “сокинони шукргузори пойтахт” ва ғайра истифода шуданд.

“Ҷамъбасти ҳафта”, ТВ “Сафина”

Барномаи мазкур чун анъана на соати ҳашти бегоҳ, балки 20 дақиқа пештар оғоз шуда, он низ эфири худро пурра ба таҷлили ҷашн бахшид.

Дар аввал гузоришҳоро аз паради ҳарбӣ, роҳпаймоии шаҳрвандон, чорабинии идона дар Кохи Борбаду Наврӯзгоҳ ва шоуи дронҳоро намоиш доданд. Баромадҳои бевосита аз ҷои баргузории чорабинӣ низ истифода шуданд. Агар намоиши дронҳоро дар фазои шаб тули 12 дақиқа беовоз пахш карда бошанд, сипас, баромади синхронии иштирокчиёни чорабинӣ (фарқаш аз дигар шабакаҳо дар ҳамин аст) пешниҳод гардид, ки ҷолиб буд. Духтари ҷавон, донишҷӯписар ва зани миёнасоле таассуроти худро аз ҷашн иброз намуданд ва суханрониашон самимӣ буд.

Ин барнома нисбат ба “Тоҷикистон” камтар, ҳамагӣ 35 дақиқа давом кард.

“Ҳафт рӯз”, ТВ “Ҷаҳоннамо”

Аз чӣ бошад, ТВ “Ҷаҳоннамо” дар вақти муқаррарӣ (соати 21) барномаи ҳарҳафтаинаи худро пешниҳод накарда, ба ҷои он консерти идонаро пахш намуд.

Гузоришҳои идона дар барномаи итилоотии “Хабар”, ки пештар аз консерт оғоз гардид, пешниҳод шуданд. Ҳаҷми умумии вақти барнома ҷамъулҷамъ 17 дақиқаро ташкил дод. Хабарнигорони минтақавӣ он шом дар бораи таҷлили ҷашн дар ноҳияҳои Панҷ, Хуросон ва Шаҳритуз гузориш пешниҳод карданд, ки бештар характери ҳисоботӣ доштанд.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ