Дар Тоҷикистон чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ идома доранд. Ҳафтаи гузашта шабакаҳои асосии кишвар барномаҳои иттилоотии ҷамъбастии худро ба сафари кории президент ба вилояти Суғд бахшиданд, ки дар доираи он бештар аз 20 иншооти моҳияти иҷтимоию иқтисодидошта кушода шуд. Ин сафарро шабакаҳои давлатӣ чӣ гуна пайгирӣ намуданд, дар маводи зер бихонед.
“Тоҷикистон”, ТВ “Тоҷикистон”
Ҳафтае қабл барнома бо иштироки ду баранда баргузор шуд ва гумон кардем, ки он ба расмият даромадааст. Аммо ин ҳафта ровии доимии барнома Фахриддини Муҳаммадюсуф аз нав дар эфир пайдо шуда, чун ҳарвақта тамошобинонро хайрамақдам гуфт. Дар хабари аввали расмӣ дар бораи 10 октябр ба Подшоҳии Белгия сафари корӣ намудани президенти кишвар хабар дода шуд.
Пас аз ин, гузориши муфассал аз сафари кории президент ба вилояти Суғд намоиш дода шуд, ки 7-8 октябр бо мақсади иштирок дар тантанаҳо ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ифтитоҳи якчанд иншооти ҷашнӣ сурат гирифт.
Пас аз ба замин фуруд омадани тайёраи президент, сараввал дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд аз ҷониби ӯ баъди навсозии куллӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бинои толори вакилони расмии фурудгоҳ ифтитоҳ шуда, ҳамзамон бо 100 нафар кӯдаки ятим аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд суҳбат доир гардид. Дар наворҳо толори зебову барҳаво, мизу курсиҳои фасон ва дастархони идона намоиш дода шуда, инчунин, аз баромади Пешвои миллат дар назди ятимбачагон ба таври синхрон порчаҳо пешкаш гардиданд. Сарвари давлат таъкид намуд, ки Ҳукумат ғамхории худро барои кӯмаки онҳо ҳеч гоҳ дареғ намедорад, аммо баробари бузург шудан мебоист ҳар яке дар зиндагӣ роҳи худро ёбад. Барои ҳамин бисёр китоб хондану забон омухтан лозим аст.
Бояд зикр намуд, ки сокинони вилояти Суғд сарвари давлатро ҳар дафъа бо тӯҳфаҳои худ ба ҳайрат мегузоранд. Ин маротиб бо иқдоми роҳбарияти фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд “чун рамзи изҳори муҳаббати поку самимӣ нисбат ба модар, эҳтироми бузург ва арҷгузорӣ ба ҳастии зан-модар ва қадршиносии модари тоҷик” дар саҳни фурудгоҳ муҷассамаи “Дуои модар” бунёд гардида, он дар кишвар аввалин муҷассамаи азим (баландиаш 13 метр) дар намуди даст ба дуо бардоштаи модар мебошад.
Ҳангоми наздик шудан ба пояи муҷассама ва аз сари ӯ гирифтани парда, зери суруди “Модарам”-и равоншод Зафар Нозимов, ки аз ҷои воқеа тариқи синхрон садо дод, сарвари давлатро он лаҳза чӣ эҳсос фаро гирифтааст, дар навор ба хубӣ нишон доданд: аз чашмони эшон ашк мерехт. Маълум буд, ки ифтитоҳи чунин муҷассама ба ӯ писанд омад, аз ин хотир “ба иқдоми шахсони ватандӯст”, тавре худи овози пасикадрӣ ишора кард, аз ҷониби ӯ аҳсан хонда шуд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бошад, аксарият ваҷду ҳассосияти сарвари давлатро бо он иртибот намуданд, ки муҷассама гуйё дар асоси акси модари президенти мӯҳтарам омода гардида бошад. Ин гап рост аст ё не, намедонем, ба фикрам, муҳимаш он аст, ки муҷассама ба яке аз ҷойҳои ободу зебою дидании шаҳри Бӯстон табдил ёбад.
Инчунин, он рӯз бинои нави аэровокзали Фурудгоҳи байналмиллалии Хуҷанд ба истифода дода шуд. Дар наворҳо толори биноро аз дохил ва берун нишон доданд, ки хеле муҳташам буд. Як чиз дар матни пасикадрии гузориш гушхарош намуд: чанд бор истифода шудани калимаи соҳавии “перрон”, яъне қисме аз майдони ҳавоии фурудгоҳ, ки он ҷо тайёраҳо ҷойгир мешаванд. Агар калимаи ғайритоҷикӣ ягон муродиф ва тарҷума надошта бошад, пас лозим аст, ки дар мавриди истифода намудани чунин калима онро шарҳ бидиҳанд.
Сипас, гузоришҳои дигар аз ифтитоҳи иншооти моҳияти иҷтимоиву иқтисодидошта дар вилоят пешкаш гардиданд.
Ҳамин тариқ, 7 октябр корхонаи истеҳсоли шиферҳои асбестии “Ганҷофар”, бинои мактаби хусусии “Ворисони илм” (дар ш. Бустон), маркази саломатии деҳоти «Зарзамин», муассисаи томактабии «Зарзамин», мактаб-кӯдакистони «Махзани илм», мактаби замонавии “Дурахшандагон”, ҳаммом, Маркази ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли атласу адрас ва сехи дӯзандагӣ, муассисаи таҳсилоти томактабии “Шукуфаҳои Истиқлол” (дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Худи ҳамон рӯз президент дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар маъракаи мумфаршкунии роҳ низ ширкат варзид.
Дар гузориш аз мактаби “Ворисони илм” сарвари давлат бо се нафар хонанда суҳбат доштанд ва ҳар се (ду духтару як писар) аз рӯи матни якхела баромад намуда, ба президент намунаҳои шеърҳои азёдкардаашонро хонда доданду боифтихор иштирокчии озмуни таъсисдодаи Ҷаноби Олӣ – “Фурӯғи субҳи доноӣ” буданашонро зикр намуданд.
Дар гузориш аз ифтитоҳи ду кӯдакистон, ки бо овози занона садо дод (гумонам, аз ҳисоби кормандони телевизиони вилоятии Суғд бошад), чанд бор ба ҳайси тарҷумаи калимаи русии “беседка”, ки бо забони тоҷикӣ суҳбаткада қабул шудааст, ровизан калимаи шипанги мавсимиро истифода бурд, ки мувофиқи матлаб набуд.
Сониян, шипанг гуфта, мо аз рӯи одат дар иртибот бо соҳаи кишоварзӣ иншооти ҷамъоварӣ ва хушкнамоии муваққатии пахтаро пеши назар меорем. Ба ҳар ҳол, дар бораи кӯдакистон гап зада, шипанг ном бурдани суҳбаткадаҳо (иншооти болопӯшида барои истироҳат кардани кӯдакон дар гармо) ба назарам чандон дуруст нест.
Сониян, дар дақиқаи 47,21 як иштибоҳи техникӣ гузашт. Овози ровии матни пасикадрӣ ҳангоми пахш намудани гузориш аз корхонаи истеҳсоли адрасу атласи ноҳияи Ғафуров аз чӣ бошад, якбора “париду” дар бораи корхонаи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон гап зад, ки ба муҳтавои навори намоишдодашуда ва матни пасикадрӣ ягон иртибот надошт (махсус ахбори расмии тариқи АМИТ “Ховар” пешниҳодшударо, ки аз ҷониби хадамоти матбуотии президенти кишвар омода мегардад, дида баромадем).
Хуллас, гузоришҳо аз рӯзи аввали сафари кории президент дар вилоят бо баромадаш дар варзишгоҳи марказии Хуҷанд ва барномаи бошукӯҳи идона ҷамъбаст гардид. Муаллифони гузориш аз суханронии сарвари давлат нақл намуданду аз худи чорабинии идона хеле кам навор пешниҳод карданд.
Гузоришҳои субҳи дигар аз ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширии “Шири Спитамен” дар ноҳияи Спитамен оғоз гардид. Хабар дода шуд, ки онро сарвари ҶДММ “Комбинати шири Душанбе” Наврӯз Комилов бунёд намудааст ва он асосан бо истеҳсоли шири хушк машғул мебошад.
Гузориши навбатӣ аз хоҷагии деҳқонии «Саидмурод Саркор»-и ноҳияи Спитамен ба навор гирифта шуда, дар кадрҳо ба ғайр аз мардон — саҳмдорони хоҷагии деҳқонӣ, инчунин занонро дидан мумкин буд, ки дар тан хилъатҳои махсуси бо нақши миллӣ орододашударо доштанд ва ба пахтачинони оддӣ монандӣ надоштанд. Маълум буд, ки ин як сохтакорӣ ва саҳнасозӣ аст. Дар сурате, ки занҳоро ба замини пахта баровардед зарур набуд чунин либос пӯшондан. Як либоси оддитар даркор буд, ки саҳнасозӣ чунин ба чашм нахӯрад.
Аммо ин сохтакорӣ дар муқоиса бо гузориш аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Наврӯз”-и деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳеч аст: он ҷо дар майдони кишт баннери бузургеро (овеза) насб карданд, ки касро ба ҳайрат мегузорад.
Гузоришҳои дигар аз рафти кушодашавии коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдори “Органик Ян” дар Спитамен ва дар ш. Хуҷанд бошад, аз ифтитоҳи муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Пулотов», бинои маъмурии прокуратураи вилояти Суғд, нахустин мактаби байналмиллалии «Мактаби Оксфорд», ки бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Саидмурод Давлатов сохта шудааст, маркази хизматрасонӣ ва тарабхонаи брендии “Форел” хабар доданд. Инчунин, ба корҳои навсозии роҳи мошингарди Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров-Конибодом, ки 50,5 км масофа дорад, оғози расмӣ бахшида шуд.
Ҳама гузоришҳо аз иттилоъ додани он, ки иншоот бо кадом маблағ, аз ҷониби кӣ сохта шудаасту дар рафти сохтмон чанд нафар соҳиби кор гардид ва ҳоло бо ифтитоҳи он чанд нафар соҳиби кор шудааст, маълумот медиҳанд, ки ҳама шаблонӣ аст.
Беҳтар мебуд, ки дар омода намудани гузориш чизи ғайримуқаррарӣ, масалан, дар мактаби деҳоти Хистеварз яку якбора ба кор омадани 10 нафар омӯзгор аз Федератсияи Россия ё дар мактаби навтаъсиси Оксфорд, ки дар он 14 нафар омӯзгорон аз Британияи Кабир, Ҳиндустон, Филиппин, Мисри Араб, Кения, Нигерия, Африқои Ҷанубӣ, Камерун, Канада даъват шудаанд, як-ду нафариро интихоб намуда, бо онҳо ҳамсуҳбат мешуданд, то ки дар бораи ҷои нави кор ё талабагони нави худ як-ду сухан мегуфтанд. Бо деҳқонзанон ҳамсуҳбат мешуданд, ки онҳо на дар бораи дастовардҳои ватан дунболи 30 сол, балки чаро аксарияти коргарони кирояи саҳро – бонуанд, ибрози назар мекарданд.
Бо устоҳои адрасу атласбоф вомехӯрданд, то бифаҳманд, чаро ин намуди шуғли қадимаи дастиро рушд намудан зарурат надорад – барои истеҳсол бояд чун Узбекистон корхонаҳои пуриқтидор сохт.
Пайи пешниҳоди гузоришҳои расмии якнавохт аз ҳама омили муҳим – нишон додани Инсонро фаромӯш кардем, ки бе истифодаи ӯ ҳамчун иштирокчӣ, ибрози ақидаю таассуроташ аз рӯйдод ягон гузориши телевизиониро пурра гуфта наметавонем. Охир телевизион барои одамон ва дар бораи одамон аст.
Дар бобати шабакаҳои дигар онро қайд карданием, ки “Ҷамъбасти ҳафта” дар ТВ “Сафина” дар вақти муқарраршуда оғоз шуда, баранда Зубайдуллои Убайдулло ваъда дод, ки он “бурду бохти соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқро дар бар мегирад”, аммо боз ҳамон силсилагузоришҳои расмии аз ҷониби хадамоти матбуоти президенти кишвар омодашуда пешниҳод гардиданд, ки бурди соҳаҳоро намоиш доданду дар бораи бохташ даҳан накушоданд.
Дар муқоиса бо ин шабакаҳо, “Ҷаҳоннамо” бавиҷдонтар буд: рӯзи якшанбе барномаи “Ҳафт рӯз” пешниҳод нашуд, ба ҷои он зери унвони “Гузориши муфассал аз сафари кории президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилояти Суғд” барномаи пешниҳоднамудаи хадамоти матбуотии президенти кишвар пахш гардид.