ДомойНақди РасонаӣПазироии олӣ дар Париж, ботулизм ва Рўзи соҳибкорон. Шарҳи барномаҳои хабарии ҷамъбастии...

Пазироии олӣ дар Париж, ботулизм ва Рўзи соҳибкорон. Шарҳи барномаҳои хабарии ҷамъбастии ҳафта аз 10 то 17 октябр

Ҳафтаи гузашта низ шабакаҳои асосии кишвар барномаҳои  ҷамъбастии худро асосан ба ахбори расмӣ бахшиданд. «Тоҷикистон» илова бар ин, се маводи омодакардаашро низ пешкаш намуд, ки ба барнома рангӣ дигар дод.

“Тоҷикистон”, ТВ “Тоҷикистон”

Гузориши аввал перомуни сафари кории президенти кишвар ба Подшоҳии Белгия буд.  Дар он муфассал дар бораи бораи мулоқот ва вохуриҳои сарвари давлат бо Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Шарл Мишел, Президенти Палатаи намояндагони Парлумони Федеролии Белгия Элиан Тилйе, Ноиби Президенти Комиссияи Аврупо, Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл ва дар анҷом бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Тери Ҳакала ва Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук Кунио Микурия иттилоъ дода шуд.

Ҳангоми нишон додани мулоқот бо Тери Ҳакала суханони пасикадрӣ чунон зиёд буданд, ки ба ғайри иштирокдорон, наворбардорон қандилҳои зебо ва толорҳои холии қасре, ки он ҷо мулоқот доир гардид, зиёд ва аз ҳар зовия намоиш доданд. Ҳангоми мулоқот бо Дабири кулли Созмони ҷаҳонии гумрук бошад, боҳои биноҳои зебои Брюсселро тамошо кардем.

Аз Брюссел 12 октябр Ҷаноби Олӣ ба Париж барои анҷом додани сафари расмӣ сафар карданд.

Дар гузориш нишон доданд, ки чи гуна президенти Тоҷикистонро дар фурудгоҳи  Париж намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Фаронса самимона истиқбол гирифтанд. Сипас Эмомалӣ Раҳмонро тоҷикони муқими Париж ва кормандони сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса бо шукуҳу шаҳомати хоса пазироӣ карданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Яке аз ҷавонон зери мусиқии фортепяно дар васфи президент суруди “Шоми тобонам туи” ба забони тоҷикӣ ва бо услуби опера хонда, духтаракони донишҷӯ ва фарзандони кормандони сафоратхона  бо либоси миллӣ президентро хайрамақдам гуфта, шеърхонӣ намуданд. Яъне гуйё  гуфтан мехостанд, ки пазирои миллӣ ҳатто дар Париж чунин тоҷикона мемонад.

Дар доираи сафари расмӣ сарвари давлат  сарравал тибқи муқаррароти расмии пазироии меҳмонони олимақом дар саҳни фахрии Маҷмааи Артиши миллии Фаронса пешвоз гирифта шуд. Горди фахрӣ барои истиқболи меҳмони олиқадр саф кашида, дар оғоз сурудҳои миллии ҳар ду давлатҳо садо доданд.

Ҳамчунин дар доираи сафар президенти мамлакат бо Эммануэл Макрон дар маросими ифтитоҳи чорабинии фарҳангии Намоишгоҳи нигораҳои таърихӣ таҳти унвони “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи Гимейи Ҷумҳурии Фаронса ва Рӯзи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз чӣ бошад, аз  маросими кушодашавӣ наворҳо пешниҳод гардид ва аз рафти шиносоӣ бо экспонатҳои осорхона бошад, дар давоми гузориш танҳо аксҳо пешниҳод шуданд.

Бояд гуфт, ки барои муаррифии таъриху тамаддуни бою қадима ва санъати нотакрори миллати тоҷик дар осорхонаи Гимей 211 нигора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон  оварда шудааст ва  намоиш тули се моҳ давом хоҳад кард.

Дар доираи сафари расмӣ дар Фаронса  Эмомалӣ Раҳмон инчунин бо Раиси сенати ин кишвар Жерар Ларше ва рӯзи 14 октябр бошад, бо Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле мулоқот карданд.

Баъд аз ин Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО оғоз гардид. Бояд гуфт, ки баромадҳои Мудири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле (бо тарҷумааш ба тоҷикӣ) ва аз они сарвари давлати Тоҷикистон пурра ба таври синхрон пахш гардонда шуданд.

Дар анҷоми сафар аз барномаи консертии ҳунармандони тоҷик порчаҳо намоиш дода шуданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар гузориши расмии дигар дар бораи иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи солонаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 15 октябр дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, иттилоъ дода шуд.  Мулоқот таҳти раёсати президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо иштироки қариб ҳамаи сарони кишварҳои ИДМ баргузор гардида, дар он якчанд изҳорот қабул гардид. Дар баромади худ сарвари давлати Тоҷикистон дар бораи амнияти марзҳо доир ба вазъи Афғонистон ва оид ба дастгирӣ намудани пешниҳоди ӯ доир ба соли 2025-ум эълон намудани Соли ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Фонди махсуси байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо гуфта гузаштанд.

Боиси тазаккур аст, ки ба зиёд будани матолиби расмӣ нигоҳ накарда, ин ҳафта дастандаркорони барномаи «Тоҷикистон»  кӯшиш намуданд, ки маводи худи идораро низ пешниҳоди тамошобинон гардонанд.

Дар оғоз журналист Гулчеҳраи Саттор дар бораи зарурати авф барои дороиҳои шаҳрвандон гузориш пешниҳод намуда, дар он  мутахассисон ва коршиносони КВД «Бақайдгирии молу амволи ғайриманқул» ва идораи кадастри ҷумҳурӣ фикру мулоҳизаҳои хешро оид ба масъала баён намуданд.

Вақти пахши гузориш журналист порчаҳои  қонун дар бораи авфро хонда, дар навор ду-се бор акси сатрҳои равони ҳуҷҷати мазкурро нишон доданд.

Яке аз камбудии асосии гузориш дар он буд, ки аққалан нафаре аз соҳибкорон баромад намуда, дар бораи маҳз ба тиҷорати ӯ чи таъсир доштани қонунро нафаҳмонд ва дар гузориш танҳо нуқтаи назари мақомдорон шунида шуд.

Гузориши журналист Наврӯзшоҳи Азизулло ба баргузор намудани ҷашни Меҳргон бахшида шуд, ки 17 октябр дар боғи Фирдавсии пойтахт баргузор гардид. Дар ин рӯз фестивалҳои намоиш ва фурӯши асал, маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, шолӣ ва биринҷ бо ташаббуси  Вазорати кишоварзӣ  ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор  гардида, сокинони пойтахт имкон пайдо намуданд, ки бо нархҳои дастрас аз маҳсулоти ба маъразгузоштаи деҳқонони мамлакат харидорӣ намоянд.

Гузориш бо рангорангии наворҳояш хеле ҷолиб буд, агар аз камбудиҳояш гуем, ин зиёд истифода намудани шумораи ҳамсуҳбатон (аз рӯи  шумори банда онҳо беш аз 12 нафар буданд), ки  аксарияташ намояндагони шуъба ва раёсатҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳою вилоятҳои ҷумҳурӣ буданд ва бешак суханонашон оҳанги ҳисоботӣ доштанд, ба тавре «мо чунин дастовардҳо дорем ва ана ин чизҳоро ба намоиш овардем».

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Иди Меҳргон, фестивалҳои намоиш ва фурӯши асал, маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ, шолӣ ва биринҷ ба сокинони пойтахт имкон дод, ки бо нархҳои дастрас аз маҳсулоти ба маъразгузоштаи деҳқонони мамлакат харидорӣ намоянд.

Беҳтарин ва ҷолибтарин лаҳзаи гузориш ин пешкаш намудани телеграфика буд ва аз рӯи нишондоди он гуфтаҳои ҳамаи мақомдорон бори дигар исбот гардид. Аз рӯи он тамошобин фаҳмид, ки дар нуҳмоҳаи соли гузашта кишоварзони мамлакат ба миқдори 26,7 млрд сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ парвариш карда бошанд, имсол дар ин муддат миқдори он ба 28,4 млрд сомонӣ расидааст, ки 6,35% зиёд шудааст.

Ва гузориши охир ба бемории ботулизм бахшида шуда, дар он коршиносон аз Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар дар бораи зарурати риоя намудани қоидаҳои беҳдоштӣ ҳангоми тайёр кардани афшурда, мураббо ва консерваҳо барои зимистон сухан карданд.

Табибон дар бораи  сабаби заҳролудшавӣ аз консерваҳои хонагӣ  ва ба бемории ботулизм гирифтор шудани истеъмолкунандагон гап заданд.

Мебоист ҳангоми омода намудани чунин гузориш аз омори расмӣ истифода мекарданд, чунки вақтҳои охир чунин ҳодисаҳои заҳролудшавии сокинон зиёд мушоҳида мешаванд. Инчунин дар  гузориш ҷо додани маслиҳатҳо дар бораи кумаки аввалияи  тиббӣ ҳангоми дучор гардидан бо ин беморӣ хеле бамаврид мебуд.

 «Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина» ва “Ҳафт рӯз”, ТВ “Ҷаҳоннамо”

Ин ду шабака низ пурра гузоришҳои расмии аз ҷониби хадамоти матбуотии президенти кишвар омодагардидаро чун шабакаи “Тоҷикистон” манзури бинандагони хеш гардонанд. Фарқаш дар он аст, ки “Ҷаҳоннамо” инчунин дар бораи 14 октябр, бахшида ба Рӯзи соҳибкорон ва пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  эълон гардидани шаҳри Душанбе дар соли 2021 баргузор гардидани Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе- Инвест-2021» иттилоъ дод.

Дар гузориш ягона синхрон – баромади Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, ки дар чорабинӣ ба таври маҷозӣ иштирок намуда, меҳмонон ва иштирокчиёни  форуми бошукӯҳро хайрамақдам гуфт, пешкаш гардид.

Тавре аз садои пасикадрии наворҳо маълум гардид дар чорабинӣ беш аз 400 нафар меҳмонон аз давлатҳои хориҷӣ, сармоягузорон, соҳибкорон ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ