ДомойНақди РасонаӣУсули муқоиса дар «Тоҷикистон» ва «сергапӣ» дар «Сафина». Шарҳи барномаҳои хабарии ҷамъбастии...

Усули муқоиса дар «Тоҷикистон» ва «сергапӣ» дар «Сафина». Шарҳи барномаҳои хабарии ҷамъбастии ҳафта аз 14 то 21 ноябр

Ҳафтаи сипаришуда шабакаҳои асосии телевизионии кишвар дар бораи ифтитоҳи панҷ иншооти зарурӣ дар пойтахт хабар доданд. Дар “Сафина” ин гузоришҳоро бо баромади мусоҳибон пурра кардан хостанд. Оё ин кӯшиши онҳо муваффақ буд, — дар шарҳи навбатии мо бихонед.

“Тоҷикистон”, ТВ “Тоҷикистон”

Барнома аз гузоришҳои расмӣ ифтитоҳ гардида, ин маротиб (рӯзи 19 ноябр) президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якҷоя бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ як қатор иншоотҳои давлатӣ ва иҷтимоиро ифтитоҳ намуданд.

Дар гузориши аввал хабар доданд, ки  бо ибтикори сарвари давлат муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, ки  раванди таълим дар он пурра бо забони русӣ ба роҳ монда шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд.

Зикр гардид, ки бино бо санъати баланд бунёд ёфта, дар заминаи собиқ бинои мактаби рақами 14, ки бо мурури замон корношоям ва таъмирталаб гардида буд, бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шудааст.

Дар гузориши дигар, ки аз ифтитоҳи бинои маъмурии наву замонавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино буд, тариқи намоиш додани бинои кӯҳна ва нав ба таври муқоиса як усули нав дар телевизион истифода гардид, ки баъдан дар маводи дигари барнома  низ дида шуд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар наворҳо бинои собиқи мақомот, ки сохти соли 1958  буда, аз ду ошёна ва 37 утоқи корӣ иборат аст, намоиш дода шуд ва дар ҳолати ҳозира бошад, бинои хуштарҳу муосири 9 ошёна ва таҳхонадори дорои 61 ҳуҷраи корӣ пешниҳод гардид.

Дар гузориши саввум мавриди истифода қарор додани муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон» хабар дода шуд. Он “аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст Зоир Боқиев ва Наврӯз Юнусов дар пайравӣ аз сиёсати бунёдкорона ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат бунёд гардидаасту раванди таълим дар муассиса пурра бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст”. Дар гузориши мазкур аз ибораҳои обшуставу шаблонӣ васеъ истифода карданд.

Баъдан гузориши Нуриддини Қурбон аз ифтитоҳи бинои нави Агентии обуҳавошиносӣ пешниҳод гардид.

Дар гузориш ду намуди наворҳо аз утоқҳои кории бинои нави Агентӣ —  бо иштироки кормандон ва бе онҳо бо навбат тариқи видеоряд намоиш дода шуд. Ин тарзи кор боиси як зарра нофаҳмӣ аз ҷониби тамошобин шуда метавонад.  Маълум аст, ки наворҳоро рӯзҳои гуногун ба навор гирифтаанд.

Дар гузориши мазкур  низ  бо истифодаи усули “то” ва “ҳоло” утоқҳои пештара ва кунунии Агентӣ барои муқоиса кардан пешниҳод гардиданд.

Ҳангоми намоиш додани озмоишгоҳи Агентӣ гуфта шуд, ки таҷҳизоти замонавӣ васл карда шудааст ва дар зимн мардеро намоиш доданд, ки ба кадом як зарфи обдори ченкунӣ остини куртаву костюми расмии худро бар зада, дасташро то оринҷ ба он медарорад. Хуб мебуд, ки дар ин маврид ин корманд либоси махсуси корӣ ба бар мекард, чунки дар ин ҳолат бо костюми расмӣ ва гарданбанд ба навор гирифтани ӯ ғайритабиӣ ба назар мерасад.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар гузориши навбатӣ аз ифтитоҳи маркази савдову хизматрасонӣ ва фароғатии “Сиёма молл” хабар доданд. Дар наворҳои рангоранг аз маркази савдо муаллифи гузориш дар матни пасикадрӣ мағозаҳои брендҳои машҳури хориҷӣ ва хизматрасониҳои гуногунро номбар намуда, инчунин дар ҳар як ошёнаи марказ мавҷуд будани нуқтаҳои дастшӯиро таъкид намуд, ки ба андешаи банда зиёдатӣ аст, чунки ин қоидаи муқаррарии ҳама гуна иншооти сохташаванда мебошад.

Инчунин, он шом маҷмааи хизматрасонии кохи “Парфенон” низ ифтитоҳ гардид.

Ду гузориши баъдӣ ба ҷамъбасти озмунҳои ҷумҳуривии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман»  ва “Илм – фурӯғи маърифат” бахшида шуда, дар гузориши аввал (муаллиф Садриддини Сироҷиддин) лаҳзаҳои ҷолиби маросими ҷоизасупории   озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» намоиш дода шуд. Гузориш ба талаботи жанр мувофиқ буда, хуб тарҳрезӣ шудааст. Ҳамсуҳбатон низ гуногун интихоб шуда, аз коршиносон (ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Миралӣ Достизода, оҳангсоз Сангалӣ Ҳамидзода ва худи ғолибону иштирокчиёни чорабинӣ) иборат буд.

Матлаб бо суруди умумии аз ҷониби ғолибони озмун иҷрошуда ҷамъбаст гардид.

Дар муқоиса бо гузориши қаблӣ, наворҳо аз маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат», ки муаллифаш Абдуваҳҳоби Абдусаттор аст, бештар шаблонӣ буда,  аз  умумигуӣ орӣ набуд ва наворҳо якмаром, аз рӯи  тарҳи муаяйн пешниҳод шуда буданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гузоришҳои дигар аз вазъи омодагӣ ба зимистон дар пойтахт — низоми мутамаркази гармидиҳӣ, чораҳои зиддилағжиш ва ғайра (муаллиф Бобокалон Аминзода) ва дигараш ба корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба сарфаи қувваи барқ дар Кулоб (муаллиф Саидҷаъфари Маҳмадалӣ) бахшида шуда, дар гузориши аввалӣ интонатсияи нодурусти муаллиф, ки аз оғоз тариқи стендап баромад намуда,  сипас ҳангоми хондани матни гузориш ба саросемагӣ роҳ дод, дар хотир монд. Дар гузориши охир бошад, аз мусоҳибон дуруст истифода намудани муаллифро таъкид карданием. Чунки ғайр аз мутасаддиён аз рӯи принсипи  “баробар бо баробар” амал намуда, сокини маҳалла ба аҳолӣ муроҷиат намуда, даъват мекунад, ки бояд сарфакунии оқилонаи барқро ёд гиранд.

Ҷамъбасти ҳафта”, ТВ “Сафина”

Ин шабака низ ҳамаи панҷ  гузориши расмиро намоиш дода, онро ба таври  муфассал пешниҳод намуд.

Масалан, дар гузориши аввал аз ифтитоҳи мактаби назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе чанд нафар мутасаддӣ, аз қабили директор, муовинаш, ду омӯзгор ва талабагони мактаб гап заданд ва аз ин сабаб гузориш тулонӣ шуд. Дар суханони баромадкунандагон такрори гуфтаҳои якдигар буд, пас чаро ҳатман ҳамаи мусоҳибонро дар гузориш истифода намоем?

Дар матлаб аз ифтитоҳи бинои мақомоти ноҳияи Сино низ чунин “сергапӣ” мушоҳида гардид: чанд нафар кормандони мақомот дар оғоз миннатдории худро барои сохтани чунин бино ба сарвари давлат баён карданд, баъдан намояндаи ҷавонон, сипас, гурӯҳи кормандони раёсати маорифи ноҳия пайи ҳам баромад намуда, тақрибан як хел сухан карданд.

Дар гузориши баъдӣ аз бинои нави Агентии обуҳавосанҷӣ низ чунин ҳодиса такрор ёфт.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Ҳангоми пахш намудани гузориш аз “Сиёма молл” баръакс, истифодаи чанд нафар мусоҳиб бамаврид буд, чунки дар шабакаҳои дигар онҳо муаррифӣ нашуданд. Масалан, менеҷери генералии маркази савдои “Сиёма молл” Ориф Оксус баромад намуда, изҳор намуд, ки мехоҳад дар оянда ин марказ ба мардум хуб хизмат намояд. Сипас 4 мусоҳиби дигар — мутасаддиёни ширкатҳои гуногуни ин Марказ, аз қабили “Душанбе-Сити”, “Ёвар”, “Синбод Парк” ва кинотеатри замонавӣ хизматрасониҳои худро муаррифӣ намуданд. Дар ин маврид баромади онҳо матни пасикадрии гузоришро пурратар ва возеҳтар намуд.

Аз маводҳои худии барнома гузоришро аз маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби агентии “Тоҷикстандарт” гузаронда шуд, ном гирифтан ҷоиз аст. Бояд зикр намуд, ки дар озмуни ҷумҳуриявӣ 116 корхонаи ватанӣ иштирок намуда, беҳтарин соҳибкорон қадрдонӣ карда шуданд.

“7 рӯз”, ТВ “Ҷаҳоннамо”

Муҳтавои гузоришҳои расмии барнома чун дар дигар шабакаҳо ба ифтитоҳи панҷ иншооти давлативу иҷтимоӣ дар Душанбе бахшида шуда буд.

Дар гузориши шашум бахшида ба Рӯзи президент дар толори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудани конференсияи илмӣ-назариявӣ хабар дода шуд, ки дар он ходимони давлативу илмӣ баромад намуданд.

Дар бахши кишоварзӣ гузориши Каримҷон Ҳамроқулзода аз ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон бо истифода аз баромади кишоварзон, намояндагони раёсатҳои кишоварзӣ ва мутахассисони соҳа пешниҳод шуд, ки ба оғози кишти тирамоҳии  ғалладона бахшида буд.

Дар анҷоми барнома аз вилояти Суғд гузорише пешниҳод гардид, ки ба мавзуъи касби омӯзгориро пеша намудани ҷавонон бахшида шуда буд. Бояд зикр кард, ки мавзуъи интихобшуда хеле муҳим ва рӯзмарра аст, аммо дар баробари ин, дар наворҳо ғолибан занону духтарони омӯзгор намоиш дода шуданд, ки аз мушкилоти соҳа дар набудани омӯзгорони ҷинси мард далолат мекунад.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дуруст аст, ки яке аз мусоҳибон дар бораи дар мактабашон тули се сол омӯзгори информатика шуда кор кардани шогирди собиқаш Фарҳодчон Икромов гуфта гузашт, аммо ӯ ягона қаҳрамони мард байни муаллимони дигари ин гузориш буд ва тамошобин баъди дидани чунин матлаб, ки бештар дар зеҳнаш бо намоиши наворҳо хотирмон аст, танҳо духтарону занони омӯзгорро ба хотир оварда метавонад, ки тули тамоми гузориш дар наворҳо нишон дода шуданд.

Аҷиб аст, ки гузорише, ки ба пеша намудани касби омӯзгорӣ бахшида шудааст, оромона ба гузориши дигари ҳамин муаллиф, ки ба мавзуъи бо гармӣ таъмин намудани мактабҳои вилоят бахшида шуда буд, гузашт ва мутассадиёни  мактабу кӯдакистон дар бораи мушкилии маводи сӯхт, маркази гармидиҳии мутамарказонидашуда ва чораҳои пешгирифтаи онҳо барои таъмини кӯдакон дар сармо баромад намуданд.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ