ДомойМедиалентаДар Тоҷикистон дар бораи зане, ки 30 сол боз бидуни шиноснома зиндагӣ...

Дар Тоҷикистон дар бораи зане, ки 30 сол боз бидуни шиноснома зиндагӣ мекунад, филми мустанад ба навор гирифта шуд

Ғунчагул Бурҳониддин зодаи Афғонистон аст ва сӣ сол пеш аз дасти Толибон фирор карда, ба Тоҷикистон омад. Вай то ҳол дар як рустои кӯчаки Дарвоз дар танҳоии комил ба сар мебарад. Духтари ягонааш шавҳар карда, ба деҳаи дигар рафт ва ин зан хешу табори дигар надорад. Ғунчагул ҳуҷҷат надорад — тўли тамоми сӣ соли зиндагӣ дар ин ҷо шиносномаи Тоҷикистонро нагирифтааст. Ин достони душворро дар филми мустанади «Модари ду соҳил» муаллифи асар, коргардони тоҷик, Одина Маҳмад нақл кардааст.

Одина Маҳмад аз дӯсташ фаҳмид, ки дар Дарвоз як зани танҳо аз Афғонистони ҳамсоя ба сар мебарад, ки сӣ сол боз барои гирифтани шиносномаи тоҷикӣ талош мекунад.

— Як дӯстам гуфт, ки ҳанӯз солҳои 90-ум ин зан аз Толибон (ҳаракат дар рӯйхати созмонҳои террористӣ қарор дошта, фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ аст) фирор карда, ба Тоҷикистон гурехта буд. Тамоми хешовандони наздики вай кушта шуданд. Дар ин ҷо ба марди аз худаш хеле калонтар издивоҷ карда, як духтар таваллуд кард, вале ҳеч гуна ҳуҷҷат нагирифт. Шавҳараш муддатҳо пеш вафот карда буд. Духтараш баъд аз шавҳар карданаш хонаи модариашро тарк кард ва аз он замон Ғунчагул тамоман танҳо зиндагӣ мекунад. Ростӣ, ба гапаш гӯш додам ва бовар надоштам, ки чунин воқеа дар асри 21 имконпазир аст, — мегӯяд муаллиф.

Одина пас аз фаҳмидани ин достон тасмим гирифт, ки дар ин мавзуъ филми мустанад созад, аммо маблағи лозима дар ихтиёр надошт. Коргардон дар озмуни Интернюс «Формати калон» иштирок кард, аммо бо вуҷуди он ки тавонист аз чанд давра гузарад, мутаассифона, ғолиб нашуд. Аммо сарфи назар аз ин ӯ таслим шудан намехост ва дар моҳи марти соли ҷорӣ буҷетро камтар карда, дархости худро барои озмуни Интернюс «Формати хурд. Мавсими тобистонӣ» фиристод ва дар ниҳоят соҳиби грант гардид.

Одина Маҳмад

-Аввал рафта бо ин зан вохӯрдем. Зимни суҳбат ӯро ба иштирок дар гирифтани филм даъват кардем. Вай дарҳол пурсид, ки оё ин филм ба ӯ фоидае дорад ва мо ваъда додем, ки филмро ба созмонҳо ва идораҳое, ки метавонанд ба ӯ кумак кунанд, намоиш медиҳем ва ҳатман дар сафорати Афғонистон ҳам намоиш хоҳем дод. Ҳарф бар сари он аст, ки мушкили вай набудани маълумотномае буд, ки вай воқеан шахсияти худро тасдиқ кунад. Умед доштем, ки ин филмро ба сафорати Афғонистон намоиш медиҳем ва онҳо барои гирифтани ин маълумотнома ба ӯ кумак мекунанд. Вай розӣ шуд, зеро аз танҳо талош кардан хаста шуда буд. Аммо ҳама чиз тавре ки мо интизор будем, пеш нарафт, — мегӯяд Одина.

Вақте ки гурӯҳи наворбардорӣ ба ҳудуди Дарвоз расид, дар он тарафи дарёи Панҷ аллакай байрақҳои сафед ҷилвагар буданд. Яъне, ки тобистон Бадахшони Афғонистон зери тасарруфи ҷунбиши Толибон афтод ва аз ҷониби Тоҷикистон низомиён марзҳои худро мустаҳкам мекарданд.

-Дар филмбардорӣ интизори замонҳои беҳтар шудан ғайриимкон аст: танҳо бояд ба навор бигиред ва кор кунед, новобаста аз вазъият. Ба ман филм лозим буд, мо роҳи бозгашт надоштем ва дар худи сарҳади Афғонистон ба наворбардорӣ шуруъ кардем, — ба ёд меорад муаллифи филм.

Гурӯҳи филмбардориро сарҳадчиён бодиққат санҷида, хуб пурсуҷӯ карданд ва гуфтанд, ки дар он тарафи Панҷ маълум нест, ки чӣ воқеа руй медихад, шумо бошад инҷо филм ба навор мегиред?! Вақте даста тасмим гирифт, ки бо истифода аз дрон филмбардорӣ кунад, он аз ҷониби низомиёни тоҷик сарнагун карда шуд.

— Ростӣ, дар ҳайрат мондем, зеро ҳатто нафахмидем, ки чӣ гуна дронро бо объекти хавфнок иштибоҳ кардан мумкин аст. Хушбахтона, яке аз афсароне, ки пас аз сарнагун кардани дрон бо мо суҳбат кард, як нафари хеле босавод буд, ки моро фаҳмид ва розӣ шуд, ки мо наворбардории филмамонро идома диҳем, — шарҳ медиҳад Одина.

Гурӯҳи наворбардорӣ дар маркази вилояти Дарвоз таваққуф карда буд ва ҳар рӯз маҷбур буд, ки ба баландии кӯҳҳо баромада, ба хонаи қаҳрамон раванд. Баъзан муяссар мешуд, ки бо мошин раванд ва гоҳе ҳам пиёда он роҳро тай намоянд.

— Хеле вақт пеш тамоми хешу табори наздики қаҳрамони моро кушта буданд, танҳо ба ӯ ба Тоҷикистон фирор кардан муяссар гардид. Вақте ки дар соҳили муқобили дарё парчамҳои сафед барафроз гаштанд, росташро гӯям, барои вай дигар ҳич фарқе надошт, чунки ин зан он қадар ғаму андӯҳро аз сар гузаронидааст, ки дигар ҳеҷ чиз ӯро ба эҳсосот намеорад. Ягона чизе, ки барои ӯ муҳим буд, духтари 22-солааш буд, ки чаҳор сол пеш издивоҷ карда, дар деҳаи ҳамсоя зиндагӣ мекард. Ҳама андешаҳои қаҳрамони мо танҳо дар бораи духтараш буд, ӯ ба чизи дигар вокуниш нишон намедод, — мегӯяд Одина.

Ғунчагул Бурҳониддин

Шароити зиндагие, ки дар он Ғунчагул ҳаёт ба сар мебарад, тамоми гурӯҳи наворбардориро ба ҳайрат андохт, гарчанде ки онҳо дар тули фаъолияти кории худ бисёр чизҳоро дидаанд. Хонаеро, ки вай дар он зиндагӣ мекунад, худаш сохтааст. Ҳамагӣ нисфи он бом дорад, қисми дигарашро бо пардаи оддӣ пӯшидааст, деворҳои хонааш аз пораҳои алоҳидаи фанер, тахта, картон мебошанд. Дар дохили хона ошхона нест, аслан барои худ чизе намепазад. Ғунчагул дар як деҳаи кӯҳистонӣ танҳо зиндагӣ мекунад ва масалан, дар фасли зимистон, вақте ки барф якуним метр меборад ва хонааш пур аз барф мешавад, босаброна интизор мешавад, ки яке аз ҳамсояҳо ба ӯ раҳм кунад ва барфи дари хонаи вайро тоза кунад, то ки вай берун рафта тавонад. Дар мавриди даромад бошад, даромади асосии Ғунчагул аз ҳисоби кори ҳамсояҳост: ӯ барои онҳо кулча мепазад ё либос медӯзад.

— Ба чашмони худ бовар намекардем, ки зан дар чунин шароит ва он ҳам дар як деҳаи кӯҳсор, ки иқлими зимистонаш сахт аст, зиндагӣ карда метавонад. Вақте ки мо тоза ба филмбардорӣ шуруъ кардем, тасмим гирифтем, ки ба ӯ кӯмак кунем — хӯрок харидем, пул додем ва шумо тасаввур намекунед, ки ӯ чӣ андоза ҳам шод буду ҳам даступохурда. Ба назарам чунин менамуд, ки вай кайҳо боз аз касе ёрӣ нагирифтааст. Дарҳол аз мо телефон пурсид, ба духтараш занг зада, бо ашк дар чашм дар бораи мо, дар бораи он, ки одамони ношинос ба наздаш омада, ёрӣ медоданд, нақл кард, — ба ёд меорад Одина.

Барои ба навор гирифтани тамоми филм ба гурӯҳ 15 рӯз лозим шуд, дар тӯли ин муддат онҳо ҳар рӯз бо қаҳрамон суҳбат мекарданд. Ҳамсояҳояш одамони хеле мазҳабӣ буда, мухолифи дар филм иштирок кардани Ғунчагул буданд ва ба духтараш ҳам ин андеша на он қадар писанд омад. Бо вуҷуди ин, худи қаҳрамон тоқат кард, зеро вай воқеан умедвор буд, ки филм ба ӯ дар ҳалли масъалаи дарёфти ҳуҷҷат кумак мекунад ва пеш аз ҳама, дар гирифтани ҳамон маълумотномае, ки шахсияти ӯро тасдиқ мекунад. Ғунчагул аллакай ҳама роҳҳоро санҷидааст, вале боре ҳам саргузашти душвори худро расонаӣ накарда буд. Аммо то замони омода шудани филм Толибон билохира Афғонистонро ишғол карданд ва акнун сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон, ки мухолифи ҳукумати нав аст, наметавонад ба Ғунчагул кӯмак кунад.

Одина мегӯяд: — Вақте ки мо наворбардориро анҷом додем, ӯ ногаҳон назди мо омад ва хоҳиш кард, ки филмро тавре бисозем, ки духтараш шарманда нашавад. Вай гуфт, ки агар ба духтараш писанд наояд, духтараш хафа шавад, танҳо мемирад. Рости гап, ман надонистам ба ӯ чӣ ҷавоб диҳам. Бисёр умедворам, ки духтари худаш ӯро мефаҳмад ва масъулини Тоҷикистон ба ин зан таваҷҷуҳ карда, ба ӯ кӯмак мекунанд.

Лоиҳаи мазкур дар доираи барномаи MediaCAMP дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД) амалӣ карда мешавад.

Лилия Гайсина
Лилия Гайсина
Медиакритик, медиаэксперт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ