ДомойНақди РасонаӣТоҷикистон дар даҳгона ва сафари Туркманистон. Шарҳи барномаҳои хабарии ҷамъбастии ҳафта аз...

Тоҷикистон дар даҳгона ва сафари Туркманистон. Шарҳи барномаҳои хабарии ҷамъбастии ҳафта аз 21 то 28 ноябр

Ҳафтаи сипаришуда шабакаҳои телевизионии кишвар дар бораи сафари президент ба Туркманистон бо ҳама ҷузъиёташ хабар доданд. Аммо дар бораи эътирози шаҳрвандон дар Хоруғ, кушта шудани мардуми оддию захмӣ гардидани чанд корманди низомӣ ҳарфе гуфта нашуд. Умуман, ин ҳафта гузоришҳои хубу диданӣ кам буданд.

“Тоҷикистон”, ТВ “Тоҷикистон”

Гузоришҳои расмӣ аз хабари он оғоз гардид, ки 27 ноябр президенти кишвар  ҷиҳати иштирок дар саммити 15-уми сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба Туркманистон сафар намуданд. Дар наворҳо нишон доданд, ки кӯдакони ҷониби мизбон пешвои давлати моро чӣ тавр самимӣ истиқбол гирифта, бо забони тоҷикӣ «Хуш омадед» гуфтанд.  Чунин навиштаҷот дар баннерҳои электронӣ низ гузошта шуда буданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи саммити сарони кишварҳо бо президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммедов, президенти Покистон Ориф Алвӣ,  раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев, президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот карда, баъдан дар худи саммит иштирок варзид.

Аз гузоришҳои худи шабака маводи аз Роғун пешниҳодшуда нисбатан хубтар буд. Ҷумлаҳо дар оғози гузориш кӯтоҳу мубрам мувофиқ ба наворҳо бандубаст шуда, аммо дар анҷом боз ҳамон ибораҳои соҳавӣ аз қабили “ПНА ва АЖГ” бе истифодаи тафсирашон садо доданд, ки арзиши маводро як қадр паст намуданд.

Дар муқоиса бо гузориши мазкур шарҳи Фатҳиддини Замон, ки мавзуъи амният дар кишварро дар бар мегирифт, сусттар буд. Муаллиф тибқи рӯйхати Gallup ба даҳгонаи кишварҳои амнтарини дунё дохил шудани Тоҷикистонро хабар дода, дар баробари ин ба хатогӣ низ роҳ дод.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

 

Масалан, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Раҳималӣ Нуридинов, муаллифи гузориш ва барандаи барнома дар пешсуханаш ҳама як гапро такрор намуда, иброз доштанд, ки хабари ба даҳгонаи кишварҳои амнтарини дунё дохил шудани Тоҷикистон аз рӯи рейтинги Gallup  дастоварди бузурги мамлакати мо тули 30 соли Истиқлолият мебошад. Ҳадди ақал яке аз онҳо ин руйхатро накушод ва надид, ки Тоҷикистон ҳанӯз ду сол пеш дар ин рӯйхат ҷойи дуввумро ишғол мекард.

Дар бахши кишоварзӣ шарҳи Нуриддини Қурбон ба кишти барвақтии тирамоҳӣ бахшида шуда, дар он мавод баъзе арқом тариқи телеграфика пешкаш гардиданд, ки падидаи хуб мебошад.

“Ҷамъбасти ҳафта”, ТВ “Сафина”  

Сафиначиён барномаи худро аз хабари он, ки президент аз сафари Туркманистон баргашт, оғоз намуданд, сипас аз худи сафар ба таври пурра гузориши расмӣ пешниҳод карданд.

Сонӣ дар бораи дар кори ҷаласаи 53-уми Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ ширкат варзидани Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ, ки тариқи маҷозӣ сурат гирифт, хабар доданд.

Баъди ахбори сиёсӣ дар бораи оғози кишти тирамоҳӣ дар ноҳияи Хуросон хабар доданд.

Дар гузориш чанд ҳамсуҳбатон доир ба ин мавзуъ баромад намуданд. Аммо дар плани асосӣ қаҳрамони гузориш Сафаралӣ Чиллаев, кишоварзи оддӣ меистод, ки дар бораи хусусиятҳои кишти мазкур ва аҳамияти он барои ҳосили оянда дар мисоли хоҷагии худ нақл намуд.

Барнома бо ҳамин гузориш ба итмом расид.

“7 рӯз”, ТВ “Ҷаҳоннамо”

Дар ин шабака аввал дар бораи сафари президент ба Туркманистон, сипас иштироки Рустами Эмомалӣ дар  ҷаласаи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ хабар доданд.

Дар  блоки гузоришҳои расмӣ, инчунин, дар бораи тариқи видеоконфронс баргузор гардидани ҷаласаи Шӯрои сарони Ҳукуматҳо-сарвазирони кишварҳои узв ва нозирони Созмони ҳамкории Шанхай ва дар он иштирок намудани сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода хабар дода шуд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Инчунин, дар барнома дар бораи 24 ноябр таҷлил намудани Рӯзи парчами миллӣ дар Тоҷикистон  хабар дода, дар формати шарҳи телевизионӣ доир ба дастовардҳои кишвар тули чанд соли охир гуфта гузаштанд.

Аммо фардои он рӯз, яъне 25 ноябр ва баъди он низ  ягон шабакаи иттилоотӣ  дар бораи кушта шудани се сокини ВАБК, аз он ҷумла,  Гулбидин Зиёбеков ва ҳамзамон, ҷароҳат бардоштани кормандони ҳифзи ҳуқуқи вилоят дар натиҷаи задухӯрд ва ба эътироз баромадани аҳолӣ хабар надод.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ