Ҳафтаи сипаришуда хабари асосӣ – шомил гардидани фалаки тоҷикӣ ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дар ЮНЕСКО буд. Бо вуҷуди ин, муаллифони барномаҳои итилоотӣ-таҳлилӣ тавонистанд маводи гуногунмавзуъро пешниҳод намоянд.
«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»
Дар ҳар се шабака дар бораи таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ баргузор гардидани ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум хабар дода шуд ва дар он 58 масъаларо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Баранда унвони ҳамаи қонунҳои муҳокимашавандаро номбар намуд, ки тулонӣ буд ва вақти зиёди эфирро гирифт.
Дар ҷаласа, инчунин, масъалаҳои бозхонд намудани чанд судя ва аз мансаби муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани раиси пешини ВАБК Ёдгор Файзов баррасӣ шуданд.
Хабари муҳимтарини ҳафтаи гузашта – 15 декабр дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар Париж ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид шудани номинаи «Фалак» буд. Вобаста ба ин руйдоди муҳими фарҳангӣ чанд коршинос, аз ҷумла Дилшод Раҳимӣ, директори пажуҳишгоҳи илми-тадқиқотии Вазорати фарҳанги кишвар сухан ронда, дар бораи аз рӯи панҷ шарту талаботи Конвенсияи ЮНЕСКО мувофиқ будани ин мусиқии суннатии касбии мардуми тоҷик гуфта гузашт.
Зикр гардид, ки яке аз хусусиятҳои хоси фалак бадоҳатан иҷро гардидани он буда, аз шахси фалаксаро оқиливу зиракӣ, сухандонӣ, маҳорати баланди касбиро тақозо менамояд.
Дар бахши хабарҳои иқтисодӣ журналист Гулчеҳраи Саттор дар бобати зарурияти қонуни авф барои дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, мутахассисони идораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва кадастри кишвар онро барои тамошобинон маънидод намуданд. Бино бар гуфтаи Акрам Қаҳҳоров, муовини директори идораи бақайдгирии молу мулки ғайриманқули ҷумҳурӣ, мақcади асосии ин иқдом — фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисодиёти миллӣ, таъмин намудани шаффофият ва коҳиш додани пинҳонкорӣ дар иктисодиёт, инчунин, фаъол намудани сармоягузорӣ барои рушди соҳибкорӣ мебошад.
Тоҷинисои Файзуллобек аз Хоруғ гузориш дода, дар мавриди саҳми Ҳукумати Тоҷикистон барои рушди вилоят дар солҳои истиқлолияти кишвар гап зад. Яке аз се мусоҳибони ӯ, ки ному насаб ва унвони онҳо зикр нагардид, иброз дошт, ки тули 30 соли истиқлол маблағузорӣ ба иқтисодиёти вилоят 134 маротиба афзудааст. Аммо дар баробари ин, масъалаи инфлятсия (беқурбшавии пул) тули ин солҳо ба назар гирифта нашуд.
Дар бораи парвариши сабзавот дар гармхонаҳои Кушониён журналист Таваралии Соҳибназар ва доир ба камбориш омадани обуҳаво ва таъсири он ба парвариши ҳосили соли оянда Нуриддини Қурбон гузоришҳо омода намуданд. Бояд зикр намоем, ки гузориши аввал нисбат ба дуввумӣ бартарият дошт. Дар он як хати сужети муайян гирифта шуда, фаҳмо ва содда буд. Гузориши Нуриддини Қурбон бошад, мутаассифона, на танҳо дурудароз ва дилбазан, инчунин, чанд мавзуъи марбут низ баррасӣ гардида, барои тамошобин то охир номуайян монд, ки бо ин матлаб муаллиф пеш аз ҳама чиро гуфтанӣ буд.
Ягон барномаи итилоотии моҳҳои охир бе баррасӣ намудани мавзуъи озмуни асосии сол – «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» намегузарад. Ин маротиба муаллифони барнома гузоришеро аз маросими тантанавии ҷамъбасти ин озмун пешниҳод намуданд, ки дар театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Имсол ғайриинтизор, шоҳҷоиза ба ягон нафар муносиб дониста нашуд. Бо вуҷуди ин, чандин нафар ғолиби номинаҳои ҷудогонаи озмун гардиданд.
Гузоришҳои дигар ба ғизои солим (муаллиф Зулфия Раҳимзода) ва гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав (муаллиф Манучеҳри Сулаймон) бахшида шуда, бо истифода аз ҳамсуҳбатони коршинос пешниҳод гардиданд.
«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»
Ин барнома низ аз хабари таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ баргузор гардидани ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Сипас, дар бораи дар шаҳри Душанбе баргузор гардидани Конгресси шашуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (КАФА), ки раисаш Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мебошад, гузориш пешниҳод шуд.
Дар гузориш зикр гардид, ки бо вуҷуди мушкилоти пандемия КАФА тавонист мусобиқаҳоро миёни наврасон, ҷавонон ва бонувон бомуваффақият баргузор намояд ва қарор қабул гардид, ки дар соли 2022 дар арафаи Наврӯз мусобиқаҳои футболи кишварҳои Осиё барои Ҷоми Наврӯз баргузор мегарданд.
Гузориши саввум ба маросими расмии пӯшидашавии лоиҳаи «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» бахшида шуда буд, ки дар театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо иштироки намояндагони расмӣ ва ҷомеа сурат гирифт.
Дар ин шабака низ ба ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дар ЮНЕСКО расман ворид шудани номинаи фалак гузоришҳо бахшида шуда буданд, ки дар умум ба маводи пешниҳоднамудаи ТВ «Тоҷикистон» шабоҳат доштанд. Ин ҷо нуктаеро бояд зикр намуд, ки ҳарчанд дар гузориши ба фалак бахшидашуда коршинос Дилшод Раҳимӣ бори дигар баромад намуд, аз ҷиҳати муҳтаво ва тарзи пешниҳод сафиначиён пешсаф буданд. Аммо дар баробари ин, гузоришҳои сонӣ аз шаҳри Бохтар ва аз Донишгоҳи омӯзгории Кӯлоб (ин ҷо низ бо истифодаи коршиносон) ҳам ба ин мавзуъ бахшида шуданд, ки барои тамошобин мавзуъи баррасишаванда дар як нашр «аз меъёр зиёд» буд.
«Ҳафт рӯз», ТВ «Ҷаҳоннамо»
Ғайриинтизор, баранда Сафархуҷа Ризозода барномаро на аз ахбори расмӣ, балки аз пешниҳоди мавзуъи моҳипарварӣ оғоз намуд. Гузорише, ки доир ба парвариши моҳӣ дар хоҷагиҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пешниҳод гардид, ба фаъолияти сарвари ҶДММ “Баҳор” Сайнуриддин Сайфов бахшида шуда, масоили соҳаро баррасӣ менамояд.
Бино бар гуфтаи соҳибкор соли равон онҳо шумораи моҳиро ба 60 тонна расонида, 79 ҳавзро сохта ба истифода доданд. “Имсол мо ним миллион моҳибача ва 4 ҳазор модармоҳиро истеҳсол намудем”, — бо фахр иброз намуд соҳибкор. Аз ҳисоби даромади шахсӣ Сайфов ба муносибати 30-солагии Истиқлоли кишвар мактаби деҳаро барои 800 хонанда сохта, инчунин 2 километр роҳи ҷамоатро мумфарш кардааст.
Гузоришҳои дигар ба баргузор гардидани ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 21 декабр дар шаҳри Душанбе даъват шудани ҷаласаи шашуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буданд. Дар назар аст, ки Паёми ҳамасолаи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар ин маҷлис ироа мегардад.
Вобаста ба аҳамияти ин Паём барои шаҳрвандони кишвар журналист Сафархуҷа Ризозода бо коршинос, номзади илми сиёсатшиносӣ Маҳмадулло Наимзода ҳамсуҳбат гардид.
Гузориши дигари барнома ба Конгресси шашуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бо иштироки Рустами Эмомалӣ бахшида шуд.