ДомойНақди РасонаӣПаёми президент ва ҷашни фалак дар Кӯлоб. Шарҳи хабарҳои муҳими ҳафта дар...

Паёми президент ва ҷашни фалак дар Кӯлоб. Шарҳи хабарҳои муҳими ҳафта дар шабакаҳои асосии телевизионии Тоҷикистон

Ҳафтаи сипаришуда хабари асосӣ – ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки тариқи ҳамаи шабакаҳо намоиш дода шуд. Инчунин шомил гардидани фалаки тоҷикӣ ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дар ЮНЕСКО низ чун ҳафтаи сипаришуда бори дигар таъкид шуд.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон» 

Барнома аз гузориши муфассал дар бораи 21 декабр дар толори калони Кохи Сомон ироа гардидани Паёми Президенти кишвар дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоз гардид. Дар наворҳо тули чанд дақиқа иштирокчиёни ҷаласаро намоиш доданд ва мумкин буд аснои зикр гардидани самтҳои асосии баромади Раиси ҷумҳур тариқи наворҳои ғайр, масалан, зимни зикри дастовардҳои кишвар тули ин солҳо соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ва иҷтимоиётро аз қабили соҳаҳои тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ нишон диҳанд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гузориши баъдӣ ба иҷлосияи ҳаштӯми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бахшида шуда, аз ҷониби гузоришгарон  ному насаби баромадкунандагон гирифта нашуд ва танҳо зикр гардид, ки фалон раиси комиссияи шаҳрии интихобот баромад намуду сардори Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ва Раиси комиссияи доимӣ оид ба молия ва идораи моликият ва муовини Раиси шаҳри Душанбе ҳисобот доданд.

Як нуктаи ҷолиб дар гузориш аз ҷониби раиси  шаҳр дар баъзе минтақаҳои пойтахт парвариши чорвои калони шохдор, чорвои хурд ва парранда муваққатан ба мӯҳлати ду сол иҷозат дода шуд.

Шарҳи Зуҳуршои Тағоймурод ба рушди саноат бахшида шуда, дар он Илҳом Неъматов роҷеъ ба зарурати рушди саноати сабук сухан карда, таъкид намуд, ки соҳаи истеҳсоли адрасу атласро бояд ривоҷ диҳем.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гузориши Худойдоди Раҷаб аз вилояти Хатлон ба панҷсолаи рушди саноат бахшида шуда, дар он таъкид гардид, ки дар вилоят  76 корхонаи нави саноатӣ сохта шуда, 830 ҷойи нави корӣ ташкил гардидааст.  Яке аз мусоҳибон — муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода баромад намуда, дар бораи дурнамои рушди саноат дар самти истеҳсоли пойафзол, мебел ва ғайра мисол овард ва таъкид намуд, ки ҳанӯз ин нокифоя аст ва аз соҳибкорони маҳаллӣ даъват намуд, ки барои рушди саноати хурокворӣ ҷидду ҷаҳд намоянд.

Гузориш аз вилояти Суғд, ки онро журналист Равзалӣ Амон пешниҳод намуд, доир ба татбиқкунии лоиҳаҳо барои азхудкунии заминҳои нав бахшида шуда, дар баробари ин,   чораҳои кишоварзонро барои тайёрӣ ба кишти баҳорӣ, аз қабили яхобмонӣ ва шохбурии дарахтон бо истифода аз маслиҳатҳои олимон намоиш дод.

Гузориши дигари барнома (муаллиф Наврӯзшоҳи Азизулло) дар Дубай дар чаҳорчӯбаи ЭКСПО 2020 баргузор шудани  Рӯзи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини якӯми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид бахшида шуда, инчунин дар бораи баргузор гардидани бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Арабистон маълумот дод.

Журналист ду маротиба аз павилйони Тоҷикистон ва аз макони баргузории форум бо истифода аз стендап баромад намуда, иброз дошт, ки ба мамлакати мо иштирокчиёни чорабинӣ баҳои баланд доданд.

Дар охир порчаҳои консерти идона намоиш дода шуд.

Шарҳи телевизионии Давлатёр Гадозода ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак бахшида шуда, дар он коршиносон ва шахсони масъул баромад намуданд.

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

Ин барнома низ аз гузориш доир ба ироаи Паёми сарвари давлат ва баргузории иҷлосияи ҳаштӯми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оғоз гардида, дар гузориши баъди дар бораи тақсими кӯмакҳои моддӣ ва тӯҳфаҳои идона аз номи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ятимони кулл, маъюбон, шахсони яккаву танҳо, дардмандону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои пойтахти мамлакат хабар дода шуд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Зикр гардид, ки дар арафаи соли нави мелодии 2022 ба зиёда аз 11 ҳазор нафар тӯҳфаҳо ва кӯмакҳои пулӣ аз қабили маҷмуъи либоси гарми зимистона, маҳсулоти хӯрокворӣ, шириниҳои идона ва дигар лавозимоти зарурӣ тақдим карда шуданд.

Чанд нафар мусоҳибон аз номи оилаҳои камбизоат ва шахсони маъюбиятдошта, ки занону кӯдаконро ташкил доданд, миннатдории хешро ба сарвари давлат ва мири шаҳр иброз намуданд.

Гузориши дигар аз шаҳри Кӯлоб ба эълон шудани панҷсолаи рушди саноат бахшида шуда, аз парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб ва корхонаи ҳасиббарорӣ матраҳ шуд. Чанд нафар аз қабили роҳбарони ҳар ду корхона ва коргарон баромад намуда, дар бораи бурди корхона ва нақшаҳои оянда гап заданду миннатдории хешро ба президенти кишвар барои ғамхорӣ изҳор намуданд.

Гузориши дигар ба рушди соҳаи маориф, ки ин нукта дар Паёми сарвари давлат таъкид гардида буд, бахшида шуда (аз вилояти Хатлон), дар он маорифчиёни вилоят сухан ронданд. Гузоришҳои баъдӣ ба  рушди соҳаи кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисору Лахш бахшида шуданд.

Гузориши охир аз баргузор гардидани барномаи бошукӯҳ дар қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб бахшида ба эътироф шудани санъати фалак ҳамчун мероси фарҳанги ғайримоддии умумибашарӣ аз ҷониби ЮНЕСКО хабар дод. Дар он Ҳофизи халқии Тоҷикистон Давлатманд Холов ва шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғойиб дар бораи аҳамияти фалак баромад намуданд.

Дар идомаи гузориш порчаҳо аз  барномаи омоданамудаи фалаксароён таҳти унвони “Рози фалак” пешкаш гардид.

«Ҳафт рӯз», ТВ «Ҷаҳоннамо»

Гузоришҳои аввали барнома ба Паёми президенти кишвар ва иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бахшида шуда,  барандаи барнома тули 1,5 дақиқа қабл аз гузориши Паёми президент пешхабарашро хонд, ки зиёдатӣ буд.

Дар студия доир ба рушди соҳаи маориф, ки  зимни ироаи Паёми президент ба Маҷлиси Олии ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардид доктори илми фалсафа Рустам Ҳайдаров ва номзади илми таърих Амриддин Шарифов баромад намуда, фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд, аз ҷумла тазаккур карданд, ки сиёсати маорифпарваронаи сарвари давлат оид ба маориф дуруст аст ва маориф воситаи асосиест, ки барои рушд ва пешравии миллат хизмат менамояд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Шарҳи Марҷонаи Сабзалӣ ба рушди соҳаи кишоварзӣ, махсусан боғу токпарварӣ бахшида шуда, журналист бо баён намудани факту рақамҳо пешравиҳои соҳаро дар солҳои охир таъкид намуд.

Гузориши Мирзоалӣ Раҳмон аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҷеъ ба фаъолияти Боғи миллии Ваҳдат бахшида шуда, гузориши охири барнома боз ҳам ба чорабинӣ аз Кӯлоб ба ифтихори аз ҷониби ЮНЕСКО мероси фарҳанги ғайримоддии умумибашарӣ эълон шудани фалак бахшида шуда буд ва дар ин ҷо низ Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Давлатманд Холов баромад намуда, аз президенти кишвар барои ин ташаббус изҳори сипос кард.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ